Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Семинари омӯзишӣ барои кормандони ташкилотҳои қарзӣ

27.02.2020

Рӯзҳои 25-26 феврали соли 2020 бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс (Мутобиқсозӣ) (ICA) барои намояндагони низоми бонкии кишвар семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Муштарии худро бидон” (KYC) ва “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои дар самти молия” доир гардид.

NBTL7885.JPG

Семинарро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки “Бонки миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкдории кишвар пайваста корҳои омӯзиширо бо ҷалби коршиносони сатҳи байналмилалӣ доир менамояд ва чорабинии имрӯза далели ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, бо мақсади вусъат додани раванди кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар хориҷи кишвар, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ва пурзӯр намудани фаъолияти низоми идоракунии хавфи комплаенс дар ташкилотҳои қарзӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Мутобиқат дар ҳамбастагӣ 25 стипендияи пурраи ройгонро ба низоми бонкии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Дар баробари ин, барои иштирокчиёни семинар, дастрасии онлайн ба маводи таълимӣ дар тӯли се моҳ аз рӯзи бақайдгирӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс таъмин карда шуд. Тибқи натиҷаҳои интихоби мақсадноки номзадҳо, бо назардошти талаботи тахассусии муқарраршуда, 36 намоянда аз 12 ташкилоти қарзии кишвар ин имкониятро сазовор шуданд”.

NBTL7853.JPG

“Роҳандозии чорабиниҳои мазкур барои баланд бардоштани донишу малакаи таҳлилии кормандони масъули ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла идораи хавфҳо ва комплаенс, ки дар навбати худ барои паст намудани хавфҳои терроризми байналмилалӣ, таъмини шаффофият, эътимоднокӣ, бехатарии низоми молиявии кишвар ва ҳамгироии минбаъдаи онҳо дар инфрасохтори байналмилалӣ мусоидат мекунад равона гардидааст.

NBTL7875.JPG

Бо боварӣ метавон гуфт, ки чорабиниҳои мазкур баҳри баланд бардоштани малакаи коршиносон, такмили минбаъдаи низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва пешгирии маблағгузории террористӣ, инчунин дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мувофиқгардонии муносибатҳои муросилотӣ бо шарикони хориҷӣ мусоидат хоҳад кард”, таъкид намуд Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳ.Машрабзода.

NBTL7850.JPG

Ёдовар мешавем, ки дар асоси шартномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд моҳи ноябри соли 2019, мутахассисони бахши молиявӣ - намояндагони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи байналмилалии таълимӣ барои стипендияҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии комплаенс ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд нахустин бор тахассуси байналмилалиро дар соҳаи комплаенс соҳиб гаштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2336

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ