Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,09
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,65




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.12.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 320.68 3 399.98
10 6 554.39 6 710.92
20 12 962.68 13 272.26
50 32 168.51 32 936.75
100 64 172.25 65 704.80

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Томас Ҷордан

14.10.2021

14 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан мулоқоти фосилавӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳамкории низоми бонкии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

NBTL5146.JPG

Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария баҳои баланд дода, ҷаноби Томас Ҷордан ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба таъсири амиқ ва номуайяниҳое, ки бар асари пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омаданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо тадбирҳои саривақт андешидаи ҳукумат рушди муътадили иқтисоди кишварро таъмин намояд.

Ҳамин тавр, давоми моҳҳои январ-августи соли 2021 ММД-и кишвар 56,3 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.

NBTL5108.JPG

“Дар шароити кунунӣ пешгӯӣ кардани санаи дақиқи бартараф намудани пайомадҳои вазъи мураккаби ҷорӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар татбиқи чораҳои заруриро идома медиҳад”,-таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан огоҳии хешро аз чораҳои саривақт андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар иброз дошта, қайд кард, ки тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, то соли молиявӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда шавад.

“Мо дар ҳақиқат ба иқдоми роҳандозинамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити душвори иқтисоди ҷаҳонӣ баҳои баланд медиҳем ва самти интихобнамудаи Шуморо дуруст меҳисобем”,-тазаккур дод ҷаноби Томас Ҷордан.

NBTL5105.JPG

Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо як қатор сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои Швейтсария ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст ва ин боиси қаноатмандии ҳарду ҷониб мебошад. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таъмини устувории суботи молиявӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати монетарӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) равобити судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кӯмакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳамтои худ барои кӯмакҳои техникӣ ва машваратии Бонки миллии Швейтсария миннатдории хешро баён дошта, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии бонки мазкур, изҳори эътимод намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар самти ҳадафгирии таваррум, рушди низоми пардохт ва таъмини устувории низоми комплаенс идома хоҳанд кард.

Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан дар навбати худ барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ҳар ду ҷониб дар самтҳои зикргардида ҳавасмандӣ зоҳир намуда, аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода барои анҷоми сафари корӣ ва мулоқоти дуҷониба даъват ба амал овард.

NBTL5129.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода даъвати ҷаноби Томас Ҷорданро бо хушнудӣ пазируфта, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда омодагии хешро баён дошт.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур дар доираи Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки 11-17 октябри соли 2021 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардида, дар он вазирони молия, роҳбарони бонкҳои марказӣ ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд, баргузор шуд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 510

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ