Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3661.05 3735.01
10 7202.61 7348.11
20 14271.75 14560.07
50 35450.02 36166.18
100 70780.69 72210.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Амалҳои номатлуби коррупсионӣ ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд

06.12.2023

5 декабри соли 2023 дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия дар соли 2023, таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва инчунин тариқи фосилавӣ бо кормандони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

NBTL01.JPG

Нахуст, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳадафи асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки тибқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №222 аз 3 августи соли 2021 ва банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2021 Барномаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ба тасвиб расид ва ҳар сол нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳияву тасдиқ мегардад.

Барнома ва нақшаи чорабиниҳои мазкур маҷмуи тадбирҳои зиддикоррупсионии Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар гирифта, дар онҳо самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллӣ дар робита ба муқовимат ба коррупсия ва вазифаҳои воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллӣ оид ба иҷрои ҳар як чорабинӣ, муҳлати иҷро ва мақсадҳои гузошташуда ба таври мушаххас муайян шудаанд”, - қайд кард муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода.

NBTL02.JPG

Зикр карда шуд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2023 ва ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон, ташкилу баргузории як қатор семинару вохӯриҳо бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар назар дошта шудааст.

Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллӣ дар мавзуи “Коррупсия – зуҳуроти номатлуб ва зиёновар” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Имрӯз бошад, - гуфт Фирдавс Толибзода, - ҷиҳати иҷрои самараноки Барнома ва Нақшаи чорабиниҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора Аминзод ва нозири калони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии мазкур Асилзода Парвизи Мирзоғайбулло даъват карда шудаанд , ки оид ба муҳиммияту зарурати қабул гардидан ва мавриди амал қарор дода шудани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти муфассал манзур менамоянд.

Зимни маърузаи худ сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Нигора Муқимӣ қайд намуд, ки соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2006 ба санади мазкур имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд.

NBTL03.JPG

Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади муқовимат ба ин зуҳуроти хавфнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Ҳамчунин, то ин давра се санади барномавӣ, аз ҷумла Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2012, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуданд.

Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани санадҳои болозикр шаҳодати он аст, ки имрӯз масъалаи муқовимат ба коррупсия дар радифи дигар самтҳои афзалиятнок яке аз самтҳои муҳимму меҳварии сиёсати ҳуқуқии давлатӣ маҳсуб мешавад.

Сипас, Нигора Муқимӣ роҷеъ ба мақсаду вазифа ва принсипҳои татбиқ, самтҳои асосӣ ва моҳияту аҳаммияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд дар низоми бонкӣ, таҳлили зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳои аз нигоҳи коррупсия осебпазир, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти муфассалу судманд пешниҳод намуд.

NBTL04.JPG

Сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Нигора Муқимӣ иброз дошт, ки пешгирию бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ фақат вазифаи Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос ва бонангу номус уҳдадор аст, ки ба ин зуҳуроти хатарноку зиёновар муқовимат нишон диҳад ва мубориза барад. Яъне, муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъӣ мебошад.

Дар робита ба ин, дар ҷараёни ҳамоиш махсус қайд карда шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон хеле хуб таъкид доштанд:

1. Бояд ҳар яки мо худамон намунаи ибрат бошему аз ин амал дурӣ ҷӯем ва баъдан дигаронро ба ин талқин намоем.

2. Барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бетарафиро нагирифта, ин вазифаро танҳо бар дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ напартоему чун шаҳрванди ватандӯст бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намуда, дар ҷомеа тафаккури зиддикоррупсиониро ба вуҷуд орем.

3. Ҳатман кореро анҷом диҳем, ки танҳо ва танҳо бо роҳи қонунӣ бошад.

NBTL05.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои маълумоти пурмуҳтавою манфиатбахш ва умуман барои ҳамкориҳои судманд ва робитаҳои доимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки вохӯрии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи нек ва доимӣ табдил ёфта, ба таври мунтазам баргузор мегардад ва мақсад аз он тавсеаи ҳамкориҳои мақоми масъул бо Бонки миллӣ, тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандони низоми бонкӣ мебошад.

   

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 1120

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ