Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

БМТ: Озмун эълон менамояд

23.04.2018

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

 ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти мониторинги молиявӣ

I
Сардори шуъбаи коркарди иттилоот (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

• маълумоти олии техникӣ;
• таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 5 сол;

•таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 5 сол (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);

• донистани забонҳои барномасозӣ Java, C#, PHP, Javascript, Python ва дигарҳо;

•қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;

• таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда;

• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

 

Бояд донад:

• Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур,  қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда,  фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.         

 

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

II

Сармутахассиси шуъбаи маъмурияти низомҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ дар лоиҳаҳои амалигардонии Низоми автоматишуда афзалият дорад;
  • таҷрибаи корӣ оид ба низомҳои маҷозӣ (виртуализатсия);
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ;
  • донистани тарзи кори шабакаи компютерӣ ва протоколҳои шабакавӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар самти ҳифзи иттилоот (аз ҷумла донистани протоколҳои ҳифзшудаи TLS, SSL, HTTPS, SSH2, криптография ва ғ.);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаҳои омилии UNIX, Linux, Microsoft Widows Server (Mail-server, Web-server ва ғ.) зиёда аз 3 сол;
  • таҷрибаи корӣ бо Active Directory, VPN, VLAN, DNS, DHCP.

III

Сармутахассиси шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • донистани яке аз забонҳои барномасозии муосир (Java, C#, PHP, Javascript, Python ва дигарҳо);
  • қобилияти хуби таҳлил намудани маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист.

 

IV

Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии барномавию техникӣ (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • насбу васли қисмҳои электронии таҷҳизоти компютерӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар муайян намудани нуқсонҳои таҷҳизоти компютерӣ, чопкунӣ, телекоммуникатсионӣ ва бартараф намудани онҳо;
  • таъмир ва тармими қисмҳои электронии таҷҳизоти техникӣ;
  • таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (LAN, Wi-Fi);
  • таҷрибаи корӣ бо таҷҳизоти телефонӣ (АТС) афзалият дорад;
  • доштани маълумот оиди ҷузъиёти электронии таҷҳизоти компютерӣ (тарзи кори микросхемаҳо ва ғ.);
  • донистани низомҳои амалиётии Microsoft Windows, барномаҳои офисӣ, таҷҳизоти периферӣ (насб, танзим ва ғ.);
  • насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.


Идораи низоми пардохт 

V

Мутахассиси дараҷаи I  шуъбаи  таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

• маълумоти олии иқтисодӣ ё техникӣ;
• таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;

•таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/ эмиссия/эквайринг) на камтар аз 3 сол;

• дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои интиқоли маблағҳо ва низомҳои пардохтӣ (Visa int,  Mastercard, Unionpay, Western Union ва дигарҳо);

•донистани қоида ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ;

•донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;

• малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office  ва дигар барномаҳо) ;

• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

 

Идораи омор ва тавозуни пардохт


I
Мутахассиси пешбари шуъбаи омор (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

• таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);

•таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос;

•таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ;

•донистани забонҳои барномасозӣ ва дигарҳо;

•қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;

•донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва забони англисӣ афзалият дорад.

II

Сармутахассиси шуъбаи мавқеи сармоягузориҳои

байналмилалӣ ва қарзи беруна (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

•Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);

•Таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;

•Таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;

•Донистани забонҳои барномасозӣ ва дигарҳо;

•Қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;

•Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва забони англисӣ афзалият дорад. 


Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

VI

Сардори шуъбаи кормандон ва корҳо (1 ҷой)

 Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ-Ms Office (Word, Exel, I C Предприятие);
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани малакаи касбӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи кадр.

  

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

VII 

Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисобдорӣ ва ҳисоббаробаркунӣ (1 ҷой)

 Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • малакаи кор дар компютер;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • донистани қонунгузории муҳосибӣ;
  • донистани меъёрҳои муҳосибии байналмилалӣ (СБҲМ);
  • собиқаи кории муҳосибӣ дар бонк на камтар аз 3 сол;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон, ш.Бохтар, кучаи Ғафуров 32, Шуъбаи кормандон ва корҳо ва ш.Кӯлоб, кучаи  Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо.
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38 (дар ш.Душанбе); 620-05-48; 620-05-49              (дар ш.Бохтар); 625-05-67 (дар ш.Кӯлоб).


Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.05 с.2018


Диданд: 3135

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ