- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи август0,6%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (август) млрд. сомонӣ34,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (август)8,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)12,86 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)23,22 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)15,84 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)20,71%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)23,04%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 26.09.2023 1 USD 10.9610 1 EUR 11.6570 1 RUB 0.1140
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
11 сентябри соли 2008 ширкати Ernest & Young LLP (шаҳри Лондон, Британияи Кабир) аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистонро оғоз намуд.
10 августи соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни интихоби ширкати аудиторӣ, ки аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистонро анҷом медиҳад, ҷамъбаст гардид.
23 июли соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли 2008 ҷамъбаст гардиданд. Дар оғози сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи январ-июни соли равон афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт.
24 апрели соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2008 ҷамъбаст гардиданд.
4 апрели соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии муштараки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Тоҷикистон ҷаноби Люк Моерс бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Бонки миллӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ - соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор, бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Дастурамал “Дар бораи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва хизматрасонии интиқолҳои пулӣ” машварати корӣ доир гардид.
5 марти соли 2008 ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) баргузор гардид, ки дар он масъалаи пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ (хато) баррасӣ шуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2008 Ҳақназаров Турақул Имомович муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Бо мақсади фароҳам овардан ва тараққӣ додани бозори хизматрасонии маблағгузории хурд дар ҷумҳурӣ ва рушди соҳибкорӣ Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор намуд:
4 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғ. Бобозода, вазири молия С. Наҷмуддинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ф. Ҳамралиев бо намояндагони созмонҳои молиявии байналхалқӣ, аз ҷумла ҳайати махсуси Бонки ҷаҳонӣ барпо гардид.
Мутобиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 1 феврали соли ҷорӣ комиссияи қабули ҳисоботи солонаи бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии крдетии хурд ва аудиторони бонкӣ ҳисоботи солонаи бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва аудиторони бонкиро аз рӯи ҷамъбасти соли 2007 мавариди қабул ва баррасӣ қарор дод.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо сабаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Маракушина Татяна Алфеевна, Эшов Ҷумъа Қаюмович, Шарифҷонов Аҳмадҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шуданд.
27 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, адлия , молия, рушди иқтисод ва савдо, мелиоратсия ва захираҳои об, агентии заминсозӣ, харитасозӣ ва геодезӣ, намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои иҷрои супоришҳои Сардори давлат оиди бо захираҳои молиявӣ таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ, ки дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватанӣ баён гардида буданд, мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифтанд.
29 ноябри соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазоратҳои молия, кишоварзӣ, маҷлиси машваратӣ доир гашт, ки дар он масъалаҳои додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби бонкҳо ва омодагӣ ба мулоқоти дар пешистодаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рӯзҳои охир дар байни аҳолии ҷумҳурӣ овозаҳое паҳн шудаанд, ки гӯё орд ва гандум камёфт шуда нархи он боз ҳам меафзояд.
24 октябри соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нӯҳмоҳаи соли 2007 ҷамъбаст гардид.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 16 октябри соли равон ба ҶММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “ФИНКА” барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷӣ иҷозат дод.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости раиси Шӯрои директорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Т. Пировро қонеъ гардонида, барои кушодани филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи он розигӣ дод.
24 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисоди Давлатов М., Вазири молия Наҷмиддинов С., Вазири рушди иқтисод ва савдо Бобозода Г., Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи моликияти давлатӣ Раҳимзода Ш. ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардон М. бо Директори бюрои Аврупо, Шарқи наздик, Амрико, Осиёи марказӣ ва шарқии Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир хонум Сю Вордел ва сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи марказии вазорати номбурда хонум Полин Хейс баргузор гардид.
13 сентябри соли 2007 дар чаҳорчӯбаи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Бонки миллии Тоҷикистон форуми Тоҷикистону Қазоқистон “Дурнамои ҳамкориҳои инвеститсионӣ” баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ширкат варзиданд.
Ба ифтихори 800-солагии шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (соли 2007) Бонки миллии Тоҷикистон ду намуд тангаи хотиравиро аз филизоти қиматбаҳо (нуқра) ва филизоти ранга (хӯлаи мису-никел ва синк) ба муомилот баровард.
31 августи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи сохтор ва ташкилотҳои бахши пахтакорӣ бо ташаббуси Бонки осиёии рушд (БОР) ва дар ҳамкори бо БМТ семинар доир карда шуд.
Ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии сарвари ҳайат оид ба Тоҷикистон ҷаноби Карлос Пинеруа 30 августи соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф овард.
29 августи соли равон Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти БМТ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо ҳайати муштараки Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Ҳурмуз Агдей, ки бо мақсади арзёбии бахши молиявии мамлакат дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.
21 августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) вохӯрии Раиси БМТ Муродалӣ Алимардон бо Раис ва президенти ЭСКИМ бонки Хитой ҷаноби Ли Жео Гу, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гашт. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон меҳмонро бо сохту тартиби низоми бонкии ҷумҳурӣ, самтҳои афзалиятноки рушди он ва вазъу шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ошно кард.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо яке аз Қарорҳои худ таҳти №184 аз 19 июни соли ҷорӣ бинобар надоштани ӯҳдадориҳои қарзӣ Қарори Шӯрои БМС “Осиёи марказӣ”-ро оиди анҷоми худбарҳамдиҳии бонки номбурда эътироф кард.
Ахбор 4915 - 4940 аз 4997
Аввал | Пешӣ | 188 189 190 191 192 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ