- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2024 1 USD 10.9563 1 EUR 11.8186 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ҷаласаи панҷуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 июли соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи чоруми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ, рушди бозори суғурта, фаъол гардонидани фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум ва тағйирёбии боэътидоли қурби асъор дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар шунида шуданд.
Дар баробари ин, таъкид гардид, ки новобаста аз барқароршавии рушди иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, тадриҷан муътадилгардии нархи ашёи хом, беҳтар гардидани ҳаракати сармоя ва равобити тиҷоратӣ, ҳанӯз ҳам номуайяниҳо ва хавфҳо дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ ҷой дошта, маҳдудсозии пайомадҳои манфӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ ҳамоҳангии зичро бо вазорату идораҳои калидӣ ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои ҷойдошта тақозо менамояд.
Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо вобаста ба таъсири пайомадҳои СOVID-19 ба фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ломбардӣ ва таҷрибаи бонкҳои марказӣ ҳамчун танзимкунандаи азим (мегарегулятор)-и бахши молиявӣ муҳокимарониҳо анҷом доданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар ин давраи мураккаби иқтисодӣ масъалаи зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолнокии соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар, зиёд намудани иқтидори содиротӣ, ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти миллӣ муҳим ба ҳисоб рафта, муайян намудани маҳдудиятҳо ва татбиқи ислоҳотҳо бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта ба суръат бахшидани рушди соҳаҳои асосӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар хотимаи ҷаласа, аз ҷониби Шӯро вобаста ба зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ тавассути баланд бардоштани рейтинги кишвар аз рӯи “Пешбурди соҳибкорӣ”, ба роҳ мондани баҳогузории рейтингии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин дар самти танзим ва назорати ташкилотҳои ломбардӣ такмили заминаи ҳуқуқӣ ва иҷрои пурраи талаботи қонунгузории ҷорӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо оид ба суғуртакунӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамзамон, аъзои Шӯро ҷиҳати то ба охир пайгирӣ намудани масъалаҳои вогузоршуда барои иҷрои бетаъхир ва сифатноки қарорҳои қаблан қабулшуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.июни соли 2018, №331) таъсис дода шудааст.
Диданд: 1139
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ