Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария вусъат меёбанд

02.11.2022

Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва боз ҳам беҳтар кардани рушди низоми бонкии кишвар 31 октябри соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки миллии Швейтсария таҳти сарварии роҳбари аъзои  алтернативии раёсати Бонки миллии Швейтсария Аттилио Заннети мулоқоти  судманд баргузор намуд.

Нахуст раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати меҳмононро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, маълумоти зарурӣ оид ба вазъи низоми бонкии ҷумҳурӣ манзур намуд ва сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро самаровар арзёбӣ намуд.

01.JPG

Қайд кардан бамаврид аст, - гуфт Холиқзода Ҳоким,- ки солҳои охир ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо ривоҷ ёфта истодаанд. Аз ҷумла, ба туфайли дастгирӣ ва ҳамкориҳои ташкилотҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, захираҳои обию барқӣ ва рушди созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маблағгузорӣ мешаванд. Мо ба давлати Швейтсария барои саҳми назаррас дар дастгирии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯроҳои Мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ миннатдорӣ баён менамоем.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки солҳои охир бинобар вазъи душвори геосиёсӣ ва бо назардошти афзоиши фаъолнокии бонкҳои тиҷоратӣ дар кишвар, барқарор намудани робитаҳои мустақими муросилотӣ миёни ташкилотҳои қарзии ду кишвар муҳим ва зарур арзёбӣ мегардад.

Дар баробари ин, диққати ҳайати Бонки миллии Швейтсария ба густариши ҳамкориҳо дар самти сиёсати пулию қарзӣ, аудити дохилӣ, омор ва тавозуни пардохт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурбӣ, кумаки техникӣ оид ба таҳия ва татбиқи системаи муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар БМТ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути табодули таҷриба ҷалб карда шуданд.

02.JPG

Роҳбари ҳайати Бонки миллии Швейтсария Аттилио Заннети зимни суханронии худ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани онҳо дар оянда умедвории худро баён кард.

Мавсуф иброз дошт, ки мо ҳамкории худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Бонки миллии Тоҷикистон қадр мекунем, зеро масъулияти баланди вазифавӣ ва муносибати хуб аз ҷониби ҳамкорони тоҷик низ баръало эҳсос мегардад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои ҳамкории дуҷонибаи судманд шароити мусоид муҳайё шудааст ва ҷиҳати амалӣ гаштани он аз ҳарду ҷониб мутахассисони касбию кордон омодаи кор ҳастанд.

03.JPG

Аттилио Заннети, роҳбари аъзои алтернативии раёсати Бонки миллии Швейтсария дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои таварруми заминавӣ, низоми пардохт ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дахл намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд иброз намуд.

Дар поёни суҳбат ҷонибҳо бори дигар барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи судманд байни низомҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария омодагии хешро баён доштанд.


Шуъбаи матбуоти

БМТ


Диданд: 1537

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ