Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,2%
  • 8,3%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    32,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)12,41
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,83
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    20,35
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июн)
    16,81




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 10.08.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3058.54 3120.33
10 6029.95 6151.77
20 11913.55 12154.23
50 29545.24 30142.11
100 58925.42 60115.83

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Рӯнамои Ҷамолиддин Нуралиев - таҳлили амиқи бахши бонкӣ ва роҳнамоӣ барои рушди соҳа

11.02.2022

“Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ”. Ин мавзуъ 7 феврали соли 2022 дар доираи вохӯрӣ-семинари амалӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович тариқи рӯнамо манзур гардид.

IMG_1812-1.JPG

Дар оғоз ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода барои роҳандозии иқдоми мазкур, ки ҷиҳати тақвияти тафаккури молиявӣ ва ташаккули донишҳои амалии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад, ба Ҷамолиддин Нуралиев изҳори миннатдорӣ намуд. “Мехоҳам таъкид намоям, ки баргузории вохӯрӣ-семинари имрӯза бо иқдоми Донишгоҳ ва дастгирии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад ва боварӣ дорам, ки ҳайати профессорон, устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯён бо истифода аз имконияти фароҳамшуда, аз дониш ва таҷрибаи ғании Ҷамолиддин Камолович баҳра мегиранд”,-зикр намуд Шукрулло Хайрзода.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин қабл аз оғози рӯнамо изҳор дошт, ки таҳлилу баррасии амиқу ҳамаҷонибаи низоми бонкӣ дар шароити имрўза имкон медиҳад, ки сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир бамаротиб баланд бардошта шавад, ки ин барои рушди низоми бонкӣ дар оянда бе манфиат нахоҳад буд.

IMG_1796-2.JPG

Баъдан, Ҷамолиддин Камолович ҳозиринро бо қисматҳои асосии рӯнамо, аз ҷумла татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳоти институтсионалии БМТ дар солҳои 2015-2021, тадбирҳои БМТ ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи Соvid-19 алоқаманд ва идомаи сиёсати пешгирифта шинос намуд.

Зимни рӯнамо муовини якуми Раиси БМТ оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар 11 соли охир (солҳои 2011-2021) маълумот манзур намуд. Дар самти татбиқи сиёсати монетарӣ бошад, роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, зиёд гаштани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд, ибрози назар намуд. Аз ҷумла, Ҷамолиддин Камолович тазаккур дод, ки аз соли 2015 то ин ҷониб баҳри гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таҳияи стратегияи сиёсати монетарӣ барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, ҳамоҳангии самаранок миёни аҳолӣ тавассути гузаронидани пурсиши интизории аҳолӣ оид ба таваррум, ҷорӣ ва самаранок намудани фишангҳои нави монетарӣ баҳри идоракунии пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва фаъолгардонии амалиётҳо дар бозори озод, беҳтар гардидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ (тавассути моделҳои эмперикӣ), гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои нави омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ ва дигар ислоҳоти таъсирбахш роҳандозӣ карда шуд. Дар натиҷа сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.

IMG_2815.JPG

Дар идома муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он тавассути татбиқи ислоҳоти “гузариш аз миқдор ба сифат”, ки боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давоми 6 соли охир гардид, шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.

Ҷамолиддин Камолович усулҳои муосири баҳодии тобоварии низоми бонкиро нисбат ба хавфҳо шарҳ дода, тавассути харитаи хавфҳо осебпазирии низоми бонкӣ аз омилҳои беруна дар соли 2016 ва бо назардошти солимгардии низоми бонкӣ нишон додани сатҳи баланди истодагарии онҳо нисбат ба таъсири манфии Соvid-19 дар такя ба диаграммаҳо ва таҳлилҳо қайд карда гузашт.

Дар қисмати дигари рӯнамо таваҷҷуҳи ҳозирин ба ислоҳоти институтсионалӣ, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ ҷалб карда шуд, ки ин падида дар ҷаҳон ҳамто надошта, бо мақсади таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир равона шудааст. Таъкид гардид, ки бо фаъол шудани Марказ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуда, рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар ба маротиб коҳиш ёфта, ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ дода шуд.

IMG_3158-5.JPG

Ҳамчунин, дар рафти рӯнамо доир ба рушди устувори бозори асъор, гузаронидани ислоҳот дар воҳидҳои сохторие, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро анҷом медоданд, механизми гузаронидани музоядаҳои асъории БМТ, стратегияи тақсимоти дороиҳо дар идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сохтори он, сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии лаппишҳои қурбӣ тавассути механизми мудохилаҳои асъорӣ, таҳлили тағйирёбии қурби пули миллӣ дар натиҷаи тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ ва нархи нафт дар ҷаҳон ва амсоли инҳо, дар асоси таҳлилҳои 11 соли охир маълумоти муфассал манзур гардонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки рӯнамо аз ҷониби Ҷамолиддин Камолович бо се забон-давлатӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуда, дар рафти он иштирокдорон оид ба масъалаҳои низоми бонкӣ, аз ҷумла пасандоз ва қарзҳо, қарзҳои овернайт, идоракунии хавфҳои бо омилҳои берунӣ алоқаманд, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти реҷаи нави ҳадафгирии таваррум, истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми бонкӣ ва нақшаҳои БМТ дар соли 2022 ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт намуданд.

Дар фарҷом муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин бо итминони комил изҳор дошт, ки дар шароити молиявию иқтисодии муосир чунин вохӯриҳо воқеан барои васеъ гардидани доираи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва донишу маърифати илмии донишҷӯёну ҷавонони мо мусоидат хоҳанд кард.

IMG_3660-4.JPG

Кори вохӯрӣ-семинари амалиро ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода ҷамъбаст намуда, ба Ҷамолиддин Нуралиев барои пешниҳоди рӯнамои пурмазмун изҳори ташаккур намуд.

“Шеваи хоси пешниҳоди рӯнамо ва доираи васеи масъалаҳои гуногуни иқтисодию бонкиро фаро гирифтани он боис гардид, ки ҳозирин бо шавқи баланд ба ҳар як масъалаи баррасигардида таваҷҷуҳ намуда, бо истифода аз фурсати муносиб аз донишу таҷрибаи сатҳи байналмилалии Ҷамолиддин Камолович баҳравар гарданд”,-иброз дошт Шукрулло Хайрзода.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дастгирии муовини якуми Раиси БМТ ҷиҳати ба роҳ мондани тарзу усули пешниҳоди муосири омӯзиш дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои ҳайати устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар баргузор гардида, ҳадафи аслии он афзун гардонидани сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир мебошад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 811

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ