- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2024 1 USD 10.9563 1 EUR 11.8186 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ
I
Директори Пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
- доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар соҳаи бонкӣ ё муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;
- доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ - ҳатмӣ;
- маълумоти кофӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, молия ва иқтисод;
- маҳорати баланди ибрози андеша, малакаи рӯнамоӣ намудан бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ);
- қобилият доштан дар пешниҳоди методологияи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар сатҳи кофӣ таҳлил намудани тавозуни бонкӣ, гузаронидани таҳлили мақсадноки ташкилотҳои суғуртавӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон.
Департаменти назорати бонкӣ
II
Мутахассиси дараҷаи I Идораи таҳлили бонкҳо (4 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- дониши қонунгузории соҳаи бонкӣ;
- қобилияти таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
- маҳорати ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ;
- малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забони давлатӣ ҳатмӣ, забони русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
- собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ.
III
Мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати бонкдории исломӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқи исломӣ;
- дониши кофӣ оид ба қонунгузории соҳаи бонкӣ (исломӣ);
- донишу малака дар самти маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шаҳодатнома, диплом);
- қобилияти таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- таҷрибаи таҳлил ва тасдиқи хизматрасониҳои бонкии исломии мутобиқ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
- маҳорати кофии ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
- малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забони давлатӣ, русӣ, англисӣ ҳатмӣ (арабӣ афзалият дорад);
- собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол.
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб
IV
Ҳуқуқшиноси шуъбаи назорати бонкӣ (шартномавӣ) (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
- дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва ҷиноятӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
- таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
- малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
- доштани собиқаи корӣ ҳуқуқӣ ва баргардонидани қарзҳои мушкилситон на камтар аз 2 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
- ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
- Барои маълумот – тел: +992 (44) 625 - 05 -67
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01.09 с.2020
Диданд: 2777
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ