Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия довталабонро барои таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар даъват менамояд

17.10.2023

Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия довталабонро барои таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар даъват менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.

Айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Россия барои солҳои 2024-2025, барои бакалавр, спетсиалитет ва магистратура оғоз гардидааст.

Қобили қайд аст, ки бақайдгирӣ дар сомонаи https://education-inrussia.com/ то 1 декабри соли равон идома меёбад.

Илова бар ин, дар мавриди пайдо шудани саволҳо нисбат ба тартиби бақайдгирӣ, супоридани ҳуҷҷатҳо ва интихоби минбаъдаи довталабон ба макотибҳои олии Федератсияи Россия, довталабон метавонанд ба намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество) барои гирифтани машварат муроҷиат намоянд.

Инчунин, довталабонро зарур аст, ки як (1) нусхаи ҳуҷҷатҳои худро дар баробари ворид намудан ба сомонаи https://education-in-russia.com/, ҳатман ба суроғаи электронии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (Департамент) dmm@nbt.tj бо номгӯи “Довталаб- 2024/2025” ирсол намоянд. Бояд зикр намуд, ки ирсоли ҳуҷҷатҳо ба Департамент барои корбарии минбаъда бо довталабон комилан зарур мебошад. Дар ҳолати зарурӣ довталабон барои омодагӣ ба мусоҳиба бо намояндагони Департамент даъват мегарданд.

Ҳамзамон, довталабон метавонанд маълумоти иловаги (брошюраи «Образование в сфере ПОД/ФТ в Российской Федерации») -ро аз ин истинод https: //disk.yandex.ru/i/-2F-FEBxfe5o0w. дарёфт кунанд.

 

Телефон барои тамос: 44 600-36-87, 44 600-36-81.


Диданд: 2342

Бозгашт