Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ соҳиби медали тилло гардид

07.11.2018

Шаҳриёр Даминов, соли таваллудаш 1997, аз синни 14 солагӣ бо ин намуди варзиш дар Варзишгоҳи Борбад (Бонки миллии Тоҷикистон) машғули тамрин буда, чор соли охир 2013-2018 Чемпиони мутлақи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ мебошад.

IMG-20181105-WA0006.jpg

Варзишгари ҷавони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ ва каноэ, ки 20-25 октябри соли 2018 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар масофаи 1000 метр соҳиби мақоми аввал ва сазовори медали тилло гардид. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.

Бояд қайд кард, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 16 давлати Осиё 20-25 октябри соли 2018 баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 23 варзишгар муаррифӣ намуда, бо 7 медалҳои тилло ва нуқра ба ватан баргаштанд.

IMG-20181105-WA0010.jpg

Дар соли 2018 ин сеюм ғалабаи варзишгари ҷавон ва маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов мебошад. Шаҳриёр Даминов моҳи августи соли равон дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон соҳиби мақоми дуюм ва сазовори медали нуқра гардид. Бояд гуфт, ки Бозиҳои XVIII осиёӣ дар чор сол як маротиба баргузор гашта, мавқеи хеле баланд дорад. Барои иштироки Шаҳриёр Даминов дар бозиҳои осиёии Ҷакарта (Индонезия) Бонки миллии Тоҷикистон сарпарастиро ба уҳда дошт. Шаҳриёр Даминови 21 сола инчунин моҳи майи соли равон дар Ҷоми Ҷаҳон, ки дар шаҳри Шегедеи Венгрия баргузор гардид, дар байни 54 давлати дунё шомили даҳгонаи аввал гашт.

IMG-20181105-WA0007.jpg

Айни замон қаиқрони ҷавон Шаҳриёр Даминов барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ “Токио – 2020” тамоми саъю кӯшиши худро равона намудааст. Барои соҳиби роҳхат шудан Шаҳриёр Даминов бояд дар Чемпионати ҷаҳон (Венгрия) мақоми аз 1 то 6, дар Чемпионати Осиё (Таиланд) ва ё Ҷоми ҷаҳон мақоми аввалро сазовор шавад. Варзишгари ҷавон, айни ҳол дар мавзеи қаиқронии Варзишгоҳи Борбад бо Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ Нодир Сафаров пайваста тамрин менамояд. Бояд гуфт, ки Нодир Сафаров беш аз 10 шогирд – устодони варзиш ва ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар ин мактбаи варзишӣ ба воя расонида, айни замон боз 20 ҷавонону наврасонро барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар мавзеи атрофи Варзишгоҳи Борбад машқи тамрин медиҳад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2393

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ