Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Паём – пойдевори мустаҳкам барои тақвияти иқтидори иқтисодӣ ва ободии Ватан

21.12.2021

21 декабри соли 2021 кормандони Бонки миллии Тоҷикистон пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”-ро бо дарки баланди масъулият тамошо карданд.

Payom.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Дар идома, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

NBTL9672.JPG

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ, низоми бонкӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, занон, ҷавонон, сармоягузориву соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дигар бахшҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили низоми бонкии кишвар иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расонида шуд.

«Сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000-ум 130 баробар афзоиш ёфт.

NBTL9640.JPG

Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла дар соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст»,-иброз намуданд Президенти мамлакат.

Роҳбари давлат вобастагии рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷиро аз низоми бонкӣ ёдовар шуда, ҳалли чанде аз масъалаҳоро дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мубрам арзёбӣ намуд.

NBTL9651.JPG

Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, бояд доир ба зиёд кардани шумораи бонкҳо, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани ҳаҷми сармояи ойинномавии ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар давраи миёнамуҳлат, яъне дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2026 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

NBTL9637.JPG

Яке аз бахшҳои муҳимми дигаре, ки дар Паёми имсола ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо буд.

Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамчунин, аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз ва андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардид.

NBTL9635.JPG

Илова бар ин, супориш дода шуд, ки ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд ва андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Дар ҷараёни ироаи Паём Пешвои миллат ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - раванди саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷуҳ карда, бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ин ҳадафи стратегии миллӣ, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

NBTL9639.JPG

Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Инчунин, ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» вазифадор карда шуд, ки то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.

NBTL9630.JPG

Ҳамин тавр, Президенти мамлакат бо таҳлили ҳамаҷонибаи ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро барои соли минбаъда муайян намуданд.

Дар охир Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, ёдовар шуда, бо итмонон таъкид намуданд, ки мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.


Диданд: 1546

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ