Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,2%
  • 8,3%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    32,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)12,41
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,83
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    20,35
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июн)
    16,81




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 12.08.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3056.87 3118.63
10 6026.62 6148.37
20 11906.87 12147.42
50 29528.55 30125.09
100 58892.04 60081.78

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи корӣ оиди татбиқи муқаррароти Кодекси андози ҶТ дар низоми бонкӣ

18.02.2022

18 феврали соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ҷаласаи корӣ оиди татбиқи муқаррароти Кодекси андози ҶТ дар низоми бонкӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳусни оғоз бахшида, бори дигар таъкид бар он дошт, ки масъалаҳои андозу буҷет, кам кардани гаронии андозҳо, содагардонӣ ва маъмурикунонии низоми андозбандӣ ва дар ин замина дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Санади меъёрии ҳуқуқии мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо назардошти пешниҳоди вазорату идораҳо, шарикони рушд, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар ташкилотҳои ҳамкор таҳия гардида, 23 декабри соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд.

NBTL6258-1-min.JPG

“Мақсади асосии таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани андозбандии кишвар ва соддаву оммафаҳм намудани муқаррароти он буда, барои аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам намудани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо роҳи маъмурикунонии андоз ва дар ин замина коҳиш додани гаронии андоз мебошад. Воқеан дар Кодекси нави андоз барои низоми бонкӣ коҳиш додани гарониҳои андозӣ пешбинӣ гардида, ҳамзамон масъалаҳои баҳснок, мушкилоти духӯрагӣ ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ ба танзим дароварда шуданд”,- зикр намуд Ҳ.Холиқзода.

         Дар раванди таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар Гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иштирок варзида, ҷиҳати ба инобат гирифтани пешниҳодҳои низоми бонкӣ корбарӣ намуданд ва бо итминони комил гуфта метавонем, ки аксари таклифу пешниҳодҳо ба инобат гирифта шуданд.

NBTL6286-2-min.JPG

Сипас директори Департаменти ҳисобдорӣ Насим Охунов тағйиру иловаҳоро дар Кодекси андоз ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ҳар як тағйиру иловаи воридгардидаро бо назардошти таҳлили санади меъёрии ҳукуқии қаблӣ ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дод.

Номбурда зимни рӯнамо оид ба фаъолияти гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҷамъоварии пешниҳодҳои низоми бонкӣ ва суғурта, гурӯҳбандӣ ва асосноккунии пешниҳодҳо дар Гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қисми умумии Кодекси андоз, андоз аз даромад, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳидаи марбут ба низоми бонкӣ, андози иҷтимоӣ, андоз аз арзиши иловашуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дар зимн аҳли нишастро бо тағйиротҳои асосии вобаста ба низоми бонкӣ ва суғурта шинос намуд.

NBTL6231-3-min.JPG

Зимни ҷаласа муаррификунанда изҳор дошт, ки ин ташаббус ба рафти фаъолияти низоми бонкӣ сабукӣ оварда, имкони беҳтар намудани хизматрасонии молиявиро ба аҳолӣ таъмин месозад.

        Дар рафти ҷаласа миёни роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ мубодилаи афкор сурат гирифта ҷамъомадагон атрофи моддаҳои алоҳидаи Кодекси андоз ва имконоти фароҳамгардида фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳамчунин ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Дар хотима Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким таъкид бар он дошт, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи ҳуқуқии танзимкунандаи самти андозбандӣ мукаммал гардида, дар он қисми зиёди пешниҳодҳои низоми бонкӣ ба инобат гирифта шудаанд. Тағйиротҳои мазкур як қатор имкониятҳоро барои рушди низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар фароҳам оварда, ба афзоиши сармоягузориҳо, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини дастрасии молиявӣ таъсири мусбат мерасонад.

        

NBTL6230-4-min.JPG

Аз ин рӯ ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки бо назардошти ба инобат гирифтани муқаррароти Кодекси андоз фаъолияти босамар ва босуботи низоми бонкиро таъмин намуда, барои таъмини эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва роҳ надодан ба камбудиҳо дар раванди ҳисобу пардохти андозҳо, таъмини шаффофияти ин раванд, ҷалби бештари сармоягузориҳо ва мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, тақвият додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои дастрас намудани захираҳои қарзии арзон ва дарозмуҳлат чораҳои таъхирнопазир андешанд. Дар баробари ин ҷиҳати саҳм гузоштани низоми бонкии мамлакат дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ даъват ба амал оварда шуд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 729

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ