Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Эълони ОЗМУН

07.11.2018

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

Департаменти назорати бонкӣ

I

Сармутахассиси Идораи таҳлили бонкҳо (3 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар низоми бонкӣ;
  • надоштани доғи судӣ;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои идоракунии хавфҳо, аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад.

 

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

II

Сармутахассиси  шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ(IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • донистани яке аз забонҳои барномасозии муосир (Java, C#, PHP,  Javascript, Python ва дигарҳо);
  • қобилияти хуби таҳлил намудани маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • таҷрибаи корӣ оид ба низомҳои маҷозӣ (виртуализатсия);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • ба бонувони соҳибихтисос имтиёз дода мешавад.


III

Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии барномавию техникӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ(IT);
  • насбу васли қисмҳои электронии таҷҳизоти компютерӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар муайян намудани нуқсонҳои таҷҳизоти компютерӣ, чопкунӣ, телекоммуникатсионӣ ва бартараф намудани онҳо;
  • таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (LAN, Wi-Fi);
  • таҷрибаи корӣ бо таҷҳизоти телефонӣ (АТС) афзалият дорад;
  • доштани маълумот оиди ҷузъиёти электронии таҷҳизоти компютерӣ (тарзи кори микросхемаҳо ва ғ.);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • ба бонувони соҳибихтисос имтиёз дода мешавад.


Идораи низоми пардохт 

I

Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати низоми пардохт  (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 солаи бонкӣ дар соҳаи дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва раванди  технологии амалиётҳои пардохтии бонкӣ (хизматрасонии амалиётӣ, фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/ эмиссия/эквайринги воситаҳои электронии пардохтӣ);
  • доштани қобилияти баланди таҳлил ва идораи хавфҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва  англисӣ ҳатмӣ мебошад;
  • малакаи кор бо компютер, донистани MS Office (Word, Excel, Power Point) ҳатмӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ.

Шахсони довталаб метавонанд резюме (CV) ва шарҳи кӯтоҳи (Cover Letter) худро дар бораи барои чӣ мехоҳанд вазифаи мазкурро ишғол намоянд, ба суроғаи электронии  job@nbt.tj ирсол намоянд.

Танҳо номзадҳои соҳибтаҷриба ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. 


Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.11 с.2018


Диданд: 4264

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ