- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи июл0,4%
- 8,3%
- Пулҳои захиравӣ (июл), млрд. сомонӣ33,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (июл)12,32
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июл)10,09
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июл)23,89
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июл)23,86
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июл)21,53
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июл)15,41
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 22.08.2022 1 USD 10.2527 1 EUR 10.3132 1 RUB 0.1680
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ қадрдонӣ гардиданд
Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол ва тенниси рӯи миз доир гардид, ки ҷамъбасти он 9 апрели соли 2018 аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода эълон ва ғолибон қадрдонӣ карда шуд. Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи волейбол дастаҳои воҳидҳои сохторӣ фаъолона иштирок намуда, бо бозиҳои рангину шавқовари худ ба мухлисони ин намуди варзиш фараҳмандӣ оварданд. Дар натиҷа, дастаҳои пурқувваттарини бонк ба даври финалӣ роҳ ёфта, дастаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Нуралиев Ҷ.К. соҳиби ҷойи аввал, дастаи Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ҷойи дуюм ва дастаи Департаменти назорати бонкӣ мавқеи сеюми мусобиқаро гирифтанд.
Мусобиқаи теннис дар ду бахши алоҳида, барои мардон ва барои занон баргузор гардида, бо иштироки фаъоли кормандон бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Дар сабқати гурӯҳи бонувон ҷойи аввалро мутахассиси дараҷаи 1 Департаменти мониторинги молиявӣ Саидшарипова Шаҳноза, ҷойи дуюмро директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Накатова Моҳбону ва ҷойи сеюмро мутахассиси дараҷаи 2 Идораи омор ва тавозуни пардохт Мирзоева Санифамоҳ соҳиб гардиданд.
Дар мусобиқаи гурӯҳи мардон , ҷойи аввалро бозраси дараҷаи 2 Департаменти назорати бонкӣ Саидов Саидҷон, ҷойи дуюмро мутахассиси дараҷаи 2 Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Камолиён Шаҳбоз ва ҷойи сеюмро сардори шуъбаи дастгирии ҳуқуқии Департаменти мониторинги молиявӣ Каримов Шерафган ишғол намуданд.
Қобили қайд аст, ки мусобиқаи мазкур пайваста рӯзҳои истироҳат дар варзишгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила ҷалби бештар ба машғулиятҳои ҷисмонӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва мустаҳкам намудани саломатӣ маҳсуб меёбад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1381
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ