- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи декабр0,2%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ38,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 ноябри с.2022)13,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)11,49%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)10,43 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)23,34 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)16,15 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)19,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)17,57 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 27.01.2023 1 USD 10.2830 1 EUR 11.2239 1 RUB 0.1470
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд
14 марти соли 2019 Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Пол Индербинен ва Ҳайати ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ-бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом доданд. Дар вохӯрии мазкур намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов низ ширкат варзид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, навоварию ислоҳот дар низоми бонкӣ, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти суҳбат изҳори умед намуд, ки ХБА дар оянда низ ташаббусҳои созандаи худро идома дода, барои баланд бардоштани рушди иқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.
Мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Пол Индербинен бо мақсади иштирок дар гуфтушунидҳо ҷиҳати тарҳрезии Барномаи нави ислоҳоти иқтисодии ХБА бори нахуст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст ва зимни суҳбат аз тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд изҳори назар кард. Боиси тазаккур аст, ки ҷаноби Пол Индербенен роҳбари гурӯҳи электорат буда, манфиат ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ХБА муаррифӣ менамояд.
Дар идома, роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, оид ба омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, иқтидори содиротии кишвар ва сатҳи воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ андешаи худро манзур гардонид. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ин маврид тавзеҳоти мушаххасро мавриди таваҷҷуҳи ҳайати ХБА қарор дод.
Хонум Падамжа Ханделвал бо такя ба ислоҳотҳои татбиқшуда дар низом зикр кард, ки айни замон бо кӯшишҳои роҳбарияти кунунии БМТ низоми бонкии мамлакат нисбат ба чанд соли қабл муътадил арзёбӣ шуда, ояндаи наздик устувории он аз эҳтимол дур нест.
Дар анҷоми мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил гаштан ба мувофиқаи ниҳоӣ дар тарҳрезӣ шудани барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии ХБА изҳори умед кард.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 2248
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ