Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 22.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3678.36 3752.67
10 7237.22 7383.43
20 14340.99 14630.70
50 35623.11 36342.76
100 71126.86 72563.76

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар нишасти солонаи Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI)

05.12.2023

Рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) ва Бонки Исломии Рушд (IsDB) конфронси 18-уми солона оид ба бонкдорӣ ва молияи исломӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар кори он ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани низоми бонкии кишвар, алалхусус рушди бонкдории исломӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Фируз Шарифзода ширкат варзид.

01.jpeg

Маврид ба зикр аст, ки Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалие мебошад, ки тавассути таҳия ва нашр намудани стандартҳои муосири байналмилалӣ дар ҷанбаҳои гуногуни соҳаи молияи исломӣ, аз қабили муайян намудани талаботҳо оид ба меъёрҳои шариат, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, идоракунӣ, этика ва ғайра ба рушди молияи исломӣ мусоидат менамояд.

02.jpeg

Дар доираи конфронси мазкур Фируз Шарифзода бо раиси Шурои Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) шайх Иброҳим бин Халифа ал Халифа, директори кулли Шурои хизматрасонии молияи исломӣ ҷаноби Билол Данбатта, раиси Бонки марказии Баҳрайн ҷаноби Рашид Муҳаммад ал Мараҷ ва роҳбари “Хонаи молиявии Кувейт” дар Шоҳигарии Баҳрайн ҷаноби Абдулҳаким Алхайят якчанд вохуриҳои судманд баргузор намуд.

03.jpeg

Дар мулоқотҳои дуҷонибаи мазкур муаррифии ҷараёни татбиқи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон, ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI), инчунин масъалаҳои мубрами молияи исломӣ, ба монанди табодули таҷриба дар самти назорати бонкӣ, рушд додани фаъолияти биржаҳои фондӣ, бозори суғуртаи исломӣ (такафул), кушодани ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Тоҷикистон ва роҳандозии ипотекаи исломӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қобили қайд аст, ки ҳамасола кормандони мақоми назорати бонкдории исломии Бонки миллии Тоҷикистон дар семинару вебинарҳо ва мизҳои мудаввар, ки аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд.

04.jpeg

Бо истифода аз стандартҳои байналмилалии ташкилоти AAOIFI соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” қабул гардида, дар асоси қонуни мазкур зиёда аз 27 адад дастурамалу низомномаҳо оид ба танзим ва назорати фаъолияти бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, равзанаҳои бонкии исломӣ, идоракунии хавфҳо, тартиби таъсис ва фаъолияти Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва ғайра таҳия ва қабул гардиданд. Санадҳои меъёрии мазкур заминаи асосии танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсис ёфтани се адад ташкилоти қарзии исломӣ, ки ба муштариёни худ тавассути пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ хизмат расонида истодаанд, омили асосӣ ба ҳисоб мераванд.

05.jpeg

Дар айни замон аз ҷониби якчанд ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳо бо мақсади гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ пешниҳод гардидаанд.

Иштирок дар чунин конфронсҳо барои муаррифии татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, ба ҷалб намудани сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон барои пешбурди танзим ва назорати фаъолияти танзимкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон самарабахш арзёбӣ мегардад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 1073

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ