- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи август0,6%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (август) млрд. сомонӣ34,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (август)8,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)12,86 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)23,22 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)15,84 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)20,71%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)23,04%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 02.10.2023 1 USD 10.9582 1 EUR 11.6113 1 RUB 0.1120
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
Дар давоми рӯзи 11 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд ва чун рӯзи гузашта ба ҳисоби миёна 4,43 – 4,45 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст гардида, мутаносибан ба 1,41 – 1,43 сомонӣ ва 6,07 – 6,12 сомонӣ баробар шуданд.
Дар оғози рӯзи 10 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе то 4,44 – 4,46 сомонӣ афзуд, вале дар фуроварди рӯз он мӯътадил гашт ва 4,43 – 4,45 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод.
Имрӯз, 9 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме тағйир ёфта, ҳудуди 4,4350 – 4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,41 – 1,42 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,12 – 6,15 сомонӣ барои 1 евро ташкил дод.
Дар давоми рӯзи 8 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе бетағйир монда, дар ҳудуди 4,4350 – 4,4450 сомонӣ ҷамъбаст шуд.
Имрӯз, 5 июни соли равон қурби нақдинаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ бетағйир монд.
Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, дар санаи 5 июни соли ҷорӣ, қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме паст гардида, дар ҳудуди 4,42 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,42 – 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,05 – 6,10 сомонӣ барои 1 евро ҷамъбаст шуд.
Аз оғози рӯзи 4 июни соли равон нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе фаъолияти худро тибқи эълонномаҳо ба ҳисоби миёнаи қурби 4,43 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА шурӯъ намуданд.
Дар шаҳри Душанбе 4 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфта, 4,44 – 4,46 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ва евро бетағйир монда, мутаносибан дар ҳудуди 1,43 – 1,45 ва 6,07 -6,15 сомонӣ ҷойгир шуд.
Субҳи 3 июн амалиётҳои хариду фурӯши долл. ИМА дар асоси эълонномаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор бо қурби миёнаи 4,40 – 4,42 сомонӣ сурат гирифт.
Дар давоми рӯз, яъне 3 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна 4,43 – 4,45 сомониро ташкил дод.
Cубҳи 2 июн, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе аз муомила бо қурби 4,35-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА оғоз ёфт ва ба ҳисоби миёна дар ш. Душанбе он 4,38 сомониро ташкил намуд.
Ҳаҷми қарордодҳо бо доллари ИМА дар бозори байнибонкии асъор нисбат ба рӯзи гузашта фаъолтар гардид ва қурби миёнаи хариду фурӯши он ба 4,3994 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба дирӯз 1,8% паст мебошад.
Субҳи рӯзи душанбе нуқтаҳои мубодилаи асъор ба фаъолияти муназзами худ шурӯъ карданд. Савдо тибқи эълонномаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор, яъне ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомонӣ барои 1 доллари ИМА анҷом дода мешаванд.
Дар давоми рӯз, яъне 1 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 1,40-1,42 сомонӣ ва 6,10-6,12 сомониро ташкил намуданд.
Дар давоми рӯз, яъне 29 май поинравии қурби доллари ИМА аз 4,75 то 4,45 сомонӣ ба мушоҳида расид.
Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2009 ба андозаи 0,1 фоиз коҳиш ёфта, аз аввали сол 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоизӣ паст мебошад.
Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳҳои январ-апрели соли равон 4 426,5 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоизро ташкил дод.
5 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, чун рӯзи гузашта 4,15 сомониро ташкил дод. Вазъ дар бозори асъор аз он шаҳодат медиҳад, ки пешниҳоди асъори хориҷӣ ҷавобгӯи талабот буда, дар баъзе ҳолатҳо талаботи муайян ба сомонӣ бештар ба назар мерасад.
Бо зиёд шудани пешниҳод дар бозор 4 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари нақдинаи ИМА нисбат ба рӯзҳои охири кории ҳафтаи гузашта паст шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби он дар ҳудуди 4,04 то 4,09 сомонӣ ҷамъбаст гардид.
29 апрели соли равон бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба фурӯши асъори хориҷӣ шурӯъ намуданд. Амали мазкур талаботро ба асъори хориҷӣ паст намуд ва ба поин рафтани қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ мусоидат кард.
30 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори дохилии асъор, қурби миёнаи нақдинаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ паст гардид. Илова бар ин, инчунин раванди зиёд шудани талабот ба сомонӣ барои анҷом додани пардохтҳои ҷорӣ мушоҳида мешавад.
Аз 15 апрели соли равон овоздиҳии интернетӣ аз рӯи озмуни “Монетное созвездие – 2009”, ки аз ҷониби нашриёти “Уотер Марк” –ношири маҷалла дар бораи бозори тангаҳои хотиравӣ «Золотой червонец” ва маҷалла оид ба маҳсулоти ҳимоявӣ «Водяной знак» созмон дода шудааст, оғоз ёфт. Дар озмуни номбурда тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва Сиккахонаҳои 21 мамлакати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Кори озмун то 31 майи соли 2009 идома меёбад.
Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 4,0850-4,1050 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро низ тағйир ёфтанд ва мутаносибан 0,1179-0,1203 ва 5,1985-5,2019 сомониро ташкил доданд.
Масъалаҳои муҳими низоми бонкдорӣ, инкишофи иқтисоди кишвар ва проблемаҳои дигари соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 22 апрели соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид ва он ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2009 бахшида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрии мазкур аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.
Аудити махсус мутобиқи барномаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати байналмилалии “Earnst & Young”, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси озмун аз байни чандин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ интихоб намуд, гузаронида шуд.
Дар давоми чанд рӯзи охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба якчанд банд зиёд шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 – 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомонӣ поин рафт.
Ахбор 4863 - 4888 аз 5005
Аввал | Пешӣ | 186 187 188 189 190 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ