- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи июн0,2%
- 8,3%
- Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ32,3
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (июн)12,41
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)10,39
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)23,83
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)20,35
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июн)16,81
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 11.08.2022 1 USD 10.2587 1 EUR 10.5266 1 RUB 0.1646
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя
Мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя” зимни семинари амалӣ 12-13 марти соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иқдоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳо ва бонкҳои тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова оид ба ташаккул ва рушди бозори сармоя ва бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон, такмили асосҳои ниҳодӣ ва ташкиливу иқтисодии барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин нақш, аҳамият ва мушкилоти ширкати бахши хусусӣ дар рушди бозори сармояи Тоҷикистони ибрози назар намуданд.
Зимни чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагон ва коршиносони БАТР, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон рӯнамоиҳо дар мавзӯи баррасӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон Нигина Қурбоналиева зимни муаррифии рӯнамоӣ дар мавзӯи “Татбиқи ислоҳот баҳри гузариши сиёсати монетарӣ ба низоми ҳадафгирии таваррум” иштирокдорони чорабиниро бо дурнамои Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва тадбирҳои дар доираи ин стратегия татбиқшаванда шинос намуд. Зикр карда шуд, ки бо татбиқи пайвастаи ислоҳоти сохтории нав дар самти васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ фишангҳои муосири доимоамалкунандаи амалиёт ва таҳкими механизми нави амалиётҳои коғазҳои қиматнок ва дар ин замина беҳтар намудани идоракунии пардохтпазирӣ баҳри вусъат додани бозори байнибонкӣ, татбиқи стратегияи коммуникатсионӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ ва моделҳои иқтисодии истифодашаванда баҳри муайян намудани мавқеи сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Густариши ислоҳоти ниҳодӣ, таҳкимёбии фишангҳо ва вусъатдиҳии дараҷаи таъсирбахшии онҳо пеш аз ҳама ба меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори пулӣ ва ба ин васила ба вазъи макроиқтисодӣ, сатҳи талаботи маҷмуӣ ва меъёри таваррум буда, марҳила ба марҳила ташкилдиҳии фазои мусоид ва заминаи устуворро барои гузариш ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум пешбинӣ менамояд. Дар рафти рӯнамоӣ инчунин сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди БМТ Ёқубов Мирҳаёт оид ба инфрасохтори бозори байнибонкӣ тавзеҳи мушаххас дод.
Дар доираи семинари амалӣ инчунин барои донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон рӯнамоии “Татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” манзур гардид, ки аз мақсад ва механизми ноилгардии сиёсати пулию қарзӣ маълумоти мушаххас пешниҳод гардида, бо донишҷӯёну таълимгирандагон мубоҳисаи васеъ ва шавқовар оид ба назария ва татбиқи он дар амалия дар самти пешбурди сиёсати иқтисодӣ ба амал омад. Қобили зикр аст, ки семинари мазкур яке аз чорабиниҳои пешбинишудаи Стратегияи коммуникатсионии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати ташкили семинару тренингҳо барои дарки донишҷӯён, олимону тадқиқотчиён аз раванди татбиқи сиёсати пулию қарзӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Дар ҷамъбасти семинари амалӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: замина, тамоюл ва татбиқи дурнамо дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ” оид ба рушди бозори сармоя дар кишвар бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар, васеъ кардани доираи он ва татбиқи ислоҳот дар самти қонунгузорӣ ибрози назар карда шуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1970
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ