Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи август
    0,5%
  • 9,4%
  • Пулҳои захиравӣ (август), млрд. сомонӣ
    23,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 августи с.2021)13,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (август)12,77
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)
    10,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    22,10
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    21,39




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 24.09.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 318.86 3 398.12
10 6 550.76 6 707.20
20 12 955.42 13 264.82
50 32 150.35 32 918.16
100 64 135.93 65 667.61

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Меъёри бозтамвил 1,0 банди фоизӣ баланд бардошта шуд

27.07.2021

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон №26 аз 27 июли соли 2021 ҷиҳати 1,0 банди фоизӣ баланд кардани меъёри бозтамвил ва дар сатҳи 13,0 фоизи солона муқаррар намудани он қарор қабул гардид. Қарори мазкур дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилӣ ва берунӣ ба иқтисодиёт бо назардошти афзоиши фишорҳо ва интизориҳои таваррумӣ қабул карда шуд. Мақсад аз қабули қарори мазкур дар давраи миёнамуҳлат бозгардонидани сатҳи таваррум дар доираи ҳадаф ва ҳудуди муқарраршудаи он мебошад.

Сатҳи таваррум ва омилҳои ба он таъсиррасон. Тавре ки интизор мерафт, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барқароршавии босуръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, тамоюли пастшавии сатҳи бекорӣ, рушди тиҷорати байналхалқӣ ва идомаёбии пешбурди сиёсати дастгирии иқтисодии пулию қарзӣ (loose monetary policy) аз ҷониби кишварҳои тараққикарда ба ҳолати мувозинатии маҷмӯи талабот ва таклифоти ҷаҳонӣ таъсири зиёд расонид. Омилҳои мазкур боиси афзоиш ёфтани фишорҳои таваррумӣ, аз ҷумла, норасоии молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонии хӯрокворӣ, ашёи хом ва болоравии нархи онҳо, қимат шудани нархи хизматрасонии ҳамлу нақли молҳо ва афзоиши назарраси интизориҳои таваррумӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон гардид.

Афзоиши омилҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ба сатҳи нархи молҳои воридотии кишвар таъсири манфӣ расонида, ба ноустувории сатҳи нархҳо таъсири бевоситаи худро расонида истодааст. Аз омилҳои дохилӣ бошад, ба ноустувории сатҳи нархҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барқароршавии босуръати иқтисодиёти кишвар (рушди воқеии иқтисодиёт 8,7 фоиз), зиёд шудани суръат ва ҳаҷми қарздиҳӣ (64,2 фоиз), аз ҷумла қарзҳои истеъмолӣ (90,7 фоиз), инчунин омилҳои мавсимӣ, афзоиши даромаднокии аҳолӣ ва номусоид омадани вазъи боду ҳаво арзёбӣ мегардад.

Тибқи омори расмӣ сатҳи таварруми солона дар моҳи июни соли 2021 ба 9,0 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Афзоиши нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 10,5 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 8,4 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 5,1 фоиз ба амал омад.

Ба ин раванд асосан афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, равғани рустанӣ, картошка, сабзӣ, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз таъсири омилҳои берунӣ, мавсимӣ, талаботӣ ва таклифотӣ вобастаанд, мусоидат намуд.

Раванди қиматшавии маҳсулоти хӯрокворӣ дар аксари кишварҳои минтақа низ мушоҳида гардида, сатҳи таварруми солонаи онҳо низ аз доираи ҳадафи муқарраршуда зиёд ҷамъбаст гардидааст.

Интизориҳо ва хавфҳо. Дар соли 2021 бинобар номуайянии вазъи пандемияи коронавирус (COVID-19) ва эҳтимолияти идома ёфтани паҳншавии он, зиёдшавии сатҳи даромаднокӣ ва маҷмӯи талабот дар ҷаҳон, болоравии сатҳи нархҳои ҷаҳонии молу маҳсулоти хӯрокворӣ, номусоид омадани вазъи боду ҳаво дар минтақа, афзоиши нархи маводи сӯзишворӣ ва таъсири манфии дигар омилҳо фишорҳои таваррумӣ боқӣ хоҳанд монд. Инчунин, афзоиши босуръати ҳаҷми қарздиҳӣ ва барзиёд рушд ёфтани иқтисодиёт аз иқтидори худ ба таспиши иқтисодиёт (overheating economy) оварда, зиёдшавии фишорҳои таваррумиро ба миён меоварад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии таваррумӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзиро тавассути истифодаи фишангҳои таъсирбахши худ, аз ҷумла меъёри бозтамвил амалӣ хоҳад намуд.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Бо назардошти омилҳои болозикр, бахусус беҳтар гардидани вазъ ва дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон, афзоиши маҷмӯи талабот дар ҳамаи кишварҳо, зиёд шудани фишорҳои таваррумӣ, болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ва баланд будани интизориҳои таваррумии аҳолии кишвар аз ҷониби аъзои Кумита пешниҳод гардид, ки меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ аз санаи 2 августи соли 2021 баланд карда шуда, дар сатҳи 13,0 фоизи солона муқаррар карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати мутавозини пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи дарозмуҳлат идома хоҳад дод.


Диданд: 510

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ