Баррасии масъалаҳо дар ХБА

Ахбор

Баррасии масъалаҳо дар ХБА


16 апрели соли ҷорӣ раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Ф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф. ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода П. зимни сафари корӣ дар шаҳри Вашингтон, дар доираи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳайати Департаменти омори ХБА вохӯрии корӣ анҷом доданд.

rais_2024-04-17_21-12-57.jpg

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар қисмати низоми бонкӣ вобаста ба ҷамъоварию таҳлили маълумот, хусусан омори хориҷӣ, аз ҷумла тавозуни пардохт, мавқеи байналмилалии сармоягузорӣ ва маҷмуи қарзи беруна, омори бонкӣ, моделсозӣ ва пешгӯӣ, тақвияти иқтидори моделсозӣ ва пешгӯӣ дар бахши сиёсати пулию қарзӣ, такмили омори пулӣ ва дар қисмати низоми молия масъалаҳои гузариш ба низоми GFS2014, такмили равандҳои буҷет ва ҳисобҳои миллӣ табодули андеша намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд ба ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор қаноатмандии хешро баён дошта, изҳори умедворӣ намуданд, ки ХБА дар ҷалби кумакҳои техникӣ барои расидан ба ҳадафҳои дар мулоқот ироашуда мусоидат хоҳад кард.


Шуъбаи матбуоти
БМТ

Диданд: 1023

17.04.2024

Возврат к списку