- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи декабр0,2%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ38,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 ноябри с.2022)13,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)11,49%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)10,43 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)23,34 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)16,15 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)19,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)17,57 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 06.02.2023 1 USD 10.3151 1 EUR 11.1816 1 RUB 0.1455
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Сафири Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 июли соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи феълии равобит дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияти густариши минбаъдаи он табодули афкор намуданд.
Дар оғоз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Ҳукумати Ҷопон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуда, таъкид бар он дошт, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла бо кишвари Ҷопон сол аз сол тақвият ёфта истодааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз назаррас арзёбӣ гардидани саҳми Ҷопон дар рушди иқтидори кадрии мамлакат, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон махсусан таъкид кард. Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи пешниҳоди идрорпулӣ барои омода сохтани мутахассисон, аз соли 2011 то айни ҳол 16 мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Осиё ва Уқёнуси Ором ба таълими дусола фаро гирифта шуда, 11 нафари онҳо омӯзишро муваффақона ба анҷом расониданд, ки феълан дар рушди низоми бонкии мамлакат саҳм мегузоранд.
Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики ба тавсеа додани ҳамкорӣ дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ афзалиятнок таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат дар тақвият додани самтҳои муҳими ҳамкорӣ изҳор дошт. Инчунин, номбурда аз оғози раванди ҳамкорӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷопон истиқбол карда, рушд додани ҳамкориро бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ ба низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар хотима Ҳоким Холиқзода ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши муносибатҳои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷопон, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи ташкилотҳои молиявии Ҷопон, барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ, табодули таҷриба байни сохторҳои алоқаманди бонкҳои марказӣ дар бахши сиёсати пулию қарзӣ, устувории молиявӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, рушди бозори суғурта, назорати бонкӣ ва низоми пардохт изҳор дошт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки дар оянда ҳамкориҳои судмандро густариш хоҳанд дод.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 183
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ