Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 14 фоизи солона нигоҳ медорад

21.05.2018

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати бетағйир дар сатҳи 14,0 фоизи солона нигоҳ доштани меъёри бозтамвил қарор қабул кард. Қарори мазкур вобаста ба тағйирёбии вазъи имрӯзаи молиявию иқтисодии берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, раванди таваррум, дурнамои он бо дар назардошти омилҳои берунаи таъсиррасон, ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки 7,0 фоиз (+/-2%) қабул гардид.

Аз аввали соли 2018 сатҳи таваррум раванди муътадил дорад,аз ҷумла дар моҳи апрели таварруми солона 1,9 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба вуқуъ пайваст.

Раванди мазкур дар маҷмуъ интизоршаванда буда, тамоили пасттари таваррум нисбат ба сатҳи дурнамо ва ҳадафи мақсаднок бештар аз ҳисоби арзоншавии нархи маҳсулоти серистеъмоли аҳолӣ сурат гирифт. Омилҳои асосии таъсиррасон, ки боиси коҳишёбии назарраси таварруми солона гардид, бо дарназардошти таъсири базавӣ бо якчанд омилҳо, пеш аз ҳама омили пешниҳодот, аз он ҷумла афзоиши истеҳсолу таклифоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва муътадилии сатҳи талаботу истеъмолоти дохилии он, инчунин тағйиру иловаҳои охирин ба қонунгузорӣ , ки тадриҷан ба мувозинатии бозори истеъмолии хӯрокворӣ мусоидат кард, алоқамандӣ дорад. Илова бар ин, вазъи муътадили нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла истеҳсол ва пешниҳоди он дар минтақа фишорҳои иловагиро ба сатҳи нархҳои дохилӣ бартараф кард.

Дар навбати худ, вазъи муътадили бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар семоҳаи аввал якҷоя бо татбиқи сиёсати пайгиронаи монетарӣ низ барои коҳишёбии интизориҳои таваррумии аҳолӣ мусоидат намуд.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, сатҳи таварруми аслӣ, ки тамоюли дарозмуддати нархҳоро бе таъсири лаппишҳои кӯтоҳмуддат инъикос менамояд, муътадил боқӣ монда, бо арзёбии солона ба 1,8 фоиз расид. Ин нишондод аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ ба таваррум гувоҳӣ медиҳад.

Тибқи дурнамо пешбинӣ мегардад, ки тамоюли поёнравии таварруми солона хусусияти кӯтоҳмуддат дошта, сатҳи он дар соли 2018 аз ҳадафи муқаррашуда (7,0% ±2 б.ф.) поёнтар ҷамъбаст хоҳад ёфт. Дар давраи миёнамуҳлат бошад, сар карда аз семоҳаи якуми соли 2019 таваррум ба сатҳи муътадили худ, яъне нишондиҳандаи мақсаднок бармегардад. Ба ин пеш аз ҳама тадриҷан паст шудани таъсири омилҳои болозикр мусоидат хоҳад кард.

Гарчанде таваррум дар сатҳи муътадил пешбинӣ шуда бошад ҳам, вобаста аз таъсири омилҳои хусусиятҳои берунӣ дошта ва фишорҳои қурбӣ, эҳтимолияти таъсири манфии фишорҳои мазкур ба устувории таваррум ва дигар нишондиҳанаҳои макроиқтисодӣ мавҷуданд. Бахусус,таҳримҳои татбиқшаванда нисбати шарикони калидии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва шиддатнокии вазъи геосиёсӣ дар моҳи апрел номуайяниҳоро дар минтақа зиёд намуда, такон (шок)-ҳои мазкур ба вазъи молиявию иқтисодии кишвар (тавассути канали қурбӣ ва интиқоли пул) бетаъсир намонд.

Ҳамзамон, якчанд омилҳои иловагии таъсиррасон, аз ҷумла раванди болоравии меъёри фоизисиёсати монетарии Низоми Захиравии Федералии ИМА, инчунин афзоиши талабот ба воридот дар ҷумҳурӣ (45% дар семоҳаи якуми соли 2018), бевосита ба мувозинатии талаботу таклифот дар бозори дохилӣ фишор оварда истодаанд.

Бинобар ин, ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои потенсиалии таваррумӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани интизориҳои таваррумӣ ва раванди муътадили сатҳи нархҳо дар давраи миёнамуҳлат, меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 14 фоизи солона нигоҳ дошта мешавад.  

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома дода, дар мавриди маҳдуд гаштани хавфҳои таваррумӣ эҳтимолияти таҷдиди назар гардидани меъёри бозтамвилро бо дар назардошти баҳодиҳии хавфҳои таваррумӣ, раванди таваррум ва дурнамои ондар ҷаласаҳои навбатии Кумита баррасӣ хоҳад кард.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақша баргузор гардида, қарори навбатӣ тавассути сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон эълон хоҳад гашт.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 2265

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ