Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)

01.09.2022

31 августи соли 2022 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо директори роҳбарикунандаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) ҷаноби Мартин Саладин ва директори SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб мулоқоти корӣ анҷом дод.

NBTL0150.jpg

Зимни вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва SECO баҳои баланд дода, ҷаноби Мартин Саладин ва ҷониби Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуд.

Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо як қатор сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои Швейтсария ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст ва ин боиси қаноатмандии тарафҳо мебошад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таъмини суботи молиявӣ, тақвият бахшидани низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди низоми пардохт бо SECO равобити судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кӯмакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст.

NBTL0152.jpg

Фирдавс Толибзода ба ҳамтои худ барои кӯмакҳои техникӣ ва машваратии SECO миннатдории хешро баён дошта, изҳори эътимод намуд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар самти тақвият бахшидани устувории низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ идома хоҳанд дод.

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо SECO ва Бонки Ҷаҳонӣ “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026” таҳия намуд, ки 1 июли соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Бинобар ин, изҳори умед карда шуд, ки намояндагони SECO ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи мазкур талош хоҳанд кард.

Директори роҳбарикунандаи SECO ҷаноби Мартин Саладин дар навбати худ барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо дар самтҳои зикргардида ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

NBTL0180.jpg

Зимни муколама ҷараёни татбиқи кӯмакҳои техникии SECO ба Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти татбиқи лоиҳаи рушди идоракунии корпоративӣ, таҳияи заминаи меъёрию ҳуқуқии низоми пардохт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаи расонидани кӯмаки машваратию техникӣ дар самти таъсиси Академияи бонкӣ, дастгирии SECO дар роҳандозии муносибатҳои муросилотии бонкҳои кишвар бо бонкҳои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои нави SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим баррасӣ карда шуд.

Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо барои тақвияти бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд омодагии хешро баён намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин, ҳамоҳангсози барномаҳои иқтисодии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Малика Иброҳимова, корманди барномаи макроиқтисодии SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мавзуна Шозодаева ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҳузур доштанд.


Шуъбаи матбуот


Диданд: 735

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ