Озмун

Вазифаҳои холӣ

04.05.2023 БМТ озмуни ишғоли вазифаи холиро эълон менамояд

Идораи бозори молиявӣ
Cармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз ду сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) афзалият дорад;
  • маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад).

03.05.2023 Эълони Озмун

Шуъбаи таҳлили хавфҳо
Сармутахассиси шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
  • донистани стандартҳои байналмилалии идоракунии хавфҳо (COSO ERM, ISO 31000 (Risk Management Guidelines));
  • доштани собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

30.03.2023 Эълони Озмун

Шуъбаи матбуот
I
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)

      Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ё рӯзноманигорӣ;
  • малакаи хуби кор дар компютер;
  • маҳорати хуби суратгирӣ ва наворбардорӣ, таҷрибаи хуби кор бо дастгоҳи аккосӣ;
  • маҳорати таҳия намудани хабару мақолаҳо;
  • малакаи кор дар таҳияи сомона ва қобилияти тарроҳӣ (веб-дизайн);
  • доштани таҷрибаи корӣ бо барномаҳои Microsoft Office, Бритикс, Adobe-Photoshop, Corel-Drive ва ғайра...
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • доштани таҷрибаи корӣ дар самти марбута на камтар аз 2 сол.

14.03.2023 Эълони Озмун

Идораи бозори молиявӣ

сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз ду сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад.

21.02.2023 Эълони Озмун

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт афзалият дода мешавад;
  • Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • Маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дода мешавад.
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.


Новости 21 - 25 аз 72
Аввал | Пешӣ | 3 4 5 6 7 | Баъдӣ | Охир