Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

17.10.2023 Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия довталабонро барои таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар даъват менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.

01.09.2023 Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

30 августи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия)...

01.08.2023 Курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои субъектҳои ҳисоботдиҳандаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 26-28 июли соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ (минбаъд - Департамент) барои субъектҳои ҳисоботдиҳандаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ ...

10.05.2023 Вохӯрӣ бо ҳайати Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия

Рӯзҳои 4-5 майи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия бо намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ дар доираи муаррифии Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм сурат гирифт.

28.04.2023 Оғози раванди гузаронидани “Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” (БХМ ҚД/МТ)-и навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи ҳамкориҳое, ки бо шарикони рушд, бахусус бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ба роҳ монда шуданд, имкон пайдо гардид, ки Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ)-и навбатӣ бо ҷалби коршиноси сатҳи байналмилалӣ оғоз гардад.

Ҳамаи хабарҳо

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025,
ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 38/1.

Мушаххасоти тамос: тел: +992(44) 600 36 84;
факс: +992(44) 600 36 87; e-mail: dmm@nbt.tj

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ