- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2024 1 USD 10.9563 1 EUR 11.8186 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Эълони Дархости маълумот
Бонки миллии Тоҷикистон
Ҳадафи дархости маълумот: Таъмин ва татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ (НАБ)
Санаи нашр: 3 ноябри 2021
Муҳлати посухи таҳвилгар: Ҷумъа, 17 декабр соли 2021, соати 15:00 ба вақти Душанбе
Шарҳи умумӣ
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Дархости маълумотро барои Низоми автоматишудаи бонкӣ бо мақсади иваз кардани низоми мавҷуда эълон менамояд. НАБ-и пешниҳодшуда дар маркази иттилоотии мавҷудаи БМТ фаъолият карда, аз инфрасохтори мавҷудаи ТИ самаранок истифода хоҳад бурд.
БМТ молрасонеро меҷӯяд, ки дорои таҷрибаи зарурӣ барои мусоидат ба содда ва автоматикунонии равандҳои дохилӣ бо истифода аз НАБ - и пешрафта ва муосир бошад. НАБ-и нав бояд дар вақти воқеӣ бо дигар низомҳои мавҷуда ҳамкорӣ намуда, имконияти ҳамкории мутақобила бо низомҳои ояндаро тавассути асбобҳои таъминоти барномавии мутавассит таъмин намояд.
ТАВСИФ
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талош мекунад то хулосаи маҷмӯиро барои Низоми автоматишудаи бонкӣ (НАБ) ба даст орад, ки имконияти ҳам тиҷорат ва ҳам низомро беҳтар намояд. Низоми автоматишудаи бонкӣ маҷмӯи НАБ ва ҳама замимаҳои марбут ба он, ба монанди модули хазинадорӣ ва идоракунии сармоягузорӣ, идоракунии хавфҳо, инчунин ҳамаи модулҳо ва вазифаҳои дар ҳуҷҷати Дархости маълумот (RFI) номбаршударо дар бар мегирад.
Нусхаи пурраи ҳуҷҷати RFI -ро дар ИНҶО пайдо кардан мумкин аст.
Раванди пешниҳод
Ҷавобҳои таҳвилгар бояд ба таври электронӣ дар шакли PDF (аз ҷумла ҳама гуна ҳуҷҷатҳои нусхабардоршуда ва маводи чопшуда) ба суроғаи cbs@nbt.tj таҳти унвони "Ҷавоб ба дархости маълумот барои Низоми автоматишудаи бонкӣ" пешниҳод карда шаванд.
Ҷавоб бояд аз ду қисм иборат бошад: мутобиқат ба талабот ва ҷавоби техникӣ. Фасли 3 -и Дархости маълумот (RFI) дастурҳои муфассал оид ба омода кардани мундариҷаи ду посухро дар бар мегирад. Раванди арзёбии ҷавобҳо дар фасли 3.2 -и Дархости маълумот (RFI) муфассал оварда шудааст.
Танҳо посухҳое, ки ҳам аз ҷиҳати тахассусият ва ҳам аз ҷиҳати арзёбии техникӣ баҳои муносибро сазовор мегарданд, ба рӯйхат ҷиҳати баррасӣ ҷой дода шуда, барои даъват ба Дархости изҳори манфиатдорӣ (RFP) баррасӣ карда мешаванд. Раванди пешниҳоди Дархости маълумот маънои пешниҳоди БМТ ё ӯҳдадории интишори Дархости изҳори манфиатдорӣ (RFP)-ро надорад.
Ба таҳвилгарони манфиатдор тавсия дода мешавад, ки ҳуҷҷати Дархости маълумотро бодиққат аз назар гузаронанд ва дар ҳолати зарурӣ, пеш аз омода кардани посух аз БМТ тавзеҳот талаб кунанд. Ҳамаи дархостҳо бояд ба таври хаттӣ ба суроғаи почтаи электронии qcbs@nbt.tj фиристода шаванд. Муҳлати пешниҳоди дархостҳо то 25 ноябри соли 2021 мебошад.
Ҷадвали пурраи вақт дар Замимаи 5.3 ҳуҷҷати RFI нишон дода шудааст.
Диданд: 709
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ