- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи июн0,2%
- 8,3%
- Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ32,3
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (июн)12,41
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)10,39
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)23,83
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)20,35
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июн)16,81
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 15.08.2022 1 USD 10.2569 1 EUR 10.6144 1 RUB 0.1645
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Вохӯрии намояндагони ширкати “Томсон Рейтер” ва ташкилотҳои қарзӣ
16-уми феврали соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии коршиносони ширкати “Томсон Рейтер” бо намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Мақсади баргузории вохӯрии мазкур аз намоиши имкониятҳои барномаҳои ширкати “Томсон Рейтер” дар доираи такмили фаъолияти комплаенс оид ба масъалаҳои муқовимат ба хавфҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ метавонанд рӯ ба рӯ шаванд, иборат буд.
Дар ибтидо и.в. Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ф. Файзуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Дар рафти суханронӣ номбурда қайд кард, бо назардошти таҳдидҳои умумие, ки ташкилотҳои молиявӣ дучор мешаванд, ташкилотҳои қарзиро лозим аст, доимо вобаста ба ошкор намудан, баҳогузорӣ ва коҳиш додани хавфҳо фаъолияти амалии худро ба роҳ монанд.
Сипас, дар доираи барномаи вохӯрӣ коршиносони ширкати “Томсон Рейтер” ба иштирокдорон оид ба хизматрасониҳои барномаи ширкат муаррифии муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, имкониятҳои барномаҳои зикргардида, яъне ба таври мустақим (онлайн) ошкор намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба рӯйхатҳои таҳримӣ, мақомоти танзимкунанда ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид ҳастанд, намоиш дода шуд. Коршиносони ширкат инчунин вобаста ба моделҳои тиҷоратӣ ва шартҳои махсус дар доираи обунашавии миллӣ маърӯза намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон қайд гардид, ки чорабинии мазкур дар самти баланд бардоштани дараҷаи самаранокии фаъолияти низоми назорати дохилии ташкилотҳо ва паст намудани хавфҳои сӯистифодаи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат хоҳад намуд.
Департаменти мониторинги
молиявӣ
Диданд: 1820
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ