- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи декабр0,2%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ38,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 ноябри с.2022)13,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)11,49%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)10,43 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)23,34 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)16,15 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)19,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)17,57 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 27.01.2023 1 USD 10.2830 1 EUR 11.2239 1 RUB 0.1470
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Машғулиятҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани тахассусият
7 июли соли 2018 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки роҳбарони воҳидҳои сохториву кормандони Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти навбатии рӯнамои (презентатсия)-ҳо аз бардошти даври омӯзишии мутахассисон дар хориҷи кишвар баргузор гардид. Зимни чорабинии мазкур мутахассисони Департаменти назорати бонкӣ вобаста ба мақсаду ҳадафҳои барномаи сафарҳои хизматии худ ва бардошти онҳо аз машғулиятҳои зикршуда барои ҳамкорон рӯнамоиҳои худро манзур гардониданд.
Аз ҷумла, сардори Идораи таҳлили бонкҳо - Департаменти назорати бонкӣ Фирдавс Толибов зимни баромади худ дар бораи Ҷаласаи Гурӯҳи кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) оид ба таносуби стандартҳои глобалӣ (Global Standards Proportionality Working Group) дар бораи усулҳо ва таҷрибаи мутахассисони кишварҳои аъзои Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ дар самти мазкур андешаҳои худро баён намуд.
Сипас, мутахассисони Департаменти назорати бонкӣ Фирдавс Хушқадамов ва Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов дар мавзӯъҳои “Шарҳи соҳаи молиявӣ” ва “48-умин курси байналмилалӣ барои бонкҳои марказӣ” рӯнамоиҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар идомаи машғулият, оид ба мавзӯъҳои рӯнамоиҳо муколамаи пурмазнун доир гардида, иштирокдорон ба суолҳои худ посух ва маълумоти заруриро барои худ бардошт намуданд.
Рӯнамоиҳоро дар интиҳои ҷамъомад Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷамъбаст карда, оид ба бартарият ва камбудиҳои ҷойдошта дар рафти таҳияи рӯнамоӣ ва ё тарзи масъалагузорӣ зимни муаррифии ин ё он мавзӯъ ибрози назар намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев аз ҷумла қайд намуд, ки пешниҳод ва муҳокимаи рӯнамоиҳо ба шакли зайл барои тақвияти таҷрибаву малакаи касбии кормандон заминаи мусоид гузошта, таҳлили дурусти таҷрибаҳои пешқадам ва истифодаи он дар фаъолияти корӣ ба самаранокии низом мусоидат хоҳад кард.
Боиси тазаккур аст, ки силсилаи муаррифии рӯнамоиҳо бо ташаббуси Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев мунтазам баргузор гардида, дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур таваҷҷуҳи иштирокдорон ба омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадами бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусияти кормандон равона мегардад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1687
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ