- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи июн0,2%
- 8,3%
- Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ32,3
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (июн)12,41
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)10,39
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)23,83
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)20,35
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июн)16,81
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 11.08.2022 1 USD 10.2587 1 EUR 10.5266 1 RUB 0.1646
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ
16 марти соли 2022 ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз намоиши “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” баҳравар шуданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ намоиши “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” бузургтарин намоиш буда, аз нигораҳои таърихии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иборат мебошад, ки тули се моҳ дар Осорхонаи ҳунарҳои миллии Осиё “Гиме”-и Франсия муаррифӣ шудааст.
Дар намоиши “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки инъикосгари таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳангоми боздид аз намоиши мазкур, ки дар Осорхонаи миллӣ қарор дорад, мутахассиси масъули ин даргоҳ ба кормандон доир ба нигораҳои таърихӣ макону замони бозёфт шудани онҳо маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар доираи ин намоиш кормандони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мероси таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ-амалӣ дидан карда, бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик, ашёи таърихӣ аз ёдгориҳои ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, тамаддуну фарҳанги қадимии мардуми тоҷик, дар мисоли Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадимӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, ки ба намоиш гузошта шудаанд, дидан карданд.
Бо мақсади огоҳӣ доштан аз таъриху тамаддуни худ ва бою ғанӣ гардонидани тасаввуроти фарҳангию таърихӣ, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тасмим доранд, ки то охири моҳи март бо аҳли оила ва фарзандони хеш аз ин намоиши бузурги “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” баҳравар гарданд.
Хотиррасон бояд кард, ки намоиши “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” иборат аз 300 ёдгораҳои таърихии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, ки қисми зиёди онҳо боре ҳам ҳудуди Тоҷикистонро тарк накардаанд, тӯли 3 моҳ (13.10.2021-10.01.2022) дар толорҳои Осорхонаи машҳури Париж “Гиме” қарор доштанд.
Руйхати нигораҳо аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар таҳия гардидаанд. Осорхонаи "Гиме" имрӯз яке аз бузургтарин осорхонаҳои осиёии бадеӣ ва берун аз ҳудуди Осиё қарордошта мебошад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 688
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ