Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Пешбурди тарзи ҳаёти солим –таъмини ҷомеаи солим

03.07.2018

2 июли соли 2018 дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД)-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандон машварати корӣ баргузор гардид.

Khabar_1.JPG

Дар оғози чорабинӣ, сардори Идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев дар хусуси пешбурди тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуда, қайд кард, ки саломатии инсон ҳамчун сарвати бебаҳо, омили асосӣ ва муҳимми мавҷудияти одам маҳсуб ёфта, ояндаи ҷомеа ба шахсиятҳои солим вобастагии сахт дорад.

Сипас, аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам барои иштирокдорон оид ба омилҳои сироятёбӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Khabar_2.JPG

Зимни маърӯза инчунин қайд гардид, ки бо назардошти оқибатҳои нохуш доштани ин намуди беморӣ, ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” қабул гардида, Нақшаи татбиқи барномаи мазкур таҳия ва татбиқ шуда истодааст.

Khabar_3.JPG

Мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам Тоҳир Шерхонов дар охири ҷамъомад таъкид намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии ин вируси хатарнок дар ҷомеа, дар саросари кишвар зиёда аз панҷоҳ нуқтаи Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам фаъолият доранд ва хоҳишмандон метавонанд дар ин нуқтаҳо барои санҷиш тест супоранд ва ё маслиҳат ва маводи иттилоотиро дастрас намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба натиҷаҳои номатлуби Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) буда, ба ин васила мубориза дар самти пешгирӣ алайҳи ин намуди беморӣ ҷоннок карда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1799

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ