Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти моҳи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон "Global Money Week-2022"

16.05.2022

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2022 дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои шарик, аз ҷумла Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM), ҶСК "МегаФон Тоҷикистон", ҷамъияти “Дабир”, маркази таълимии "Арт-Дошан Студия", "Сириус" ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз 1 то 30 апрел моҳи саводнокии молиявиро дар Тоҷикистон баргузор намуд.

NBTL7601-1.JPG

Таҳлилҳо собит месозанд, ки раванди омӯзиши дониши молиявӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар макотиби миёна ва олӣ идома дода шавад. Дар робита ба ин, дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2022 миёни наврасон ҳар гуна озмунҳо ва бозиҳои шавқовар гузаронида шуд, аз ҷумла “Бо пул ман чӣ кор мекунам?” мавзуи озмуни расми беҳтарин байни кӯдакону наврасони аз синни 7 то 14 сола ва иншои (эссе)-и беҳтарин байни мактаббачагони синни 15-17 сола эълон гардид.

NBTL7668-2.JPG

Дар зери шиори доимии GMW “Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” бошад, ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар саросари кишвар як қатор чорабиниҳои маърифатӣ анҷом доданд, аз ҷумла зиёда аз 120 семинарҳои омӯзишӣ, рӯнамоҳо, озмунҳо ва барои 9074 нафар толибилмон ва донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, беш аз 2500 маводҳои иттилоотӣ дар мавзӯи саводнокии молиявӣ тақсим карда шуданд.

Тавассути баргузории семинар-тренингҳои амалӣ, дар мавзуи “Саводнокии молиявӣ”, “Банақшагирии буҷет”, “Оғози фаъолияти соҳибкорӣ”, “Чӣ тавр идора кардани пул”, “Буҷаи шахсӣ ва оилавӣ” ва ғайра ҷавонон чӣ гуна ба даст овардани фоида ва усули ғанӣ гардонидани даромади шахсиро омӯхтанд.

279230257_5559410780756542_5913714868197086560_n-3.jpg

Инчунин, дар доираи моҳи байналмилалии Global Money Week-2022 экскурсияҳо ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Зимни баргузории экскурсия толибилмон дар баробари тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, инчунин дар бораи таърихи пайдоиши асъори мухталиф маълумоти мушаххас ба даст оварда, зарурати пасандозро барои оянда низ дарк карданд.

NBTL7592-4.JPG

Ҳамин тариқ, Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони ҳамкор тавонистанд дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2022 бо кӯшишҳои муштарак тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва махсус шаҳру деҳоти дурдастро низ фаро гиранд.

Бонки миллии Тоҷикистон имсол низ дар ҳамбастагӣ бо шарикон Озмуни ҷумҳуриявии эҷодиро дар мавзуи “Саводнокии молиявӣ” баргузор намуд. Ҷавонону наврасон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон дар корҳои эҷодиашон тасаввуроти худро дар бораи пул, пасандоз, буҷаи оила, ҳадафҳои молиявӣ ва банақшагирӣ тасвир карданд.

NBTL7631-5.JPG

Кумитаи тадорукоти озмун корҳои беҳтарини иштирокчиёнро тариқи овоздиҳӣ муайян кард, ки инҳо мебошанд:

Номинатсияи расми беҳтарин бахшида ба
“Ҳафтаи ҷаҳонии пул” байни кудакону наврасони 7-10 сола:

Ҷойи 1-ум: Арсам Адил, 8 сола, ш.Душанбе;
Ҷойи 2-юм: Мирзобоева Ниссо, 7 сола, гимназияи хусусии “Омина”, ш.Душанбе;
Ҷойи 3-юм: Мусоева Ясмина, 10 сола, ЛИТР “Хотам ва ПВ”.

Номинатсияи расми беҳтарин
байни кудакону наврасони 11-14 сола:

Ҷойи 1-ум: Маҳмудов Фарҳод, 12 сола, литсеи филиали Донишгоҳи давлатии ш.Москва ба номи М.В.Ломоносов дар ш.Душанбе;
Ҷойи 2-юм: Қудратов Ибодулло, 12 сола, ш.Душанбе;
Ҷойи 3-юм: Қудратова Сафия, 14 сола, ш.Душанбе.

Номинатсияи иншо (эссе)-и беҳтарин
байни кудакону наврасони 11-14 сола:

Ҷойи 1-ум: Назарова Робия, 16 сола, в.Хатлон, н.Восеъ;
Ҷойи 2-юм: Бунёдзода Марҷона, 16 сола , ш.Душанбе;
Ҷойи 3-юм: Ҳақназаров Умедҷон, 15 сола, МТМУ №82, н.Рудакӣ.

Ғолибон бо сертификатҳо ва туҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагон ва сарпарастони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд. Шарикони фаъоли GMW 2022 бошанд, бо сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи озмуни ҷумҳуриявӣ дар умум барои 9074 тренинг баргузор гардида, зиёда аз 1 000 000 нафар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шуданд. Роҳандозии чунин чорабиниҳои таълимӣ боиси баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон ва дигар иштирокчиёни GMW мегардад.






Диданд: 238

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ