Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,4%
  • 9,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    23,9
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 августи с.2021)13,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)12,43
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)
    10,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    22,10
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    21,39




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.10.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 295.42 3 374.12
10 6 503.87 6 659.20
20 12 861.65 13 168.81
50 31 915.93 32 678.14
100 63 667.10 65 187.58

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷаласаи ИББ СҲШ

16.09.2021

16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи 20 -умин нишасти ҷашнии  Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.

IMG_0095.JPG

Дар ҷаласа Котиби генералии СҲШ Норов Владимир Имамович, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла роҳбарони Ширкати молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Хитой, “Ҳабиб Бонк Лимитед”-и Ҷумҳурии Исломии Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд “ВЭБ.РФ”, Бонки рушди Қазоқистон, ҶСК “РСК Банк”-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶС “Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қисман дар шакли ҳузурӣ ва қисман дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

IMG_3905.JPG

Дар доираи рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба 6 масъалаи муҳим, аз ҷумла васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд, баррасии қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои (2022 - 2026), ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон, баррасӣ ва тариқи овоздиҳӣ интихоб намудани бонки раисикунанда дар Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои солҳои 2021-2022 мавриди муҳокимаи намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар рафти ҷаласаи мазкур бо дастгирии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии БДА ҶТ “Амонатбонк” Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои то соли 2026 қабул гардид.

NBTL3643.JPG

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, ки 03 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ”-и Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ баргузор шуд, баъди ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ дар фазои тантанавӣ масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Раиси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ”-и Федератсияи Россия Игор Шувалов ба Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ барои солҳои 2020-2021 супорида шуд.


IMG_0102.JPG

Маълумотнома: Иттиҳодияи байнибонкӣ (ИББ) соли 2005 ҳамчун воситаи кумакрасонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ки давлатҳои СҲШ онҳоро тасдиқ кардаанд, таъсис ёфтааст. Ба ҳайати ИББ Бонки рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Чин, Бони иқтисодии хориҷии Россия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Аз соли 2020 БИХ ФР раёсати  Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 337

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ