Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,09
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,65




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.12.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 320.68 3 399.98
10 6 554.39 6 710.92
20 12 962.68 13 272.26
50 32 168.51 32 936.75
100 64 172.25 65 704.80

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти муовини Раиси БМТ Толибзода Фирдавс бо ҳайати Бонки Осиёгии рушд

20.10.2021

18 октябри соли 2021 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати коршиносони Бонки Осиёгии Рушд (БОР) мулоқоти фосилавӣ анҷом дод.

Нахуст муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ба ҳайати БОР барои дастгирӣ ҷиҳати пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар доираи барномаи Такмили бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ арзи сипос намуд. Мавсуф зикр кард, ки кӯмаки техникии мазкур бахшҳои назорати бонкӣ, рушди бозори суғурта, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, танзим ва назорати бонкдории исломиро фарогир буда, барои татбиқи муваффақонаи чораҳои индикативии барнома мусоидат хоҳад кард.

NBTL5213-1.jpg

Дар идома, аз ҷониби ҳайати БОР мутахассис оид ба идоракунии давлатӣ Юҷи Мияки аз сатҳи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, бо таваҷҷуҳ ба ислоҳоти татбиқшуда дар низоми бонкии Тоҷикистон қайд намуд, ки БОР афзалиятҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар робита ба ин, бо назардошти дархости Бонки миллии Тоҷикистон БОР чаҳор нафар мушовирони сатҳи байналмилалиро ҷалб намуд, ки зимни мулоқоти фосилавӣ аз ҷониби намояндаи БОР Юҷи Мияки муаррифӣ карда шуданд. Мушовирони байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассиси бахши назорати бонкӣ Отар Надарая, мутахассиси бахши назорати суғуртавӣ Родолфо Верхан, мутахассиси бахши ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Артур Димас ва мутахассиси бахши молиявии исломӣ Аида Осман зимни муаррифӣ омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо масъулини Бонки миллии Тоҷикистон иброз доштанд.

NBTL5171-2.jpg

Муовини Раиси БМТ Толибзода Фирдавс ва намояндаи БОР Юҷи Мияки зимнан изҳори умед карданд, ки машваратчиёни дорои таҷрибаи байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва роҳандозӣ намудани ислоҳотҳои минбаъда муваффақ шуда, ба ин васила дар рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

NBTL5185-3.jpg

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар доираи кӯмаки техникӣ инчунин масъалаҳои бознигарии заминаи меъёрию ҳуқуқии ҷорӣ оид ба танзим ва назорати бахши бонкӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани дастурамалҳои нав, гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо оид ба зиёд кардани зарфияти кормандон, бахусус дар самти бонкдории исломӣ, тақвият бахшидани низоми суғурта, таҳияи шаклҳои нави ҳисоботи молиявӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва рақамикунонии онҳо, таҳияи санадҳои меъёрӣ оид ба ҳисоббаробарориҳои актуарӣ, раванди истифодаи индикаторҳои муайянкунии устувории молиявии бозори суғурта, гузаронидани машваратҳо барои ташкилотҳои суғуртавӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ташкили институти Омбудсмени молиявӣ дар Тоҷикистон ва таҳияи санади стратегиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

NBTL5231-4.jpg

Дар фароварди мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба ҳайати намояндагии БОР барои ҳамкории доимӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зимнан изҳори боварӣ намуд, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла низоми бонкӣ самарабахш хоҳад буд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти фосилавии мазкур иқтисодичии намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон Муҳаммадӣ Бобоев ва роҳбарони сохторҳои дахлдори БМТ ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 568

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ