Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

22.04.2021

20 апрели соли 2021 муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо мудири минтақавии кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев ва роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова мулоқоти корӣ анҷом дод.

NBTL7774.JPG

Дар ҷараёни муҳокима Муовини якуми Раиси БМТ аз ҳамкории самарабахш ва мутақобилан судманди БМТ бо БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки БМТ барои ҳамкориҳои тарафайн ҷиҳати ҷонибдорӣ аз аъзогӣ дар “Паймон барои дастрасии молиявӣ” изҳори сипос менамояд ва ба тавсеаи ҳамкории манфиатбахш барои дастгирии минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон бо БАТР эътимод дорад.

“БМТ ва БАТР ҳамчун шарики боэътимод то имрӯз дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар корҳои зиёдеро баҳри рушди низом роҳандозӣ намуда, густариши ҳамкориҳоро тавассути ҷалби кумакҳои техникӣ, мусоидат дар татбиқи фарҳанги муосири идоракунии корпоративӣ, ҳадафгирии таваррум, ба роҳ мондани ҳамкории муросилотии байнибонкӣ, рушди минбаъдаи бозори суғуртаи кишвар ва табодули таҷриба ба воситаи гузаронидани машғулиятҳои муштарак бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар доираи ҳамкории судманди ҳарду ҷониб муҳим арз медорад”,- таъкид кард муовини якуми Раис Ҷамолиддин Камолович.

NBTL7639.JPG

Дар навбати худ, роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова ва мудири минтақавии кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев барои густариши ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкории шарикии БМТ ва БАТР бомуваффақият амалӣ гардидани “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ”, соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шудани беш аз 270 нафар кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон шаҳодати ҳамкории зичу пурмаҳсули БМТ ва БАТР мебошад.

NBTL7569.JPG

Ҳамчунин, зимни мулоқот намояндагони БАТР оид ба барномаи молиявии “Занҳо дар тиҷорат” маълумот манзур намуда, зикр карданд, ки роҳандозии барномаи мазкур имкон медиҳад, то бонувон бештар ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат ҷалб гарданд ва дараҷаи тахассусии онҳо такмил ёбад.

Муовини якуми Раиси БМТ бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур, таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон ва ба ин тариқ, ҷалби бештари онҳо ба низоми бонкиву молия ва тиҷорат корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд. Махсусан, дастгирии занҳои соҳибкор, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкию молия ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди касбии онҳо дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.

NBTL7695.JPG

Имрӯз дар Тоҷикистон бонувон дар вазифаҳои пурмасъули раиси раёсат, муовини раис, сардорони идораву шуъбаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ самаранок фаъолият намуда истодаанд, ки гувоҳ аз фароҳам будани шароити муносиб барои бонувон ҷиҳати рушди фаъолияти онҳо мебошад, иброз дошт Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Камолович.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба густариши ҳамкории пурсамар миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таъкид намуда, хостори фаъолмандии бештар ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти кишвар гардиданд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1692

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ