Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2021

NBTL6830-2.JPG Мо имрӯз дар остонаи таҷлили яке аз бузургтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои таърихи нави миллати бостониамон - 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо истифода аз фурсат ба ин муносибат ҳамаи кормандони низоми бонкӣ ва дар маҷмуъ ҳамватанонамонро самимона табрику муборакбод мегӯям.

Пешвои муаззами миллат Истиқлолияти давлатиро “муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат” арзёбӣ кардаанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Истиқлолият воқеан рамзи саодати миллат ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. Дар охирҳои асри бист ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки бо тулуъи хуршеди Истиқлолият тақдири давлати худро ба даст гирад. Ба баёни дигар, танҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати куҳанбунёди тоҷик имкон пайдо кард, ки баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақил, ҳамчунин соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ ва пули миллӣ гардад.

Дар даврони Истиқлолият ба шарофати хиради азалии мардуми тоҷик ва раҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдору устувор шуд, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ муайян гардид ва эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллию ватандорӣ дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба маротиб боло рафт ва Тоҷикистон тадриҷан ба давлати ягонаи ободу шукуфон табдил ёфт.

Ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлолияти миллӣ ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид. Бояд махсус таъкид кард, ки тавсияву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат дар замони Истиқлолият нақши меҳварӣ доранд ва дастовардҳои назаррас дар ин замина бевосита ба ин тавсияву ҳидоятҳо алоқаманд мебошанд.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ду маротиба: солҳои 1995 ва 2000-ум ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд ва кишвари азизи мо соҳиби пули миллии худ гашт. Махсусан, ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ на танҳо падидаи ниҳоят муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва умуман низоми бонкии ҷумҳурӣ дар давраи Истиқлолият тадриҷан ба низоми умумиҷаҳонии бонкӣ шомил гардид. Ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани низоми бонкии Тоҷикистон ҳамкории моро ба низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” барои фаъолияти бонкдории исломӣ дар мамлакат роҳ боз намуд.

Ҷорӣ кардан ва фаъолияти босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкӣ, банкоматҳо дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ низ аз дастовардҳои муҳим ба шумор мераванд.

Бо саъйу кӯшиши Бонки миллии Тоҷикистон дар мамлакат зина ба зина заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуд.

Бо фароҳам омадани заминаи ҳуқуқӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар низоми муомилоти пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири бонкдорӣ оғоз намуд.

Бахусус, ба роҳ мондани ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ ва ташкили инфрасохтори муосири низоми пардохт ба пешрафти низоми бонкии мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, бо мақсади ҷорӣ намудани маҳсулоти муосири бонкӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ, дар мамлакат низоми интернет-банкинг ва мобайл-банкинг татбиқ мегардад, ки бо истифода аз он муштариён метавонанд бемамониат амалиёти пардохтии дохилӣ ва фаромарзиро анҷом диҳанд.

Дар даврони Истиқлолият дар низоми бонкии кишвар тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал оварда шуд. Масалан, агар дар соли 1992 дар мамлакат ҳамагӣ 10 ташкилоти қарзӣ бо шумули 8 бонк ва 2 ҷамъияти қарздиҳӣ амал мекард, айни замон дар низоми бонкии мамлакат 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонк, 17 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Дар ин муддат бо зиёд шудани талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ кормандони низоми бонкии мамлакат даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, имрӯз ҷамъан дар низоми бонкии мамлакат 17 050 нафар (аз ҷумла 6185 нафар ё 36,3 % бонувон) ба фаъолияти пурсамар машғуланд.

Мо имрӯз бояд кӯшишу талоши худро ба он равона созем, ки аксари навовариҳои бонкдории ҷаҳонро дар фаъолият ва таҷрибаи хеш ҷорӣ намоем ва ҳамқадами ҳаёт бошем. Бинобар ин, зарур дониста шуд, ки сохтори Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шавад ва дар сохтори нав вобаста ба талаботи замони муосир воҳидҳои нави сохторӣ, аз ҷумла Департаменти мониторинги молиявӣ, Идораи суботи молиявӣ, Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмол-кунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, Идораи назорати суғуртавӣ, Идораи низоми пардохт, Пажуҳишгоҳи илмӣ‑тадқиқотӣ, шуъбаи бонкдории исломӣ ва ғайра ворид карда шаванд.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ, хусусан, тайи чанд соли охир ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиётҳо ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзоиш ёфт. Масалан, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 млн. сомонӣ дар соли 1991 ба 5,2 млрд. сомонӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2021 баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 ба андозаи 3416 маротиба зиёд мебошад.

Сатҳи баланди дониши касбӣ ва маҳорату малака шарти муҳимми пешрафти ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи бонкдорист. Аз ин хотир, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба такмили ихтисоси кормандон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад ва шароити мусоид дар ин замина фароҳам оварда шудааст.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кормандони низоми бонкии мамлакат бо меҳнати бунёдкорона, садоқатмандӣ ва фарҳанги баланди худ дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳимми ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳамин аст, ки имсол 6 корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати садоқатмандона бо мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шуданд.

Ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон низ тасмим гирифт, ки барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ кормандони беҳтарин бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз карда шаванд.

Мо воқеан ифтихор аз он дорем, ки дар даврони Истиқлолият дар ҳошияи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат низоми бонкии мамлакат зина ба зина ташаккул ёфта, ҳамгироии он бо низоми бонкии ҷаҳонӣ таъмин гардид. Акнун вақти он расидааст, ки ҳамзамон такя бо дигар дастовардҳои даврони Истиқлолият рушди босуботи низоми бонкии кишварро ҳадафи олии фаъолияти минбаъдаамон қарор диҳем.

Дар охир ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям ва ба ҳар кадоми шумо саломатию сарбаландӣ, хушбахтию саодатмандӣ, пирӯзию музаффарият ва дар амри хизмати пурифтихор дар Бонки миллии Тоҷикистон ба нафъи халқу Ватани маҳбуб барору комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад! 

Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло,
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон


Диданд: 2809

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ