Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3661.05 3735.01
10 7202.61 7348.11
20 14271.75 14560.07
50 35450.02 36166.18
100 70780.69 72210.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

БМТ: Татбиқи Барномаи кумаки техникии БАТР дар доираи “Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идора, танзими хавфҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративии иқлим” оғоз ёфт

06.12.2023

6 декабри соли 2023 бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел, сардори низомҳои молиявии сабзи БАТР хонум Ксения Брокман, иқтисодчии низомҳои молиявии сабзи БАТР ҷаноби Дамин Чунг ва Баҳодур Юсупов - масъули бахши молиявӣ ва ҳамзамон Роҳбари Барномаи маблағгузории иқтисоди сабзи БАТР дар Тоҷикистон ҳамоиш барои оғози расмии барномаи кумаки техникии БАТР дар доираи “Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идора, танзими хавфҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративии иқлим” оғоз ёфт.

NBTL01.JPG

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии бонк ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд кард, ки барномаи кумаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи Ёддошти тафоҳуми болозикр, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ байни БМТ ва БАТР ба имзо расида буд, роҳандозӣ мегардад.

NBTL02.JPG

Номбурда ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, махсусан ба ҷаноби Холгер Вифел – роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон барои оғоз намудани марҳилаи дуюми “Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон ва мусоидат дар рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо “Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ” изҳори сипос намуд.

NBTL03.JPG

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Одил Рено-Бассо дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар робита ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати муқовимат дар баробари ин таҳдидҳо, ки 2 декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, аҳамияти хоса дода шуд.

NBTL04.JPG

Тавре аз арзёбии охир бармеояд, Тоҷикистон низ мисли кишварҳои дигари минтақа дар баробари дучоршавӣ ба хавфҳои вобаста ба иқлим қарор дорад ва бо назардошти пайомадҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти кишвар, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, бештар хусусияти молиявӣ пайдо мекунанд.

Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади омӯхтани таҷрибаи тақрибан 130 бонки марказӣ ва мақомоти танзимкунанда дар саросари ҷаҳон, афзун намудани иқтидор дар соҳаи ҳамгироии хавфҳои вобаста ба муҳити зист ва иқлим ба низоми бонкӣ, инчунин ҳамкории зич бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои шомил гардидан ба узвияти “Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS)” дар самтҳои номбурда дархост пешниҳод намудааст.

NBTL05.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд кӯшишҳои Бонкро дар самти сабзгардонии низоми молиявӣ ва ҳамгироии принсипҳои вобаста ба муҳити зист ва иқлим дар соҳаи молия дастгирӣ хоҳад кард.

Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холигер Вифел дар навбати худ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкорӣ дар самти маблағгузории иқтисоди сабз барои рушди муносибатҳои минбаъдаи ҷонибҳо дар бахшҳои фарогирии молиявӣ, суғурта, бозори асъор, коғазҳои қиматнок ва идоракунии корпоративӣ саҳми назаррас мегузорад.

NBTL06.JPG

Номбурда афзуд, ки БАТР ба яке аз бузургтарин сармоягузорони институтсионалӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта, бо бонкҳои марказӣ ва танзимгарон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст, то ки ба табодули таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар самти ҳалли хатарҳое, ки аз тағирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, мусоидат намояд.

NBTL607.JPG

Ҷаноби Холигер Вифел ҳамчунин изҳор дошт, ки барои идома додани ҳамкориҳои самаровар дар самти маблағгузории иқтисодиёти сабз, рушди бахши молиявӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон омодагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро баён намуд.

Дар идомаи ҷаласа муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода диққати аҳли нишастро ба фаъол гардидани равандҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ба амнияти низоми бонкӣ тавассути хатарҳои ҷисмонӣ, дар бораи принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, доир ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои вобаста ба иқлим дар ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷониби бонкҳои марказӣ ба назар гирифтани омилҳои вобаста ба иқлим ва хавфҳои ба он алоқаманд ва ғайра ҷалб намуд.

NBTL08.JPG

Номбурда таъкид бар он дошт, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, кам кардани газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисодиёти “сабз”, ки ба мавзӯъҳои доғи рӯз табдил ёфтаанд, метавонанд барои иқтисодиёти кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ паёмадҳои ногувор дошта бошанд.

NBTL09-1.JPG

“Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушд ҷиҳати фароҳам овардани як платформаи мувофиқ, пеш аз ҳама, таҳия намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявии муосири “сабз” дар Тоҷикистон мавриди ҳадаф қарор додааст. Бинобар ин, месазад, ки ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани механизмҳои иштирок дар бозори маблағгузории сабз фаъолияти худро ба роҳ монанд”, - гуфт Ф.Толибзода.

NBTL10.JPG

Сипас, сардори низомҳои молиявии сабзи БАТР хонум Ксения Брокман дар назди ҳозирин бо рӯнамоии муфассал дар бораи барномаи маблағгузории иқтисоди сабз, пайомад ва имкониятҳое, ки ба тағйирёбии иқлим алоқаманданд, хусусиятҳои хавфҳои иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба “Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ” баромад намуд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳаммияти ҳамоҳангсозии кӯшишҳои дуҷонибаро оид ба коҳиш додани хавфҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва роҳандозии принсипҳои экологӣ дар сиёсати муассисаҳои молиявӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки он бе иштироки фаъоли низоми бонкии мамлакат ғайриимкон мебошад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 1120

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ