Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дурнамои ҳамкории SWIFT ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон

25.06.2018

21 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло бо иштироки намояндагони Ҷамъияти SWIFT ва ташкилотҳои қарзии кишвар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Дурнамои ҳамкории SWIFT ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон” доир гардид.

563A3289 F-1.jpg

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар ифтитоҳ изҳор дошт, ки мақсад аз ташкили семинари омӯзишӣ таъмини бехатарӣ ва ҳимояи низоми иттилоотӣ, мукаммал намудани пойгоҳи маълумот дар заминаи Барномаи амнияти истифодабаранда - Customer Security Programm маҳсуб меёбад. Тибқи иттилои Ҷамъияти SWIFT рух додани ҳолатҳои қонуншиканӣ аз таҷрибаи ташкилотҳои қарзии хориҷӣ аз низоми мазкур пурзӯр намудани амнияти иттилоотиро талаб менамоянд. “Дар робита ба ин, бо мақсади таъмини амнияти иттилоотии SWIFT ва пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ Ҷамъияти SWIFT Барномаи амнияти истифодабарандаро таҳия намудааст, ки дар оянда истифодабарандагони низоми мазкур, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии ватанӣ дар фаъолияти худ аз он истифода бурда, қоидаҳои онро бояд риоя намоянд”, - таъкид намуд муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода. Зикр карда шуд, ки бо мақсади кам кардани хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини амнияти иттилоотии марказонидашуда дар Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2002 Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT фаъолият дорад, ки вазифаи он пеш аз ҳама муҳайё намудани шароит барои ҳамроҳ гардидани ташкилотҳои қарзӣ ба шабакаи SWIFT мебошад. Ба ҳолати имрӯз 25 ташкилоти қарзӣ тавассути он ба шабакаи SWIFT пайваст мебошанд. 

563A3252-2.JPG


Дар баромади худ, Муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳамидулло аз ҷумла таъкид намуд, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар ояндаи наздик механизми пайвастшавӣ ба Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT тағйир ёфта, баъди муайян гардидани мушаххасоти зарурӣ, тамоми ташкилотҳои қарзӣ ба SWIFT бевосита пайваст хоҳанд шуд.

Дар идомаи семинари омӯзишӣ, коршиносониҶамъияти SWIFT Екатерина Калинина, Павел Прокудкин, Мичимару Онизука, Урс Флуек, Светлана Левина ва Аркадий Дубинский ба намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар оид ба талаботҳои техникии Барномаи амнияти истифодабаранда, “Талаботҳои асосии даври гузариш ба SWIFT” ва оид ба стандарти байналмилалии ISO 20022 маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

563A3248-3.JPG

Дар рафти семинар масъалаҳои ҷории гурӯҳи истифодабарандагони SWIFT дар Тоҷикистон баррасӣ гаштанд.

Дар қисмати ҷамъбастии семинар аз ҷониби ташаббускорони машғулияти омӯзишӣ ва намояндагони Ҷамъияти SWIFT оид ба барномаҳои SWIFT, ки дар оянда додугирифти иттилоот тавассути онҳо сурат мегирад, муаррифӣ манзур гардида, бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон табодули назар карда шуд.

563A3157-4.jpg

Society for Worldwide Interbank Financial Telecommunication (SWIFT) - Иттиҳоди умумиҷаҳонии телекоммуникатсияҳои молиявии байнибонкӣ буда, ташкилотҳои қарзии кишвар аз соли 2002 ба ин низом пайваст мебошанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2222

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ