- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи июн0,2%
- 8,3%
- Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ32,3
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (июн)12,41
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)10,39
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)23,83
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)20,35
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июн)16,81
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 11.08.2022 1 USD 10.2587 1 EUR 10.5266 1 RUB 0.1646
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Дар бораи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №89 иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бозхонд карда шуд.
Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани ҳамаи амалиётҳои хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавҷудбуда, то таъин шудани мудири махсус манъ гардид.
Бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи сармоякунонии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (с.2016) вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.
Фаъолияти молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта, низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ, дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит, кумитаи идоракунии хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.
Бинобар сабабҳои овардашуда нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” торафт манфӣ арзёбӣ гардида, Бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд.
Дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба ин Бонк ва дар умум ба низоми бонкӣ сабаб шуда истодааст.
Бо назардошти ин омилҳо ва ғайри қобили пардохт гаштани ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” қарори дахлдор қабул кард.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори суд мудири махсус таъин мегардад ва аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус, ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) қатъ гардида, ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба ҳисоб меравад.
Мудири махсус дар доираи салоҳияти ихтисосии худ ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд.
Тибқи раванди муайяншуда баробари бозхонди иҷозатнома, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 64 фоизи пасандоздорон, яъне 3,5 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 36 фоизи дигарашон, яъне 2 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт карда мешаванд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2698
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ