Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.11.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2984.18 3044.46
10 5881.22 6000.04
20 11616.09 11850.76
50 28801.59 29383.44
100 57438.12 58598.49

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Ташрифи ҳайати ХБА ба Бонки миллии Тоҷикистон

17.06.2022

16 июни соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти роҳбарии муовини директори Департамент оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Субир Лалл мулоқот анҷом дод, ки дар рафти он масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

NBTL8436.JPG

Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати ин ниҳоди байналмилалии молиявии бонуфуз барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ арзи сипос намуда, ҷаноби Субир Лалл ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки баъд аз гуфтушунидҳои фосилавии 2-сола ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, муҳим ва саривақтӣ хонд.

Сипас Ҳоким Холиқзода ҷаноби Субир Лалл ва ҳайати ҳамроҳонашро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ шинос намуд. Зикр карда шуд, бо вуҷуди вазъи феълии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир намонд, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар 5 моҳи соли 2022 7,4 фоизро ташкил дода, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба 3,9 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ паст мебошад. “Дар маҷмуъ, новобаста аз вазъи феълии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои берунӣ, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва 5 моҳи соли 2022 фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд”, - таъкид дошт Ҳ.Холиқзода.

NBTL8465.JPG

Ҷаноби Субир Лалл дар навбати худ барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Гертнерро, ки ба тозагӣ ба вазифаи мазкур интихоб гардида, бори нахуст ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардааст, муаррифӣ намуд.

“Ҳадаф аз ташрифи ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ-бонкӣ буда, дар ин сафар бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳем дод”, - таъкид дошт ҷаноби Субир Лалл.

NBTL8439.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода барои идома бахшидани ҳамкорӣ бо ХБА изҳори омодагӣ намуда, барои дар оянда татбиқ намудани барномаҳои нав ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, идоракунии босамари захираҳои байналмилалӣ, таҳлил ва идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати низоми бонкӣ, тақвият бахшидани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши низоми пардохт, рушди хизматрасонии молиявии рақамӣ ва низоми комплеанс изҳори ҳавасмандӣ кард.

Дар охир, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳои сифатан нав изҳори омодагӣ намуданд.

Бояд хотиррасон кард, ки ҳайати ХБА таҳти роҳбарии ҷаноби Субир Лалл аз 16 то 22 июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ мулоқот анҷом хоҳанд дод.


Шуъбаи матбуот


Диданд: 56

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ