- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи феврал0,4%
- 4,5%
- Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ36,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 06 феврали с.2023)11,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)8,55%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)12,38 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)22,71 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)15,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,50 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)20,93 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2023 1 USD 10.9133 1 EUR 11.8355 1 RUB 0.1420
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ барои толибилмон
Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзии кишвар ҳамасола дар моҳи март барои кӯдакон ва ҷавонон ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) доир менамояд. Дар баргузории чорабинии мазкур тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ фаъолона саҳм мегузоранд. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон чорабинии мазкурро соли чорум аст, ҷашн мегирад.
Боиси тазаккур аст, ки раванди омӯзиши дониши молиявӣ аз синни хурдсолӣ, яъне аз муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар мактабҳои миёна ва мактабҳои олӣ бояд идома дода шаванд.
Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА” ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) санаи 27 марти соли 2018 бо мақсади саҳмгузорӣ дар чорабинии мазкур боздиди толибилмонро ба осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намуданд.
Дар баробари тамошои нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, зимни боздид барои хонандагони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи И.Сомонӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машғулиятҳои омӯзишии молиявӣ доир карда шуд.
Дар рафти машғулиятҳои инфиродӣ аз ҷониби масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов оид ба нигораҳои осорхона, аз ҷумла сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумотҳои ҷолибу хотирмон пешниҳод гардида, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷамъбасти машғулият барои васеъ намудани дониши молиявии толибилмон барои иштирокдорон китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон тақдим гардид.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1363
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ