- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи феврал0,4%
- 4,5%
- Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ36,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 06 феврали с.2023)11,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)8,55%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)12,38 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)22,71 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)15,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,50 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)20,93 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2023 1 USD 10.9133 1 EUR 11.8355 1 RUB 0.1420
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир
Бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоид барои табодули таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи хизматрасониҳои бонкӣ тавассути технологияҳои муосири инноватсионӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ имрӯз, 6 декабри соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ/Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир” ба кори худ оғоз кард.
Форуми байналмилалиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, чунин изҳор дошт: “Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ аз он далолат медиҳад, ки воридшавӣ ва ҷоришавии технологияҳои муосири рақамӣ дар бахши молиявию бонкӣ нисбатан зудтар амалӣ мегардад ва дигар бахшҳоро ҳавасманд карда ҷалб менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон мисли дигар бонкҳои марказӣ рушди низоми пардохтиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути амалӣ намудани хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, пардохти молу хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои пардохти электронӣ, афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди технологияҳои нав дар бахши пардохт, баланд бардоштани иттилоотонӣ ва эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири пардохтӣ мусоидат менамояд. Таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад”.
Аз ин рӯ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода доир намудани Форуми мазкурро барои Бонки миллии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, барои низоми бонкии кишвар рӯйдоди муҳим арзёбӣ кард. Дар фароварди суханронӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори итминон кард, ки Форуми байналмилалии “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир” дар роҳи рушд ва беҳбудии хизматрасониҳои пардохтӣ саҳми назаррас гузошта, барои фаъолияти минбаъда як навъ нақши ҳавасмандкуниро иҷро мекунад ва дар баробари ин барои зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар низоми пардохт мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи ифтитоҳ Намояндаи минтақавии Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) дар Осиёи Марказӣ хонум Кассандра Колберт ба сухан баромада, оид ба саҳми ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ва техникӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ҳамкории муштараки онҳо ҷиҳати пешниҳоди маҳсулоти арзони тахассусӣ махсус қайд карда гузашт.
Дар доираи Форум аз ҷониби иштирокчиён оид ба тамоюли муосири рушди хизматрасониҳои молиявии рақамию электронӣ, инфрасохтори низоми пардохтӣ ва татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ бо пешниҳод намудани рунамоҳо, мусоҳибаҳои панелӣ ва гузаронидани мизи мудаввар ба нақша гирифта шудааст.
Дар Форуми байналмилалии “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир” намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Узбекистон, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия ва низомҳои пардохтии байналмилалии “UnionPay”, “Master card”, “JCB”, НСПК “МИР”, коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, операторони алоқаи мобилӣ ширкат доштанд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) оид ба хизматрасониҳои электронӣ ва рақамӣ доир мегардад, ки айни замон дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Департаменти байналмилалии рушди Британияи Кабир ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ шуда, фаъолияти муштараки Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) - Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи молия, рақобатнокӣ ва таҷрибаи инноватсияҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Боиси тазаккур аст, ки миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи 1 ноябри соли 2018 1 791 255 ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз (90 548 адад) зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 1 763 318 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз (85 481 нафар) зиёд гардид.
Ба санаи 1 ноябри соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ 4 272 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи терминалҳои электронӣ 1 192 адад зиёд шуданд. Аз ин миқдори умумии терминалҳои электронӣ 1 472 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд муҷаҳҳаз буда, дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар дар маҷмуъ 2 800 адад терминалҳои электронӣ насб гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7% фоиз афзоиш ёфтааст.
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда, дар санаи 1 ноябри соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз афзоиш ёфта, 3,5 млн. ададро ташкил намуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 3863
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ