Ҳадафи ташриф аз баргузории вохӯрии ҳайати мазкур бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ, бахши хусусӣ ва баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ барои омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар мувофиқа ба талаботҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) иборат буд.
Кушодашавии чорабинӣ дар санаи 24 октябр бо чорабинии омӯзишӣ оид ба масъалаҳои назорати босамари фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба иштирокчиёни омӯзиш бо сухани ифтитоҳӣ И.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ (Бонки миллии Тоҷикистон) Файзулло Файзуллозода ва Роҳбари Дафтар/Ҳамоҳангсози лоиҳаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят дар ш.Душанбе хонум Амелиа Ханнафорд муроҷиат намуданд. Ҷонибҳо оид ба рушди нақшавии ҳамкорӣ қайд намуда, изҳори умед доштанд, ки чорабинии мазкур ба баланд бардоштани иқтидори кормандон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат хоҳад намуд.
Дар чорчӯбаи барномаи ташриф 25 октябр вохӯрӣ бо намояндагони бахши хусусӣ: бонкҳо, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва суғуртавӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ маълумот оид ба нақши шахсони зерҳисоб дар ҷараёни баҳодиҳии тарафайни кишвар, инчунин шарҳи талаботҳои асосии Тавсияҳои ФАТФ, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО алоқаманданд, пешниҳод гардид.
Ташриф бо баргузории вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар санаи 26-27 октябр хотима ёфт.
Дар доираи чорабинӣ давраҳои асосии ҷараёни баҳодиҳии тарафайни кишвар ва нақши мақомоти давлатӣ дар ҷараёни мазкур баррасӣ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин чорабинӣ натиҷаи ҳамкории дуҷонибаи Департаменти мониторинги молиявӣ (Бонки миллии Тоҷикистон) ва Барномаи глобалии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят) дар доираи омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн ба ҳисоб меравад. Баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони Гурӯҳи Авросиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (яке аз гурӯҳи минтақавӣ ҳаммонанд ба ФАТФ) гузаронида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои муассиси гурӯҳи мазкур ба ҳисоб рафта, мутобиқи қоидаҳои Созишнома дар бораи ГАО ӯҳдадориро оид ба ҷорӣ кардани стандартҳои ФАТФ ба зимма дорад.
Департаменти
мониторинги молиявӣ
Диданд: 3384