Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи интишорот


29.07.2023
Вокуниш ба мақолаи шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим аз санаи 21 июли соли 2023 дар саҳифаи Фейсбук “АХБОР БАРОИ АФКОР/ИНФОРМАЦИЯ К РАЗМЫШЛЕНИЮ” оид ба мушкилии интиқоли маблағ ба Ҷумҳурии Туркия

Бонки миллии Тоҷикистон мақолаи Мирбобо Мирраҳимро, ки 21 июли соли 2023 дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.


Тавре аз маълумотҳои аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ дастрасгардида бармеояд, шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худ мехост аз номи шахси сеюм (ҳамсари худ) маблағи 29 евроро ба Ҷумҳурии Туркия тариқи низоми пардохтии “Юнистрим” интиқол диҳад. Бо ин мақсад ӯ ба 4 ташкилоти қарзии молиявӣ КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Алиф Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата” муроҷиат кардааст.


Қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим барои анҷом додани интиқоли маблағ бо шиносномаи ҳамсараш, ки ҳузур надоштааст, ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намудааст.


Ҳангоми муроҷиат ба ҶСК “Бонки Эсхата” баъди он ки кормандони масъули ин бонк ба ӯ фаҳмонидаанд, ки бонк барои анҷом додани амалиёти интиқолӣ маҳдудиятҳо дорад, номбурда ба маркази хизматрасонии ҶСК “Ориёнбонк” муроҷиат мекунад. Кормандони ҶСК “Ориёнбонк” ба шаҳрванд оид ба таҳримҳои иқтисодии нисбат ба оператори низоми пардохтии “Юнистрим” ҷоришуда маълумот дода, ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардидаро манзур намояд ва барои анҷом додани интиқоли маблағ бо асъори евро аз хизматрасонии низоми SWIFT истифода барад. Дар ҷавоб ба ин пешниҳод муштарӣ норозигӣ баён намуда, маркази хизматрасонии бонки номбурдаро тарк менамояд.


Сипас, соати 16:50 дақиқа шаҳрванд ба МХБ-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар н. И.Сомонӣ муроҷиат намудааст, ки дар ин вақт тибқи тартиби муқарраршуда хазинаи бонк соати 16:00 фаъолияташро қатъ карда, аз соати 16:00 то 17:00 машғули қабули басти (смена) бегоҳирӯзӣ будааст.


Бояд қайд намуд, ки дар ин маврид ҳам шаҳрванд барои анҷом додани амалиёти интиқоли маблағ ба Ҷумҳурии Туркия бо шиносномаи ҳамсараш бе ҳузурии шахсии ӯ ба КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ҳозир шудааст. Инчунин, бо сабаби надоштани мавқеи асъорӣ дархости шаҳрванд барои мубодила намудани евро аз ҷониби корманди дигари МХБ рад гардидааст.


Азбаски, пешниҳоди ҳуҷҷати шахси сеюм барои интиқол додани маблағ хилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Дастурамали №204-и Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ" мебошад, бинобар ин ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом додани амалиёти интиқоли маблағро рад намудаанд.


Ҳамзамон қайд менамоем, ки айни замон тавассути низомҳои пардохтии “Контакт”, “Вестерн Юнион” ва “Юнистрим” интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир буда, низомҳои пардохтии Вестерн Юнион бо доллари ИМА, Контакт бо рубли русӣ ва доллари ИМА ва “Юнистрим” (пас аз таҳримҳо) бо рубли русӣ интиқоли маблағро бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда истодаанд.


Маврид ба зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои шадиди давлатҳои Ғарб нисбат ба субъектҳои иқтисодии Федератсия Россия ҳисоббаробаркунӣ бо операторҳои низоми пардохтии ин давлат бо доллари ИМА ва евро душвор ё пурра ғайриимкон гардид. Вобаста ба мушкилоти ба миён омада, операторҳои низоми пардохтӣ хизматрасониро бо баъзе асъори хориҷӣ, аз ҷумла, евро қатъ намуданд.


Сарфи назар аз ин, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи душвори геосиёсӣ нигоҳ накарда, шароити мусоид фароҳам овардааст ва айни замон шаҳрвандон метавонанд интиқоли маблағро бо асъорҳои хориҷии доллари ИМА, евро ва рубли русӣ тавассути низоми SWIFT бо истифода аз суратҳисобӣ бонкӣ тариқи корти пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, инчунин замимабарномаҳои мобилӣ бемамониат анҷом диҳанд.


Қобили қайд аст, рӯзи 28 июли соли 2023 зимни мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон даъват гардида буд, дар ҳузури мутахассисони низоми пардохти бонк қазияи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.


Зимни мулоқот ба шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар доираи қонунгузории ҷорӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Дастурамали №204-и Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ" маълумот пешниҳод карда шуд.


Дар натиҷаи баргузор гардидани мулоқоти судманд ва кушоду равшан ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳар амалиёти бонкие, ки аз ҷониби муштариён амалӣ карда мешавад, бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи низоми бонкдории кишвар анҷом дода шавад.


Шуъбаи матбуоти БМТ

10.05.2022
Вокуниш ба муроҷиати шикоятии Ҳусайнов Х.Ф. дар матбуот (ҳ. “Фараж”, 28.04.2022,№17(803) ва шабакаҳои иҷтимоӣ https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=544675180502137&id=100048789782876

Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати шикоятии Ҳусайнов Х.Ф. таҳти унвони “Чаро раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С. қарзи ҷияни М.Алимардонро дар назди Бонки миллӣ аз ҳисоби ман пардохт карданист? Ё Бонки миллиро кӣ фиреб додааст?”-ро, ки дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com ва ҳафтаномаи “Фараж”, №17 (803) аз 28.04.2022 ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:

Муроҷиати шикоятии Ҳусайнов Х.Ф., ки аслан беэҳтиромӣ нисбати суд бо роҳи таҳқири оммавии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва фарогири баъзе маълумотҳои таҳрифшуда ва туҳматангез   мебошанд, вокуниш ва баёни воқеияти ҳақиқиро зарур менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси шартномаи хариду фурӯши бино аз 04.05.с.2009, рақами қайд дар феҳрист №3ДШ-105 аз шаҳрванд Раҷабов И.С. амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46, иборат аз 19 бинову иншоотҳои гуногунро ба маблағи 4 500 000 (чор миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ харидорӣ намуда, онро барои эҳтиёҷоти Бонки миллӣ истифода мекард.

Шартномаи мазкур, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, дар идораи нотариалӣ тасдиқи нотариалӣ ва тибқи талаботи қонун ба қайди техникӣ гирифта шудааст. Ҳамчунин, тибқи талаботи моддаи 582 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба шартномаи мазкур, ҳолати ба харидор гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ишорашуда, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти №1122 аз 03.08.с.2010 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки соҳибмулкии Бонки миллии Тоҷикистонро нисбати амволи ишорашуда тасдиқ менамоянд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар робита ба амволи ишорашуда, соли 2011 аз ҷониби мақомоти судӣ баҳси байни соҳибмулкони қаблии он баррасӣ гардида, тибқи Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.с.2012, соҳибмулкии мутлақ ва қонунии Бонки миллии Тоҷикистон ба амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46, бо эътироф ва тасдиқи иловагии харидори бовиҷдони амволи мазкур будани он тасдиқ гардидааст.

Дар муддати соҳибмулкӣ ба ин амвол, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша ошкор амал намуда, тамоми хароҷотҳоро марбут ба харидорӣ, соҳибмулкӣ, нигоҳдорӣ ва сохтмону таъмири амволи мазкур пардохт намудааст.

Тибқи Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 аризаи шаҳрвандон Ҳусайнов Х.Ф. ва Юлдошев Н.О. оиди баргардонидани иҷрои санади судӣ – қарори марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.с.2007, қисман (16 иншоот) қонеъ карда шуда, иҷроиши қарори марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.с.2007, парвандаи №2-23/07 А-33/07 А-99/07, ки он дар асоси санади доду гирифт аз 21.09.с.2007 иҷро карда шуда буд, қисман баргардонида шудааст. Дар асоси таъиноти мазкур амволи ғайриманқули баҳсӣ дар асоси моддаҳои 299-300 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ҶДММ “Бахтиёр Компания”-и шаҳри Душанбе баргардонида шавад.

Чунки Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 баргардонидани иҷрои санади судӣ – қарори марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.с.2007-ро тибқи моддаҳои 299-300 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, соҳибмулкиро муайян намекунад, соҳибмулкии Бонки миллиро бекор накардааст ва бинобар ин ба Бонки миллии Тоҷикистон дахл надорад.

Бо назардошти чунин будани ҳолат, бо якчанд ҳалномаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.09.с.2018, аз 09.10.с.2019 ва аз 01.09.с.2020 қарор ва санадҳои иҷрочиёни Хадамоти иҷро оиди аз Бонки миллӣ гирифтани амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 бекор карда шуданд, ки бо ин санадҳои судӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дахл надоштани Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 борҳо тасдиқ карда шуд.

Тибқи Ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16.04.с.2014 низ аз ҳисоби муассисони ҶДММ “Бахтиёр Компания” ба тариқи муштарак ба Ҳусайнов Х.Ф. ва Юлдошев Н.О. рӯёнидани ҷуброни зарар дар шакли пулӣ пешбинӣ шудааст. Ҷиҳати иҷрои ҳукми мазкур ба Ҳусайнов Х.Ф. ва Юлдошев Н.О. варақаи иҷро оид ба ситонидани маблағи мазкур дода шудааст. Чунин ҳолат шаҳодати он аст, ки ба баҳси байни собиқ соҳибмулкони амволи воқеъ дар ш. Душанбе, к. Зардушт 46 бо ҳукми суди н. Синои ш. Душанбе аз 16.04.с.2014 нуқта гузошта шуда, баҳс ҳалли худро тариқи мурофиаи ҷиноятӣ ёфтааст. Вале, мутаассифона варақаи иҷро вобаста ба Ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 14.04.с.2014 то ҳол ба иҷро расонида нашудааст. Зеро, Ҳусайнов Х.Ф. бо аризаи худ аз 03.12.с.2015 аз иҷрочиёни суд хоҳиш кардааст, ки Варақаи иҷрои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16.04.с.2014, №1-14 бе иҷро ба ӯ баргардонида шавад ва тибқи қарори иҷрочии суд варақаи иҷрои зикргардида бо хоҳиши Ҳусайнов Х.Ф. бе иҷро ба ӯ баргардонида шудааст. Дар натиҷа ҷинояткорон аз ҷавобгарии моддии ҷуброни зарари ба Ҳусайнов Х.Ф. расонидашуда озод гардида, асосҳои умумиҳуқуқии ҷавобгарӣ барои гуноҳ ва зарар вайрон карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 дар ҳоле қабул шуда буд, ки соҳибмулкии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳамаи молу мулки ғайриманқули воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 амалкунанда ва дар қайди давлатӣ қарор дошта, илова бар ин харидори бовиҷдон будани Бонки миллӣ бо санади судӣ тасдиқ гардида буд. Алалхусус, дар асоси маълумотномаҳои КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ш. Душанбе № 1-3-70 аз 09.01.c.2020 ва №1-3-245, аз 27.01.с.2020 амволи воқеъ дар ш. Душанбе, к. Зардушт 46, аз рӯи маълумотҳои бойгонӣ ба Бонки миллӣ тааллуқ дошта, ба номи он ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Бинобар ин, мактубҳои ишорашудаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ш. Душанбе ҳолати муҳими ҳуқуқӣ, яъне амалкунанда будани факти ҳуқуқии қайди давлатии ҳуқуқи моликияти Бонки миллии Тоҷикистон нисбати амволи воқеъ дар ш. Душанбе, к. Зардушт 46-ро тасдиқ менамуданд. Ин ҳама шаҳодати он буд, ки Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ба Бонки миллии Тоҷикистон дахл надорад.

Муҳтарам Ҳусайнов Х.Ф. аз ҳамаи ҳолатҳое, ки ишора намудем огоҳ буд ва новобаста аз ин ҷиҳати соҳиб шудан ба амволи воқеъ дар ш. Душанбе, к. Зардушт 46, ки таҳти соҳибмулкии Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошт, кушиш мекард. Ин буд ки дар асоси аризаи Ҳусайнов Х.Ф. оиди бекор кардани шартнома, бо асос кардани Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018, ки мавриди баҳсҳои судӣ қарор дошт, ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019 қабул гардид, ки тибқи он шартномаи хариду фурӯши амволи мазкур байни Раҷабов И.С. ва Бонки миллӣ таҳти №3ДШ-105 аз 04.05.с.2009 дар қисмати 16 иншоотҳои амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 бекор карда шуд. Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳалномаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 12.09.с.2018, ки тибқи он қарор ва санадҳои иҷрочиёни Хадамоти иҷро оиди аз Бонки миллӣ гирифтани амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 бекор карда шуданд, ба инобат нагирифт.

Ҳамчун асоси қабули Ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019 оиди бекор намудани шартномаи хариду фурӯш таҳти №3ДШ-105 аз 04.05.с.2009 ҳисобида шудани Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018, бо хулоса ва мактуби зинаи охирони шикоятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.с.2020, №22-1295/19 ниҳоятан тасдиқ карда шуд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактуби мазкур қайд намудааст, ки тибқи талаботи моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси қабули ҳалномаи суди марҳилаи якум (ҳалномаи Суди н. Фирдавсии ш. Душанбе аз 25.02.с.2019) ин Таъиноти эътибори қонунидоштаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018, ки мувофиқи он амволи мавриди баҳс қарордошта ба Ҳусайнов Х.Ф. баргардонида шудааст, ҳамчун ҳолати бе баҳс ба асос гирифта шудааст.

Чанде пас, ҳарчанд ки дар асоси аризаи назоратии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020 бо мақсади бартараф намудани шарҳи гуногуну гумроҳӣ ва поймол гардидани манфиатҳои Бонки миллӣ дар натиҷаи татбиқи таъиноти зикршуда қабул гардида бошад ҳам, лекин бо назардошти қабули Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020 аз ҷониби Ҳусайнов Х.Ф. ва Юлдошев Н.О. ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.09.с.2019 аз рӯи ҳолатҳои навошкоргардида пешниҳод карда шуд. Бо ҳалномаи Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 04.11.с.2021 шартномаи хариду фурӯши амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 аз 04.05.с.2009, таҳти №3ДШ-105 байни Раҷабов И.С. ва Бонки миллии Тоҷикистон дар қисми иншоотҳои сех-Л.5.1/к, анбор-Л.6.1/к ва ошхона-Л.16.1к низ бо назардошти қувваи қонунӣ доштани таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ва тағйиротҳои дар муқаррароти ҳамин санади судӣ бо Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020 баамаломада, беэътибор дониста шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ва ҳифзи моликияти давлатӣ пайваста дар давоми 10-соли охир чораҳои қонунӣ меандешад.

Аз ҷумла, тибқи Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.с.2012, соҳибмулкии мутлақ ва қонунии Бонки миллии Тоҷикистон ба амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46, бо эътироф ва тасдиқи иловагии харидори бовиҷдони амволи мазкур будани Бонки миллӣ тасдиқ карда шуд.

Инчунин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 шикоят карда шуд. Лекин, тибқи Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.с.2018, шикояти Бонки миллӣ бинобар сабаби бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.09.с.2018 бекор шудани қарори иҷрочии суд аз 11.04.с.2018 оиди аз Бонки миллии Тоҷикистон кашида гирифтани амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46, рад карда шуд.

Чи тавре ки дар боло зикр карда гузаштем, аризаи назоратии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018, ки барои қабули қарорҳои беасоси иҷрочиёни суд, инчунин қабули ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019 асос гардид, ба инобат гирифта шуда, аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ба тариқи назоратӣ эътироз оварда шуд. Тибқи Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020, Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 дар қисме, ки боиси шарҳи гуногуну гумроҳӣ ва поймол гардидани манфиатҳои Бонки миллӣ гардида буд, тағйир ва бекор карда шуд.

Санадҳои судии мазкур бори дигар собит намуданд, ки Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ба Бонки миллии Тоҷикистон дахл надорад ва молу мулки давлатии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 дар натиҷаи вайрон гардидани талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, беасос таҳти моликияти Ҳусайнов Х.Ф. ва Юлдошев Н.О. қарор дода шудааст. Санадҳои судии мазкур, ба Бонки миллӣ ҷиҳати баргардонидани молу мулки воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 заминаи қонуниро ба вуҷуд овард.

Аз ин лиҳоз, бо назардошти қабул гардидани Ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.с.2020 ва Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санаи 03.11.с.2020 ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019 аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳод карда шуд.

Дар рафти баррасии аризаи ишорашудаи Бонки миллӣ дар Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маълум гардид, ки дар асоси аризаи Ҳусайнов Х.Ф., аз ҷониби мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 03.11.с.2020 ба Суди шаҳри Ҳисор аризаи даъвогӣ оиди рӯёнидани зарари расонидашуда аз ҳисоби Раҷабов И.С. ба манфиати Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Бояд қайд кард, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи Суди шаҳри Ҳисор танҳо дар рафти баргузории мурофиаҳои судӣ маълум шуд.

Бинобар ин, Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз ҷумла бо асос кардани пурра бекор нашудани Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018, инчунин мавҷудияти аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.11.с.2020 ба Суди шаҳри Ҳисор оиди рӯёнидани зарари расонидашуда аз ҳисоби Раҷабов И.С. бо таъиноти худ аз 30.11.с.2020 аризаи Бонки миллиро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019 аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида рад намуд.

Ҳамаи ҳолатҳои кор оиди чораҳои қонуние, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46 андешида истодааст, инчунин оиди идома доштани баҳсҳои судӣ ба маълумоти Суди шаҳри Ҳисор ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Тибқи ҳалномаи Суди шаҳри Ҳисор аз 09.03.с.2021, аз ҷумла бо асос намудани ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019, Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 даъвои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуд.

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти қабул гардидани Ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.с.2020 ва Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020 санаи 13.01.с.2021 ариза дар бораи баргардонидани иҷрои санади судӣ - Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018, ки тибқи Санади бекоршудаи иҷрочии мақомоти иҷро аз 23.12.с.2019 иҷро карда шудааст, пешниҳод намуд. Бо назардошти мавҷудияти ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019 ва бекор нашудани он, инчунин қабул шудани ҳалномаи Суди шаҳри Ҳисор аз 09.03.с.2021, тибқи таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.06.с.2021 қонеъ намудани аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи баргардонидани иҷрои санади судӣ - Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018, ки тибқи Санади бекоршудаи иҷрочии мақомоти иҷро аз 23.12.с.2019 иҷро карда шудааст, ҳамчун ғайриимкон рад карда шуд.

Айни замон Раҷабов И.С. ҳалномаи Суди шаҳри Ҳисор аз 09.03.с.2021-ро эътироф накарда, мавриди баҳс қарор дода, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоятҳо пешниҳод намудааст, ки мавриди баррасии Суди мазкур қарор дорад. Бинобар ин, зараре ки дар натиҷаи ба амволи Бонки миллии Тоҷикистон соҳиб гардидани Ҳусайнов Х. расидааст, то ҳол пардохт ва барқарор нашудааст. Инчунин, барои иҷрои ҳалномаи Суди шаҳри Ҳисор аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро монеаи қонунӣ ҷой дорад.  

Ҳамин тавр, Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ва баъдан Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020, дар натиҷаи шарҳи гуногун ва нодурусти ин санадҳои судӣ боиси қабул гардидани ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019, ҳалномаи Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 04.11.с.2021 ва поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Бонки миллӣ гардид. Чунки дар ниҳояти кор, Қарори амалкунандаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2012с., ки бо он соҳибмулкии мутлақ ва қонунии Бонки миллии Тоҷикистон ба амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46, бо эътироф ва тасдиқи иловагии харидори бовиҷдони амволи мазкур будани он собит гардида буд, инкор гардид.

Бо назардошти чунин оқибатҳои қабул гардидани таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ва Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020, Бонки миллии Тоҷикистон санаи 03.03.с.2022 бо ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Бо Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2022 Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020 бекор карда шуда, эътирози Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи аризаи назоратиии Бонки миллӣ баррасӣ карда шуд. Дар натиҷа бо Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.с.2022 Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 бекор карда шуда, аризаи Ҳусайнов Х. ва Юлдошев Н. дар хусуси баргардонидани иҷрои санади судӣ – қарори марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.с.2007, парвандаи №2-23/07 А-33/07 А-99/07 бе баррасӣ баргардонида шуд.

Аз муҳтавои ҳуҷҷатҳои баҳсҳои судӣ бармеояд, ки соҳибмулкии Ҳусайнов Х. ба амволи воқеъ дар ш. Душанбе, к. Зардушт 46 дар асоси ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.2019 ва ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 04.11.с.2021 ба вуҷуд оварда шуд. Ин санадҳои судӣ ба Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ва Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020 асос меоранд. Ҳол он ки Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 баргардонидани иҷрои санади судӣ – қарори марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.с.2007-ро тибқи моддаҳои 299-300 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, соҳибмулкиро муайян намекунад, соҳибмулкии Бонки миллиро бекор накардааст ва бинобар ин ба Бонки миллии Тоҷикистон дахл надорад.

Манзури Ҳусайнов Х.Ф., ки амволи воқеъ дар ш. Душанбе, к. Зардушт 46 то қабули қарори марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.с.2007 моликияти мутлақи ӯ буд, бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда, аз ҷумла маълумотномаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе аз 11.03.с.2021, №1-3/758 тасдиқ намешавад. Аз ин лиҳоз, дар асл, Ҳусайнов Х.Ф. то қабул гардидани ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019 ва ҳалномаи Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 04.11.с.2021 соҳибмулки мутлақи амволи воқеъ дар ш. Душанбе, к. Зардушт 46 набудааст.  

Дигар ҳолати мавриди назар чунин аст, ки Ҳусайнов Х.Ф. яке аз иншоотҳои амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46-ро, ки дар асоси ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019, маълумотномаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе аз 11.03.с.2021, №1-3/758 таҳти соҳибмулкии Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошт, худсарона пурра вайрон карда, дар ҷойи он чоҳбун (катлаван) барои сохмони бинои нав канд, ки дар ҳамон лаҳза ба моликияти давлатӣ зарари ҷиддӣ расонид. Дар робита ба ин, аз Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хоҳиш шуда буд, ки ба чунин амали Ҳусайнов Х.Ф. баҳои қонунӣ дода, ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои моликияти давлатӣ чораҳои зарурии қонунӣ андешида шавад.

Манзури Ҳусайнов Х., ки гӯё шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон монеаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мебошад, монеаи иҷрои ҳалномаи Суди шаҳри Ҳисор аз 09.03.с.2021 мебошад, на танҳо туҳмат, балки таҳқири мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад. Зеро, мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро тибқи қонун мустақилона ба амал мебароранд ва ҳеҷ шахс ба фаъолияти онҳо монеъ буда наметавонад. Пешбурди парвандаи ҷиноятии оғозшуда ба ҳеҷ ваҷҳ ба шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон вобаста буда наметавонад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкорӣ бо мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ омодааст.      

Манзури Ҳусайнов Х., ки гӯё арзу шикоятҳои ӯ ба унвони роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқ дастрас нагардида, умуман мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд, беасос мебошад. Ҳамаи муроҷиатҳои Ҳусайнов Х. ба унвони роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси раводиди роҳбарият мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба онҳо посухи дахлдор дода шудааст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба мурофиаҳои судӣ тибқи қонунҳои мурофиавӣ корбарӣ карда шудаанд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон корбарӣ бо ҳуҷҷатҳои воридшуда таҳти назорати сохтори алоҳидаи масъул қарор дошта, иттилоот надоштани роҳбарият дар бораи ҳуҷҷатҳои воридшуда, пинҳон доштани ҳуҷҷатҳо аз роҳбарият ё ба онҳо ҷавоб нагардонидан ғайриимкон буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд. Ҳамзамон дар сурати аз ҷониби Ҳусайнов Х. бо овардани ҳолатҳои мушаххас асоснок гардидани чунин айбдоркунӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои чораандешӣ омодааст.     

Қайд кардан бамаврид аст, ки раис ва судяҳои муътабари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Ҷ., Камолзода Р. ва Саид С. аризаи Бонки миллии Тоҷикистонро аз 03.03.с.2022 дар бораи аз нав баррасӣ намудани таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда, дар доираи қонун, аз рӯи воқеият ва адолат мустақилона баррасӣ ва баҳои ҳуқуқӣ доданд. Модоме, ки дар натиҷаи шарҳи гуногун ва нодурусти Таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.с.2018 ва Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.с.2020 ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.с.2019, ҳалномаи Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 04.11.с.2021 қабул шуда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Бонки миллӣ поймол гардид, бекор накардани таъинот ва қарори ишорашудаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон буд. Чунки дар ниҳояти кор, Қарори амалкунандаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2012с., ки бо он соҳибмулкии мутлақ ва қонунии Бонки миллии Тоҷикистон ба амволи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт 46, бо эътироф ва тасдиқи иловагии харидори бовиҷдони амволи мазкур будани он собит шуда буд, инкор гардида буд.

Бинобар ин, маълумотҳои алоҳидаи таҳрифшуда ва туҳматангез, ки дар муроҷиати шикоятӣ нисбати ҳайати суд ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ роҳ дода шуда, нишонаи беэҳтиромӣ ва таҳқири оммавӣ мебошад, аз назари шахсони масъул дур нахоҳад монд.       

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлатӣ аз рӯи моликияти давлатии гирифташуда, то имруз дар доираи қонунҳо чораандешӣ намудааст ва минбаъд низ андешидани чораҳои заруриро, аз ҷумла тавассути мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ идома хоҳад дод, то ин ки зарари молиявии ба давлат расонидашуда, барқарор карда шавад.

Умедворем, ки хонандаи азиз муроҷиати шикоятии Ҳусайнов Х.-ро дар муқоиса бо факту далелҳои дар вокуниши Бонки миллии Тоҷикистон овардашуда таҳлил намуда, ҳақиқати воқеиро барои худ муайян менамояд. 

25.04.2022
Вокуниш ба мақолаи “Оқибати банкоматҳои холӣ” (муаллиф Муҳаммад Саидов) ва муроҷиати шаҳрванд Ҷовидони Азиз таҳти унвони “Банкоматҳои холӣ...”, ҳ. "СССР", №15 (708), аз 14 апрели с. 2022

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи “Оқибати банкоматҳои холӣ” ва муроҷиати шаҳрванд М.Саидов “Банкоматҳои холӣ...”, ки дар нашри №15 (708) санаи 14 апрели соли 2022 ҳафтаномаи "СССР" чоп шудааст, чунин иттилоъ медиҳад.


Бояд қайд кард, ки муддате қабл мушкилоти пули нақд дар бархе аз банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба назар мерасид, ки бо якчанд омил вобастагӣ дошт. Ҳолати мазкур ба давраи лаппишҳои қурбӣ дар аввали моҳ ва воридшавии барзиёди маблағҳо аз кишварҳои шарикони савдо ба рӯзҳои истироҳат рост омад. Ҳамаи ин омилҳо боиси дар назди банкоматҳо, филиал ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ба амал омадани навбат гашта, ҳолатҳои норасоии пули нақд дар банкоматҳо ё аз ҷиҳати техникӣ ғайрифаъол гардидани онҳоро ба миён овард. Маълум аст, ки такроран таъмин намудани банкоматҳо бо пули нақд дар рӯзҳои истироҳат як раванди махсус буда, барои бартараф кардани ин ҳолат ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ як муддати муайян лозим меояд.


Боз ҳамин нуктаро қайд кардан зарур аст, ки аксарияти кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ва нафақа ба муомилот бароварда шуда, тибқи таҷрибаи имрӯза, дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми гузаштани маблағи музди меҳнат ва нафақа ба суратҳисобҳои кортӣ, кӯшиш менамоянд, ки дарҳол худи ҳамон рӯз маблағҳои пулии худро аз банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, филиал ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ба таври нақдӣ дастрас намоянд.


Бояд гуфт, ки ҳолати баамаломада муваққатӣ буда, айни замон мушкилот бо таъминоти пули нақд дар банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бартараф шудааст ва фаъолияти муназзами банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар тамоми ташкилоҳои қарзӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо таъмин аст.


Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ дар мавриди захира ва таъмини пули нақд ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ягон мушкилот надошта, мунтазам бо ворид шудани дархости ташкилотҳои қарзии молиявӣ саривақт талаботи онҳоро қонеъ мегардонад.


Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ воситаҳои барномавию техникӣ ва телекоммуникатсионии муосирро роҳандозӣ намуда, хизматрасониҳои фосилавии бонкиро дастрас мегардонанд, ки ин тадбирҳо метавонанд ба коҳиши талабот ба пули нақд замина гузоранд.




Шуъбаи матбуот

22.04.2022
Вокуниш ба маводи “Бозори асъор чаро дар Тоҷикистон калаванда аст?”, ҳ.“Тоҷикистон”, №15 (1474) аз 13.04.2022

Бонки миллии Тоҷикистон мақолаи “Бозори асъор чаро дар Тоҷикистон калаванда аст?”-ро (муаллиф У. Раҳимзодаро,    ҳ.“Тоҷикистон”, №15 (1474) аз 13.04.2022)) мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба он чунин иттилоъ медиҳад:


Бонки миллии Тоҷикистон мавқеи ВАО-ро дар ташаккулёбии афкори ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҷиҳати бетараф набудан нисбат ба масъалаҳои низоми бонкӣ изҳори сипос мекунад.


Боиси қайд аст, ки вобаста ба вазъи геосиёсии ҷаҳон, ки пайи худ як қатор таҳримҳоро ба вуқуъ пайваст, боиси зиёд гардидани номуайяниҳо дар сиёсати иқтисодии ҷаҳон гашт, ки бевосита таъсири манфии худро ба иқтисодиёти натанҳо давлатҳои тараққиёбанда, балки ба тамоми давлатҳои дунё расонид.


Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунандаи низоми бонкӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар доираи ваколатҳои худ аз ҳама воситаҳои самаранок истифода бурда истодааст, то ин ки вазъи бозори дохилии асъорро тавассути механизму фишангҳои монетарӣ ба танзим дарорад.


Дар интиҳои моҳи феврали соли ҷорӣ беқурбшавии рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА муҳоҷирони меҳнатиро водор намуд, ки аз интиқоли пул аз Россия ба Тоҷикистон худдорӣ намоянд. Чунки дар мавриди ба 120 рубли русӣ баробар шудани 1 доллари ИМА, қурби интиқолии рубли русӣ нисбат ба сомонӣ ба 0,090 сомонӣ баробар шуд, яъне шаҳрвандон бар ивази 1000 рубли русии аз Россия интиқолшуда аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамагӣ 90 сомонӣ мегирифтанд, ки нисбат ба аввали сол (бар ивази 1000 рубли русӣ 150 сомонӣ мегирифтанд), 40 фоиз кам мебошад.


Дар моҳи апрел дар асоси чораҳои андешидашудаи Бонки марказии Федератсияи Россия қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА муътадил гардид, ки боиси якбора афзоиш ёфтани интиқоли асъор аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Маҳз дар муддати ҳамагӣ ду моҳ лапишнокии зиёди ҳаҷми интиқоли асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ боиси тағйирёбии қурби асъор дар бозори дохилии асъор гардид.


Боиси қайд аст, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2022 бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дар баробари тағйирёбии қурби пули миллӣ, қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйир ёфтанд. Аз ҷумла, рубли Беларус – 17,8 фоиз, рубли Федератсияи Русия – 13,2 фоиз, лираи Туркия – 12,1 фоиз ва суми Узбекистон – 5,2 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.


Бояд қайд намуд, ки дар таблоҳои электронӣ ва дар сомонаҳои расмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамарӯза қурби расмии асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ (минбаъ – қурби расмӣ), қурби амалиёти мубодилавии асъор ва қурби мубодилавии маблағҳои интиқолӣ дар алоҳидагӣ нишон дода мешаванд, ки ин қурбҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.


Қурби расмӣ ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоб намудани маблағҳои пардохтҳои гумрукӣ муқаррар карда мешавад.


Қурби расмӣ қурби харид ва ё фурӯши асъори хориҷӣ набуда, Бонки миллии Тоҷикистон ва ё ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадор нестанд, ки бо ин қурб асъори хориҷиро харанд ва ё фурӯшанд.


Қурби амалиёти мубодилавӣ яъне, қурби хариду фурӯши асъори хориҷиро ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба талабот ва таклифот ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор мустақилона муқаррар менамоянд. Аз ин лиҳоз, қурби амалиёти мубодилавӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ гуногун мебошад.


Қурби мубодилавии маблағҳои интиқолӣ – қурбе мебошад, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои бо пули миллӣ мубодила кардани маблағҳои аз хориҷа интиқолшуда, алалхусус рубли русӣ муайян ва эълон карда мешавад. Қурби мубодилавии маблағҳои интиқолӣ барои ҳама ташкилотҳои қарзии молиявӣ якхел муқаррар карда мешавад ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки бо ҳамин қурб бар ивази рубли русии аз хориҷа интиқолшуда ба муштариён пули миллӣ - сомонӣ диҳанд.


Аз ин рӯ, байни қурби расмӣ ва қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ ва қурби мубодилавии маблағҳои интиқолӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ фарқият ҷой дорад.


Мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат” сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб”, татбиқ гардида истодааст. Тибқи реҷаи мазкур, қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор муқаррар гардида, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъият дахолат намояд.


Бояд қайд намуд, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо (зиёда аз 1350 воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ бо анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ машғул мебошанд) ҳамарӯза дар доираи имкониятҳои худ ба мизоҷон аз ҷумла, шахсони воқеӣ асъори хориҷии нақд мефурӯшанд. Инчунин, вобаста ба назорати шаффофияти фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён дар Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза раванди фурӯши асъор ба мизоҷонро мавриди назорат қарор медиҳад.


Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани муътадилии вазъи бозори дохилии асъор ва таъмин намудани он бо асъори хориҷӣ аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, баҳри бартараф кардани норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ, чораҷӯӣ намуда истодааст.


Ҳамчунин, ба маълумот мерасонем, ки дар назди хазинаҳои амалиётии тамоми воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ рақамҳои телефонҳои боварии Бонки миллии Тоҷикистон ишора шудааст, ки дар ҳолати паст будани сатҳи хизматрасонӣ, муносибати дағалонаи корманд, ба фурӯш набаровардани асъори хориҷӣ муштариёни ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.




Шуъбаи матбуот

22.04.2022
Вобаста ба маҳдудиятҳои ҶСК “Алиф Бонк” тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба манъи хизматрасонии баъзе мол ва маҳсулотҳои (тавассути корти Visa) тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки тавассути сомонаи расмии ҶСК “Алиф Бонк” эълон шуда, дар васоити ахбори омма сару садоҳои зиёдеро ба миён овард, чунин иттилоъ медиҳад.


Бояд қайд намуд, ки ба ҳолати 31.03.с.2022 дар кишвар 1 адад бонки исломӣ ва 2 адад равзанаи бонкии исломӣ фаъолият карда истодааст. Аз он ҷумла, аз моҳи сентябри соли 2019 ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро ба даст овард. Дар оғози соли 2020 бошад, ба ҶСК ТАҚХ “Ҳумо” ва ФҚХ “Имон” барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “Равзанаи бонкии исломӣ” иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуд.


Ба маълумот мерасонем, ки ҶСК "Алиф Бонк" 28.10.с.2021, №1205 ба Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба оғоз намудани ҷараёни табдилёбӣ аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳо дархост ирсол намуд. Дархости ҶСК "Алиф Бонк" мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои бартараф намудани баъзе аз норасоиҳо бастаи ҳуҷҷатҳо бар гардонида шуд.


Санаи 18.04.2022 дар сомонаи ҶСК “Алиф Бонк” ба таври расмӣ оиди маҳдудиятҳо маълумот ба нашр расонида шуд, ки дар воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрас намудани посухҳои асоснокшуда бо мактуб (20.04.с.2022, №05-417) ба ҶСК “Алиф Бонк” муроҷиат намуда, вазифадор намуд, ки Бонк вобаста ба асоснокӣ ва сарчашмаи маҳдудиятҳои гузошташуда нисбат ба баъзе мол ва хизматрасониҳо дар муддати кутоҳи вақт маълумоти мушаххас ирсол намояд.


Тавре дар мактуби ҷавобии ҶСК “Алиф Бонк” омадааст, роҳбарияти Бонк бо назардошти вазъи бозор ва эътирози баамаломадаи мизоҷон нисбат ба маҳдудиятҳои эълоннамудаи ҶСК “Алиф Бонк”, масъалаи мазкурро бо Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии худи ташкилот мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷа, роҳбарияти ҶСК “Алиф Бонк” ва Кумита ба мувофиқа омаданд, ки бинобар ғайриимкон будани таъмини назорати ҳамаҷонибаи мутобиқатии амалиётҳои дар поён овардашуда бо принсипҳои маблағгузории исломӣ, риояи маҳдудият аз рӯи амалиётҳои мазкур ба зиммаи худи мизоҷон гузошта шуда, маҳдудият аз рӯи амалиётҳои зерини қаблан эълоншуда аз байн бардошта шавад:

  • мағозаи асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо;
  • гуруҳҳои оркестрӣ ва ҳунармандони гуногун;
  • фурӯши суғуртаҳо, андеррайтинг ва пардохтҳои суғуртавӣ;
  • мағозаҳои маҳсулотҳои динӣ.

Гузаронидани амалиётҳои пардохтии дигар молу хизматрасониҳо, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва принсипҳои маблағгузории исломӣ ба танзим дароварда мешавад.


Шуъбаи матбуот

21.04.2022
Посух ба маводи ҳафтаномаи “СССР” аз 14.04.2022 таҳти унвони “Ширкатҳои суғуртавӣ ва ҷуброн”

Бонки миллии Тоҷикистон маводи хабарнигор Холиқназар Ҷумъаевро, ки дар шумораи №15 (708)-и ҳафтаномаи “СССР” аз 14 апрели соли 2022 таҳти унвони “Ширкатҳои суғуртавӣ ва ҷуброн” нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста бо он чунин иттилоъ медиҳад:


Чи тавре ки маълум аст, санаи 2 апрели соли 2022 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо айби ронандаи автобуси мусофиркаши хатсайри 33 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он ба 7 адад автомашина зарари моддӣ расонида шуд.


Рӯзноманигор Холиқназар Ҷумаев дар ҳодисаи мазкур ташкилотҳои суғуртавиро ба беамалӣ гунаҳкор намуда, суғуртакунии воситаҳои нақлиётро таҳти суол гузоштааст.


Зимни равшанӣ андохтан ба қазияи мазкур, маълум гардид, ки автобуси хатсайри 33 таҳти рақами давлатии 5787ТТ05, ба Муассисаи давлатии мусофиркашонии “Автобус-1”-и шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, он дар филиали КВД “Тоҷиксуғурта”, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт фаро гирифта шудааст.


Тибқи маълумоти дастрасгардида маълум карда шуд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии мусофиркашонии “Автобус-1” оид ба рух додани садама ва ҷуброни зарар ба филиали КВД “Тоҷиксуғурта” муроҷиат карда нашудааст. Ҳол он, ки муассиса имконият дошт, зарари молиявии ба шахсони сеюм расонидашударо аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданӣ пардохт намояд.


Бояд ёдовар шуд, ки ин намуди суғурта тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ба танзим дароварда шуда, мутобиқи қисми 6 моддаи 14 қонуни номбурда маблағи суғуртавӣ барои расонидани зарар ба молу мулки ҷабрдида то дусаду ҳафтоду се нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян гардидааст, ки он ба 17 472,0 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.


Ҳамчунин, муайян гардид, ки ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии зарардида дар ҶСК “ТС “Суғуртаи аввалини миллӣ” ба суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт фаро гирифта шудаанд, ки соҳибони онҳо низ то ҳол ба ташкилоти мазкур оид ба ҷуброни зарари расонидашуда муроҷиат накардаанд.


Дар ин ҳолат, Муассисаи давлатии мусофиркашонии “Автобус-1“ метавонист дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рух додани ҳодисаи суғуртавиро ҷамъоварӣ намуда, бо ариза ба КВД “Тоҷиксуғурта” барои ҷуброн намудани зарари расонидашуда ба шахсони сеюм (ронандагони таксӣ ва дигар ҷабрдидагон) пешниҳод намояд.


Ҳамчунин, ронандагони автомобилҳои зарардида низ ҳуқуқ доштанд аз рӯи суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ҶСП “ТС ”Суғуртаи аввалини миллӣ” муроҷиат намоянд.


Қайд намудан зарур аст, ки мутобиқи талаботи моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Суғурташавандагон баъди рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳодисаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд дар давоми то се сол ба Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) оид ба пардохти ҷуброни зарари расонидашуда ариза пешниҳод кунанд.


Дар баробари ин, ба саҳми соҳибони воситаҳои нақлиёт тавассути ҳафтаномаи “СССР” расонида мешавад, ки ҳангоми дучор шудан ба садамаи роҳу нақлиёт аз полисҳои суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт истифода баранд.


Ҳангоми аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Суғурташавандагон, онҳо метавонанд тавассути телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон (44 600 15 20) ё почтаи электронии ALLOMUSHTARI@NBT.TJ муроҷиат намоянд.




Шуъбаи матбуот

20.04.2022
Посухи Бонки миллии Тоҷикистон ба дархости рӯзномаи “Садои мардум” аз 8 апрели с.2022, №73 дар мавриди фарқият байни қурби расмии асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба дархости идораи рӯзномаи “Садои мардум”, аз 8 апрели соли 2022, №73 оид ба шарҳи фарқият байни қурби расмии асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ (минбаъд - қурби расмӣ) ва қурби фурӯши асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, чунин иттилоъ медиҳад.


Бонки миллии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷиҳати бетараф набудани рӯзномаи “Садои мардум” нисбат ба рушди низоми бонкии мамлакат ва ба самъи аҳолӣ расонидани мавзӯҳои рӯзмарра миннатдорӣ баён менамояд.


Тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза қурби расмии пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷиро муқаррар менамояд.


Қурби расмӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва инъикоси маблағҳои асъорӣ бо сомонӣ дар тавозуни муҳосибии субъектҳои хоҷагидорӣ, ба сомонӣ бозгардонидани маблағи пардохтҳои ҳатмии давлатие, ки бо асъори хориҷӣ ифода ёфтаанд, ҳисобу таҳлили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода бурда мешавад. Яъне, қурби расмӣ бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоб намудани маблағҳои пардохтҳои гумрукӣ муқаррар карда мешавад.


Қурби расмӣ қурби харид ва ё фурӯши асъор набуда, Бонки миллии Тоҷикистон ва ё ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадор нестанд, ки бо ин қурб асъори хориҷиро харанд ва ё фурӯшанд.


Ҳамзамон, қурби мазкур барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муайянкунии қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз (ба) мизоҷонаш асос шуда наметавонад.


Аз ин рӯ, байни қурби расмӣ ва қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ фарқият ҷой дорад.


Лозим ба қайд аст, ки бо мақсади гирифтани даромад ташкилотҳои қарзии молиявӣ амалиётҳои бонкӣ ва дигар аҳдҳоро анҷом медиҳанд. Вобаста ба ин, яке аз амалиётҳое, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом медиҳанд, ин амалиёти мубодилавӣ мебошад, ки дар асоси он ташкилотҳои қарзии молиявӣ асъорро бо як қурб харида, бо қурби дигар мефурӯшанд.


Мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат” сиёсати қурбии пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон намудани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асос ёфта, тибқи он қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ мустақилона дар асоси таносуби талабот ва таклифот ба асъор дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад.


Бонки миллии Тоҷикистон тибқи реҷаи мазкур танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла лапишнокии аз ҳад зиёди қурбӣ метавонад ба бозори дохилии асъор дахолат намояд.




Шуъбаи матбуот

20.04.2022
Посух ба мақолаи “Банкрот: ду ҷониби як танга”, Қутбиддин Муминзода, судяи Суди Олии иқтисодии ҶТ

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муминзодаро таҳти унвони “Банкрот: ду ҷониби як танга”, ки дар ҳафтаномаи “Фараж”, №14 (800) аз 07 апрели соли 2022 нашр шудааст, ба иттилоъ мерасонад, ки муаллиф Муминзода Қ. таҳияи методикаи махсуси аломатҳои муфлисшавиро мавриди таваҷҷуҳ (муҳокима) қарор додааст.


Дар маводи мазкур раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонкҳо ба таври муфассал рӯйи коғаз оварда шудааст. Тавре муаллиф қайд менамояд, раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ба роҳ монда мешавад. Тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқи истисноии ба роҳ мондани раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзиро танҳо Бонки миллии Тоҷикистон дорад ва асосҳои муфлисии ташкилотҳои қарзӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” возеҳ баён шудаанд. Ҳамин тариқ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзиму назорат аломатҳои муфлисшавиро дар асоси нишондиҳандаҳои молиявии ихтисосии ҳар як ташкилот ва ҳолати иҷрои меъёрҳои мақбули муқарраршуда таҳлил ва таҳия карда, роҳандозӣ менамояд.


Дар баробари ин, дар маводи мазкур масъалаи зарурати гузаронидани ислоҳот дар шакли таҳия ва қабули Тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо мақсади мутобиқгардонии талаботҳои меъёрӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи бонкӣ ба миён гузошта шудааст.


Қайд кардан зарур аст, ки дар сурати ошкор намудани носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии санади меъёрии ҳуқуқӣ, амалияи ихтилофноки истифодаи он, мақомоти (шахси мансабдори) санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабулнамуда дар санади тафсир, ки хусусияти расмӣ ва ҳатмӣ дорад, тафсири меъёри онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” пешбинӣ менамояд. Санади тафсири расмӣ барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.


Бонки миллии Тоҷикистон дар сурати роҳандозӣ шудани иқдом барои навиштани тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” омодааст ҳамкорӣ намояд.


Шуъбаи матбуот

18.04.2022
Вокуниш ба маводҳои ВАО оид ба таъминоти пули нақд дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва банкоматҳо барои таъмини пули нақд, ки тайи чанд рӯзи охир дар ҷомеа сару садоҳои гуногунро ба амал овардааст, чунин иттилоъ медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзиму назорати низоми бонкӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ дархости тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурдро барои таъмини пули нақд ҳамеша қонеъ намуда, захираҳои кофии пули нақдро дорост. Дар се моҳи аввали (январ-марти) соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи дархости онҳо пули нақд дастрас карда шуд, аз ҷумла дар ду ҳафтаи охир - дар давраи аз 1 то 14 апрели соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ пули нақд тибқи дархосташон барзиёд таъмин карда шуд.

Ҳамзамон ҳамин нуктаро бояд таъкид дошт, ки тайи чанд рӯзи охир бо лапишҳои қурби асъори хориҷӣ воридшавии маблағҳо аз мамлакатҳои шарикони савдо барзиёд шуд. Дар навбати худ шаҳрвандони кишвар, ки қисми зиёди онҳо истифодабарандагони кортҳои бонкӣ мебошанд, хостанд ҳарчӣ зудтар маблағҳои худро тавассути банкоматҳо дастрас намоянд. Ҳолати мазкур боиси зиёд шудани талабот ба пули нақд ва зуд тамом шудани пули нақди банкоматҳо гардид, ки дар рӯзҳои истироҳат пур намудани банкоматҳо бо пули нақд ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ як вақти муайянро талаб мекунад.

Ба замми ин, пардохт шудани маош дар аввалу охири моҳ, дар аксар ҳолатҳо истисно кардани шаҳрвандон аз пардохтҳои ғайринақдӣ сарбории бонкҳоро дар таъмини пули нақд боз ҳам афзуд. Айни замон таносуби истифодаи пули нақд ва пардохти ғайринақдӣ мувофиқан 90 ба 10 фоиз баробар аст, ки ин аз истифодаи баланди пули нақд дар иқтисодиётро инъикос мекунад.

Ҳамин тариқ ҳамаи ин омилҳо боис гардиданд, ки бархе аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои таъмини пули нақд дар ин давра бо мушкили муваққатӣ дучор гардиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкории пайваста бо ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ҷиҳати фаъолияти мунтазами банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ ва таъмин будани ҳамаи нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ бо пули нақд тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Шуъбаи матбуот

16.03.2022
Посух ба муроҷиати шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин: “Тоҷиксодиротбонк”: пасандозамро баргардонед!” ҳ. “СССР” (№9 (702),03.03. 2022)

Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин, тавассути ҳафтаномаи “СССР” таҳти унвони “Тоҷиксодиротбонк”: пасандозамро баргардонед!”, чунин иттилоъ медиҳад:

Юсуфзода Ф. дар матлаби худ изҳори нигаронӣ кардааст, ки як миқдор (7700 сомонӣ) пасандозашро, ки соли 2015 дар филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Шаҳритус гузоштааст, гирифта наметавонад.

Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин мерасонад, ки иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бинобар ғайри қобили пардохт гаштан ва иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои худ дар назди муштариён бозхонд карда шуда, тибқи ҳалномаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” муфлис эълон гардид. Ҳамин тавр, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” баъд аз таъини мудири махсус аз ҷониби суд, талаботи амонатгузорону қарздеҳон аз ҳисоби дороиҳо ва ҳамаи молу мулки ин бонк қонеъ карда мешавад.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мудирияти махсуси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” маълум гардид, ки аз ҷониби бонк қаблан баъзе суратҳисобҳое, ки муддати дароз гардиш надоштанд, аз ҷумла суратҳисобҳои шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин ба суратҳисобҳои ғайрифаъол гузаронида шудаанд. Айни ҳол, бақияи суратҳисобҳои мазкур аз ҷониби мудири махсус ба ҳолати аввала баргардонида шуда, пасандози Юсуфзода Ф. маблағи 9150,89 сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин, талаботи амонатдорон, аз ҷумла шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин аз ҷониби мудири махсус тибқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” аз рӯи тартиби қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон ба роҳ монда мешавад.                                                                                      
Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки шаҳрванд Юсуфзода Ф. ҷиҳати гирифтани пасандози худ, бевосита ба мудири махсуси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” муроҷиат намояд.

Шуъбаи матбуот

25.11.2021
Вокуниш ба мақолаҳои хабарнигори портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” Мазҳаб Ҷумъа таҳти унвони “Метарсам аз бонк қарз гирам” ва “Ҳар рӯз аз бонк занг мезананд”

Бонки миллии Тоҷикистон мақолаҳои хабарнигори портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” Мазҳаб Ҷумъаро аз 17.11.с.2021 таҳти унвони “Метарсам аз бонк қарз гирам” ва аз 10.11.с.2021 таҳти унвони “Ҳар рӯз аз бонк занг мезананд”, ки дар онҳо масъалаи баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва ба муҳлати кам пешниҳод намудани имтиёзҳо дар давраи пандемияи COVID-19 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ гардидааст, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод.

Вобаста ба кам пешниҳод кардани имтиёзҳои қарзӣ, аз ҷумла тамдиди муҳлати қарз, додани муҳлати имтиёзӣ (ба таъхир гузоштан) барои пардохти қарзи асосӣ ва ё фоизҳо қайд менамоем, ки вазифаи асосии бонкҳо ин миёнаравии молиявӣ буда, онҳо маблағҳои озоди аҳолӣ ва корхонаҳоро бо муҳлат ва фоизи муайян ҷалб намуда, дар навбати худ онҳоро ба дороӣ, аз ҷумла қарз табдил медиҳанд.

Яъне маблағҳои ҷалбнамудаи ташкилотҳои қарзӣ муҳлатнок буда, ташкилотҳои қарзӣ барои истифодабарии онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фоизҳои муқарраршударо пардохт мекунанд ва ҳангоми расидани муҳлат, бояд пас гардонида шаванд.

Дар ҳолати саривақт пардохт нашудани маблағи қарз ва фоизҳои он аз ҷониби қарздорони ташкилотҳои қарзӣ, дар онҳо хавфи пардохтпазирӣ ба вуҷуд меояд. Ҳолати мазкур ба устувории молиявии ташкилотҳои қарзӣ таъсири манфӣ расонида, боиси дар муҳлати муайян пардохт нагардидани маблағи пасандоздорон мегардад.

Бинобар ин, имтиёзҳои пешниҳодшаванда ба қарздорон ба монанди дарозкунии муҳлатҳои пардохти маблағи қарз ва фоизҳои он, паст намудани фоизи қарзҳо ва ғайра бо назардошти ҳолати молиявӣ ва дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ амалӣ мегардад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ чораандешӣ менамояд, ки тартиби додани қарзҳоро содда намуда, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва афзун намудани ҳаҷми қарзҳо ба муштариёни боэътимод, аз ҷумла додани қарзҳои хурди дорои фоизи паст ба соҳибкорон аз рӯи имкониятҳои мавҷуда, бо назардошти идоракунии хавфҳо, мусоидат намоянд.

Боиси қайд аст, ки ташкилотҳои қарзӣ дар давраи буҳрони пандемияи COVID-19 вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ ва бо назардошти ҳолати молиявии муштариён дар асоси аризаи муштариён қарзҳои онҳоро тамдид ва ё таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доштанд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда буданд ва раванди мазкур айни замон низ вобаста ба имконияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ идома ёфта истодааст.

Бобати то ҳол арзиши баланд доштани қарзҳои пешниҳодшаванда бошад, қайд кардан зарур аст, ки яке аз нишондиҳандаи асосии муайянкунандаи арзиши қарзҳои пешниҳодшаванда, ин худ арзиши (меъёри фоизии) захираҳои ҷалбшаванда, асъори захираҳои ҷалбшаванда, хароҷоти амалиётии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, омили хавф низ ҳангоми муайян кардани фоизи қарз нақши калон дорад.

Айни ҳол, бинобар арзиши гарон доштани қисми зиёди захираҳои ҷалбшавандаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва муҳлати начандон дароз доштани онҳо ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон надоранд, ба зарари худ бо фоизи аз арзиши пасандозҳо ва дигар захираҳои ҷалбнамуда пасттар ва ба муҳлати дарозтар қарз пешниҳод намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар як ташкилоти қарзии молиявӣ бо дарназардошти арзиши манбаҳои ҷалбшуда, хароҷоти амалиётӣ ва хароҷоти иловагӣ, аз ҷумла пардохти хароҷоти комуналӣ, қувваи барқ, сузишворӣ, конселярӣ, андоз, музди меҳнати кормандон, иҷора ва ғайра тарофаҳои қарзиро аз рӯи сиёсати қарзии худ пеш мебарад.

Новобаста аз ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани арзиши аслии қарз таҳлилҳои амиқ гузаронида шуданд. Ҷиҳати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи чораҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2018 то охири моҳи октябри соли 2021 меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ аз 29,11 фоиз то 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 17,07 фоиз то 13,0 фоиз паст карда шуд. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қаноаткунанда набуда, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷоя бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома хоҳад дод.

Қайд кардан лозим аст, ки паст шудани фоизи қарз аз қарздорон низ вобастагии калон дорад, чунки саривақт пардохт намудани он дар навбати худ ба паст шудани хавфи қарзӣ оварда мерасонад.

Вобаста ба муроҷиати пайвастаи корманди ташкилоти қарзӣ бояд ҳаминро дар назар дошт, ки барои таъмини саривақтии баргардонидани қарз, ки ташкилоти қарзӣ бо ин хавфҳои қарзии худро пешгирӣ менамояд, кормандони масъул хоҳ нохоҳ бо муштариён дар тамос мешаванд.

Шуъбаи матбуот

12.10.2021
Вокуниш ба маводи нашркардаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 11 октябри соли 2021, «Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег”

Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои роҳбарияти “Азия-плюс” ва муаллифи матлаби “Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег” (https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20211011/tadzhikistan-prichislili-k-stranam-s-naivisshim-urovnem-riska-otmivaniya-deneg) Пайрав Чоршанбиев, ки масъули бевоситаи таъмини саҳеҳияти ахбори интишорёфта мебошанд, мерасонад, ки дар матлаби зикрёфта ба чандин иштибоҳ роҳ дода шуда, маълумоти носаҳеҳ манзури ҷомеа гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон барои мутобиқ намудани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Тавсияҳои Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (ФАТФ), тақвияти фаъолияти ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори кишвар чораҳои заруриро амалӣ намуда, аз соли 2004 инҷониб ҳамчун давлати аъзо ба яке аз гурӯҳҳои минтақавии ба монанди ФАТФ - Гурӯҳи Авруосиё шомил мебошад.

Бояд қайд намуд, ки баҳогузории кишвар дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) пас аз гузаронидани баҳодиҳии тарафайни низоми миллӣ дар ин самт муайян карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2018 Баҳодиҳии тарафайни низоми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО аз ҷониби баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё гузаронида шуда, дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё, ҳисобот ва хулосаи иҷроияи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он иштирокдорони ҷаласа пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба мукаммалгардонии низоми МҚД/МТ/МПСҚО баъд аз баҳодиҳии тарафайни қаблӣ (соли 2008) таъкид намуданд.

Қобили қайд аст, ки аз ҷониби ФАТФ рӯйхати давлатҳое, ки дар он низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО дар сатҳи паст қарор доранд, мунтазам аз нав карда шуда, руйхати ниҳоии давлатҳое, ки дар он низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО дар сатҳи паст қарор доранд, моҳи июни соли 2021 дар сомонаи расмии ФАТФ[1] нашр карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯйхат шомил нест.

Гарчанде, дар маводи нашркардаи хабаргузори «Азия-Плюс» Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои дорои хавфи баланди шустушӯи пул ишора карда шудааст, аммо бояд қайд намуд, ки дар ҳуҷҷати “Global Organized Crime Index” сутуни “Anti-Money laundering System”, ки маълумотҳо аз он гирифта шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон (3,5) дар қатори кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон пасттар буда, нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои ин минтақа холҳои якхела ва бартарӣ низ нисбат ба баъзе аз онҳо дар ин самт дар ҳуҷҷат дида мешавад.

Дар робита ба гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маълумоти дар мақола интишоршуда якҷониба буда, нодуруст ва аз ҳақиқат дур аст. Шарҳу маънидоди нодурусти масъалаҳои ҳассоси иқтисодӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба фазои иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ расонида, нашри чунин ахбороти дорои мавқеи байналмилалӣ ба муҳити сармоягузорӣ таъсири ногувор мерасонад.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳар гуна таҳрифи маълумот ва шарҳи чунин интишорот, аз намояндагони ВАО, бахусус, «Азия-Плюс» бо қатъият хоҳиш менамоем, ки дар ин хусус маълумотҳои дуруст ва дақиқ ба аҳли ҷомеа расонида шавад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

[1]https://www.fatf-gafi.org/publications/high-risk-and-other-monitored-jurisdictions/documents/increased-monitoring-june-2021.html

28.09.2021
Вокуниш ба маводҳои “Фонд Fantom будет работать с ОАО «Ориенбанк» над CBDC” (https://www.block-chain24.com, 28.09.2021); Национальный банк Таджикистана привлекает Fantom и Orienbank для помощи в развитии CBDC (www.coindesk.com, https://f1coins.com)

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо ширкати Fantom Foundation дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва ягон хел тасмим ҳам надорад. Маълумот оид ба ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд, аз ин рӯ Бонки миллии Тоҷикистон аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба фонди Fantom Foundation мактуб ирсол намудааст.

Шуъбаи матбуот

20.09.2021
Посух ба муроҷиати шаҳрванд Самадов М.Н. аз 03 сентябри соли 2021 дар шабакаи иҷтимоии Facebook

3 сентябри соли 2021 шаҳрванд Самадов М.Н. дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook муроҷиатномаеро интишор намуд, ки дар он ба зиёдаравӣ ва возеҳ баён накардани ҳақиқати воқеии корҳои амалишуда роҳ дода шудааст.


Бояд қайд кард, ки мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тариқи судӣ гузаронида шуда, барҳамдиҳанда ё мудири махсус бо қарори суд таъин карда мешавад ва ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзиро дар давраи анҷоми расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ, барҳамдиҳанда ё мудири махсус ҳамчун ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзии барҳамдодашаванда ба амал мебарорад. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон салоҳияти мудохила карданро ба истеҳсолоти судӣ ва раванди барҳамдиҳӣ надорад. Амонатгузорон, бахусус Самадов Мирзохуҷа аз ин тартиб хабардор буда, бо вуҷуди ин ба Бонки миллии Тоҷикистон пайваста муроҷиат мекунанд.


Қайд кардан ба маврид аст, ки БМТ аз мушкили шаҳрванд Самадов М.Н. огоҳ буда, барои ҳалли он пайваста мусоидат намудааст ва ҳоло низ ҳамкориро бо мақомоти судӣ ва мудири махсус қатъ накардааст. БМТ то ин лаҳза, бо назардошти ҳассосияти мавзӯъ танҳо хостори ҳалли ҳарчи зудтари мушкили Самадов М.Н. мебошад, аммо муроҷиатҳои зиёди беасосу туҳмату буҳтони пайвастаи ӯ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегарданд, водор намуд, ки ин маротиба БМТ нуктаи назари хешро бо овардани далелҳо баён намояд.


Дар давраи фаъолияти мудири махсус аз 3 марти соли 2017 то 6 сентябри соли 2021 ба Самадов М.Н. маблағи зиёда аз 190 ҳаз. сомонӣ пардохт карда шудааст.


Гузашта аз ин, новобаста аз мушкилоти молиявӣ мудирияти махсуси ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” талаботи амонатгузоронро дар мадди аввал гузоштааст. Бахусус, ба Самадов М.Н. бо назардошти дараҷаи маъюбӣ доштан диққати махсус зоҳир намуда, новобаста ба имкониятҳои маҳдуди молиявии мавҷуда, давра ба давра маблағ пардохт намуда истодааст. Ҳамзамон, ба Самадов М.Н., якчанд маротиба амволи ба тавозуни Бонк гирифташуда, асосан хонаҳои истиқоматӣ пешниҳод карда шуда буд, вале Самадов М.Н. ба ивази пасандози гузоштааш гирифтани амволро рад кард.


Самадов М.Н. дар ҳамаи муроҷиатҳояш боисрор мегӯяд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо онҳо ҳамкорӣ намекунад, ки туҳмати рӯирост аст. Роҳбарият ва мутахассисони масъули БМТ ҳамеша, ҳатто рӯзҳои истироҳат бо тамоми корафтодагон, аз ҷумла муштариёни ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ҳамкорӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ барои ҳалли мусбати мушкили онҳо талош менамоянд.


Аз ин лиҳоз, ба Самадов М.Н. бори дигар тавсия дода мешавад, ки аз туҳмату буҳтон ва таҳрифи воқеият даст бардошта, барои ҳалли мушкили хеш бо мудири махсуси ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ҳамкории судманд намояд.


Бояд қайд кард, ки дар давраи аз соли 2016 то моҳи июли соли 2021 аз ҷониби муштариёниҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ба унвони БМТ зиёда аз 737 адад муроҷиат ворид гардидааcт. Аз ин миқдор 143 адад арзу шикоятҳои хаттӣ ва 594 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ, аз ҷумла тариқи телефони боварии Бонки миллӣ - 346 адад ва ҳангоми қабули шаҳрвандон – 248 адад ба қайд гирифта шудаанд.


Шуъбаи матбуот

15.09.2021
Посух ба мақолаи “Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад?”-и муаллиф Шокир Наим, ки 2 сентябри соли 2021 (№35,676) дар ҳафтаномаи “СССР” нашр гардидааст.

Посух ба мақолаи “Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад?”-и муаллиф Шокир Наим, ки 2 сентябри соли 2021 (№35,676) дар ҳафтаномаи “СССР” нашр гардидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзӣ масъалаи дар маводи ҳафтаномаи “СССР” нашршударо пайгирӣ намуда, аллакай аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вокуниш карда шуд.

Бояд қайд кард, ки реҷаи кории ташкилотҳои қарзӣ мисли дигар муассисаҳо аз соати 8:00 то соати 17:00 муқаррар шуда, дар асоси он ташкилотҳои қарзӣ реҷаи кории воҳидҳои сохтории худро мустақилона муайян менамоянд.

Бо вуҷуди ин, бо мақсади таъмини дастрасии доимии аҳолӣ ва меҳмонони хориҷӣ ба хизматрасониҳои амалиёти мубодилавӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ ташкилотҳои қарзӣ дар ҷойҳои фаъолияти шабонарӯзӣ чораҳои зарурӣ андешида, фаъолияти на камтар аз як адад маркази хизматрасонии бонкии амалкунандаашонро ба реҷаи шабонарӯзӣ (24 соата) гузарондаанд ва дар баъзе филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо назардошти талаботи аҳолӣ фаъолияти кории 9, 12 ва 24 соатаро ҷорӣ намудаанд.

Айни замон, ҷиҳати дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзие, ки баъд аз соати 17:00 фаъолият мекунанд, 33 ададро ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, барои дастрасии шабонарӯзӣ (24) ба хизматрасониҳои бонкӣ барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ воистаҳои дигари хизматрасонӣ мавҷуд аст. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар 1 258 адад банкомат насб гардидааст, ки ҳамасола теъдоди онҳо меафзоянд. Имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар банкоматҳо дастрасанд, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе – 377 адад, вилояти Хатлон -295 адад, вилояти Суғд – 392 адад, НТҶ - 169 адад ва ВМКБ – 25 адад рост меояд. Дар ин давра, наздики 4 млн. кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот бароварда шудаанд, ки аз имконоти дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва намудҳои гуногуни воситаҳои пардохт шаҳодат медиҳад .

Бояд гуфт, ки ҳолатҳои ғайрифаъол будани банкоматҳо, ки дар маводи мазкур омадааст, на танҳо аз ҳисоби набудани пули нақд, балки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла қатъ гаштани нерӯи барқ ва ё дастрасӣ надоштан ба шабакаи Интернет, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст низ ба амал меояд.

Тибқи амалияи имрӯза, маблағи музди меҳнат дар корхонаю муассисаҳо дар як моҳ ду маротиба пардохт мегардад ва дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми гузаштани маблағи музди меҳнат ва нафақа ба суратҳисобҳои кортӣ, кӯшиш менамоянд, худи ҳамон рӯз маблағҳои пулии худро аз банкоматҳо гиранд, ки ин боиси навбати зиёд дар назди банкоматҳо мегардад. Дар давоми рӯзҳои дигари моҳ фаъолияти банкоматҳо муътадил боқӣ мемонад. Мутаассифона, новобаста аз зиёд будани кортҳои пардохтии бонкӣ ва имконоти дигари истифодаи воситаҳои пардохт, то ҳол қисми зиёди аҳолӣ онҳоро танҳо барои гирифтани пули нақд аз банкоматҳо истифода мекунанд, ҳол он ки бо пеш рафтани технологияҳои муосир аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ хизматрасониҳои нави муосир пешниҳод шуда истодаанд. Ба муштариён – дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият фароҳам оварда шудааст, ки як қатор хизматрасониҳо, аз қабили пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, пардохти қарз, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, об, барқ, хизматрасониҳои операторони алоқа ва ғайраро бо истифодаи воситаҳои муосири пардохти электронӣ дар давоми 24 соати шабонарӯзӣ тариқи ҳамёнҳои электронӣ бо телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) дар реҷаи вақти воқеӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, коҳиш додани талаботи аҳолӣ ба пули нақд ва иқтисоди пинҳонӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти зиёд намудани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо, инчунин, таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳавасмандгардонии муштариён ҷиҳати бештар амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ корбарӣ менамояд.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон тамоми фаъолияти худро барои фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ ва таъмини дастрасии доимии мардум ба хизматрасониҳои молиявӣ ба роҳ мондааст ва дар баробари ин, ташаббусҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани камбудиҳои соҳа муҳим арзёбӣ намуда, омодаи ҳамкории судманд баҳри рушди устувори низоми бонкии кишвар мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

14.09.2021
Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба мактуби Радиои Озодӣ аз 1 сентябри соли 2021, таҳти №141 оид ба муроҷиати гурӯҳе аз амонатгузорони бонки ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” чунин иттилоъ медиҳад:

Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба мактуби Радиои Озодӣ аз 1 сентябри соли 2021, таҳти №141 оид ба муроҷиати гурӯҳе аз амонатгузорони бонки ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” чунин иттилоъ медиҳад:

Мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тариқи судӣ гузаронида шуда, барҳамдиҳанда ё мудири махсус бо қарори суд таъин карда мешавад ва ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзиро дар давраи анҷоми расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ, барҳамдиҳанда ё мудири махсус ҳамчун ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзӣ ба амал мебарорад. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон салоҳияти мудохила карданро ба истеҳсолоти судӣ ва раванди барҳамдиҳӣ надорад. Амонатгузорон аз ин тартиб хабардор буда, бо вуҷуди ин ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар давраи аз соли 2016 то моҳи июли соли 2021 аз ҷониби муштариёниҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ба унвони БМТ зиёда аз 737 адад муроҷиат ворид гардидааcт. Аз ин миқдор 143 адад арзу шикоятҳои хаттӣ ва 594 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ, аз ҷумла тариқи телефони боварии Бонки миллӣ - 346 адад ва ҳангоми қабули шаҳрвандон – 248 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Дар мавриди қабули шаҳрвандон дар санаи 25 августи соли 2021 иттилоъ медиҳем, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муроҷиати шаҳрвандон бо риояи талабот ва меъёрҳои қонунгузорӣ роҳандозӣ шуда, қабули гурӯҳи амонатгузорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” аз ҷониби муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К. ва бо иштироки як гурӯҳ роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ, аз ҷумла сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Бозоров У., директори Департаменти назорати бонкӣ Шарипов Ф.Ҳ., сардори Идораи амният Шарифов Б.Б., мудири махсуси ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” Шарипов Ф.Ш.,бо риояи одоби муошират ва этикаи муносибат ҷараён дошт ва маълумоти шаҳрванд Самадова С. дар хусуси таҳдиду дағалгуфторӣ асоси воқеӣ надошта туҳмат мебошад.

Баръакси ҳол, баъди фаҳмонидани вазъият худи шаҳрванд Самадова С. ба таҳдиду дағалгуфторӣ роҳ додааст. У мунтазам ба қабули роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон омада, ҳамеша рафтору гуфтори дағалона ва таҳдидомезро нисбати роҳбарият ва масъулини Бонки миллии Тоҷикистон истифода карда, бо таҳдид ва фишороварӣ шарт мегузорад, ки шаъну шарафи Бонки миллии Тоҷикистонро паст мезанад. Кормандони масъули қабул ва намояндагони бонкҳои мушкилотдошта, ки дар рӯзҳои қабул иштирок мекунанд, ба ин гувоҳанд.

Дар мавриди ҳалли мушкили пасандозҳои муштариёни Бонки мазкур қайд менамоем, ки мудири махсуси он баробари пайдо кардани имкониятҳои молиявӣ аз фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда ва баргардонидани қарзҳо вобаста ба вазъи молиявии худ маблағҳои пасандоздоронро марҳила ба марҳила пардохт карда истодааст.

Як нуктаи муҳимро мебояд таъкид дошт, ки ба Самадова С. ва писараш Самадов М. бар ивази ҳиссае аз пасандозҳояшон якчанд маротиба амволи ба тавозуни Бонк гирифташуда, асосан хонаҳои истиқоматӣ пешниҳод карда шуда буд, вале онҳо гирифтани амволро бар ивази пасандози гузоштаашон рад карданд.

Вобаста ба ҳалли мушкили амонатгузорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ба таври комил бозпас гирифтани пасандозҳо қайд менамоем, ки ҳоло раванди барҳамдиҳӣ идома дорад ва мудири махсус ҳамчун ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзӣ раванди барҳамдиҳӣ, аз ҷумла баргардонидани қарзҳо ва пардохти пасандозҳоро иҷро мекунад.

Таъйиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар ҳолати ба анҷом расидани мурофиаи муфлисшавӣ, ки суд бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур оғоз кардааст, қабул карда мешавад (моддаи 52).

Вобаста ба ин, бояд иброз дошт, ки мурофиаи судӣ оид ба парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ бо қарори суд вақте қатъ мегардад, ки агар ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзии барҳамдодашуда фурӯхта шуда, маблағҳои бадастомада ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ пардохт шаванд (моддаи 42).


Шуъбаи матбуоти БМТ


15.06.2021
Вокуниш ба муроҷиати шаҳрванд Гулнора Амиршоева аз 15.06.с.2021 (https://www.facebook.com/amirshoeva)

Тибқи талаботи банди 5 қисми 2 моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, уҳдадоранд расмиётро оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ анҷом диҳанд, яъне на камтар аз як маротиба дар се сол маълумоти шахсияти муштариро (молик-бенефитсиарро) нав намоянд ва дар бораи ҳадафҳо ва хусусияти эҳтимолии муносибатҳои корӣ маълумот гиранд.

Инчунин, тибқи банди 28-и Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик - бенефитсиар", ташкилотҳо маълумотҳоеро, ки дар натиҷаи муайян кардани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар гирифтаанд, уҳдадоранд дар сурати баланд будани дараҷаи хавф на камтар аз як маротиба дар як сол ва дар дигар ҳолатҳо на камтар аз як маротиба дар се сол нав намоянд.

Аз ин бармеояд, ки ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” аз шаҳрванд Гулнора Амиршоева бо назардошти фаро расидани муҳлати навкунии маълумоташ тибқи талаботи қонунгузорӣ хостори пурра кардани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шудааст, на навкунии Иқтибоси мақомоти андоз. Аз ин рӯ, аз мизоҷон ва ҳайати хизматрасони низоми бонкӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қабл аз расонаӣ кардани муроҷиат ва мувофиқан пешниҳоди маълумот моҳияти масъаларо дарк бояд кард. 


Шуъбаи матбуот

14.06.2021
Вокуниш ба муроҷиати шаҳрванд Солеҳамо Самадова аз 29.05.2021 (https://www.facebook.com/mirzosan.samadov/posts/974681450027956)

Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрванд Солеҳамо Самадоваро, ки рӯзи 29 майи соли 2021 (https://www.facebook.com/mirzosan.samadov/posts/974681450027956) тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо навори видеоӣ интишор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” (аз 23.07.2016,№1339) ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели 2011 дар Бонки миллии Тоҷикистон қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, ҳар як муроҷиати онҳоро нисбати масъалаҳои низоми бонкӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва дар доираи салоҳияту имконияти худ ҳаллу фасл менамояд.

Дар баробари ин, аз соли 2015 инҷониб дар Бонки миллии Тоҷикистон барои қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ воҳиди сохтории махсус - Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ (ИҲҲИХМ) амал мекунад, самти асосии фаъолияти он бо қабули муроҷиати шаҳрвандон нисбати масъалаҳои низоми бонкӣ ва ҳаллу фасли он иборат мебошад. Сохтори мазкур раванди қабули шаҳрвандон, мавзӯи муроҷиат ва то куҷо ҳал шудани онро назорат ва таҳлил карда, мунтазам аз хулосаи он ба роҳбарияти БМТ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ҳисобот пешниҳод менамояд.

Тибқи таҳлили ИҲҲИХМ аз соли 2016 то инҷониб роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон 233 нафар пасандозгузорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк”-ро бевосита қабул карда, беш аз 600 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳо мавриди баррасии роҳбарият қарор дода шудааст.

Дар ин давра танҳо аз номи шаҳрванд Самадова С. беш аз 100 маротиба ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати хаттиву шифоҳӣ ворид гардидааст, ки ба ҳамаи он посухҳои мушаххас гардонида шудааст. Гузашта аз ин, Самадова С. чандин маротиба дар мулоқоти рӯ ба рӯи роҳбарияти собиқ ва феълии БМТ ҳузур дошта, аз ҷониби Раис, муовини якуми Раис ва муовинони Раиси БМТ қабул ва арзу дархости ӯ шунида шудааст.

Аз ин лиҳоз, бо қотеият таъкид менамоем, ки ваҷҳҳои дар муроҷиати видеоӣ ишоракардаи шаҳрванд Самадова С. дар хусуси “аз ҷониби роҳбарияти БМТ қабул накардани амонатгузорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва “аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда нашудааст ва ба доди онҳо касе нарасидааст” умуман асоси воқеӣ надошта, дар ҳаққи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ин сохтор буҳтон аст.

Дар муроҷиати видеоӣ ҳамчунин Самадова С. бардурӯғ даъво менамояд, ки гӯё “29 майи соли 2021 аз соати 8:00-и субҳ ба қабули муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ҳозир шуд, аммо Толибзода Фирдавс ӯро қабул накард. Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ҳар касро қабул намекардааст....”.

Бояд қайд кард, ки раванди қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти БМТ аз рӯи тартиби муайян сурат гирифта, муроҷиаткунандагон аввал номнавис ва аз рӯи рӯйхат барои пешниҳоди арзу шикоят ё дархост қабул карда мешаванд.

29 майи соли 2021, рӯзи шанбе чун ҳарвақта қабули шаҳрвандон ҷараён дошт ва дар ин рӯз муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс барои қабул (тибқи тартиб) масъул буд. Вақте шаҳрванд Самадова С. ба бинои Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 23/20 ҳозир шуд, соат 10 буд на 8-и субҳ тавре ӯ дар навор гуфтааст ва дар рӯйхати қабул аллакай 23 нафар номнавис шуда буданд. Аз Самадова С. хоҳиш карда шуд, ки тибқи муқаррарот аввал худро номнавис намояд ва баъдан бо риояи тартиби муқарраршуда ба мулоқот ворид шавад, бо ӯ муомилаи хуб карда барои нишастан курсӣ доданд, аммо ӯ каме нишаста бо садои баланд ва рафтори ношоям дар назди дигар муроҷиаткунандагон ҷангу хархаша бардошта ба иғвоангезӣ шурӯъ намуд. Ӯ мехост, ки бо ин рафтори худ таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб намуда, бе интизорӣ ба қабули муовини Раиси БМТ ворид шавад. Вақте кормандони бахши амниятии БМТ аз ӯ хоҳиши риояи тартиботро карданд, ба таҳдид гузашта, даъво намуд, ки “дар шабакаҳои иҷтимоӣ обрӯ ва шаъну шарафи Бонки миллии Тоҷикистонро паст мезанад”. Дар рафтори ӯ ба ҷузъ иғвоангезӣ, ҳангомаҷӯӣ ва ҷангу ҷанҷол дигар чизе набуд.

Инҷо саволи мантиқӣ ба миён меояд, ки агар мақсади асосии Самадова С. мулоқот бо муовини Раиси БМТ ва ҳалли мушкили хеш бошад, пас чаро мисли дигар шаҳрвандон тартибро риоя накарда, ҳуқуқи дигар шаҳрвандонро поймол ва тартиботи муқарраргардидаро вайрон менамояд? Магар ин иғвоангезӣ нест? Дар ҳоле ки ҷараёни қабул идома дошт ва дар назди Муовини Раиси БМТ Толибзода Ф. чанд нафар бо арз ҳузур доштанд, навбати худро интизор нашуда, бо кормандони бонк хархаша кардани Самадова С. чӣ маъно дошт?

Нуктаи дигаре, ки дар муроҷиати видеоии Самадова С. таъкид гардидааст, ин гӯё “дағалона муносибат намудани кормандони бахши амниятии БМТ” аст. Бо сареият иброз менамоем, ки ин иддаои шаҳрванд Самадова С. низ туҳмат буда, умуман асоси воқеӣ надорад. Зеро акси ҳолро тамоми наворҳои видеоӣ метавонанд исбот кунанд, ки аз рафтору гуфтори Самадова С. бармеояд. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар авлавият қарор дода, ҳеҷ гоҳ муносибати дағалонаи кормандони худ нисбат ба шаҳрвандонро таҳаммул намекунад. Ин яке аз талаботҳои муҳими роҳбарияти БМТ ва дилхоҳ вазорату идора нисбати кормандони худ мебошад. Аз ин сабаб, даъвое, ки шаҳрванд Самадова С. пеш меорад, бо ҳеҷ як далелу арқом собит нашудааст ва наметавонад воқеият бошад. Баръакс, Самадова С. чандин маротиба даъватҳои кормандони БМТ-ро оид ба риояи тартиботи ҷорӣ ва қоидаҳои беҳдошт сарфи назар карда, бо садои баланд ба кормандони БМТ таҳдид карда, носазо гуфтааст. Ҳол он ки аризаи хаттии Самадова С. нисбати фаъолияти мудири махсус, ки муроҷиаташ низ дар ҳамин мавзӯъ буд, дар баррасии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошт.

Ҳамзамон, бо анҷоми қабули шаҳрвандони то Самадова С. номнависшуда, муовини Раиси БМТ Толибзода Ф. барои қабул ӯро даъват кард, аммо аллакай Самадова С. рафта буд. Гузашта аз ин, Самадова С. дар назди даромадгоҳи Бонк таҳдид кард, ки мардумро ҷамъ мекунад, ҳамоиш мекунад ва навори видеоӣ пахш мекунад.

Таъкид менамоем, ки ангезаи аслии ин ҳама туҳмату таҳқири роҳбарият ва кормандони БМТ аз ҷониби шаҳрванд Солеҳамо Самадова бинобар бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (аз 24.02.с.2017, №10) ва саривақт пурра пардохт нашудани маблағи пасандоз бо фоизҳояш аз ҷониби бонки мазкур маншаъ мегирад. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳам ҳассосияти ин масъаларо дарк карда, таъкид менамояд, ки тамоми талоши худро баҳри пурра баргардонидани амонату пасандозҳои шаҳрвандони кишвар равона кардааст. Аз ҷумла, баъд аз бозхонди иҷозатномаи “Тоҷпромбонк” аз ҷониби Раёсати БМТ (аз 24.02.с.2017, №10) дар давраи фаъолияти мудири махсус то 28 майи соли 2021 қисми зиёди пасандози Самадова С. тариқи нақдӣ, ғайринақдӣ ва аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт карда шудааст, аммо аз сабаби он ки маблағҳои ӯ хеле гаронанд ва барои пурра баргардонидани он вақт лозим аст. Давоми фаъолияти мудири махсус ба Самадова С. якчанд маротиба амволи ба тавозуни Бонк гирифташуда, асосан хонаҳои истиқоматӣ пешниҳод карда шуд, вале номбурда ба ивази пасандози гузоштааш гирифтани амволро рад кард.

Дар охир ба таваҷҷуҳи шаҳрванд Самадова С. расонида мешавад, ки иғвоангезӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, барои он муҷозот пешбинӣ шудааст. Таҳдид ва таҳқиру туҳмат бошад, ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ аст, ки барои содир кардани он ҷазо пешбинӣ мегардад.

Аз ин сабаб, аз Самадова С. ва дигар муштариёне, ки барои бозпас гирифтани амонату пасандозҳои хеш талош карда истодаанд, хоҳиш карда мешавад, ки аз туҳмату таҳқир худдорӣ намоянд. Танҳо ҳамкории судманд ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад омили пешрафт ва ҳалли мушкили бамиёномада бошад.


Шуъбаи матбуот

09.06.2021
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба маводи “Нехватка денег в банкоматах: возросла потребность или ухудшилось обеспечение?”, ки 1 июни соли 2021 дар сомонаи https://nuqta.tj нашр гардид, чунин посух медиҳад.

(https://nuqta.tj/nehvatka-deneg-v-bankomatah-vozrosla-potrebnost-ili-uhudshilos-obespechenie/ )

Муаллифи мақолаи “Нехватка денег в банкоматах: возросла потребность или ухудшилось обеспечение?” Мазҳаб Ҷумъа ҳангоми таҳияи маводи хеш баъзе аз нуктаи назарҳоро таҳриф намуда, кӯшиш кардааст, ки масъалаи таъминоти банкоматҳо ва тариқи он, аҳолии кишвар бо пули нақдро барҷаста нишон диҳад.

Аз ҷумла, муаллиф дар мақолаи худ навиштаст: “В пресс-службе Национального банка Таджикистана отказались от комментариев по данному вопросу, сославшись на занятость специалистов.”

Воқеан, муаллифи мақола ба Бонки миллии Тоҷикистон барои шарҳи масъалаи таъминоти банкоматҳо бо пули нақд тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуда буд. Махсусан таъкид бояд кард, ки ҳеҷ яке аз мутахассисони БМТ аз шарҳи саволҳои пешниҳодгардида худдорӣ накардааст. Баръакс Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон пас аз ворид шудани дархости шифоҳии рӯзноманигор, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ҳамаи саволҳои худро ирсол намояд, то посухҳои мушаххас таҳия намуда, тариқи хаттӣ ҷавоби мукаммал фиристад.

Ҳамин тавр, Шуъбаи матбуот дар якҷоягӣ бо мутахассисони БМТ ба ҳамаи саволҳои пешниҳоднамудаи рӯзноманигор посухи дақиқ ва комил таҳия намуд, аммо Мазҳаб Ҷумъа посухи саволҳои пешниҳоднамудаашро мунтазир нашуда, мақолаи худро нашр кардааст, ки мухолиф ба одоби касбии рӯзноманигорӣ аст. Яъне, агар Мазҳаб Ҷумъа мехост масъалаи таъмини банкоматҳо бо пули нақдро ҳамаҷониба ва воқеъбинона таҳлил намояд, бояд ҳатман посухи расмии БМТ ба саволҳои худро дастрас ва ҳангоми таҳияи маводи хеш истифода мекард. Дар ҳоле, ки масъалаи мавриди таҳлил фавриятро талаб намекунад, баръакс риояи касбиятро мехоҳад. Мутаассифона, Мазҳаб Ҷумъа хусусиятҳои хоси таҳияи посух ба саволҳои вобаста ба таҳлили масъалаҳои низоми бонкӣ ва муқоисаву баррасии факту рақамҳоро, ки вақт мехоҳанд, сарфи назар кардааст.

Дар идомаи мақолаи хеш муаллиф менависад: “В продолжении пресс-служба прокомментировала вопрос обеспечения банкоматов наличными, заявив, что после того, как в банкомате заканчиваются деньги, требуется время на доставку и заправку оборудования, в этом промежутке возникает пауза в обслуживании населения, и на запрос дополнительных наличных средств требуется выполнение необходимых процедур”.

– Таким образом, главная причина, по которой возникают очереди заключается в том, что происходит одновременный наплыв пользователей к банкоматам, однако эта ситуация держится короткое время и его можно считать технической проблемой, – заявил представитель Нацбанка.»

Ин нуктаи назаре, ки Мазҳаб Ҷумъа истифода кардааст, 21 декабри соли 2020 дар сомонаи БМТ нашр гардида, вокуниш ба матлаби рӯзноманигори дигар аст. Яъне ин нуктаи назар шаш моҳ қабл дар посух ба мақолаи дигар гуфта шудааст. Аммо мутаассифона, Мазҳаб Ҷумъа онро дар мақолаи худ истифода карда, сарчашмаи иқтибосро нишон надодааст, ки беэҳтиромӣ нисбат ба хонандаи худ аст. Дар ин маврид, Мазҳаб Ҷумъа талаботҳои аслии журналистика – саҳҳеҳияти ахбор ва зикри ҳатмаи сарчашмаи ахборро риоя накардааст.

Ҳамин тавр, мақолаи мазкурро хабаргузории “Азия-Плюс” бо тағйир додани сарлавҳои он нашр кардааст: “В ожидании денег. Почему средств в банкоматах «Амонатбанка» всегда не хватает” 19:37, 1.06.2021 Автор: Мазхаб Джума для Nuqta.tj

https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20210601/v-ozhidanii-deneg-pochemu-sredstv-v-bankomatah-amonatbanka-vsegda-ne-hvataet

Ҳарчанд дар хабаргузории “Азия-Плюс” сарлавҳаи мақола иваз карда шудааст, аммо матни он бетағйир нашр гардидааст ва иштибоҳоти дар боло зикрёфта низ такрор шудааст.

Агар рӯзноманигор Мазҳаб Ҷумъа посухи расмии БМТ-ро дастрас менамуд, дар он ба таври муфассал ва дақиқ масъалаи таъмини банкоматҳо бо пули нақд шарҳ дода шуда аст.

Воқеан, бояд тазаккур дод, ки дар асл масъалаи таъминоти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар бо пули нақд рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст ва баъзе аз мушкилиҳое, ки вуҷуд дорад, аз ҷумла дар охири моҳ то андозае камчин шудани пули нақд дар банкоматҳо муваққатӣ буда, барои пурра бартараф намудани он Бонки миллии Тоҷикистон корбарӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин, дар посухи таҳиянамудаи БМТ таъминоти ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақд низ махсусан таъкид ёфта, ба таври саҳеҳ шарҳ ёфтааст. Гуфта шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмин намудани ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақд ягон мушкилӣ надорад. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 106,0 млн. сомонӣ дархост барои гирифтани пули нақд ворид гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи 3 004,0 млн. сомонӣ ё наздики 97% талаботи онҳо қонеъ карда шудааст.

Аз рӯзноманигор Мазҳаб Ҷумъа хоҳиш карда мешавад, ки иштибоҳоти дар мақолаи хеш роҳдодаро ислоҳ намуда, дар оянда барои таҳлили мунфисона ва касбии дилхоҳ мавзӯъ назари расмии мутахассиси соҳаро дастрас намояд, то маводе, ки таҳия кардан мехоҳад, ба таври касбӣ омода гардад.

Бояд қайд кард, ки посух ба саволҳои рӯзноманигор Мазҳаб Ҷумъа дар масъалаи таъмини пули нақд ва банкоматҳо дар сомонаи БМТ ҷойгир карда шуд.


Шуъбаи матбуот

02.06.2021
Бонки миллии Тоҷикистон ба саволҳои хабарнигори сомонаи иттилоотии nuqta.tj Мазҳаб Ҷумъа дар мавзӯи дастрасии пули нақд дар банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла БДА ҶТ “Амонатбонк” чунин посух медиҳад:


Оё дар Бонки миллии Тоҷикистон шуъба ё гурӯҳе (воҳиди сохтории махсус) амал мекунад, ки таъминоти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақдро назорат намояд?

Пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти барориш ва хизматрасониҳои кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мустақилона ба роҳ монда мешавад. Дар ин самт, мутобиқи талаботи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, яъне барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ, насби банкоматҳо дар кӯчаю хиёбонҳо, насби терминалҳои электронӣ ва ё QR – рамзҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, пешниҳоди хизматрасонӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ ва ғайра уҳдадор мебошанд, ки хизматрасониҳои худро дар сатҳу сифати ҷолиб ба муштариён пешниҳод намуда, бевосита назорати босамари хизматрасониҳо, аз ҷумла фаъолияти мунтазами банкоматҳоро таъмин намоянд.

Айни замон, дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгар воҳиди сохтории махсус оид ба назорати таъминоти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақд мавҷуд нест, аммо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт мунтазам аз рӯи фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ назорат мебаранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба таъмин будани пули нақд дар банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳисобот ҷамъоварӣ шуда, ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.

Илова бар ин, бо ташаббуси роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар замимаҳои иҷтимоии “Вайбер” ва “Телеграмм” аз ҳисоби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи дахлдор оид ба назорати фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи мазкур ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назоратӣ гузаронида шуда, ҳангоми пайдо гардидани ҳолатҳои фаъолият накардани банкоматҳо ё таъмин набудани онҳо бо пули нақд, ҳолатҳои зерин аксбардорӣ карда шуда, ба гурӯҳи болозикр дар замимаҳои иҷтимоии “Вайбер” ё “Телеграмм” ирсол мегарданд. Сипас, ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби мутахассисони масъули Идораи низоми пардохт таҳлил карда шуда, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявии дахлдор бартараф карда мешаванд.  

Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки дар доираи сиёсати пулию қарзии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ оид ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳарчӣ бештар ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар андешида шуда истодаанд. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ ба аҳолӣ имкониятҳои соддаву осони пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳоро таъмин намоянд, зеро истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми пардохтҳои ғайринақдӣ эҳтиёҷи аҳолиро барои дастрас намудани пули нақд коҳиш дода, ба ин васила сарбории фаъолияти банкоматҳоро низ кам менамояд. Бо ин мақсад аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ муттасил чораҳои ҳавасмандгардонии муштариён барои истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ ва анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла пешниҳоди “Cash back”, яъне баргардонидани маблағи муайян ба муштарӣ дар мавриди пардохти ғайринақдӣ, аксияҳои бурднок, бонусҳо, пешниҳоди фоиз ба бақияи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ ва дигар чораҳои ҳавасмандгардонӣ татбиқ гардида истодаанд.


Аз ҷониби ин сохтор, давоми як соли охир, дар банкоматҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳолатҳои камчинии пули нақд ошкор гардидааст? ва саволи 4: Оё сокинони кишвар бо масъалаи камчинии пули нақд дар банкоматҳо ба ин сохтор муроҷиат менамоянд?

Дар Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди сохтории алоҳида -Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ фаъолият мекунад, ки тариқи телефони боварии (44)-600-15-20 ва почтаи электронии allomushtari@nbt.tj муроҷиати шаҳрвандонро қабул менамояд. Бояд қайд кард, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилиҳо ё ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, аз он ҷумла ҳангоми дарёфт накардани пули нақд аз банкоматҳо муштариён метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон тариқи нишонаҳои болозикр муроҷиат намоянд.

Дар давоми соли 2021 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон 95 адад муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷой доштани мушкилиҳо ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва набудани пули нақд дар банкоматҳо ворид гардидаанд, ки 33 адади онҳо ба БДА ҶТ “Амонатбонк” рост меоянд. Нисбати муроҷиати шаҳрвандон тибқи тартиби муқарраргардида чораҳои дахлдор андешида шудаанд.

Айни замон БДА ҶТ “Амонатбонк” шабакаи терминалии васеъро доро мебошад, ки аз 264 адад банкомат ва 753 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд иборат мебошад. Инчунин, бонки мазкур дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ 588 адад терминалҳои электрониро насб намудааст. Шумораи кортҳои пардохтии аз ҷониби БДА ҶТ “Амонатбонк” ба муомилот баровардашуда 1 586 712 ададро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки норасоии пули нақд дар банкоматҳо асосан дар рӯзҳои пардохти маош ва нафақа мушоҳида карда мешавад. Дар ин рӯзҳо талаботи аҳолӣ ба пули нақд меафзояд. Вале новобаста аз ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳои сарборӣ саривақт банкоматҳоро бо пули нақд таъмин намоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳолатҳои ғайрифаъол будани банкоматҳо на танҳо аз ҳисоби набудани пули нақд, инчунин бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла хомӯш кардани қувваи барқ ва қатъ шудани дастрасӣ ба шабакаи Интернет, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст низ ба назар мерасад.

Барои дастрас намудани маълумоти муфассал оид ба фаъолияти банкоматҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” тавсия дода мешавад, ки бевосита ба худи бонк муроҷиат намоед.


Дар сурати муроҷиати сокинон ва ошкор гардидани камчинии пули нақд дар банкоматҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ташкилоти қарзии молиявӣ, ки банкоматҳояш пули нақд надоранд, чӣ чораҳо андешида мешавад?

Бонки миллии Тоҷикистон пайваста ташкилотҳои қарзии молиявиро водор месозад, ки фаъолияти мунтазами банкоматҳо ва терминалҳои электрониро таъмин намоянд, хусусан пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ ва ид ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барқиянома ирсол намуда, талаб карда мешавад, ки банкоматҳо ва хазинаҳои марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ бо пули нақд таъмин карда шаванд. Ҳангоми иҷро нагардидани талаботи мазкур нисбати ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ татбиқ мегарданд.


Бонки миллии Тоҷикистон то кадом андоза дархости ташкилоти қарзии молиявиро бо пули нақд қонеъ менамояд?

Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмин намудани ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақд ягон мушкилӣ надорад. Дар моҳҳои январ феврал соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 106,0 млн. сомонӣ дархост барои гирифтани пули нақд ворид гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи 3 004,0 млн. сомонӣ ё наздики 97% талаботи онҳо қонеъ карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ зиёда аз 1 664,0 млн. сомонӣ ё 55,4% пулҳои дархостшударо барои пур кардани банкоматҳо истифода намудаанд.

Дар баробари ин қайд менамоем, ки дар ин давра аз ҷониби БДА ҶТ “Амонатбонк” ба маблағи 1 885,0 млн. сомонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост ворид гардида, талаботи онҳо ба маблағи 1 837,0 млн. сомонӣ (97,5%) таъмин карда шудааст. Маблағҳои дархостшудаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои пардохти нафақа ва маош тавассути банкоматҳо 880,5 млн. сомонӣ ва тавассути терминалҳои электронӣ 911,5 млн. сомонӣ равона карда шудаанд.

Ҳамчунин, барои бо пули нақд таъмин намудани хазинаву банкоматҳои худ, ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст аз имкониятҳои ҷамъоварӣ намудани пулҳои нақд аз аҳолӣ бо роҳи ҷалби пасандозу амонатҳо, қабули пардохтҳо, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ самаранок истифода намоянд.


Шуъбаи матбуот     

01.06.2021
Посух ба муроҷиати шаҳрванд Нуров М., ҳафтаномаи “СССР” аз 27 майи соли 2021, №21 (662), таҳти унвони “Пули мо чӣ мешавад?”


Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати шаҳрванд Нуров М. тавассути ҳафтаномаи “СССР” аз 27 майи соли 2021,№21 (662) таҳти унвони “Пули мо чӣ мешавад?”,  чунин иттилоъ медиҳад:


М.Нуров дар матлаби мазкур аз тақдири ояндаи як миқдор      (83 ҳазору 887 рубли русӣ ва 2 750 сомонӣ) пасандозаш, ки дар филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Айнӣ маҳфузанд, изҳори нигаронӣ намуда, мепурсад, ки дар сурати аз фаъолият бозмондани бонки мазкур ба куҷо муроҷиат намояд ва кӣ ба суоли ӯ посух мегӯяд?


Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрванд Нуров М. ва дигар муштариён мерасонад, ки баъд аз таъини мудири махсус ва пешниҳоди Феҳристи пасандоздорони шахсони воқеӣ аз ҷониби ӯ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то  21 000 сомонӣ аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пурра ҷуброн карда мешавад. Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон тавассути бонк-агент 14 рӯз пас аз санаи қабули қарори суд оид ба барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешавад.


Аз он ҷумла, шаҳрванд Нуров М. низ, метавонад маблағҳои пасандози худро, ки дар филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Айнӣ гузоштааст, тибқи муқаррароти қайдгардида пурра аз Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дастрас намояд.


Ҳамзамон ба иттилои пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” расонида мешавад, ки маълумоти иловагиро оид ба пардохти ҷубронпулӣ аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, метавонанд тавассути телефонҳои 44 6003245, 44 6003545, ё ин ки аз сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоянд.


Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи мизоҷон мерасонад, ки барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудирон дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, бо суроғаи https://nbt.tj/tj/banking_system/tashkilothoi_karzii_dar_holati_barhamdi_karordoshta.php ҷойгир карда шудааст. Аз ин рӯ, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шуда, ба суолу дархости худ посухҳои мушаххас гиранд.


         Шуъбаи матбуот

01.06.2021
Вокуниш ба маводи “Радиои Озодӣ”: “Раҳбарони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд”

Вокуниш ба маводи “Радиои Озодӣ”: “Раҳбарони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд” (https://www.ozodi.org/a/31277028.html, Абдулло Ашӯров), ки 27 майи соли 2021 интишор ёфта, дар бахши русии сомона таҳти унвони “Председатели "Агроинвестбанка" и "Точиксодиротбанка" освобождены от занимаемых должностей” (https://rus.ozodi.org/a/31277305.html) 28 майи соли 2021 нашр гардид.


Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои роҳбарияти бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” ва муаллифи матлаби “Раҳбарони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд” Абдулло Ашӯров, ки масъули бевоситаи таъмини саҳеҳияти ахбори интишорёфта мебошанд, мерасонад, ки дар матлаби зикрёфта ба чандин иштибоҳ роҳ дода шуда, маълумоти носаҳеҳ манзури ҷомеа гардидааст.


Муаллиф дар сархати аввал ва дуюми матлаби хеш мафҳуми “мудирони махсус” ва “мудири барҳамдиҳанда”-ро истифода намудааст, ки куллан бемаврид ва иштибоҳ аст. Мафҳуми “мудири махсус” воқеан дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ истифода мешавад, аммо онро танҳо суд таъйин менамояд, на Бонки миллии Тоҷикистон. Ҳоло дар ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби мақомоти судӣ “мудири махсус”, ки хабарнигори “Радиои Озодӣ” дар матлаби хеш менависад, таъин нагардидааст. Танҳо Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус, дар ин ду ташкилоти қарзии молиявӣ мудир таъин намудааст. Яъне “мудир”-е, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон танҳо ба хотири таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои бонк то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус таъин карда шудааст, аз “мудири махсус”, ки онро суд таъин мекунад, ба куллӣ фарқ дорад.


Дар ду сархати аввал муаллиф Абдулло Ашӯров мафҳуми “мудирони барҳамдиҳанда”-ро истифода бурдааст, ки он низ иштибоҳ аст. “Мудирони барҳамдиҳанда”, ки муаллиф навиштааст, ҳамон мудири махсус аст, ки бо қарори суд таъин гардида, дорои Шаҳодатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти мудири махсус мебошад. Инро бояд дарк кард ва дуруст истифода бурд, зеро истифодаи нодурусти мафҳумҳо метавонад боис ба бардошти нодурусти ҷомеа гардад.


Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” мудири махсус бо қарори суд таъин мегардад ва ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) ба ӯ вогузор мешавад. Мудири махсус ягона намояндаи қонунии бонк ва ё ташкилоти қарзии молиявӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи салоҳияти ихтисосии худ барои ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд.


Нуктаи дигаре, ки таъкиди он муҳим аст, нодуруст таъкид гардидани номи мудири феълии ҶСК “Агроинвестбонк” ва вазифаи ӯ мебошад. Дар матлаби хабарнигорои “Радиои Озодӣ” омадааст: “Ҳамакнун бо қарори додгоҳ Фирӯз Ҷалолов раванди барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва Ҷамшед Абдураҳимов раванди барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк”-ро роҳбарӣ хоҳанд кард”.


Аввалан, ду нафаре, ки муаллиф ном бурдааст раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро роҳбарӣ нахоҳанд кард, балки онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус барои таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои бонкҳои мазкур масъул мебошанд. Раванди барҳамдиҳиро мудирони махсус, ки суд таъин менамояд (алҳол дар бораи қарори суд ва таъини мудири махсус ягон иттилое нашр нашудааст), роҳбарӣ мекунанд.


Баъдан, дар матлаби Абдулло Ашӯров ҳамчун мудири ҶСК “Агроинвестбонк” Фирӯз Ҷалолов муаррифӣ шудааст, ки он низ иштибоҳ буда, дар асл мудири ҶСК “Агроинвестбонк” Даврон Тухтаров таъин карда шудааст.


Дар баробари ин бояд таъкид дошт, ки аксари воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ бо истифода аз ин маводи нашркардаи “Радиои Озодӣ” иттилои мазкурро бознашр карда, боз ҳамин хатоҳоро такрор кардаанд, ки боиси ба амал омадани афкори нодурусти ҷомеа мегардад.


Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон аз роҳбарияти “Радиои Озодӣ” хоҳиш менамояд, ки хатоҳои таъкидшударо фавран бартараф намуда, минбаъд такрори чунин иштибоҳҳоро пешгирӣ намоянд. Яъне принсипи фаврияте, ки дар “Радиои Озодӣ” амал мекунад, набояд муқаррароти саҳеҳият, дақиқият, воқеият ва касбиятро, ки талаботи аввалиндараҷаи журналистикаи байналмилалӣ аст, поймол намояд.


Шуъбаи матбуот

01.06.2021
Вокуниш ба мақолаи “Радиои Озодӣ”

Вокуниш ба мақолаи “Радиои Озодӣ”: “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд?” (https://www.ozodi.org/a/31271432.html), аз 25.05.с.2021


Бонки миллии Тоҷикистон маводи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд?”-ро, ки 25 майи соли 2021 дар “Радиои Озодӣ” https://www.ozodi.org/a/31271432.html ба забони тоҷикӣ ва "Точиксодиротбанк" и "Агроинвестбанк" ликвидированы. Кто вернет деньги вкладчикам?” https://rus.ozodi.org/a/31272165.html ба забони русӣ нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:


Бархе аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми навиштани мавод дар мавзӯи бозхонди иҷозатномаҳои ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки 21 майи соли 2021 дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон расман эълон гардид ва шарҳи пурра аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон манзур карда шуд, ба таҳрифу хатокорӣ роҳ доданд. Аз ҷумла, хабарнигорони “Радиои Озодӣ” Барот Юсуфӣ ва Алишер Зарифӣ дар маводи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд?” чунин менависанд: “Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми май иҷозатномаи фаъолияти ин ду бонки дар гузашта низомсозро бозхонд кард, аммо ҳанӯз роҳҳои бозпас додани амонати мардумро нагуфт”.


Дар робита ба ин, бори дигар ба маълумоти хабарнигорони “Радиои Озодӣ” расонида мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 майи соли 2021 оид ба бозхонди иҷозатномаҳои ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар сомонаи БМТ бонк бо се забон иттилои расмӣ нашр намуд, ки дар он тартиби пардохт шудани пасандозҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври возеҳ шарҳ дода шудааст. Ҳамзамон бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба ин иттилоъ тавассути “Телевизиони Тоҷикистон” ва Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” эълон дода шуд. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба раванди аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт шудани пасандозҳои пасандоздорони бонкҳои мазкур санаи 25 майи соли 2021 эълони Хазинаро бо суроға ва рақамҳои телефон барои тамос дар сомонаи БМТ, шабакаҳои телевизионӣ ва радио, матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн намуд. Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон санаи 26 майи соли 2021 барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудиронро дар сомонаи худ, бо суроғаи https://nbt.tj/tj/banking_system /tashkilothoi_karzii_dar_holati_barhamdi_karordoshta.php ҷойгир намудааст, ки дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд.


Дар матолиби “Радио Озодӣ” чунин гуфта мешавад: “Рӯзи 24-май дар Бонки миллии Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, ки дар бораи сабабҳои бастани “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” шарҳ диҳад”.


Рӯзи 24 майи соли 2021 шахсан сардори Шуъбаи матбуот ба даромадгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон (бинои Душанбе-Плаза), ки хабарнигори “Радиои Озодӣ” Барот Юсуфӣ он ҷо омада буд, ҳозир шуд. Баъди суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои наворгирӣ ва мусоҳибаи видеоии “Радио Озодӣ” ҷиҳати пешниҳоди шарҳи расмӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад ва дертар пешниҳоди расмӣ манзур карда хоҳад шуд. Ин масъала бо роҳбарият мувофиқа карда шуд, аммо хабарнигорони “Радио Озодӣ” маводи худро бо чунин шарҳи нодуруст, ки “касе ба наздашон ҳозир нашуд...” ба нашр расониданд ва дигар муроҷиат ҳам накарданд.


Мутаассифона, маводи мазкур новобаста аз иштибоҳот дар ҳафтаномаи “СССР” аз 27 майи соли 2021,№21 (662) ва ҳафтаномаи “Фараж” аз 26 майи соли 2021, №22 (756) ва дар чанд саҳифаҳои интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ айнан бо чунин таҳриф бознашр гардидааст.


Дар охир ба муроҷиат ба намояндагони ВАО дохилӣ ва хориҷи кишвар гуфтанием, ки ҳангоми навиштани дилхоҳ мавзӯъ, бахусус мавзӯъҳои ҳассос, ки бо ҳаёти ҷомеа рабт дорад ва инъикоси нодурусти масъала боиси ташаккул додани афкори нодурусти ҷомеа мегардад, бисёр бодиққат бошанд ва нисбати ҳар як мавзӯъ назари воқеъбинона дошта, дар асоси принсипҳои журналистӣ рафтор намоянд. Дар сурати пайдо шудани суол ба мутахассисон муроҷиат намоянд ва ҳар матлабе дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нашр мешавад, бе таҳриф ба нашр расонанд. Аз рӯи этикаи журналистӣ амал накардани журналист аз сатҳи касбият дарак медиҳад ва ҳар маводи таҳрифшуда метавонад обрӯи ҳам расонаро барои эътимоду боварӣ коҳиш диҳад ва ҳам ба нуфузу эътибори мақоми масъул таъсиргузор бошад.


Шуъбаи матбуот

02.04.2021
Посух ба саволҳои ҳафтаномаи “Фараж” дар доираи вокуниш ба маводи хабаргузории “Азия-Плюс” аз 26 феврали соли 2021 “БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кӯмак мекунад”

Бонки миллии Тоҷикистон:

- Нигоҳ доштани сирри бонкиро кафолат медиҳем!

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ширкатҳои мухобиротии хориҷиро, ки дар Тоҷикистон ба сокинон хидмати пулакӣ мерасонанд, уҳдадор кард, худро сабти ном кунанд ва андоз аз арзиши иловашуда пардохт намоянд. Меъёри қонуни мазкур (ба истилоҳ «андоз аз Google») 17-уми декабри 2020 қабул шуда, моҳи январи соли 2021 ба иҷро даромад. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ, ки мустақиман ё тавассути агентҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, бояд дар мақомоти андоз худро ба қайд гиранд.

Ҳанӯз аз рӯзи аввали қабули қонуни мазкур вокунишҳои гуногун дар васоити ахбори омма ба вуҷуд омаданд. Бархе онро дастгирӣ намуданд ва бархе маҳкум карданд. Вокунишҳо бахусус замоне афзоиш ёфтанд, ки маводе бо унвони «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” дар Азия-Плюс аз 26 феврали соли 2021 рӯи чоп омад ва Бонки миллӣ фавран ба он вокуниш нишон дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъди расонаӣ шудани маводи «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” ва нодуруст баён доштани мақсаду масъалагузорӣ фикру ақидаҳои зиёд ба миён омад.

Ҳафтаномаи Фараж тасмим гирифт, роҷеъ ба ин масъала ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намуда, мушаххас намояд, ки оё воқеан чунин супорише барои ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, вуҷуд дошт ё на? Агар воқеан чунин супориш шуда бошад, оё Бонки миллӣ ҳуқуқи фош кардани сирри мизоҷони бонкҳоро дорад? Агар ҳа, пас нигоҳдории ҳифзи он чӣ мешавад? Зеро дар сурати фош кардани асрори мизоҷон ин амал метавонад иммиджи низоми бонкиро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ коҳиш диҳад.

Дар Бонки миллӣ ба суолҳои мо посух гуфтанд ва нашрия тасмим гирифт, ки натиҷаи онро пешкаши хонандагон гардонад. Чӣ тавре мегӯянд, сухан аз забони луқмон хуш аст.
 

Суол:

Дар маводи “Азия-Плюс” қайд шудааст, “Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ба Кумитаи андоз маълумоти заруриро оид ба интиқоли маблағҳо ба суроғаи шахсони хориҷӣ, ки аз хизматрасониҳои электронии ҷумҳурӣ даромад мегиранд, пешниҳод намояд. Дар ин бора дар қарори ҳукумат, ки 6 феврали соли равон қабул шудааст, гуфта мешавад”. Оё воқеан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки миллии Тоҷикистон чунин дастур дода шудааст?

Посух:

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 вазифаҳо барои соли 2021” аз 6 феврали соли 2021, №14 ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардида, БМТ аз он пурра огоҳ мебошад ва ҷиҳати иҷрои он дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал менамояд. Дар Қарори зикргардида нисбати Бонки миллии Тоҷикистон чунин омадааст: “14. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки: ... -якҷо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ, аз ҷумла оид ба гузаронидани маблағҳо ба суроғаи шахсони хориҷӣ, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, чораҷӯӣ намояд”, аммо хабарнигори “Азия-Плюс” дар маводи худ ба ҷои ибораи “тавсия дода шавад” ибораҳои “супориш дода шуд (поручено)” ва “уҳдадор кардаанд (обязали)”-ро истифода бурда, дар шарҳу маънидоди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳриф роҳ додааст.

Муаллифи мақолаи АИ “Азия-Плюс” нуктаи асосӣ, яъне худи банди 14 Қарорро, ки дар он гуфта мешавад: “Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад:” нодида гирифта, барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа мақолаи худро аз маълумоти дар сархати 9, банди 14-и Қарор (бо маънидоди худ) шурӯъ намудааст.

Бояд зикр кард, ки дар мавҷудияти Қарори Ҳукумат шубҳае нест ва буда ҳам наметавонад, зеро нусхаи Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пештар аз нашри мақола дастрас шуда буд. Гузашта аз ин, зери шубҳа бурдани Қарори Ҳукумат низ ба манфиати мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон нест, вале аз ҷониби хабаргузории “Азия-Плюс” паҳн намудани иттилоъ оид ба гӯё аз Қарори Ҳукумат хабар надоштани сохторҳои муайяни давлатӣ метавонад танҳо ба хотири манфиатҷӯӣ ҷиҳати зиёд кардани шумораи хонандагон бошад.

Бинобар ин, рӯзноманигоронро мебояд, ки қабл аз нашри ин ё он маводи ихтисосӣ мавзӯъро пурра омӯхта, нозукиҳои онро дарк намоянд ва ҳамзамон назари мутахассисро дар мақолаи хеш истифода баранд, то матлаби навиштаи онҳо боиси гуногунфаҳмӣ, шарҳи нодуруст ва ташаккули афкори ғалат дар ҷомеа нагардад.

Суол:

Ҳамчунин, дар мавод зикр гардидааст: “Инчунин, ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати ташаккули низоми интиқоли пардохтҳои андоз, боҷ ва боҷи гумрукӣ ба буҷа дар шакли ғайринақдӣ чораҳо андешад.” Роҷеъ ба ин масъала Бонки миллии Тоҷикистон чӣ шарҳ дорад?

Посух:

- Вобаста ба ин масъала низ ҳамин нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки тибқи сархати 8-и банди 14 қарори дар боло қайдшуда, “ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати рушди низоми пардохт ва ташаккули низоми ба буҷет ворид намудани маблағи андозҳо, пардохтҳо, боҷҳо ва хироҷҳои гумрукӣ ба таври ғайринақдӣ чораҷӯӣ намояд;” Тавре маълум мешавад, бо навиштаи муаллиф “Нацбанку поручено” шарҳ нодуруст буда, дар асл дар қарор тавсия омадааст.

Ҳамзамон, тибқи Дастурамал “Дар бораи тартиби сабти рақамҳои мушаххаси андозсупоранда ва рамзҳои (кодҳои) гурӯҳбандии даромадҳои андозӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ дар супоришномаҳои пардохтӣ, ҳангоми гузаронидани маблағҳо ба буҷети давлатӣ тавассути Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 3 марти соли 2012, ки байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА ҶТ “Амонатбонк” мувофиқа шудааст, маблағи андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо рамзи мақомотҳои ваколатдори воридкунандаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии буҷети ҷумҳуриявӣ ва рамзи андозҳо гурӯҳбандӣ шуда, дар маҷмӯъ тавассути Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон (НАБИМ) дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) дар шакли ғайринақдӣ коркард ва бетаъхир ба буҷети давлатӣ интиқол дода мешаванд.

Боиси қайд аст, ки дар охири рӯзи кории моҳҳои ҳисоботӣ барои қабулу гузаронидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ НАБИМ то соати 23:50 фаъолият менамояд. Инчунин, дар рӯзҳои истироҳатии охири моҳҳои ҳисоботӣ баҳри иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ, рӯзи корӣ эълон карда шуда, ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ба онҳо баробар саривақт ба буҷет интиқол дода мешаванд.

Маълумоти зарурӣ оид ба воридоти андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи рамзҳои муқарраршуда тавассути барномаи табодули ягонаи электронии Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои дахлдор равона карда мешавад.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои муқаррароти қисми 16 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, бо мақсади ба танзим даровардани раванди қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ, ки тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон анҷом дода мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 2 майи соли 2019, таҳти №225 ”Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон” тасдиқ шуда, мавриди амал қарор дорад.

Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 қабул гардид.

Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати масъулини Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ШСҲК “Барқи Тоҷик”, муассисаи “Шабакаи гармидиҳандаи ш. Душанбе” ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мақомоти давлатӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур корҳои заруриро анҷом дода истода, айни замон пардохти як қатор хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тиббӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии ш. Душанбе ва ноҳияҳои он, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардиданд.

Ҳамаи ин тадбирҳо ва чораҳои андешидашуда барои зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт дар доираи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо, тавсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба ин васила ҳиссаи пули нақдро дар иқтисодиёт коҳиш дода, ба шаффофияти амалиётҳо мусоидат менамоянд, ки ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба иқтисодиёти кишвар манфиатовар мебошад.

Суол:

Дар расонаҳои ахбори омма таъкид мешавад, ки БМТ баъди ба кор андохтани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ акнун ҳамаи имкониятҳоро барои муайян кардани фиристанда ва гирандаи қариб ҳар як интиқоли анҷомдода дар ихтиёр дорад. Дар сурати доштани маълумот низ, оё БМТ ҳуқуқи фош кардани иттилоъ оид ба маблағи интиқолдодаи мизоҷони бонкҳоро дорад? Агар ҳа, дар кадом ҳолатҳо?

Посух:

- Пеш аз ҳама қайд кардан лозим аст, ки мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.

Аз ин рӯ, Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо бо мақсади таъмини шаффофияти амалиётҳо аз рӯи интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ маълумотҳои интиқолгиранда ва интиқолдиҳандаро дар ихтиёр дошта, дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳлил ва баррасӣ менамояд. Бори дигар таъкид менамоем - танҳо аз рӯи амалиётҳои интиқоли фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ.

Пӯшида нест, ки яке аз хусусиятҳои асосии фаъолияти бонкдорӣ дар мавриди амалиётҳои бонкӣ ин махфияти маълумот ва нигаҳдории сирри бонкӣ мебошад ва муқаррароти мазкур дар заминаи қонунгузорӣ муайян шудааст. Маълумотҳо вобаста ба амалиётҳои интиқоли фаромарзии маблағҳо сирри бонкӣ буда, Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доштани сирри бонкиро кафолат медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” дастури амал қарор дода, бо сохтору идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Пешниҳоди маълумот ба шахсони сеюм танҳо тибқи моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" гирад, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ танҳо ба шахсони зерин дода мешавад: 1) ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ё намояндаи онҳо; 2) ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ; 3) ба Бонки миллии Тоҷикистон; 4) ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба интиқол тааллуқ надорад) 5) ба судҳо дар асоси қарори суд; 6) ба иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси ҳуҷҷати иҷро; 7) ба бюрои таърихи қарз 8) ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ дар асоси қарори суд.

Инчунин, тибқи банди 5 “Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27.09.с.2019, таҳти №117 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.11.с.2019, таҳти №992 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ доштани иттилооти ба Маркази миллӣ воридшуда, саривақт ва дуруст гузаронидани интиқолҳои фаромарзӣ, инчунин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро байни Иштирокчиён таъмин менамояд.

Бори дигар таъкид менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша ба факту далелҳо такя карда, ҷонибдори принсипи волоияти қонун мебошад ва барои ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО ҷиҳати шарҳу тафсири воқеъбинона ва холисонаи мавзуъҳои ба низоми бонкӣ тааллуқдошта ҳамеша омода аст. Дар баробари ин, мулоҳизаю хулосабарориҳои ноогоҳона ё шарҳи барғалати санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби бархе аз намояндагони васоити ахбори умумро, ки метавонад ба соҳаи ҷудогонаи иқтисодиёт таъсири манфӣ расонида, ҳамзамон боварии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ба бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш диҳад, ғайри қобили қабул медонад.

Шуъбаи матбуот

19.03.2021
Национальный банк Таджикистана отвечает ИА «Азия-Плюс»

Нацбанк опровергает информацию журналиста «Азия-Плюс», не зная о поручении правительств

Автор: Пайрав Чоршанбиев,

Подробнее:https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20210305/natsbank-oprovergaet-informatsiyu-zhurnalista-aziya-plyus-ne-znaya-o-poruchenii-pravitelstva

Национальный банк Таджикистана подготовил опровержение на новостной материал «НБТ поможет выявить иностранцев, оказывающих электронные услуги в Таджикистане», который был опубликован на сайте Asia-Plus 26 февраля этого года. Разъясняем, что они пытаются опровергнуть.

Суть информации «Азия-Плюс» была в следующем:

Национальный банк Таджикистана обязали предоставить Налоговому комитету необходимую информацию о переводах денежных средств на адреса иностранных лиц, получающих доход за счет электронных услуг в республике. Об этом говорится в принятом 6 февраля этого года правительственном постановлении №14 «Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан в 2020 году и задачах на 2021 год».

На основании этого постановления и была опубликована новость. Данный документ, наряду с прочим, содержит поручения и рекомендации правительства РТ министерствам и ведомствам, а также другим государственным структурам и органам.

Касательно деятельности НБТ в постановлении, в частности, говорится следующее:

- совместно с Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан принять меры по предоставлению Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан необходимой информации, в том числе по переводу средств на адреса иностранных лиц, получающих доход за счет электронных услуг в Республике Таджикистан.

Реакция НБТ

По истечению 4 часов после публикации «Азия-Плюс» позвонили специалисты НБТ с претензиями, что информация о том, что «НБТ после запуска Национального процессингового центра по денежным переводам без открытия банковского счета располагает всеми возможностями для определения отправителя и получателя практически любого перевода» не соответствует действительности.

Комментарий НБТ: В первую очередь, необходимо отметить факт искажения и неверной интерпритации информации содержащейся в Правительственном Постановлении №14 от 06 февраля 2021 со стороны ИА “Азия-Плюс”. Автор статьи ИА “Азия-Плюс” пропустил главное, а именно не указал сам пункт 14 Постановления, в котором говорится: “Рекомендовать Национальному банку Таджикистана:” и для привлечения внимания общественности, тем самым подразумевая резонанс начал свою статью с информации (в своей интерпритации) приведенной в абзаце 9, пункта 14 Постановления. Верное трактование Постановления Правительства №14 от 06 февраля 2021 года выглядит следующим образом: “Рекомендовать Национальному банку Таджикистана совместно с Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан принять меры по предоставлению Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан необходимую информацию, в том числе по переводу средств на адреса иностранных лиц, получающих доход за счет электронных услуг в Республике Таджикистан”. Относительно того, что Национальный процессинговый центр по денежным переводам без открытия банковского счета располагает всеми возможностями для определения отправителя и получателя практически любого перевода, скажем так: Национальный процессинговый центр располагает информацией о денежных переводах, которые отправляются без открытия банковских счетов через три платежные системы, в частности ПС Юнистрим, ПС Контакт и ПС Вестерн Юнион. Однако другая - основная часть денежных переводов осуществляется через банковские счета клиентов, открытые в кредитных финансовых организациях. Стоит отметить, что предоставление услуг по переводу денежных средств по счетам осуществляется через кредитно-финансовые организации Республики Таджикистан. Кредитные финансовые организации располагают информацией об отправителе/получателе денежного перевода, но не имеют право разглашать данную информацию, за исключением случаев, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, так как информация относительно денежных переводов является банковской тайной, которая защищена законодательством и разглашение данной информации может подорвать имидж банковской системы, а также доверие пользователей финансовых услуг, в частности трудовых мигрантов.

Специалисты поставили под сомнение существование правительственного постановления, на которое мы ссылались.

Его, к слову, можно найти в Централизованном банке правовой информации «Адлия». Впрочем, полный текст постановления журналист «Азия-Плюс» выслал на электронную почту пресс-службы НБТ сразу после устного разговора.

Напомним тут, что постановление было подписано правительством 6 февраля 2021 года, а разговор со специалистом НБТ состоялся 26 числа.

Комментарий НБТ: Согласно приведенной информации, при написании статьи, автор руководствовался информацией размещенной в Централизованном банке правовой информации «Адлия», но напрашивается вопрос, если автор был знаком с полным текстом Постановления из уполномоченного источника зачем требовалось искажать информацию? Так же необходимо отметить, что сотрудники пресс-службы Национального банка Таджикистана просили ссылку на законодательный документ для выяснения надежности и легитимности источника, на который ссылается автор статьи ИА «Азия-Плюс». Речи о сомнении существовании Правительственного Постановления не было и не могло быть, так как копия Постановления была получена Национальным банком Таджикистана за долго до выхода статьи. Поскольку в Постановлении говорится “Рекомендовать Национальному банку Таджикистана совместно....”, но корреспондент “Азия-Плюс” в своем материале вместо “рекомендовать” использует слова “поручено” и “обязали” и этим искажает данный документ. К слову, для специалистов Национального банка Таджикистана нет выгода ставить под сомнение существование Правительственного Постановления, наоборот придание огласке общественности со стороны ИА «Азия-Плюс» о неосведомлённости определенных государственных структур об существовании Правительственного Постановления может принести выгоду для «Азия-Плюс» в виде увеличения количества читателей и т.д.

Относительно утверждения специалиста о том, что НБТ не имеет возможности определить отправителя и получателя любого перевода, мы предложили внести поправку в новость со ссылкой на него. Однако представитель регулятора отказался и попросил удалить из текста новости соответствующее предложение, а комментарии НБТ договорились получить после ознакомления с текстом постановления

Мы согласились убрать из текста указанное предложение, так как оно не имело принципиального значения, а всего лишь подчеркивало, что НБТ после запуска НПЦ может при необходимости идентифицировать любой денежный перевод.

Но обещанные комментарии от НБТ мы так и не получили, зато получили накануне целое опровержение, в котором Нацбанк, подменяя понятия, говорит не о сути нашей новости (переводы иностранных компаний), а защищает интересы своего Центра.

Между тем, данный Центр не имеет ничего общего с идентификацией денежных переводов юридических лиц (компании, организации), о которых говорится в постановлении правительства, так как он занимается отслеживанием денежных переводов физических лиц (частных лиц) без открытия банковского счета, в том числе, денег трудовых мигрантов.

Комментарий НБТ: Национальный банк солидарен с автором по этому абзацу, в прочем это то, что специалисты Национального банка Таджикистана хотели донести до сведения ИА «Азия-Плюс».

Наше утверждение об идентификационных возможностях НПЦ основано на письменном ответе НБТ, который мы опубликовали 18 октября 2019 года до запуска этого Центра:

Вопрос «Азия-Плюс»: Как этот центр на деле сможет помочь в предотвращении терроризма? Откуда вы можете знать, что деньги, переведённые от гражданина «А» в РФ гражданину «Б» в РТ – идут на террористическую деятельность?

Ответ НБТ: Центр имеет расширенные функциональные возможности в реальном времени сверять переводы сторон со списками лиц, связанных с финансированием терроризма.

При совершении переводов Центр проверяет отправителя и получателя по национальному, объединенному и международному спискам физических лиц и организации, которые участвуют в терроризме, финансировании терроризма или распространении оружия массового поражения.

То есть, с внедрением Центра данная система позволит централизованно и в онлайн режиме, проводить сверку лиц, осуществляющих переводы со Списками лиц, связанных с терроризмом».

Касательно возможностей НБТ по проверке и идентификации межбанковских переводов посредством банковских счетов и прочее, скажем, что для этого в структуре НБТ работает целое подразделение – Департамент финансового мониторинга.

Данное подразделение занимается противодействием отмыванию доходов, полученных преступным путём и финансированию терроризма, на основе всевозможных законов и нормативно-правовых актов: инструкций, приложений и правил, с которыми можно ознакомиться здесь.

Комментарий НБТ: Приведенная информация в статье -ИА Азия Плюс: “НПЦ может при необходимости идентифицировать любой денежный перевод” не соответствует действительности и может ввести в заблуждение общественность в частности трудовых мигрантов, которые являются основными пользователями финансовых услуг. НПЦ обрабатывает и сверяет данные отправителей и получателей с национальным, объединенным и международным списком физических лиц и организаций, которые связаны с легализацией (отмыванием) доходов, полученных преступным путём, финансированием терроризма или распространением оружия массового поражения исключительно по трансграничным денежным переводам без открытия банковского счета физических лиц, а не любого денежного перевода как пишет автор статьи.

Стоит добавить, что автор статьи использует слова “идентифицировать любой денежный перевод”, не совсем понимая саму суть процесса идентификации. Процесс идентификации приведен в Законе Республики Таджикистан “О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения”, который был принят в начале 2017 года. На заметку ИА Азия Плюс, Национальный банк Таджикистана в своем письменном ответе, на который ссылается автор статьи, не использовал слово “идентификация”, так как процесс идентификации выполняется непосредственно со стороны организаций, осуществляющих операции с денежными средствами или иным имуществом согласно законодательства Республики Таджикистан.

А правительство в курсе?

Думаем, понятно, что, если есть возможности проверить и идентифицировать переводы террористов, тем более можно определить денежные потоки иностранных компаний в/из республики, так как последние работают намного прозрачнее.

Допустим, мы поверили специалистам НБТ в том, что они не способны определить отправителя и адресата перевода. В таком случае получается, что правительство, давая такие рекомендации НБТ, не знает о возможностях и компетенциях банка?

Комментарий НБТ: Основными принципами банковских операций являются конфиденциальность данных и сохранение банковской тайны. Национальный банк Таджикистана, руководствуясь требованиями действующих законодательных документов Республики Таджикистан, в частности статьи 48 Закона Республики Таджикистан «О банковской деятельности», статьи 27 Закона Республики Таджикистан «О микрофинансовых организациях» и статьи 54 Закона Республики Таджикистан «Об исламской банковской деятельности», будет координировать с государственными структурами и ведомствами Республики Таджикистан. Национальный банк Таджикистана всегда оперирует фактами и придерживается принципа верховенства Закона. Некомпетентные заключения или неверная интерпретация законодательных актов со стороны некоторых представителей средств массовой информации говорит об уровне непрофессионализма последних, что может негативно повлиять на отдельные отрасли экономикии в этой цепочке подорвать доверие потребителей финансовых услуг к банковскому сектору Республики Таджикистан.

02.03.2021
Вокуниш ба маводи нашркардаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021, «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад”

Дар мақолаи нашрнамудаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021 зери унвони «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” гуфта мешавад, ки “БМТ баъди ба кор андохтани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ акнун ҳамаи имкониятҳоро барои муайян кардани фиристанда ва гирандаи қариб ҳар як интиқоли анҷомдода дар ихтиёр дорад”.

Ин гуфтаҳо ба ҳақиқат рост намеоянд ва метавонанд аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро, ки истифодабарандагони асосии хизматрасониҳои молиявианд, ба иштибоҳ андозанд.

Бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоии интиқоли маблағҳо, ҳадафи асосии таъсиси Маркази миллии протссессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ (ММП) дар назди БМТ ин созмон додани як платформаи муназзами дар таҷрибаи ҷаҳонии бонкҳои марказӣ бесобиқа мебошад, ки баъзе навгониҳои институтсионалӣ ва барномавию техникиро (фановариро) дар бар гирифта, барои ҳисоббаробарии зуду бехатар ва муттасили интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ равона шудааст(https://nbt.tj/ru/news/491761/?sphrase_id=66155).

ММП ба сифати низоми мусоиду беназир барои рушди бозори интиқоли маблағҳо имкониятҳои навро дар ихтиёри мо қарор дода, ба боло рафтани сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, диверсификатсияи хизматрасониҳои молиявӣ ва инчунин аз байн бурдани монополияи яке аз низомҳои пардохт мусоидат менамояд ва бояд гуфт, ки он бахусус хароҷоти транзаксияҳои муҳоҷирони меҳнатиро коҳиш медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид месозад, ки ММП бо фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ (Google, Facebook ва ғайра) ҳеч алоқамандие надорад, аз ин рӯ чунин андеша, ки гӯё ММП ба маълумот дар бораи фаъолияти шахсони хориҷӣ- таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ дастрасӣ дорад, нодуруст ба ҳисоб меравад.

Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки навгониҳои ислоҳоти ММП хароҷоти маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатиро на зиёд, балки коҳиш дода, ба дастрасии мунтазами табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории суботи молиявии кишвар мусоидат хоҳанд кард. Бо дарназардошти ҳассос будани ин масъала ва аҳамияти иҷтимоии он ҷорӣ кардани ягон навъи андоз ба ин гуна амалиётҳо, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, нораво мебошад ва он зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бахусус бояд қайд намуд, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки берун аз қаламрави кишвар фароҳам меоянд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи мамлакат андозбандӣ намешаванд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маълумоти дар мақола интишоршуда нодуруст ва дур аз ҳақиқат аст. Шарҳу маънидоди нодурусти масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ ба фазои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонида, минбаъд ҷараёни вуруди ғайрирасмии маблағҳои интиқолшавандаро зиёд месозад, ки ин боиси боло рафтани саҳми иқтисодиёти ғайрирасмӣ гардида, ба муҳити сармоягузорӣ таъсири ногувор дорад ва шиддати иҷтимоиро ба миён меорад.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳар гуна таҳрифи маълумот ва шарҳи дурусти чунин интишорот, аз намояндагони ВАО бо қатъият хоҳиш менамоем, ки дар ин хусус қаблан бо танзимгар-Бонки миллӣ машварат намоянд.

Шуъбаи матбуот

30.12.2020
Посух ба маводҳои воситаҳои ахбори омма ва ё суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб татбиқ мегардад

Санаи 11 декабри соли 2020 дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди бозори суғурта ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба имтиёзу имкониятҳои суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва заминаи ҳуқуқии он маълумотномаи мушаххас таҳти унвони “Ташкили суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” интишор гардид.

Мутаассифона воситаҳои ахбори омма ин намуди суғуртаро ҳамчун иқдоми нави Бонки миллии Тоҷикистон арзёбӣ карданд, ки ин иттилоъ нодуруст аст.

Бояд қайд кард, ки суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳанӯз аз соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт” (аз 10.06.1996, №264)  ба танзим дароварда шуда, тӯли 24 сол аст, ки ин намуди суғуртаи ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Бо назардошти он ки қарори мазкур ба пуррагӣ талаботи муосири низоми суғуртаро ҳамаҷониба фаро гирифта наметавонист, қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт зарур буд.

Ин далел бар он собит мегардад, ки қаблан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар, ки 10 майи соли 2019 доир гардид, бори дигар ба рушди низоми суғурта таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдор барои таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми суғурта, назорати фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, фаъол гардонидани бозори суғурта, пешниҳоди хизматрасониҳои сифатан нав ва амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас вазифадор намуданд.

Аз ин рӯ, бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ба пуррагӣ фаро гирифтани талаботи муосири низоми суғурта дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” аз 7 августи соли 2020 қабул гардид, ки тибқи муқаррароти он фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ дар доираи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба танзим дароварда мешавад.

Мақсад аз қабули ин Қонун таъмини кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ва фоидагирандагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкили суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муайян намуда, барои аз байн бурдани инҳисор (монополия) ва таъмин намудани рақобати солим дар бозори суғуртавӣ, фароҳам овардани имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавӣ ва ба ин восита баланд бардоштани боварӣ ва эътимоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳаи суғурта, ҷойгир намудани маблағҳои озоди ташкилотҳои суғуртавӣ дар бозори молиявӣ бо роҳи сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ба танзим даровардани асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад мусоидат менамояд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 24 сол инҷониб татбиқ шуда истодааст ва ахбороти расонаҳои хабарии кишвар дар бобати он ки Бонки миллии Тоҷикистон ин намуди суғуртаро ба таври ҳатмӣ ҷорӣ кардааст, асоси воқеӣ надоранд.

Бояд хотиррасон кард, ки бо мақсади рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дар ин замина хулосаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати таҳлил намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғуртаи назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти тавсияҳои ташкилотҳои молиявии байнамилалӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №851 “Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ” масъалаҳои танзиму назорати фаъолияти бахши суғурта ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

Шуъбаи матбуот

23.12.2020
Посух ба мақолаи ҳафтаномаи “Пайк”, “Амонатбонк”-и Восеъ пул надорад, мизоҷон саргардонанд”, аз 10 декабри соли 2020, таҳти №16 (348) (муаллиф Суннати Содиқ)

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2009 сол таҳти № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлили воситаҳои ахбори омма”, Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб маводи мазкурро мавриди таҳлил қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки талаботи ҳаррӯзаи муштариёни ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлобро сари вақт бо пули нақд таъмин намояд.

Дар мавриди далели овардашудаи мақола: “Ашурова Гулбаҳор, сокини ноҳияи фавқ гуфт, ки се рӯз мешавад саҳар омада бегоҳ ба хона бармегардад. Вале пули нафақаи худро гирифта наметавонад. Зеро, ки банкоматҳои филиали №58 БДА ҶТ “Амонатбонк”-и ноҳияи Восеъ чанд рӯз аст пул надоранд. Дар бонки мазкур аз серодамӣ ҳатто ҷои сузанзанӣ нест, интизоранд, ки кай ба бонк пул меоранду онҳо пули худро гиранд. Бобоҷон Давлатзода, мудири филиали №58 “Амонатбонк” дар мусоҳиба гуфт: -“Дар ноҳия се банкомати “Амонатбонк” ҳаст, ки айни замон пул надоранд. Ростӣ, аз рузи 27 ноябр то 30 ноябр бо пули нақд таъмин нестем. Аз “Амонатбонк”-и минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб сар карда, то “Амонатбонк”-и ҷумҳурӣ занг зада, вазъро фаҳмондам. Бояд дастгирӣ кунанд. ”

Ба мақсади дар ҳақиқат ҷой доштани чунин ҳолат, таҳлили бақияи маблағҳои банкоматҳо дар филиали № 56 БДА ҶТ “Амонатбонк” минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб ва филиалҳои зертобеи он барои рӯзҳои аз 27 ноябр то 30 ноябр гузаронида шуд.

Дар натиҷа маълум гардид, ки дар ҳақиқатан 3 адад банкоматҳои филиали №58 БДА ҶТ “Амонатбонк”-и ноҳияи Восеъ фаъол буда, рӯзҳои 27-30 ноябри соли равон низ бо маблағҳои пулӣ таъмин буданд. Тибқи маълумоти БДА ҶТ “Амонатбонк” минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб дар банкоматҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”-и ноҳияи Восеъ вазъи таъминот бо пули нақд рӯзҳои 27-30 ноябр чунин аст:

Снимок-1.PNG

Аз ҷадвали мазкур бар меояд, ки банкоматҳои филиали бонк дар рӯзҳои болозикр бо пули нақд таъмин карда шудааст.

Илова бар ин, чи тавре муаллиф қайд менамояд, дар ноҳияи Восеъ 17 ҳазор нафақахур истиқомат мекунанд. Бале муаллиф дуруст қайд намудааст, “дар филиали бонк аз серодамӣ ҷойи сузанзанӣ нест“, мутаассифона аҳолии ноҳия бо мақсади гирифтани музди меҳнат, нафақапулӣ, кӯмакпулӣ ва дигар иловапардохтҳои ба он баробар бисёртар ба филиалҳои бонк ташриф меоранд, ки чунин ҳолат боиси тез тамом шудани пули нақд дар банкоматҳо ва ба амал омадани норасоии пули нақд дар филиалҳо мегардад.

Дигар ин ки хизматрасонии МП“Корти миллӣ”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” бе пардохти комиссия хизмат мерасонад ва мизоҷони дигар бонкҳо, ки ба МП “Корти миллӣ” пайваст ҳастанд, кушиш менамоянд, ки маблағҳои худро танҳо аз воҳидҳои сохтории БДА ҶТ “Амонатбонк” гиранд, ки чунин ҳолат низ сабаби ба амал омадани навбати зиёд дар назди банкоматҳо ва дохили филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” мегардад.

Оид ба нуқтаи дигари мақола: Суоли матраҳ ба масъулини Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб ин аст, ки кай ин бесарусомонӣ хотима меёбаду бонкҳо бо пул таъмин мегарданд?

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар 11 моҳи соли 2020, бо мақсади мустаҳкам намудани хазинаҳои гардишии ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб дар ҳаҷми 1 253 655 000 сомонӣ маблағ ба муомилот бароварда шуд, ки аз ин ба филиали 56-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-и минтақавии шаҳри Кӯлоб 1 032 000 000 сомонӣ ё ин ки 82,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ба муомилот баровардашуда рост меояд, ба дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошад, 221 655 000 сомонӣ ё 17,7 фоиз рост меояд. Аз ҳаҷми умумии маблағи ба муомилот баровардашуда ба филиали №58 “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ маблағи 152 759 000 сомонӣ пули нақд ё 14,8 фоизи пули нақди ба филиали №56 “Амонатбонк”-и минтақа таҳкимшуда, рост меояд.

Маврид ба зикр аст, ки албатта бо тамом шудани маблағ дар банкомат барои пур кардани он бо пули нақд вақт зарур мешавад ва дар ин миён фосила ба вуҷуд меояд, инчунин барои дархости маблағи пули нақд низ расмиёти зарурӣ лозим аст, ки аз ҷониби бонки хизматрасон бояд сари вақт анҷом дода шавад. Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои таъмин намудани ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақд тамоми тадбирҳои заруриву саривақтиро андешида, тибқи дархост ташкилотҳои қарзии молиявиро бол маблағи дархостшуда, яъне бо пули нақд таъмин менамояд.

Дар охир бояд ҳаминро қайд намоем, ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои робита бо ҷомеа, аз ҷумла ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма омода буда, аз баррасии мавзӯъҳои низоми бонкӣ дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла саҳм гузоштан дар рушду пешрафти низоми бонкии минтақа аз нашри матолиби таҳлилӣ ва масъалаҳои мавҷудаи ислоҳталаб истиқбол мекунад.

Шуъбаи матбуот

21.12.2020
Банкоматҳо сари вақт бо пули нақд таъмин мегарданд!

Вокуниш ба мақолаи “Дар Хатлон аз камии пул дар бонкҳо шикоят мекунанд”-и Радиои Озодӣ (https://www.ozodi.org/a/30993580.html), ки 10 декабри соли 2020 нашр гардид.

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мақолаи “Дар Хатлон аз камии пул дар бонкҳо шикоят мекунанд”-и сомонаи Радиои Озодиро (https://www.ozodi.org/a/30993580.html), ки 10 декабри соли 2020 нашр гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”аз 07 феврали соли 2009, таҳти №622 чунин иттилоъ медиҳад:

Пеш аз ҳама, зикр бояд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон бевосита ва тавассути шуъбаҳои минтақавии худ талаботи ҳаррӯзаи ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳуриро ба пули нақди кифоя таъмин намуда, аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ низ даъват ба амал меорад, ки муштариёнро сари вақт бо пули нақд таъмин намоянд. Аз ҷумла, Шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва Бохтар ҳамарӯза ташкилотҳои қарзии молиявии дар минтақа фаъолиятдоштаро бо пули нақди зарурӣ таъмин намуда, аз онҳо талаб менамоянд, ки ба муштариёни худ дар сатҳи баланд хизматрасонӣ кунанд ва банкоматҳои худро ҳамеша бо пули нақд таъмин намоянд.

Баъди нашри маводҳо дар мавриди таъминоти пули нақд дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба кору фаъолият ва таъминоти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии моливӣ бо пули нақд Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ мунтазам аз вазъи хизматрасонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва таъминоти банкоматҳо бо пули нақдро мавриди назорат ва таҳлил қарор доданд. Бояд гуфт, ки даҳаи охири моҳи декабр ҳолатҳои набудани пули нақд дар банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ қариб ки ҷой надошт, ба истиснои ҳолатҳои рух додани фосила барои дастрас ва пур кардани банкоматҳо бо пули нақд.

Аз ин лиҳоз, андешаҳо ва ваҷҳҳои дар мақолаи “Дар Хатлон аз камии пул дар бонкҳо шикоят мекунанд”-и сомонаи Радиои Озодӣ зикрёфтаро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид менамояд, ки дар асл банкоматҳо ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақаи Кӯлоб бо пули нақди зарурӣ таъмин аст ва ҳолатҳое, ки дар мақола ишора шудааст, яъне “бе пули нақд мондани банкоматҳо ва навбатпойи”-и муштариён аҳёнан рух медиҳад, ки ин ҳолат аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва зерсохторҳои онҳо ба зудӣ бартараф карда мешавад. Албатта, аввали ҳар моҳ ба кортҳои сокинон маош, нафақа ва дигар намуди пардохтҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад, онҳо назди банкоматҳо мераванд ва маблағи худро мегиранд. Аз ин сабаб, оғози моҳ назди банкоматҳо навбат пайдо мешаваду маблағи баъзе аз банкоматҳо тамом мешавад, аммо кормандони ташкилотҳои қарзӣ баробари хабардор шудан банкоматро бо пули нақд таъмин менамоянд ва агар маблағ аз филиали дигар ё сарбонк оварда шавад, албатта ин вақти иловагиро талаб мекунад, ки дар ин миён банкоматҳо як муддат имкони хизмат расониданро надоранд.

Ҳамин тавр, сабаби асосии пайдоиши навбат ҳам якбора назди банкоматҳо барои гирифтани пули нақд ҳозир шудани сокинон мебошад, аммо ин ҳам барои як муддати кӯтоҳ аст ва онро метавон мушкили техникӣ номид. Аз ин сабаб, “банкоматҳо пули нақд надоранд” гуфтан начандон ба ҳақиқат рост меояд.

Гузашта аз ин кормандони Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои санҷидани далелҳои дар маводи Радиои Озодӣ дарҷшуда аз шуъбаи ҶСК “Ориёнбонк” дар шаҳри Кӯлоб дидан карда, тафсилот ва вазъи воқеиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар шуъбаи “Ориёнбонк” дар шаҳри Кӯлоб изҳор доштанд, ки Радиои Озодӣ ба онҳо барои иттилое муроҷиат накардааст ва дар атрофи мавзӯи таъмини пули нақд суҳбат анҷом дода нашудааст. Ҳамзамон, дар таъмини банкоматҳо бо пули нақд танқисие мавҷуд нест, танҳо аз сабаби якбора зиёд шудани талабот барои гирифтани пули нақд, ки бо пардохт шудани маош ва дигар маблағҳои иҷтимоӣ рабт дорад, дар назди банкоматҳои ҶСК “Ориёнбанк” (ва натанҳо ин бонк) навбат ба амал омадааст, аммо мизоҷон маблағҳои худро бемамониат гирифта истодаанд.

Дар мавриди шикояти шаҳрвандон дар шаҳри Бохтар дар ҳамин мавзӯъ бояд қайд кард, ки тибқи таҳлил ва мушоҳидаҳои Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар навбатпойӣ дар назди марказҳои хизматрасонии бонкӣ, банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ, асосан дар аввали моҳ, бинобар сабаби дар як вақт ба кортҳои бонкӣ ворид гардидани маблағҳои нафақа, музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробар, ба амал меояд. Муаллиф маҳз вазъиятро дар ҳамин давра, яъне даҳаи аввали моҳи декабр аз зиёд будани талаботи аҳолӣ ба пули нақд ва ба амал омадани навбатпойиро мавриди мушоҳида қарор додааст. Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид ва пешгирии ҳолатҳои ҷамъ шудани мизоҷон дар назди банкоматҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар низ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини пули нақд айни замон камбуд нест. Инчунин аз ҷониби Гурӯҳи корӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа ҷиҳати сари вақт бартараф кардани камбудиҳо ва назорат дар самти таъминоти саривақтии банкоматҳо бо пули нақд, кори мунтазами терминалҳои электронӣ ва роҳ надодан ба навбатпойиҳои зиёд тавсияҳо дода шуд. Бояд таъкид кард, ки то охири моҳи декабри соли 2020 дар минтақаи Бохтар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва банкоматҳои онҳо ба пуррагӣ бо пули нақд таъмин буда, танҳо дар моҳи декабр ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо пули нақд ба воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Бохтар зиёда аз 148,0 млн. сомонӣ маблағ дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани саводи молиявии сокинон ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, ки бевосита ба бартараф гардидани мушкили дар боло зикргардида мусоидат менамояд, пайваста талош намуда истодааст. Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ алоқамандии зиёди сокинон ба пули нақдро аз байн бурда, истифодаи кортҳои пардохтии бонкиро бештар мекунад.

Нуктаи дигаре, ки дар мақола зикр шудааст, ин андешаҳои сокини шаҳри Кӯлоб Муҳаммад Мусавӣ (хабаргингор) мебошад, ки гуфтааст “барои гирифтани маблағи 3 000 сомонӣ, ки аз хориҷа ба ӯ фиристодаанд, ду рӯз саргардон шуд”. Ҳарчанд сокини мазкур аз ягон ташкилоти қарзии молиявии мушаххас, нишонаи он, вақту соати дақиқ ва ному насаби корманди ташкилот ном нагирифтааст, Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб даъвои Муҳаммад Мусавиро мавриди санҷиши дақиқ қарор дода маълум кард, ки бо чунин ному насаб амалиётҳои интиқолӣ гузаронида нашуда, балки монанд бо чунин насаб аз ташкилотҳои қарзии молиявии шаҳри Кӯлоб дар 4-5 рӯз маблағи калон гирифта шудааст.

Аз ин рӯ, дар ҳолати дастрас карда натавонистани маблағи нақд, муштарӣ бояд суроғаи дақиқи банкомат ё ташкилоти қарзии молиявиро зикр намояд, то ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб тавонад барои ҳалли ин масъала сари вақт чораандешӣ намояд. Ҳамзамон мизоҷон метавонанд бо пешниҳоди шиноснома ва корти бонкии худ маблағи заруриро аз филиал ё маркази хизматрасонӣ гиранд, аммо муаллиф аз ин роҳи гирифтани маблағи корти худ истифода накардааст, ки кори ӯро ба маротиб осон мекард ва чанд рӯз паиҳам барои гирифтани маблағи худ саргардонӣ намекашид.

Дар робита ба андешаи Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик, ки дар мақола баён карда шудааст, зикр менамоем, ки таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR) бо таъмини ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва банкоматҳои онҳо бо пули нақд ҳеҷ алоқамандӣ надошта, он барои таъмини рушди босуботи низоми бонкии кишвар ва анҷоми амалиётҳои бехатар ташкил гардидааст ва босамар фаъолият намуда истодааст. Гузашта аз ин, тавассути Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR) бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ танҳо маблағҳои интиқолие, ки тавассути хизматрасонии низомҳои пардохтӣ амалӣ мешаванд, рабт доранд. Маблағҳои интиқолие, ки тавассути суратҳисобҳои бонкӣ интиқол дода мешаванд, ё аз як корт ба корти дигар ва роҳу воситаҳои дигари интиқоли маблағ, ки теъдоди онҳо зиёд буда, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ бидуни Маркази протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ амалӣ мешаванд, бо фаъолияти Марказ ягон алоқамандие надоранд. Навистаҳои муаллиф аз рабт додани Маркази протсессингии интиқоли маблағҳо ба камчинии пули нақд аз ноогоҳии муаллиф аз низом, ё худ маълумоти кофӣ надоштан аз фаъолияти ин Марказ дарак медиҳад.

Маврид ба зикри хос аст, ки аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб танҳо дар моҳи декабри соли 2020, бо мақсади мустаҳкам намудани хазинаҳои гардишии ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб дар ҳаҷми 163 000 000 сомонӣ маблағ ба муомилот бароварда шуд, ки аз ин ба филиал ва зерсохторҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Кӯлоб 125 500 000 сомонӣ, ба филиал ва зерсохторҳои ҶСК “Ориёнбанк” 18 000 000 сомонӣ пули нақд таъмин карда шудааст.

Чунин ҳолат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳолии минтақаи Кӯлоб метавонанд аз хизматрасониҳои бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бемамониат истифода намоянд.

Бояд қайд кард, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 49 адад филиалҳои бонкҳо, 9 адад филиалҳои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, 172 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, 69 адад банкомат ва 211 адад POS-терминалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар охир зикр менамоем, ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб омода аст бо намояндагони тамоми воситаҳои ахбори омма ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар, тақвият додани пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ ва бартараф кардани мушкилу камбудиҳо ҳамкории судмандро ба роҳ монад.

Шуъбаи матбуот

21.12.2020
Посух ба мақолаи ҳафтаномаи “Хатлон”, “Банкомат ҳасту кор намекунад ё пул надорад”, аз 08декабри соли 2020, таҳти №52 (3288) (муаллиф Садои Мубориз)

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2009сол таҳти № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлили воситаҳои ахбори омма”, Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб маводи мазкурро мавриди таҳлил қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад, ки ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки талаботи ҳаррӯзаи муштариёни ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлобро   сари вақт бо пули нақд таъмин намояд.

Оиди ваҷҳҳои овардашудаи мақола: “Дар муддати кӯтоҳ бонкҳои кишвар аксарияти сокинонро ба кортҳои миллӣ таъмин карданд. Дар ин замина мебоист, постерминалҳо фаъол гардонида шуда, банкоматҳо дар назди бонкҳо ва марказҳои савдою хизматрасонӣ гузошта мешуд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва дар оғоз, ки дорандагони кортҳо кам будаанд, саривақт метавонистанд маблағҳои худро аз банкоматҳо дастрас намоянд. Вале дар минтақаи Кӯлоб, хусусан шаҳри Кӯлоб сокинон дар гирифтани маблағҳои хеш аз банкоматҳо мушкили доранд ”.

Тибқи маълумоти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоб ба санаи 01 декабри соли 2020 дорои 11 филиал, 79 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо 124 POS -терминал, 27 банкомат баҳри беҳтару хубтар ва бо сифати баланд расонидани хизмат ба мизоҷон фаъол мебошанд, вале мушоҳидаҳо аз он дарак медиҳанд, ки муштариён бо мақсади гирифтани музди меҳнат, нафақапулӣ, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иловагии ба он баробар бисёртар ба филиалҳои бонк ташриф меоранд, ки чунин ҳолат боиси тез тамом шудани пули нақд дар банкоматҳо ва ба амал омадани норасоии пули нақд дар филиалҳо мегардад ва ҳамзамон эроди сокинон ба хизматрасониҳои бонкӣ мегардад.

Сабаби дигари тез тамом шудани пули нақд дар банкоматҳо дар он аст, ки хизматрасонии МП“Корти миллӣ”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” бе пардохти комиссия хизмат мерасонад ва мизоҷони дигар бонкҳо, ки ба МП“Корти миллӣ” пайваст ҳастанд, муштариён кушиш менамоянд, ки маблағҳои худро танҳо аз воҳидҳои сохтории БДА ҶТ “Амонатбонк” гиранд, ки чунин ҳолат низ сабаби ба амал омадани навбати зиёд дар назди банкоматҳои филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” мегардад.

Бояд таъкид кард, ки шаҳри Кӯлоб дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қарақорум ҷойгир буда, ҳангоми мусофирати сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, Ховалинг, Ш.Шоҳин, Муъминобод ва Балҷувон ба шаҳри Душанбе ва ҳангоми бозгашт низ, аз хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла гирифтани пули нақд аз банкоматҳо ва POS-терминалҳои филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Кӯлоб истифода мекунанд. Ҳамзамон, мавқеъи ҷойгиршавии як қисм ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Муъминобод ва Балҷувон нисбат ба маркази ноҳия ба шаҳи Кӯлоб наздик мебошад, ки онҳо низ аз филиали зикрнамудаи муаллиф истифода менамоянд.

Дар мавриди: “Рӯзи сеюми декабр ба мақсади огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти банкоматҳо дар маркази шаҳр аз чандтои онҳо дидан кардам. Нахуст ба назди шуъбаи Амонатбонк рафтам ва дар назди ду банкомат шумораи зиёди сокинони дар навбат истода хотири маро мушавваш гардонид. Ба назди банкоматҳо рафта бо чанд нафар аз шаҳрвандон ҳамсуҳбат гардидам. Гуфтанд, ки ҳоло соат 13:20 дақиқа аст, ва лаҳзаи камодамтарин дар нази банокат мебошад”

Бояд қайд намуд, ки аз гуфтаҳои рузноманигор бармеояд, ки дар вақти зикркардаи муаллиф банкомати мазкур бо пули нақд таъмин буда, вале аз сабаби дар даҳрӯзаи аввали моҳ маблағҳои музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ, нафақаи нафақахӯрон ва дигар иловапардохтҳои ба он барорбар, ба бонк ворид мегарданд, дар назди банкоматҳо навбат зиёд мешавад ва ҳама мехоҳанд маблағи худро гиранд.

Дар мавриди: “Дар бинои Донишгои Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рудакӣ як банкомат аст, вале моҳи дуюм аст,ки кор намекунад”.  

Тавре қаблан БДА ҶТ “Амонатбонк” иттилоъ дода буд, клавиатураи банкомати мазкур аз кор баромада, қисми эҳтиётии он аз хориҷи кишвар фармоиш шуда, ҳануз ба “Амонатбонк ” ворид нашуда буд. Банкомати мазкур баъди дастрас шудани қисми эҳтиётии он аз хориҷ, санаи 9 декабри соли равон пурра ба кор дароварда шуд ва бо пули нақд низ таъми карда шуд, ки мизоҷон метавонанд аз он минбаъд бемамониат истифода намоянд.

Аз ҷониби Шуъбаи минтақавии БМТ дар ш. Кӯлоб масъалаи корношоям будани банкомати филиали ҶСП “Бонки байналмиллалии Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб низ бо масъулини ин бонк баррасӣ карда шуд. Тавре масъулини бонки мазкур маълумот доданд, бо сабаби корношоям будани сенсори экрани банкомат дар мувофиқа бо мутахассисони Саридораи бонк то бартараф намудани нуқсони техникӣ, бо мақсади кам кардани хавфҳои амалиётӣ, банкомат муваққатан хомӯш карда шудааст ва дар ояндаи наздик ба кор хоҳад даромад.   

Маврид ба зикри хос аст, ки аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар 11 моҳи соли 2020, бо мақсади мустаҳкам намудани хазинаҳои гардишии ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб дар ҳаҷми 1 253 655 000 сомонӣ маблағ ба муомилот бароварда шуд, ки аз ин ба филиали 56-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-и минтақавии шаҳри Кӯлоб 1 032 000 000 сомонӣ ё ин ки 82,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ба муомилотбаровардашуда ва ба дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошад, 221 655 000 сомонӣ ё 17,7 фоиз рост меояд.

Чунин ҳолат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳолии минтақаи Кӯлоб метавонанд аз хизматрасониҳои бонкии дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ низ истифода намоянд.

Мавриди таъкид аст, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
49 адад филиалҳои бонкҳо, 9 адад филилаҳои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, 172 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, 69 адад банкомат ва 211 адад POS-терминалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд ва корношоям гардидани
2-банкомат ё навбати зиёд пайдо шудан ҳангоми вуруди маблағи нафақа, музди меҳнат ва дигар иловапардохтҳо давоми 1-2 рӯз маънои онро надорад, ки тамоми банкоматҳо корношоям ҳастанд ва мардум маблағи нафақаи худро гирифта наметавонанд. Алббата бо тамом шудани маблағ дар банкомат барои пур кардани он бо пули нақд фосила даркор ва барои дархости маблағи пули нақд низ расмиёти зарурӣ лозим аст, ки аз ҷониби бонки хизматрасон бояд сари вақт анҷом дода шавад. Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои таъмин намудани ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақд тамоми тадбирҳои заруриро саривақт меандешад ва аз рӯи дархост ва маблағи дархостшуда саривақт бо пули нақд таъмин менамояд.

Дар охир бояд қайд кард, ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша бо воситаҳои ахбори омма дар робита буда, оид ба маводҳои танқидию таҳлилӣ дар самти рушду пешрафти низоми бонкии минтақа ва ислоҳи камбудиҳо фавран чораҷӯӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намояд ва дар ин самт дастгирии рӯзноманигоронро низ қобили қабул мешуморад. Дар баробари ин, рӯзноманигороне, ки ин ё он масъаларо баррасӣ менамоянд, бояд назари тарафҳоро дошта бошанд, онро дар маводи худ инъикос намоянд ва аз сохтору идораҳои масъул низ шарҳи мавзӯъ ё маълумотро оид ба вазъи баамаломада бо мақсади яктарафа баррасӣ нашудани мавзӯъ дошта бошанд ва ҳадди ақалл ба мутахассиси соҳа муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуот

28.09.2020
БМТ оид ба изҳороти ХБА

Дар хусуси изҳороти Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF) (14 сентябр, сомонаи ХБА) оид ба талаби муфлис эълон кардани ду бонки мушкилотдор ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Бонки миллии Тоҷикистон чунин иттилоъ медиҳад:

- “Айни замон ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" уҳдадориҳояшонро дар назди пасандозгузорон анҷом дода истодаанд ва дар мавриди барҳамдиҳии онҳо ягон тасмим гирифта нашудааст”.

Шуъбаи матбуоти БМТ

02.09.2020
Кӣ дурӯғ гуфт, Суннати Содиқ ё масъулин

(вокуниш ба мақолаи рӯзноманигор Суннати Содиқ “Ки дурӯғ гуфт, Раиси Бонки миллӣ ё масъулини “Амонатбонк”, ҳ. “Пайк”, аз 06.08.2020, №28 (330))

Боиси хушҳолист, ки воситаҳои ахбори омма ба низоми бонкӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар низоми бонкдории мамлакат саҳми худро гузоранд. Албатта барои баррасӣ намудани ин ё он мавзӯи низоми бонкӣ, аз соҳа бархӯрдор бояд буд ва назари воқеъбинонаро бояд гуфт, дар доираи этикаи журналистӣ амал карда, ба хотири ҷалби диққати хонанда ба таҳрифкорӣ набояд роҳ дод.

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”, таҳти №622 аз 07.02.2009 дар робита ба мақолаи рӯзноманигор Суннати Содиқ бо унвони “Ки дурӯғ гуфт, Раиси Бонки миллӣ ё масъулини “Амонатбонк”, ҳафтаномаи “Пайк” аз 06 августи соли 2020, таҳти №28 (330), чунин иттилоъ медиҳад.

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва масъулини филиали №56 БДА ҶТ “Амонатбонк” мақолаи муаллиф Суннати Содиқро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд. Сар карда аз сарлавҳаи мақолаи муаллиф “Ки дурӯғ гуфт, Раиси Бонки миллӣ ё масъулини “Амонатбонк”, ки ба воқеият дуруст намеояд, аз таҳрифкорӣ оғоз шуда, хонандаро ба гумроҳӣ мебарад. Яъне дар мақолаи болозикр аз нишасти матбуотии Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Юсуфзода А. сухан меравад ва сухане аз номи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта нашуда буд ва худи ӯ ҳам дар нишасти матбуотии минтақаи Кӯлоб ширкат наварзидааст, аммо муаллиф барои ҷалби диққат роҳбари як ниҳоди калидии кишварро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам сохтааст, ки ин амал ҳам бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои дигари омма” ва ҳам зидди Меъёрҳои ахлоқии журналист мебошад. Муаллифи мақола Суннати Содиқ дар сарлавҳаи худ ба таҳриф роҳ дода, бо ин роҳ боварии хонандаи худро нисбати ҳафтаномаи “Пайк” ба шубҳа овардааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки талаботи ҳамарӯзаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати таъмини пули нақд саривақт қонеъ намояд.

Тибқи маълумотҳои ҷамъбастӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 бо мақсади таъмин намудани хазинаҳои амалиётии ташкилотҳои қарзии молиявии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, маблағи
594,3 млн.сомонӣ, аз ҷумла 593,2 млн.сомонӣ пулҳои коғазӣ ва 1,1 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ равона гардид.

Аз маблағи равонашуда, 519,0 млн.сомонӣ пули нақд (518,11 млн.сомонӣ пулҳои коғазӣ ва 0,89 млн.сомонӣ тангаҳои филизӣ) ба филиали №56 БДА ҶТ “Амонатбонк”-и минтақавии шаҳри Кӯлоб рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13,4 фоиз зиёд мебошад.Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба масъалаи таъмини хазинаҳои амалиётии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули нақд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, то ин ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ банкоматҳои худро саривақт бо пули нақд таъмин намуда, мардум барои дастрас кардани пули нақд аз банкоматҳо танқисӣ накашанд. Таъмини пули нақд ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси дархости онҳо, ки аз рӯи талабот пешниҳод менамоянд, сурат мегирад. Ягон мамониат барои гирифтан ва таъмини пули нақд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд нест. Таъминоти банкоматҳо бо пули нақд бошад, ин аллакай фаъолияти худи ташкилолтҳои қарзии молиявӣ аст.

Мудири филиали 56-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-и минтақавии шаҳри Кӯлоб Ҳақназарзода С.М. иброз намуд, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” бонки мардумӣ буда, асосан ба соҳаи буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ, пардохти нафақапулӣ, кумакпулӣ ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ хизмат мерасонад.

Ҳақназарзода С.М. илова намуд, ки нимаи аввали ҳар моҳ ва санаҳои охири ҳар моҳ маблағҳои нафақавӣ ва музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ ва дигар иловапардохтҳо ба бонк ворид гашта, боиси зиёд шудани талабот ба пули нақд мегардад.

Дар хусуси ҳолатҳои алоҳидаи пул надоштани банкоматҳо, аз ҷумла тавре дар мақола дарҷ шудааст, санаи 24 июли соли 2020, соати 9.00 надоштани банкомати назди Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб, маҳз бо зиёд будани талабот ва фосилаи байни пур кардани банкомат бо пули нақд сабаб шудааст, зеро ҳам Бонки миллии Тоҷикистон ҳам БДА ҶТ “Амонатбонк” ба таъмини банкоматҳо бо пули нақл таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, то ки мардум талаботи худро бароварда кунад ва танқисӣ аз пули нақд надошта бошанд.

Дар мавриди “гирифтани маош ва нафақаи сокинони ноҳияи Муъминобод аз банкоматҳои шаҳр” бояд ҳаминро таъкид дошт, ки мавқеи ҷойгиршавии як қисм ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Восеъ, ва Муъминобод нисбат ба маркази ноҳия ба шаҳри Кӯлоб наздик мебошанд, аз ин лиҳоз манзури Юсуфзода А. маҳз ҳамин буд. Зеро ба ин ҷамоатҳои ноҳияҳои минтақа банкоматҳои шаҳр наздик буда, маркази ноҳияҳои онҳо баръакс хеле дур ҷойгир ҳастанд ва мебояд роҳи дурро тай кард.

Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки шаҳри Кӯлоб дар шоҳроҳи транзитии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма–Қароқурум ҷойгир буда, ҳангоми мусофирати сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, Ховалинг, Ш.Шоҳин ва Муъминобод ба шаҳри Душанбе ва баръакси он, аз хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла гирифтани пули нақд аз банкоматҳо ва филиалҳои ташкилотҳои қарзии молиявии шаҳри Кӯлоб амалӣ мегардад.

Дар мавриди корношоямии банкомати филиали №63 БДА ҶТ “Амонатбонк”-и ноҳияи Муъминобод, бояд зикр намуд, ки аз санаи 16 майи соли 2020, ЕРР-клавиатураи банкомати филиал воқеъ дар кучаи Р.Раҳимов назди беморхонаи ноҳия корношоям ва таъмирталаб буда, барои иваз намудани таҷҳизоти мазкур дар Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» корбарӣ рафта истодаааст, аммо ба ин нигоҳ накарда муштариён метавонанд маблағҳои маош ва нафақаву иловапулиҳои худро аз марказҳои хизматрасонӣ ва филиал бо пешниҳод намудани шиноснома, ё ин ки ба воситаи постерминалҳо дастрас намоянд.

Дар охир қайд карданӣ ҳастем, ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша бо воситаҳои ахбори омма дар робита буда, оид ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии соҳаи низоми бонкии минтақа фавран чораҷӯӣ менамояд, камбудиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф менамояд ва дар ин самт дастгирии рӯзноманигоронро низ қобили қабул мешуморад. Аз ин рӯ, аз рӯзноманигорон ҳангоми таълифи мақолаҳои низоми бонкӣ хоҳиш карда мешавад, ки зимни навистани мақола ба таҳриф, дурӯғ ва туҳмат роҳ надода, ба инъикоси воқеият диққати махсус дода, хилофи қонун амал накунанд.

Шуъбаи матбуот

05.05.2020
Ба хабарҳои носаҳеҳ ва носанҷида бовар накунед!

Имрӯз тамоми ҷаҳон бо бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки барои табибон ва олимони соҳаи тиб нав мебошад, мубориза бурда истодаанд ва кӯшиш доранд, ки дар якҷоягӣ, даст ба дасти ҳамдигар ниҳода, ба он пирӯз шаванд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки то 30 апрели соли 2020 ин бемории сироятӣ расман ба қайд гирифта нашуда буд, чораҳои пешгирии он дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардида буд. 30 апрели соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон низ расман аз гирифтор шудани чанд нафар аз шаҳрвандони кишвар ба бемории ҳамагири COVID-19 хабар дод.

Тоҷикистон пас аз дар кишвар ошкор гардидани ҳолати гирифторшавӣ ба ин беморӣ бо назардошти таҷрибаи дигар кишварҳо чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо ин бемориро роҳандозӣ намуд ва тақвият бахшид. Мутаассифона, баъзе аз нафарони ҳангоматалаб аз пайдоиши ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон истифода карда, кӯшиш намуда истодаанд, ки мардумро ба таҳлука андозанд.

Аз ҷумла, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ҳангомаҷӯ хабарҳои бардурӯғ дар хусуси гирифтори бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ва бистарӣ гардидани Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти таҳрифшуда ва дур аз воқеият ба нашр расиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон расман изҳор менамояд, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надошта, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода сиҳату саломат ва дар дафтари корӣ аз пайи иҷрои вазифаҳои худ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки маълумот дар хусуси бемории кормандон низ асоси воқеӣ надошта, кисме аз кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар рухсатии меҳнатии нақшавӣ қарор доранд ва кормандони боқимонда ба иҷрои вазифаҳои худ идома дода истодаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару гузоришҳои беасос ва ҳангоматалаб, ки ин шабу рӯз зиёд гардидаанд, бовар накарда, ба сарчашмаҳои расмӣ ва манбаъҳои эътимоднок такя намоянд. Зеро танҳо дар сурати нигоҳ доштани оромӣ метавон ба ҳар навъ беморӣ ғолиб омад.

Шуъбаи матбуот

23.01.2020
Вокуниш ба мақолаи “Аз дурӯғи омор то омилҳои фирори соҳибкорон аз Тоҷикистон”

Вокуниш ба мақолаи “Аз дурӯғи омор то омилҳои фирори соҳибкорон аз Тоҷикистон” мусоҳиба бо доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров “Бонки миллӣ бо олимон кор намекунад”:

Бонки миллии Тоҷикистон таҳлилу тадқиқоти муҳаққиқон ва коршиносонро доимо таҳти таҳлил ва омӯзиш қарор дода, ақидаҳои муфид ва далелҳои асосноки онро дар фаъолияти худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Мутаасифона дар бархе аз мақолаҳои дар васоитҳои ахбори умум дарҷшуда инъикоси нодурусти воқеъият, рақамҳои носаҳеҳ ва хулосаҳои бемантиқ ҷой доранд, ки ин саҳлангории муаллифон ба имиджи маҷаллаю рӯзномаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ҷумла, тибқи гуфтаҳои муҳаққиқи иқтисод дар мақолаи болозикршуда, яке аз сабабҳои вазъияти ногувори бонкҳои ватанӣ ин сатҳи пасти таъминоти иқтисодиёт бо пул (сатҳи монетизатсия) буда, айни ҳол ин нишондиҳанда ба 12-14 фоиз баробар аст. Дар баробари ин, дар қиёси ин нишондиҳанда яке аз давлатҳои дорои иқтисодиёти пешрафта-Бритониёи Кабир оварда шудааст, ки ин нуқтаи назар ҳам аз лиҳози назария ва ҳам амалия мутобиқат намекунад.

Чунончӣ, ҳаҷми пул тибқи рукнҳои иқтисодӣ вобаста ба талаботи иқтисодиёт, рушд ва фаъолнокии иқтисодиёт, гардиши молу маҳсулот, даромади аҳолӣ, сохтори гардиши пул дар муомилот ва дигар омилҳо метавонад тағйир ёбад. Бо дар назардошти ин равандҳо нишондиҳандаҳои пулӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, сатҳи монетизатсия дар кишвар ба ҳолати 30 ноябри соли 2019 ба 28,0 фоиз баробар гардидааст (на 12-14 фоиз).

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми пул дар асоси таносуби байни молу пул муайян гардида, дар ҳолати номутаносубии он, яъне аз эътидол зиёд будани ҳаҷми пул ва сатҳи монетизатсия (таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ) таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи таваррумро дар давраи дарозмуддат ба вуҷуд меорад, ки ин таҷриба дар аксари давлатҳо собит шудааст. Аз ин лиҳоз, ягон бонки марказӣ ҳамчун мақоми танзимкунанда вобаста ба мақсаду вазифаҳои худ ба барориши беасос ва бемавриди пул роҳ намедиҳад. Ҳамаи ин равандҳо ба иқтисодиёти мо низ хос буда, таҳти идораи бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва мунтазам аз болои ҳаҷми пул дар муомилот тавассути механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ бо дар назардошти талаботи иқтисодиёт ба пул танзим карда мешавад.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади густариш додани ислоҳоти институтсионалӣ дар самти ташкили инфрасохтори амалиётии сиёсати пулию қарзӣ, ҷорӣ ва ҷоннок намудани фишангҳои муосири сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар намудани идораи сатҳи пардохтпазирӣ ва устувор намудани иқтидори таҳлилу дурнамосозӣ, татбиқи мунтазами механизмҳои сиёсати коммуникатсионӣ баҳри гузаштан ба реҷаи сиёсати пулию қарзии “ҳадафгирии таваррум” чораҳо татбиқ шуда истодааст. Ҳадафи гузариш ба реҷаи сифатан нави пулию қарзӣ пеш аз ҳама густариш додани самаранокӣ, эътимоднокӣ ва мутобиқ намудани механизму воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ба меъёрҳои муосир мебошад на татбиқи сиёсати анъанавии монетарӣ, ки ба пойгоҳи пулӣ равона шудааст.

Дар реҷаи мазкур ҳадафи амалиётии сиёсати пулию қарзӣ на нишондиҳандаҳои пулӣ, балки меъёри фоизи кутоҳмуддати байнибонкӣ буда, бонкҳои марказӣ тавассути фишанги калидии худ (меъёри фоизӣ) ба воситаи механизми трасмиссионӣ ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро ҳамчун маҳаки амалиётҳои монетарӣ истифода намуда, тавассути он сатҳи пардохтпазирӣ ва тадриҷан меъёри фоизиро танзим намуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки реҷаи сиёсати пулию қарзии “ҳадафгирии таваррум” ва механизму рукнҳои онро на танҳо бонкҳои пешрафта (Британияи Кабир, Зеландияи Нав, Канада, Чехия ва ғ.) балки давлатҳои рӯ ба инкишоф (Росия, Грузия, Армения, Қиргизистон), дар маҷмуъ, қариб 38 давлати дунё татбиқ намуда истодаанд, ки миёни ҳамаи онҳо реҷаи мазкур худро ҳамчун стратегияи хеле самаранок дар ноил гардидан ба муътадилии сатҳи нархҳо муаррифӣ намудааст. Афзалияти ин реҷа дар баланд гардидани эътимод, самаранокӣ ва оммафаҳмии қадамҳои минбаъдаи сиёсати пулию қарзӣ мебошад.

Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва таҳкими раванди ахборотдиҳӣ, ки яке аз рукнҳои ин реҷа мебошад, ҳадафу вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ, афзалиятҳо ва қадамҳои минбаъдаи худро дар ҳуҷҷатҳои стратегию ҳисоботҳо ва маълумоти оморию таҳлилӣ дарҷ намуда, барои дастрасии омма, бахусус олимону муҳаққиқон дар сомонаи худ ҷойгир намудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо ҳамаи олимону коршиносон дар самти татбиқи механизму воситаҳои муосири сиёсати пулию қарзӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмараи иқтисодӣ ҳамкорӣ намуда, тадқиқотҳо ва хулосаҳои судмандро дар амал татбиқ намояд.

Шуъбаи матбуот

21.01.2020
Ҳадафи аслии БМТ таъмини устувории низоми бонкӣ ва пешгирии афзоиши хавфҳо мебошад

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба муроҷиати рӯзноманигори “Радиои Озодӣ” Абдулло Ашӯров дар хусуси Дастурамали 239 “Дар бораи талаботи сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ” чунин иттилоъ медиҳад:

Вобаста ба зарурати қабул кардани чунин дастурамал қайд кардан лозим аст, ки сармоягузорӣ дар баробари қарздиҳӣ яке аз амалиётҳои муҳими бонкӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дуруст ба роҳ намондани идоракунии фаъолияти сармоягузорӣ ва хавфҳои он, боиси таҳдид ба манфиати амонатгузорону қарздеҳон ва устувории ташкилотҳои қарзӣ мегардад.

Бо зиёд шудани амалиётҳои ташкилотҳои қарзӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ ва пешгирии афзоиши хавфҳо санади меъёрии ҳуқуқии алоҳидаро таҳия ва қабул намуд, ки он тартиби пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ, талабот нисбат ба идоракунии хавфҳои ба фаъолияти мазкур вобаста, тартиби таҳияи сиёсати сармоягузорӣ, пешниҳоди ҳисоботҳо ва ифшои маълумотро муқаррар менамояд.

Қабули чунин дастурамал дар доираи ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо назардошти талаботи моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” таҳия ва татбиқ карда шудааст.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки қабул ва татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими фаъолияти сармоягузорӣ аз ҷониби дигар бонкҳои марказӣ низ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ дида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки вазифаи асосии ташкилотҳои маблағгузории хурд, ин таъмини дастрасии бевоситаи аҳолӣ ба захираҳои молиявӣ, махсусан тавассути пешниҳоди қарзҳои хурд буда, машғул шудан ба фаъолияти дигар, аз ҷумла сармоягузорӣ, ба принсипҳои асосии фаъолияти маблағгузории хурд мутобиқ намебошад.

Вобаста ба масъалаи гуфтаи бархе аз маъмурони ташкилотҳои амонатии қарзии хурд оид ба кофӣ набудани муҳлати муайяннамудаи Дастурамал барои фурухтани коғазҳои қиматнок ва ҳиссаҳои шахсони ҳуқуқӣ қайд кардан лозим аст, ки маъмурони мазкур муқаррароти банди Дастурамалро пурра дарҷ накардаанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳолати дар давоми се моҳ фурӯхта натавонистани коғазҳои қиматнок ва ҳиссаҳо, бо назардошти сабабҳои асосноки пешниҳодкардаи ташкилоти қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муҳлати мазкурро ба шаш моҳи дигар тамдид намояд, ки ин барои ба фурӯш баровардани сармоягузориҳо муҳлати кифоя мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур илова менамоем, ки дар баробари он, ки муқаррароти мазкур дар Дастурамал кушоду равшан дарҷ карда шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба талаботи мазкур мактуби маълумотӣ ирсол намудааст.

Вобаста ба масъалаи гирифтани иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди коғазҳои қиматнок ва саҳмияҳо, қайд кардан лозим аст, ки дар Дастурамал ҳолатҳои сармоягузории махсусе пешбинӣ шудааст, ки ҳангоми дуруст идора накардан хавфҳои ҷойдоштаи чунин сармоягузориҳо ба вазъи устувории ташкилоти қарзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзим ва назорати ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади пешгирии таъсири манфии хавфҳои ҷойдоштаи шахси ҳуқуқии сармоягузоришаванда ба вазъи устувории ташкилоти қарзӣ, барои анҷоми чунин сармоягузориҳо гирифтани розигии пешакиро муқаррар намудааст. Ташкилотҳои қарзӣ пеш аз анҷоми ин гуна сармоягузориҳо ба Бонки милии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод менамоянд. Дар ҳолати мутобиқ будани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи Дастурамал ба онҳо тибқи тартиби пешбинишуда розигӣ дода мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

23.12.2019
Ответная реакция на статью “О рисках валютного дефолта в Таджикистане и как его предотвратить?”, (еженедельник “Aзия-Плюс” за №46(1428) от 14.11.2019г.)

Национальный банк Таджикистана в ответ на статью “О рисках валютного дефолта в Таджикистане и как его предотвратить?”, (сайт «Aзия-Плюс, еженедельник “Aзия-Плюс” за №46(1428) от 14.11.2019г.) представляют следующие комментарии.

Национальный банк Таджикистана всегда приветствует и поддерживает попытки проведения анализа и оценки своей деятельности со стороны средств массовой информации, в том числе с привлечением так называемых “независимых экспертов”.

Как правило, исследователи и эксперты всегда анонимные или же скрываются под псевдонимом, в частности автор данной статьи, называющий себя “экономист Бахриддин Каримов”.

Объективная, аргументированная и конструктивная критика, а также научно обоснованная оценка деятельности НБТ по устранению реальных недостатков и проблем, всегда воспринимается и рассматривается НБТ на должном профессиональном уровне, так как они способствуют совершенствованию разрабатываемых мер политик и их успешной реализации.

К сожалению, считаем целесообразным отметить, что данная статья не соответствует вышеперечисленным целям анализа и критики деятельности НБТ, так как констатация статистических данных и фактов приведённых в статье искажают реальное положение дел в проводимых реформах, являясь недостоверными и необоснованными.

Основные выводы и предложения автора статьи, выдаваемые за “компетентное мнение” экономиста, характеризует его неосведомлённость, недостаточное знание предметной области и понимания роли центрального банка в сфере экономической деятельности. Для выражения компетентного мнения, автору следовало прежде ознакомиться с основными документами, определяющими цели и задачи НБТ (с прогнозами, стратегиями, планами проведения реформ и отчётами о проделанной работе), которые находятся в открытом доступе и размещены на сайте (по ссылке: https://nbt.tj/монетарная политика/финансовая стабильность).

Необходимо отметить, что в утверждении автора о тенденциях валютного рынка Таджикистана относительно его состояния под сильным давлением растущего спроса последних месяцев, якобы НБТ предпринимает неэффективные попытки в регулировании спроса путём проведения политики административных мер, связанных с применением ограничений и запретов, наглядно показывает о его неосведомленности. В частности автор утверждает, что реализация этой политики началась ещё в 2016 году с закрытием частных обменных пунктов.

Однако, процедура закрытия частных обменных пунктов валют, принадлежащих физическим лицам, была осуществлена не в 2016 году, а в мае 2015 года. Эта мера, никоим образом не связана с валютными ограничениями и самое главное, не ограничила право населения покупать и продавать наличную иностранную валюту через банковские учреждения, а наоборот, предоставила возможность максимально защитить и предотвратить в обращении фальшивых денежных знаков.

В условиях финансового кризиса физические лица–владельцы частных обменных пунктов (около 2 тыс. человек не являясь сотрудниками коммерческих банков), защищая свои личные и спекулятивные интересы, своими действиями подрывали устойчивость валютного рынка и стабильность курса национальной валюты, что создавало реальную угрозу экономической безопасности страны.

Ликвидация частных обменных пунктов способствовала созданию в республике единой централизованной электронной сети, соединяющей её с операционной системой всех учреждений банков, осуществляющих обменные операции. В настоящее время, данная система проводит учёт, распознование и определение каждой совершённой обменной операции в единой операционной системе, соединяющей центры банковского обслуживания, филиалы и головные офисы банка в режиме реального времени (онлайн), обеспечивая транспарентность предoставления достоверной отчётности всех обменных операций.

В период с 2015 года по 25.11.2019г. в республике функционируют 1280 операционных касс (один из наилучших показателей на сегодняшний день), расположенных в центрах банковского обслуживания, филиалах и головных офисах кредитных учреждений, где специалисты банковской сферы предоставляют населению качественные, безопасные, прозрачные и профессиональные банковские услуги по обмену валют, а не ранее внебанковские сотрудники отдельных профессий.

Необходимо отметить, что данная практика по созданию регулирования наличного валютного рынка является уникальной, и сегодня в его применении интересуются другие центральные (национальные) банки стран в регионе.

В 2015 году, в самый разгар финансового кризиса, в жёстких условиях обвального снижения объёмов поступающей в республику иностранной валюты, чрезмерного падения курса сомони и растущей инфляции, недостаточности ликвидности и неплатежеспособности в банковской системе, (низких уровней покрытия резервов 18 дней) перед новым руководством НБТ встала непростая задача по выбору приоритетов и определению первоочередных целей и задач. Предстояло решить дилемму: “С чего начать умываться когда и руки и лицо одновременно в чернилах”.

Необходимо было оперативно внедрять эффективные меры по стабилизации текущей ситуации в банковско-финансовой системе и её защиты от последствий влияния мирового кризиса, а также создать надежный и устойчивый монетарный институт страны.

Мировая практика показывает, что ни одна страна с переходной экономикой не могла решить все проблемы одновременно, особенно на фоне негативного влияния финансового кризиса, используя лишь меры рыночного механизма, без применения политики административного или иного воздействия.

Также любому человеку не являющимся экономистом известно, что используя только рычаги денежно-кредитной и валютной политики, не возможно решить все существующие фундаментальные, институциональные, структурные и другие проблемы, связанные с особенностями экономики, и в частности финансовой системы.

Практика подтверждает, что только применение комплексных “рыночных и административных” мер могут дать положительный результат при осуществлении экономических реформ и обеспечении макроэкономической стабильности.

В 2014-2016гг. нестабильная экономическая и финансовая ситуация, высокая уязвимость и неопределенность в мире, в частности в странах-партнёрах, и другие внешние шоки оказали негативное влияние на экономику республики, особенно на финансово-банковский сектор. В результате, банковский сектор оказался под угрозой финансовой нестабильности и возникновения системного риска. Несколько кредитных организаций РТ, в том числе 2 системообразующих банка - ОАО «Агроинвестбанк» и ОАО «Таджиксодиротбонк», столкнулись с серьезными финансовыми трудностями, что привело к их нежизнеспособности. Ликвидация этих банков вызвала бы «эффект домино», приведя к тяжёлым последствиям экономику республики. Это, прежде всего, массовое бегство капитала (средств вкладчиков) и банкротство других крупных финансовых организаций и компаний, которое привело бы к значительному дефолту кредитных организаций.

В связи с надвигающимся кризисом перед Правительством Республики Таджикистан и Национальным банком Таджикистана возникла важнейшая задача предотвращения эффекта цепной реакции связанное с ухудшением финансового состояния банков и других хозяйственных субъектов, а самое главное недопущения социального напряжения и максимального сохранения доверия населения к банковской системе.

В целях оздоровления финансовой системы, минимизации негативного влияния на другие отрасли экономики, снижения социальной напряженности

и защиты прав потребителей, Правительством Республики Таджикистан было принято Постановление о рекапитализации ОАО «Таджиксодиротбонк» на сумму 2 250 млн. сомони и ОАО «Агроинвестбанк» на сумму 1 070 млн. сомони.

С учётом наличия фискальных и монетарных рисков, принятое Постановление Правительства РТ эффективно способствовала предотвращению финансовой дестабилизации, в результате это положительно повлияло на стабильное функционирование государственного бюджета, уменьшение негативного влияния на общий уровень внутренних цен и сохранение мобильного обращения капитала в стране.

ОАО «Агроинвестбанку» и ОАО «Таджиксодиротбонку» в рамках рекапитализации была предоставлена ликвидность взамен неликвидных имущественных активов в залоговое обеспечение Правительству, с целью компенсации и обеспечения последующего возврата выделенных бюджетных средств с учётом предотвращения фискальных и монетарных рисков.

Данные денежные средства были предоставлены с учетом возможности государственного бюджета, которые обеспечили 43 процента исполнения обязательств ОАО «Агроинвестбанка» и 60 процентов обязательств ОАО «Таджиксодиротбонка». В результате, за счет продажи имеющих активов, возврата проблемных кредитов и в большей степени за счет средств рекапитализации, эти банки смогли значительно сократить свои обязательства перед вкладчиками и другими кредиторами, включая госбюджет. На сегодняшний день, вышеуказанные банки не являются системообразующими банками, и их состояние больше не угрожает финансовой стабильности.

Необходимо учесть, что за счёт потери позиций в финансовом рынке со стороны указанных банков, их позиции плавно были переняты другими более устойчивыми кредитными организациями. Не смотря на уменьшения финансовых показателей указанных банков, банковский сектор имеет тенденцию стабильного развития, что обоснованно результатами деятельности банковского сектора, отраженного в финансово-банковской статистике. Данное утверждение обоснованно ростом активов, кредитного портфеля, депозитов, чистой прибыли, а также уменьшением доли необслуживаемых кредитов банковского сектора за последние три года.

В июле 2015 года в НБТ впервые был принят «Стратегический план по оздоровлению деятельности НБТ на 2015-2019гг.». По мере реализации в данный План были внесены изменения и дополнения в 2016 и 2018гг. (https://nbt.tj/tj/strategiya/).

В данной стратегии предусмотрено проведение реформ всей деятельности НБТ с целью оптимизации организационной структуры, повышения эффективности реализации денежно-кредитной и валютной политики, путём совершенствования её инструментов способствующих решению проблем отрицательного капитала, увеличения объёмов и повышения эффективности управления международными резервами, обеспечения устойчивости валютного рынка и стабильности курса национальной валюты, усиления банковского надзора, обеспечения финансовой стабильности, защиты прав потребителей финансовых услуг, а также дедолларизации экономики, укрепления доверия населения к национальной валюте и повышения уровня их финансовой грамотности.

Наряду с этим, в 2016 впервые в истории Национального банка Таджикистана были разработаны «Стратегия денежно-кредитной и валютной политики на 2016-2020 годы» и «Коммуникационная стратегия в области денежно-кредитной политики Республики Таджикистан на 2018-2021гг.», предусматривающие внедрение основных принципов современного режима монетарной политики с целью перехода на «инфляционное таргетирование».

На основе принятых стратегий Национальный банк Таджикистана в течение последних двух лет успешно продвигает институциональные реформы, направленные на укрепление основ и механизмов монетарной политики, создание современной операционной инфраструктуры и реализации прозрачной и обоснованной политики. В связи с этим, для реализации приоритетной задачи по сохранению стабильности цен объявлен количественный таргет по инфляции (целевой показатель) на среднесрочный период на уровне 7,0% (+/-2) и данный показатель последние годы имел стабильную тенденцию колебания в пределах установленного коридора.

Кроме того, в настоящее время реализуется ряд других стратегий и планов реформирования деятельности НБТ и банковской системы, в том числе:

-«Стратегия развития платежной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы»;

-«Стратегические приоритеты и план действий по разработке механизмов защиты прав потребителей финансовых услуг в Республике Таджикистан на 2017–2019 годы»;

-«Политика управления рисками Национального банка Таджикистана» и т.д.

В целях предотвращения и преодоления негативного влияния потенциальных рисков и мировых финансовых кризисов на национальную экономику, в 2018 году был создан Национальный совет финансовой стабильности в Республике Таджикистан. Данный Совет является постоянно действующим межведомственным консультативным органом, созданным с целью рассмотрения вопросов обеспечения финансовой стабильности, выявления рисков в финансовой системе и предложения мер по минимизации их воздействия.

Практика показывает, стабильность и доверие к банковской системе нельзя обеспечить при наличии слабых и финансово неустойчивых кредитных организаций. В результате проведения политики перехода от количества к качеству, за последние 4 года со стороны НБТ были отозваны лицензии у 65 финансово неустойчивых кредитных организаций, что привело к сокращению их количества примерно на 50%. Несмотря на сокращение количества кредитных организаций, активы банковской системы имеют положительный рост и поддерживаются на стабильном уровне – примерно 21-22 млрд. сомони.

Основной показатель стабильности банковской системы - коэффициент достаточности капитала - вырос по сравнению с 2015 годом почти вдвое и достиг 22%, что почти в два раза превышает минимальное требование.

Благодаря принятым мерам показатели доходности банковской системы показывают тенденцию восстановления и свидетельствуют об улучшении финансового состояния кредитных организаций. За девять месяцев текущего года кредитные организации получили прибыль в размере 271,4 млн. сомони, что по сравнению с аналогичным периодом 2017 года больше в 8,2 раза.

Национальный банк Таджикистана, став членом Программы Всемирного банка Reserve Advisory and Management Program (RAMP), достиг значительных результатов в управлении резервами, осуществляя переход от пассивного и концентрированного управления активами к более активной и диверсифицированной модели Стратегического Размещения Активов.

Далее в своей статье автор утверждает, что применение НБТ политики административных мер, ограничений и запретов на валютном рынке и излишний валютный контроль привели к сокращению потребительского импорта, деловой активности и, в целом, к замедлению роста экономики.

Столь узкое понимание процесса развития экономики, а также причин и факторов, способствующих росту или замедлению её развития, показывает степень компетентности “экономиста”, которому не помешало бы заняться повышением своей финансовой грамотности и тому, чтобы быть последовательным в своих рассуждениях.

Необходимо учесть, что намеченные цели направлены на решение стратегических проблем, с которыми сталкивается экономика нашей страны. В силу различных причин исторически приоритетным направлением в Таджикистане остаётся импортоориентированная структура экономики, способствующая значительному оттоку валютных средств. Для предотвращения оттока капитала нам необходимы стратегические реформы , которые должны способствовать развитию политики импортозамещения и ориентации на увеличение экспортной продукции, но их реализация требует определённого времени.

Сегодня остро стоит концептуальная задача решения проблем, связанных с модернизацией экономики страны. Одним из основополагающих стратегических направлений является внедрение и развитие инновационных технологий. Для реализации данного направления необходима надёжная и прочная финансовая система, которая является основным звеном в обеспечении модернизации экономики в целом.

Относительно беспокойства автора по оценке снижения импорта и деловой активности, следует отметить, что опираясь только на используемые автором показатели, невозможно определить состояние развития экономики. Следовательно, полагаясь на его выводы, экономика страны продолжит свою зависимость от импорта, что негативно отразится на деловой активности всей экономической среды.

Применяемая практика НБТ в регулировании денежно-кредитной политики очевидным образом привела к положительным результатам структур финансовой системы. По итогам последних четырёх лет, независимо от наличия дефицита текущего счёта платежного баланса, удалось значительно увеличить золотовалютные резервы с 18 дней в 2015г. до 5,5 месяцев (200 дней) покрытия импорта в 2019г..

Независимо от наличия значительных проблем, с которыми столкнулся финансовый рынок в 2015 году, на сегодняшний день все проводимые мероприятия, прежде всего, были направлены на оздоровление финансовой конъюнктуры.

С целью обеспечения эффективного использования инструментов денежно-кредитной политики и регулирования краткосрочной ликвидности банковской системы, были реализованы превентивные меры, направленные на снижение влияния внешних рисков, исходящих от волатильности курса валют. Введены в эксплуатацию новые автоматизированные механизмы электронной оценки спроса на иностранные валюты и их купля-продажа на платформе «Томсон Ройтерс». Была осуществлена всесторонняя поддержка безналичных расчётов внутри страны, а также расширены возможности взаиморасчёта с торговыми партнерами в национальных валютах.

Следует отметить, что 28 августа 2017 году две ведущие международные рейтинговые компании ("Standard&Poors" и "Moody's Investors Service"), впервые присвоили и опубликовали суверенный кредитный рейтинг Таджикистана. Дальнейшее проведение оценки суверенного кредитного рейтинга страны и публикация его результатов является одним из основных условий для вхождения в международные рынки капитала и играет важную роль в повышении престижа страны, для привлечения инвестиций и расширения сотрудничества с международными финансовыми учреждениями, инвестиционными банками и партнерами по развитию.

В 2017 году Республика Таджикистан впервые за годы независимости успешно произвела выпуск и продажу государственных ценных бумаг (Евробондов) на мировом финансовом рынке на сумму 500,0 млн. долларов США, что свидетельствует о доверии иностранных инвесторов и иностранных финансовых институтов к экономической и финансовой системам страны, и НБТ сыграл важную основополагающую роль в этом деле.

Начиная с 2006 года по сегодняшний день законодательно установлено, что основной целью НБТ является достижение и поддержание стабильного уровня внутренних цен (инфляции) на долгосрочный период.

Тем не менее НБТ, исходя из особенностей экономической и фианасовой систем республики, всегда придерживался курсовой политики, основанной на режиме “регулируемого плавания”, которая предполагает умеренное колебание курса под воздействием рыночных процессов и минимальное вмешательство НБТ в ситуацию на рынке.

Предлагая девальвацию курса и либерализацию рынка как единственную меру для устранения всех его проблем, в том числе проблему возросшего спроса, необходимо констатировать тот факт, что в течение 2018-2019гг. умеренно девальвирован переоценённый реальный эффективный курс, негативно влияющий на экономику страны с 120,2% (в 2014г.) до 90,6% (30.10.2019г.) с целью улучшения конкурентоспособности внутренних производителей развития экпортного потенциала и внедрения политики импортозамещения.

Автор статьи, основываясь на какие-то оценки международных финансовых организаций, утверждает, что якобы НБТ по-прежнему административно регулирует рынок, ограничивая доступ к твёрдой валюте, косвенно сокращая импорт, стимулируя развитие неофициального рынка, тем самым нарушает требования Статьи VIII Соглашения МВФ.

Согласно мнению автора, Статья VIII говорит о недопустимости валютного контроля, который приводит к растущему расхождению курсов и появлению нелегальных рынков валют.

Это ошибочное мнение свидетельствует о том, что автор недостаточно осведомлен о требованиях Статьи VIII, а также наличия в Республике Таджикистан Закона РТ «О валютном регулировании и валютном контроле» (от 2013 года).

Существование валютного контроля не означает нарушение требований Статьи VIII, так как в Республике Таджикистан отсутсутвуют какие-либо запреты и ограничения на покупку юридическими и физическими лицами (резидентами и нерезидентами) иностранной валюты и её перевод за рубеж по текущим валютным операциям.

В Республике Таджикистан отсутствует практика множественности курсов, так как разница между обменными курсами долларов США на официальном и небанковском рынках не превышает 2%. По состоянию на 26 ноября 2019 года эта разница составляет 1,2%.

Автор голословно утверждает, что НБТ ограничивает доступ к твёрдой иностранной валюте, не указывая в чём заключается это ограничение. Хотелось бы прояснить каким образом НБТ может ограничивать доступ к этим средствам в условиях, когда весь объём иностраной валюты, поступающий из-за рубежа в республику от всех источников, проходит напрямую через корреспондентские счета кредитных организаций?

Говоря о проблемах финансирования торгового дефицита, ввиду сокращения объёмов поступающей в республику иностранной валюты, автор приводит данные о якобы сокращении объемов денежных переводов физических лиц без открытия банковского счёта на 4,2%, и в качестве причины такого сокращения указывает конвертацию российских рублей и их выдачу в сомони, что не соответствует действительности.

Доводим до сведения “компетентного” экономиста, что после обвала в 2015 году, восстановление объёмов денежных переводов в российских рублях происходит ежегодно, так по результатам 10 месяцев текущего года объём переводов в российских рублях физическими лицами увеличился на 10,3%, а в долларах США на 6,2% (по сравнению к аналогичному периоду прошлого года).

В настоящее время НБТ с целью снижения риска концентрации в платежной системе страны, расширения доступа кредитных организаций к международным финансовым услугам и обеспечения надёжности трансграничных переводов, создал Национальный процессинговый центр по денежным переводам (НПЦ), который не имеет аналогов в регионе.

Основной целью НПЦ является улучшение прозрачности трансграничных денежных переводов, увеличение эффективности расчётов между всеми участниками рынка и повышение доверия к банковскому сектору в целом. Кроме того, инновационное решение с использованием единого интерфейса упростит работу банков с различными платёжными системами и поможет в полной мере соблюдать требования ФАТФ в рамках противодействия легализации средств, полученных преступным путем и финансированию терроризма.

Автор предлагает для решения проблем валютной ликвидности, согласиться на все условия, выдвигаемые МВФ, приведя в пример Пакистан и Аргентину, не задумываясь о возможных последствиях такого шага.

Одним из основных условий принятия новой программы заимствований от МВФ является требование на переход в режим “свободно плавающий” обменный курс. При этом, сам же автор в начале статьи говорит о возможных катастрофических последствиях принятия такого курсового режима для страны и общества.

Опыт стран с переходной экономикой, принявших решение о поспешном переходе к “свободно плавающему” режиму, показывает, что подобный процесс не может незамедлительно решить все существующие фундаментальные, институциональные, структурные и прочие проблемы и особенности экономической и финансовой систем.

Постепенное эволюционное развитие экономической и финасовой ситемы и решение существующих проблем могут создать основу к естественной востребованности перехода к “свободно плавающему” режиму.

Именно такой подход заложен в основу всех стратегических планов и программ проведения реформ НБТ, в денежно-кредитной и валютной сферах экономики Республики Таджикистан.

В заключение относительно поверхностных анализов и предложенных срочных мер, а также оценки деятельности НБТ автору, необходимо прежде всего, более глубинно подойти к диагностике реальной экономической ситуации с учётом предоставления конкретных мер, шагов, механизмов, средств, инструментов для реализации этих благих намерений.

Тем не менее, НБТ считает полезным и приветствует организацию и проведение обмена мнениями и дискуссий с различными слоями общества, научными и академическими кругами, практикующими и компетентными экономистами и средствами массовой информации о проводимых реформах в денежно-кредитной и валютной сферах экономики.

23.12.2019
Интиқоли пул. Муҳоҷирон аз мушкил раҳо шуданд

Вокуниш ба мақолаи “Интиқоли пул. Муҳоҷирон аз ин мушкил кай раҳо мешаванд?”, дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (18.12.2019,№51)

Бонки миллии Тоҷикистон матлаби сармуҳаррири сомонаи хабарии “Tajikistantimes” Мардони Муҳаммадро, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” санаи 18 декабри соли 2019 (№51) таҳти унвони “Интиқоли пул. Муҳоҷирон аз ин мушкил кай раҳо мешаванд?” нашр шудааст, мавриди таҳлил қарор дода, зарур шуморид, ки чанд нуктаи дар матлаб зикрёфтаро, ба таври дуруст шарҳу тафсир диҳад.

Мардони Муҳаммад дар матлаби хеш менависад, ки “...то ба ҳол дар шабакаҳои иҷтимоии интернет сокинони кишвар “аз фалаҷ шудани системаи интиқоли пул” ва аз сарсонию саргардониҳо барои дарёфти маблағҳои интиқолшуда ва ё ирсоли пул ба хориҷи кишвар шикоят мекунанд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон баъзе мушкилиҳои техникӣ ба миён омаданд ва ин боиси каме коҳиш ёфтани кори операторони низоми пардохт ва дастрас кардани маблағҳои интиқолёфта аз ҷониби аҳолии кишвар гашт. Аммо бо гузашти чанд рӯз аз оғози фаъолияти ММПИМ мушкили техникӣ бартараф гардида, ҳоло низоми интиқоли маблағ дар саросари кишвар ба мароми муътадили қаблӣ баргаштааст. Мониторинг ё таҳлили ҳаррӯзаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии кишвар ва операторони низоми пардохтии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта, инчунин боздид аз марказҳои хизматрасонии бонкиву мулоқотҳо бо аҳолӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки айни замон дар самти интиқоли маблағ ба кишвар ва ба хориҷа мушкили ҷиддие мушоҳида нашуда, аҳолии кишвар тариқи операторони низоми пардохти “Юнистрим” ва “Контакт”, инчунин, дигар воситаҳои интиқол маблағҳои худро озодона интиқол ё дастрас карда истодаанд.

Дар ҷойи дигари матлаби хеш Мардони Муҳаммад як навиштаи чанд рӯз қабл дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” гузоштаи рӯзноманигор Иршод Сулаймониро иқтибос меорад. Иршод Сулаймонӣ дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ аз он шикоят кардааст, ки гӯё рӯзноманигорони тоҷик фаъолияти ММПИМ –ро нодуруст шарҳу тафсир намудаанд ва дар асл, гӯё фаъол гардидани марказ боиси гарон шудани ҳаққи хизматрасонӣ гаштааст.

Рӯзноманигорони тоҷик ҳуқуқ доранд вобаста ба ҳар масъала андешаи худро озодона, дар асоси далелу арқом баён кунанд ва ин ҷойи баҳс надорад. Аммо нуктае, ки боиси нигаронӣ аст, ин нодуруст тафсир намудани ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағ аст. Боиси таъкид аст, ки то замони ба фаъолият оғоз намудани ММПИМ ҳаққи хизматрасонии (комиссия) операторони низоми пардохт то 1,5 дарсад аз маблағи интиқолёфтаро ташкил медод. Аммо пас аз ба фаъолият оғоз намудани ММПИМ, бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва операторони низоми пардохти “Юнистрим” ва “Контакт” ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағ баръакс, поён оварда шуд. Аз ҷумла, “Юнистрим” то 0,99% ва “Контакт” то 1% ҳаққи хизматрасониашро барои интиқол поён бурд.

Ҳоло ин ду оператори низоми пардохт бе мушкил фаъолият намуда истодаанд ва рӯзҳои наздик оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” ба ММПИМ пайваст мегардад, ки ин уфуқҳои интиқоли маблағро бештар ва сифати хизматрасониро хубтар менамояд.

Мардони Муҳаммад инчунин аз навиштаи рӯзноманигори дигари тоҷик Бобоҷони Шафеъ иқтибос овардааст, ки мегӯяд: “Акнун мардум аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон пул мефиристанд ё мегиранд. Бонкҳои мо мемонанд”.

Вобаста ба ин андешаи Бобоҷони Шафеъ мехоҳем иброз намоем, ки ташвиши рӯзноманигор асос надошта, баръакс ба фаъолият оғоз намудани ММПИМ дар самти боло рафтани саводнокии молиявии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшид. То имрӯз аҳолии кишвар аксаран тариқи операторони низоми пардохт маблағ ирсол мекарданд ва бархе аз онҳо аз имкониятҳои фаровони технологияҳои муосир бехабар буданд. Айни ҳол, сокинон роҳҳои гуногуни интиқоли маблағ, аз ҷумла тариқи аз як корт ба дигар корт интиқол додан, боз намудани суратҳисоб, истифода аз замимаҳои зиёди интиқоли маблағро аз худ карда, фаъолона истифода бурда истодаанд. Аз ин лиҳоз, мо бовар дорем, ки дар ояндаи наздик дигар кишварҳои минтақа таҷрибаи давлати моро омӯхта, аз он истифода хоҳанд кард.

Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳар лоиҳае, ки тоза ба фаъолият оғоз менамояд, аз камбудиву мушкилиҳо орӣ буда наметавонад. Аммо он ҳама мушкилҳо, ки рӯзҳои аввал буданд, техникӣ буда, роҳи ҳалли худро ёфтааст. Итминони комил дорем, ки дар наздиктарин фурсат, ҷомеа аз манфиатҳои зиёди ММПИМ огоҳ гардида, зарурати ташкили онро дарк хоҳад намуд. Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ройгон фаъолият намуда, бо мақсади таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ дар иқтисодиёти кишвар, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ, вусъат бахшидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ,таъмини бехатарии интиқоли маблағ, кафолати пардохти маблағи интиқолёфта ва суботи молиявии кишвар таъсис дода шудааст.

Дар охир мехоҳем зикр намоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша аз мақолаҳои таҳлилӣ-интиқодии созандае, ки дар асоси воқеият ва андешаронии амиқ нигошта шуда, мақсади аслӣ ҳалли мушкили мавҷуда мебошад, истиқбол менамояд. Дар баробари ин, БМТ омода аст, дар самти шарҳу тафсири дурусти масъалаҳои вобаста ба низоми бонкии кишвар, бо рӯзноманигорон ҳамкорӣ намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

20.12.2019
Тавзеҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ба мақолаи “Қабули ҷазои нав барои интиқоли нодурусти пул: мусодира мешавад”

“Танҳо он маблағҳое мусодира мегарданд, ки бa қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқамандӣ доранд...”


Дар мақолаи “Қабули ҷазои нав барои интиқоли нодурусти пул: мусодира мешавад”” аз 18 декабри соли 2019, ки дар сомонаи “Sputnik-tj.com нашр гардидааст, муаллифи мақола вобаста ба тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда қайд намудааст, ки “... Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон меъёри нави қонунгузориро муаррифӣ кард, ки бар асоси он пуле, ки нодурусту ғайриқонунӣ интиқол дода мешавад, метавонад мусодира гардад”.

Бояд қайд намуд, ки дар мақола сухан аслан оид ба тағйиру иловаҳо ба қисми 4 моддаи 578 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, ки ҷавобгариро барои эъломия накардан ё носаҳеҳ эъломия намудани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшавандаро пешбинӣ менамояд.

Дар асл, тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда барои эъломия накардан ё носаҳеҳ эъломия намудани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, ки тибқи қонунгузорӣ бояд ҳатман ва ба таври хаттӣ мавриди эъломиякунӣ қарор гирад, ҷазо дар намуди ҷарима боқӣ мондааст.

Мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошад, танҳо дар он ҳолате пешбинӣ шудааст, ки пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи эъломиянакарда ё носаҳеҳ эъломияшуда бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқамандӣ дошта бошад ва ё дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои асосӣ ба даст оварда шуда бошанд.

Тағйиру иловаҳои воридшаванда бо назардошти тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба пулшӯӣ (ФАТФ) таҳия гардида, барои таъмини амнияти давлат ва тақвият бахшидани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом равона гардидааст.

Мақсад аз тавзеҳоти мазкур, пеш аз ҳама тақвият бахшидани робита бо ҷомеа ҷиҳати дуруст ва дар асоси воқеият таҳия ва ба ҷомеа пешниҳод шудани ин ё он мавод мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ намудани таҳрифи иттилоотӣ ва хавфи ташаккули афкори нодуруст дар ҷомеа равона гардидааст.

Департаменти мониторинги молиявӣ

13.12.2019
Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ дар Бохтар шаҳодати зиёдшавии эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ аст

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” Муҳаммадзоиршо Шарифзода ва Зокир Ҳасан таҳти унвони “Бохтар обод мешавад, агар...”, ки 27 ноябри соли 2019 таҳти №224 (23827) интишор шудааст, чунин иттилоъ медиҳад:

Пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок дар кишвар ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин, саҳми фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ низ баҳри рушди соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ назаррас мебошад. Хизматрасониҳои бонкӣ ба муштариён, аз ҷумла ба соҳаи соҳибкории хурду миёна, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти коркард, бахши хоҷагии қишлоқ ва рушди содироти кишвар рӯз то рӯз беҳтар гашта истодааст.

Аз рӯи маълумотҳои ҷамъбастии моҳҳои январ - октябри соли 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти шаҳри Бохтар 195,9 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз ё 24,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ ба шаҳри Бохтар дар ин давра маблағӣ 104,5 млн. сомонӣ ба соҳаи соҳибкорӣ рост меояд, ки 53,3 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад.

Бақияи пасандозҳо бошад ба санаи 31 октябри соли 2019 143,8 млн. сомониро ташкил намуда, ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 млн.сомонӣ ё 10,1 фоиз афзуд.

Афзоиши пасандозҳои аҳолии шаҳри Бохтар аз зиёд шудани эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

14.11.2019
Вокуниш ба мақолаи хабарнигори “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев “ Кто у нас тут самый богатый?” (Asia-Plus, №37(1419) аз 12 сентябри с. 2019)

Национальный банк Таджикистана, рассмотрев статью журналиста Пайрава Чоршанбиева “Кто у нас тут самый богатый?” (Asia-Plus, №37(1419) от 12 сентября 2019г.) отмечает, что вышеназванный автор по прежнему остаётся верен своему подходу при освещении очень чувствительного вопроса, связанного с деятельностью внутреннего валютного рынка.

Национальный банк Таджикистана неоднократно писал о том, что журналист в своих статьях использует недостоверную информацию, ложные факты и неверные цифры и прямо искажает реальное положение дел в этом вопросе. Последний раз это было подчёркнуто в ответе Национального банка Таджикистана на статью этого журналиста под названием “Таджикистан на пороге топливного кризиса” (Asia-Plus, №23(1407) от 20 июня 2019г.).

Тем не менее, Пайрав Чоршанбиев в своей новой статье “Кто у нас тут самый богатый?” (Asia-Plus, №37(1419) от 12 сентября 2019г.) полностью разместил тот же материал из прежней статьи “Таджикистан на пороге топливного кризиса” (Asia-Plus, №23(1407) от 20 июня 2019г.), не приняв во внимание офицальный ответ Национального банка Тажикистана.

Многие факты, цифры, заключения и представленная в этой статье информация также не соответствуют действительности и искажают реальное положение дел.

Как один из примеров, это цифры, показывающие долю компании “Газпромнефть Таджикистан” в общем объёме, ввозимых в республику горюче-смазочных материалов. В начале новой статьи Пайрав Чоршанбиев указывает, что доля компании “Газпромнефть Таджикистан” составляет 41,0%, но во второй части статьи, эта цифра уже вырастает до более 55,0%.  

Национальный банк Таджикистана отмечает тот факт, что в республике всегда существовал и существует дефицит иностранной валюты, обусловленный наличием отрицательного сальдо торгового баланса и влиянием сезонных факторов на объёмы, поступающей в республику иностранной валюты.

Так, за 8 месяцев 2019 года отрицательное сальдо торгового баланса республики составило 1’425,8 млн. долларов США, что на 30,1 млн. больше, чем за этот же период 2018 года.

Соответственно, Национальный банк Таджикистана и банковская система в целом делают всё для того, чтобы увеличить объёмы предложения иностранной валюты на внутреннем рынке и покрыть существующий дефицит торгового баланса.  

За 7 месяцев 2019 года общий объём импорта составил 1’858,1 млн. долларов США и соотвественно среднемесячные объёмы импорта составляют 265,4 млн. долларов США. При этом кредитными организациями на внутреннем валютном рынке была продана иностранная валюта в объёме, эквивалентном 2’637,6 млн. долларов США (1’441,1млн. долларов США, 1’107,9 млн. российских рублей и 88,6 млн. евро). Соответственно, среднемесячные объёмы продаж иностранной валюты составляют 376,8 млн. долларов США (205,8 млн. долларов США, 158,3 млн. российских рублей и 12,7 млн. евро) или ежедневно (30 дней) примерно 12,6 млн. долларов США (6,9 млн. долларов США, 5,3 млн. российских рублей и 0,4 млн. евро).

Это официальные цифры, полученные из отчётов кредитных организаций, предоставляемых ежедневно в Национальный банк Таджикистана и они никак не соответствуют цифрам, приведённым в статье Пайрава Чоршанбиева со ссылкой на информацию Национального банка Таджикистана.

За 8 месяцев 2019 года отечественные кредитные организации конвертировали денежные средства импортёров горюче-смазочных материалов на сумму 289,9 млн. долларов США, из них 111,5 млн. долларов США (38,5%) приходится на компанию “Газпромнефть Таджикистан”.

В заключении хотелось бы посоветовать Пайраву Чоршанбиеву сделать материал о том, что мешает компании “Газпромнефть Таджикистан”, являющейся дочерней компанией российской компании “Газпром” заключать договора о поставке горюче - смазочных материалов в республику только в российских рублях.

Отдел прессы

14.11.2019
Посух ба саволҳои хабарнигори “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев дар мавриди интиқоли маблағ (асъор) аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ба хориҷи кишвар

Национальный банк Таджикистана относительно вопроса корреспондента ИА “Азия-плюс” о сложностьях с переводом валюты за рубеж инностранным гражданнам сообщает следующее:

Прежде всего хотелось бы отметить, что ранее Национальный банк Таджикистана отвечал на данный вопрос ИА “Азия-Плюс» под заглавием «Таджикистанцам запретили отправлять деньги иностранцам» (автор Пайрав Чоршамбиев, 07.05.2018).

Утверждение о том, что существует сложности с переводом валюты за рубеж инностранным гражданнам, никоим образом не соответствует действительности и вводит в заблуждение читателей, так как Национальный банк Таджикистана не вводил никакие запреты на подобные переводы денежных средств.

Последние изменения и дополнения, внесённые Национальным банком Таджикистана, не затронули основные положения, порядок и правила, действующей с 2001 года системы денежных переводов без открытия банковского счёта. Все внесённые впоследствии изменения касались лишь суммы денежных переводов, которые можно отправлять (получать) без представления подтверждающих документов. К сожалению, подобные публикации приводят к заблуждению читателей, а также пользователей услуг банковского и финансового сектора.

При переводе без открытия банковского счёта резидентам или нерезидентам, единственным требованием является то, что эти денежные средства должны иметь исключительно неторговый, социально значимый характер и назначение. В связи с этим, считаем необходимым привести установленный Инструкцией №204 “О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” (утв. постановлен. Правления НБТ от 26.12.2013 г., №314) с учётом последних изменений и дополнений, перечень назначений, по которому граждане Республики Таджикистан могут перевести за рубеж денежные средства в иностранной валюте, без открытия банковского счёта:

- частный перевод из Республики Таджикистан для удовлетворения своих текущих нужд за рубежом ограниченных сумм в валюте (сумме эквивалентной до 1’750 показателей для расчётов);

- сумм пособий или же помощи резидентам Республики Таджикистан в сумме, эквивалентной до 1’750 показателей для расчётов.

Без ограничений сумм, на основе подтверждающих документов:

- сумм заработной платы и пенсий;

- в счет оплаты учебы и лечения физических лиц. При этом оплату могут осуществлять любые резиденты (физические и юридические лица), в том числе не принявшие на себя услуги по обучению и лечению;

- в счет оплаты подписок на иностранные периодические издания;

- в счёт оплаты вступительных и членских взносов в пользу международных неправительственных организаций, являющихся нерезидентами;

- в счёт оплаты алиментов, государственных пособий, доплат и компенсаций, сумм выплачиваемых на основании судебных актов и актов других правомочных органов, наследственных сумм и сумм, полученных от реализации наследованного имущества, а также платежей по возмещению расходов судебных, нотариальных и иных органов (в том числе оплата налогов, сборов, пошлин и иных обязательных платежей за выполнение указанными органами своих функций) в соответствии с законодательством иностранных государств;

- организаторам международных симпозиумов, конференций, других международных встреч, а также международных выставок, ярмарок, спортивных соревнований, иных культурных мероприятий, проходящих на территории иностранных государств с участием резидентов в указанных мероприятий;

- в счет оплаты страховых взносов (страховых премий) страховщиков - нерезидентов независимо от страхуемого интереса и оплаты страховых средств (страхового возмещения) с учетом требований законодательства Республики Таджикистан о страховании;

- нерезидентам, основная деятельность которых связана с реализацией физическим лицам за пределами Республики Таджикистан товаров в розничной торговле (выполнение работ, оказание потребительских услуг) в счет оплаты приобретаемых у указанных нерезидентов за пределами Республики Таджикистан товаров (работ, услуг).

Третья глава Инструкции №204 полностью посвященна переводнам операциям физических лиц - нерезидентами, в том числе в пуктах 20 и 21 приведенно.

20. Перевод валюты в Республику Таджикистан из-за рубежа на имя и в пользу физических лиц-нерезидентов и их получение осуществляется ими в порядке установленном для резидентов в пункте 18 настоящей Инструкции.

21. Перевод валюты из Республики Таджикистан за рубеж нерезидентами (их представителями) без открытия банковского счета осуществляется в таком порядке:

а) валюта ранее переведенная, ввезенная или пересланная нерезидентами (их представителями) в Республику Таджикистан может быть переведена из Республики Таджикистан за рубеж в сумме указанной в таможенной декларации или в другом подтверждающем их перевод или пересылку документе;

б) нерезиденты (их представители) могут перевести из Республики Таджикистан за рубеж наличную валюту, имеющую следующий характер или происхождение:

- снятую со своих банковских счетов, открытых в уполномоченном банке;

- купленную на внутреннем валютном рынке;

- полученную от продажи платежных документов выраженных в валюте уполномоченному банку;

- полученную в уполномоченном банке переведёную на их имя по переводу без открытия банковского счета.

Перевод валюты в этих случаях осуществляется при условии предоставления нерезидентами подтверждающего документа об источнике наличной валюты в пределах сумм указанных в них;

в) нерезиденты (их представители) в порядке и по назначениям, указанным в абзацах с одного до девяти подпункта «в» пункта 19 настоящей Инструкции могут осуществлять перевод валюты из Республики Таджикистан за рубеж.

Текст Инструкции №204 “О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” доступен на официальном сайте Национального банка Таджикистана (www.nbt.tj) по ссылке «Нормативно-правовые акты».

Национальный банк Таджикистана надеется, что журналисты еженедельника «Азия Плюс», в том числе и Пайрав Чоршамбиев, впредь будут принимать во внимание и полностью отражать установленные нормативно-правовыми актами правила и порядок осуществления тех или иных банковских операций, официальную позицию и ответы уполномоченного органа и не будут делать скоропалительные, необоснованные выводы и заключения, которые не соответствуют действительности и могут дестабилизировать ситуацию и нанести репутационные убытки республике.

Отдел прессы

01.11.2019
Вокуниш ба маводи Радиои Озодӣ: “ Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки миллӣ”

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи Радиои Озодӣ - “Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки миллӣ”, ки санаи 29 октябри соли 2019 дар сомонаи ин нашрия (https://www.ozodi.org/a/30241598.html) интишор шудааст, чунин иттилоъ медиҳад:

- Бонки миллии Тоҷикистон тибқи талаботи банди 3-и“Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд”[1] (минбаъд Тартиб), ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №129 тасдиқ шудааст, ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, рӯйхати шахсони бо терроризм алоқамандро дар сомонаи расмии худ ҷойгир менамояд.

Бояд зикр кард, ки рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби мақоми ваколатдори субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда муайян гардида, баъдан мутобиқи Тартиб таҳия гардида ба Бонки миллии Тоҷикистон танҳо барои дар сомона ҷойгир намудан пешниҳод карда мешавад ва тартиб додани рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дар салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон нест.

Бояд қайд намуд, ки дар бандҳои 9, 23, 24 ва 25-и Тартиб асосҳо барои ба рӯйхати миллӣ дохил кардан ва хориҷ намудан аз он оварда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Тартиб мутобиқи талаботҳои Қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ), Гурӯҳи тадбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи матбуот



17.10.2019
Посух ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев оид ба қарзҳои ипотекӣ

Ташкилотҳои қарзӣ қарздиҳии соҳаи ипотекиро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонанд. Қонуни мазкур дар умум ҳамаи муносибатҳои қарздеҳу қарзгиронро, ки бо гарави молу мулки ғайриманқул тибқи тартиби муқаррарнамуда ба расмият дароварда мешавад, ба танзим медарорад ва бояд қайд кард, ки қарздиҳии манзил (ипотека) низ дар доираи ҳамин қонун танзим карда мешавад.

Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро дар самти пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ дар доираи имкониятҳои мавҷудбуда пеш бурда истодаанд. Тибқи таҷриба барои зиёд шудани ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ дар низом, ҷалби маблағҳои дарозмуҳлат ва арзон зарур мебошад. Бештари маблағҳои ҷойгирнамудаи аҳолӣ ва корхонаҳо, ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ кутоҳмуҳлат буда, имконияти ташкилотҳои қарзиро барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ маҳдуд менамоянд.

Динамикаи рушди пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар давоми 5 сол дар шакли ҷадвал нишон дода шудааст:

Снимок.PNG-1.PNG

Аз рӯи маълумотҳои ҷадвали мазкур муайян мешавад, ки аз соли 2015 то инҷониб қарздиҳии ипотекӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда истода, бақияи онҳо ба санаи 31 августи соли 2019 маблағи 210,4 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои боз ҳам соддатар намудани раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека” ва маъмул гардидани қарзи ипотекӣ бо кумаки техникии Лоиҳаи инкишофи бозори ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар доираи барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека” таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур, бо мақсади такмили низоми бонкӣ, мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла ҳуқуқи заминистифодабарӣ, мусоидат барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда, дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, бо назардошти муроҷиат ва таклифҳои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, инчунин таҷрибаи давлатҳои дигар таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бақияи қарзҳои ипотекӣ ба санаи 31 августи соли 2019 маблағи 210,4 млн.сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ ба маблағи 2,8 млн.сомонӣ ё 1,34% зиёд гардидааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ

09.10.2019
Посух ба маводи “Азия-Плюс” ва радиои “Озодӣ”

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи хабаргузории “Азия Плюс», муаллиф Пайрав Чоршанбиев таҳти унвони «В Таджикистане не хватает сомони. Это целенаправленная политика НБТ?” (https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20190930/v-tadzhikistane-ne-hvataet-somoni-eto-tselenapravlennaya-politika-nbt) ва маводи радиои «Озодӣ» аз 21 сентбяри 2019 таҳти унвони "На рубл медиҳанд, на сомонӣ". Норизоии сокинони Кӯлоб аз кори бонкҳо.(https://www.ozodi.org/a/the-problem-of-cash-money-in-banks-tajikistan/30175153.html) чунин иттилоъ медиҳад:

Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани пули нақд тибқи муқаррарот дархостҳои худро ба Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон як рӯз қабл аз гирифтани пули нақд пешниҳод менамоянд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули дархост санҷиши ҳолати бақияи хазинаҳои муомилотии ташкилотҳои қарзӣ ва ба кадом мақсад истифода намудани пули нақди дархостшударо мегузаронанд. Ҳангоми дар хазинаҳои муомилотӣ ва банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд будани маблағҳои калони пули нақд дархости онҳо ба инобат гирифта намешавад.

Ҳолатҳое ҳастанд, ки ташкилотҳои қарзӣ дар суратҳисобҳояшон      маблағи зарурӣ надоранд, ки ба суратҳисоби махсус барои гирифтани пули нақд гузаронанд ва бо пули нақд таъмин карда шаванд, ки ин мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро мунтазам бо пули нақд таъмин менамояд. Дар ҳашт моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз хазинаҳои Хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва хазинаҳои шуъбаҳои минтақавии он, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард (7 050) сомонӣ бо пули нақд таъмин карда шудаанд. Пули нақд ба ташкилотҳои қарзӣ пеш аз ҳама бо мақсади пардохти музди меҳнат, нафақа, пасандозҳо, лоиҳаҳои қарздиҳӣ, алалхусус қарздиҳӣ ба соҳаи пахтакорӣ равона карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дорои захираҳои кофии пули нақд (пулҳои коғазӣ ва тангаҳои филизӣ) мебошад ва дар самти саривақт бо пули нақд таъмин намудани соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ягон мамоният вуҷуд надорад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

19.07.2019
Вокуниши Бонки миллии Тоҷикистон ба изҳороти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 18 июли соли 2019 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор карда шудааст.

Маълумоти мазкур, ки дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври расмӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб эълон шудааст, дар аксари саҳифаҳои хабаргузории давлатӣ ва ғайридавлатӣ нашр шуда, боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа мегардад ва ба нуфузу эътибори Бонки миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Бояд тазаккур дод, ки изҳорот марбут ба ошкор гардидани зарари молиявӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон саҳеҳ набуда, асоси воқеӣ надорад.

Воқеият ин аст, ки дар ягон санади санҷиши Палатаи ҳисоб оид ба ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда нашудааст. Вале сарфи назар аз ин, дар баъзе изҳорот ва маълумотҳои Палатаи ҳисоб дар хусуси ба маблағи умумии 8,3 млн. сомонӣ ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда мешавад, ки он асосманду собитшуда набуда, ба унсурҳои зарари молиявӣ ҳаргиз мутобиқат намекунад.

Дар таркиби маблағи мазкур 6,2млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди аз ҷониби худи Бонки миллӣ ҳисобкардашуда ва 1,5 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи ҳисобкардашуда ва тасдиқнашуда дар назар дошта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маблағгузориҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, мустақилона ва бе дахолати санҷишгарони Палатаи ҳисоб захира барои пӯшонидани талафоти имконпазир ташкил намуда, тибқи тартиби муқарраршуда аз он ба маблағи қариб 6,2 млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки супоришномаҳои пардохтӣ онро тасдиқ менамоянд. Ин маблағи андозҳои супоридашуда аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ҳамчун барқароркунии андоз ва зарари молиявӣ арзёбӣ карда шудааст. Ҳол он ки ин ҷо ягон барқароркунии андоз ҷой надошта, дар доираи пардохтҳои ҷории Бонки миллӣ сурат гирифт ва чунин арзёбӣ намудани Палатаи ҳисоб ба ҳақиқат дуруст намеояд, зеро чуноне ки дар боло таъкид намудем, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи андозро мустақилона ва бо тасмими худ, бе ягон тавсияву пешниҳоди санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба буҷети давлатӣ интиқол додааст.

Ҳамчунин, дар таркиби маблағи дар боло зикршудаи зарари молиявӣ ба қавли санҷишгарони Палатаи ҳисоб “маблағи андозҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшшуда дар ҳаҷми 1,5 млн. сомонӣ” (аз он 1,2 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи соли 2016) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки он ҳам ба воқеият мутобиқат намекунад. Зеро зимни санҷиши маҷмӯии аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз гузаронидашуда бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи мазкур пурра санҷида шуда, ягон ҳолати кам ҳисоб намудани андоз аз фоида ошкор нагардид ва дурустии тартиби ҳисоби андозу пардохтҳо тасдиқ карда шуд (санад аз 08.04.с.2019). Яъне, аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба зарари молиявӣ мансуб донистани маблағи мазкур заминаи воқеӣ надорад.

Зимнан, роҷеъ ба масъалаи мазкур баъд аз санҷиши гузаронидашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба худи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи асоснок пешниҳод гардида буд, вале сарфи назар аз ин, аз ҷониби Палатаи ҳисоб асосу далелҳои зикрнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.

Салоҳи кор ин аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда, ки дар ягон санади санҷишии Палатаи ҳисоб расман ҳамчун зарари молиявӣ сабт нашудаанд, минбаъд дар изҳороту маълумотҳои расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда нашаванд.

 Шуъбаи матбуоти БМТ

19.07.2019
Вокуниши Бонки миллии Тоҷикистон ба изҳороти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 18 июли соли 2019 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор карда шудааст.

Маълумоти мазкур, ки дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври расмӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб эълон шудааст, дар аксари саҳифаҳои хабаргузории давлатӣ ва ғайридавлатӣ нашр шуда, боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа мегардад ва ба нуфузу эътибори Бонки миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Бояд тазаккур дод, ки изҳорот марбут ба ошкор гардидани зарари молиявӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон саҳеҳ набуда, асоси воқеӣ надорад.

Воқеият ин аст, ки дар ягон санади санҷиши Палатаи ҳисоб оид ба ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда нашудааст. Вале сарфи назар аз ин, дар баъзе изҳорот ва маълумотҳои Палатаи ҳисоб дар хусуси ба маблағи умумии 8,3 млн. сомонӣ ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда мешавад, ки он асосманду собитшуда набуда, ба унсурҳои зарари молиявӣ ҳаргиз мутобиқат намекунад.

Дар таркиби маблағи мазкур 6,2млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди аз ҷониби худи Бонки миллӣ ҳисобкардашуда ва 1,5 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи ҳисобкардашуда ва тасдиқнашуда дар назар дошта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маблағгузориҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, мустақилона ва бе дахолати санҷишгарони Палатаи ҳисоб захира барои пӯшонидани талафоти имконпазир ташкил намуда, тибқи тартиби муқарраршуда аз он ба маблағи қариб 6,2 млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки супоришномаҳои пардохтӣ онро тасдиқ менамоянд. Ин маблағи андозҳои супоридашуда аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ҳамчун барқароркунии андоз ва зарари молиявӣ арзёбӣ карда шудааст. Ҳол он ки ин ҷо ягон барқароркунии андоз ҷой надошта, дар доираи пардохтҳои ҷории Бонки миллӣ сурат гирифт ва чунин арзёбӣ намудани Палатаи ҳисоб ба ҳақиқат дуруст намеояд, зеро чуноне ки дар боло таъкид намудем, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи андозро мустақилона ва бо тасмими худ, бе ягон тавсияву пешниҳоди санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба буҷети давлатӣ интиқол додааст.

Ҳамчунин, дар таркиби маблағи дар боло зикршудаи зарари молиявӣ ба қавли санҷишгарони Палатаи ҳисоб “маблағи андозҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшшуда дар ҳаҷми 1,5 млн. сомонӣ” (аз он 1,2 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи соли 2016) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки он ҳам ба воқеият мутобиқат намекунад. Зеро зимни санҷиши маҷмӯии аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз гузаронидашуда бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи мазкур пурра санҷида шуда, ягон ҳолати кам ҳисоб намудани андоз аз фоида ошкор нагардид ва дурустии тартиби ҳисоби андозу пардохтҳо тасдиқ карда шуд (санад аз 08.04.с.2019). Яъне, аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба зарари молиявӣ мансуб донистани маблағи мазкур заминаи воқеӣ надорад.

Зимнан, роҷеъ ба масъалаи мазкур баъд аз санҷиши гузаронидашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба худи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи асоснок пешниҳод гардида буд, вале сарфи назар аз ин, аз ҷониби Палатаи ҳисоб асосу далелҳои зикрнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.

Салоҳи кор ин аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда, ки дар ягон санади санҷишии Палатаи ҳисоб расман ҳамчун зарари молиявӣ сабт нашудаанд, минбаъд дар изҳороту маълумотҳои расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда нашаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

28.06.2019
Ответ на статью корреспондента газеты “Asia-Plus», Пайрава Чоршанбиева “Таджикистан на пороге топливного кризиса” (№25(1407) от 20.06. 2019г.)

Национальный банк Таджикистана, рассмотрев статью журналиста Пайрава Чоршанбиева “Таджикистан на пороге топливного кризиса” (Asia-Plus, №25(1407) от 20 июня 2019г.),прежде всего отмечает тот факт, что большинство его публикаций, связанных с темой валютного рынка предрекают обвалы, катастрофы, панику, кризисы и другие устрашающие читателей явления.

Прочитав и эту статью, у читателя возникает чувство тревоги, паники и безысходности от того, что уже завтра грядёт кризис и наступит хаос и разрушение всего и вся.

Многие факты, цифры, заключения и представленная в этой статье информация не соответствуют действительности и искажают реальное положение дел.

Ни для кого не секрет, что в республике всегда существовал и существует дефицит иностранной валюты, обусловленный особенностями торгового баланса республики.

За 5 месяцев 2019 года объём импорта в 3,2 раза превыcил объёмы экспорта и отрицательное сальдо торгового баланса республики равно 892,0 млн. долларов США.

Источником покрытия этого дефицита являются краткосрочные и долгосрочные кредиты, привлекаемые банками из-за рубежа, депозиты физических лиц, вносимые в банки и денежные переводы физических лиц без открытия счёта.

Любые изменения состояния этих источников, в том числе, в связи с сезонным фактором, напрямую влияют на объёмы предложения иностранной валюты на внутреннем рынке и соответственно увеличивают или уменьшают дефицит иностранной валюты.   

Несмотря на существующие сложности в деле увеличения объёмов предложения иностранной валюты, банковская система справляется с удовлетворением нужд импортёров в иностранной валюте. В мае месяце 2019 года объём импорта составил 287,5 млн. долларов США, при этом банки продали своим клиентам иностранную валюту в объёме, эквивалентном 289,2 млн. долларов США (211,2 млн. долларов США, 3’828,4 млн. российских рублей и 17,1 млн. евро).

Соответственно, наши банки в день конвертируют денежные средства своих клиентов в объёме, эквивалентном 13,9 млн. долларов США (9,6 млн. долларов США, 174,0 млн. российских рублей и 0,8 млн. евро).

Это официальные цифры, полученные из отчётов кредитных организаций, предоставляемых ежедневно в Национальный банк Таджикистана и ссылка Пайрава Чоршанбиева на данные, якобы полученные от Национального банка Таджикистана об объёме ежедневных конвертаций, вызывает вопросы и недоумение.....

За первый квартал 2019 года отечественные банки конвертировали денежные средства импортёров горюче-смазочных материалов на сумму 93,5 млн. долларов США, из них 29,9 млн. долларов США (32,0%) приходится на компанию “Газпромнефть Таджикистана”.

Денежные средства импортёров горюче-смазочных материалов конвертируются только в безналичную иностранную валюту и эта операция не имеет ничего общего с операцией по выдаче денежных переводов физическим лицам в наличной иностранной валоте.

Следует отметить, что трудности одного банка по выдаче денежных переводов в наличной иностранной валюте не могут быть основанием для заключения о том, что в целом в банковской системе республики существует нехватка долларовых ресурсов, как утверждает Пайрав Чоршанбиев.

И наконец, о “новом открытии”, сделанном Пайравом Чоршанбиевым в отношении российских рублей, переводимых физическими лицами без открытия счёта.

Он якобы узнал о том, что росийская валюта, поступающая в Таджикистан за счёт денежных переводов, ежедневно сдаётся в Национальный банк и якобы в одном банке на условиях анонимности АП сказали о том, что НБТ обменивает их в доллары США и они не знают куда затем направляются эти средства.

Данное утверждение является ложью, так как сам Пайрав Чоршанбиев и все банки прекрасно знают о порядке конверсии переводимых российских рублей в сомони и об обязательной продаже лишь 50,0% их объёма Национальному банку Таджикистана. Такой порядок существует уже более трёх лет и НБТ ни раз писал и давал разъяснения по этому поводу самому Пайраву Чоршанбиеву.

Ещё раз напоминаем о том, что банки в обязательном порядке ежедневно продают лишь 50,0% от об общего объёма переводённых российских рублей, а “не сдают” их и затем Национальный банк Таджикистана в тот же день выставляет их на продажу на межбанковский рынок, посредством системы электронных торгов “Томсон Ройтерс”, участниками которой являются все кредитные учреждения республики.

За 5 месяцев 2019 года через эту систему куплено 19’537,3 млн. и прдано 19’190,8 млн.российских рублей. Как видим, объём чистой покупки составляет всего 346,5 млн. росийских рублей (эквивалентно 22,3 млн. долларов США) и ни о какой полной конвертации Национальным банком Таджикистана этих средств в доллары США, как утверждает наш дорогой автор, речи не идёт.

Следует отметить, что деятельность кредитных организаций (филиалов, структурных подразделений),которые занимаются обменными и переводными операциями, находится под постоянным надзором действующих рабочих групп Национального банка Таджикистана и совместных групп Генеральной прокуратуры, а также   других соответствующих органов.

Национальный банк Таджикистана вместе со всей банковской системой и впредь будет делать всё для того, чтобы своевременно и полностью удовлетворять потребности в конвертации иностранной валюты всех импортёров, в том числе импортёров горюче-смазочных материалов.

Наряду с этим, призываем представителей СМИ к более тесному сотрудничеству в деле освещения всех вопросов, касающихся деятельности Национального банка Таджикистана, банковской системы в целом и в частности положения на валютном рынке, для исключения случаев искажения фактов и необъективного информирования читателей.

Отдел прессы НБТ

04.06.2019
Вокуниш ба маводҳои хабарнигори “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев

Масъаларо бояд дуруст дарк кард

Дар маводҳои Пайрав Чоршамбиев таҳти унвони “Проценты по кредитам: Какие они должны быть в Таджикистане?» (31.05.2019) ва «Ставка рефинансирования в Таджикистане снижена до 13,25%» (31.05.2019, www.news.tj) сиёсати монетарӣ нодуруст шарҳ дода шуда, меъёри бозтамвил бо меъёри фоизӣ рабт дода шудааст. Аз ин рӯ, барои дарки мавзӯъ пеш аз ҳама бояд мақсади асосии меъёри бозтамвилро дарк намуд, ки меъёри бозтамвил чист ва бо кадом мақсад дар низоми бонкӣ татбиқ мегардад.

Фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳият ва мақсадҳои он ба татбиқи сиёсати монетарӣ яъне танзими ҳаҷми пул, танзим ва назорати низоми бонкӣ ва таъмини фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт равона шудааст.

Боиси зикр аст, ки меъёри бозтамвил фишанги сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, тибқи амалияи бонкҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи вазъи макроиқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаҳон, хавфҳои таваррумӣ ва шокҳои минбаъда муайян гашта, барои маҳдудсозии омилҳои монетарӣ ба вазъи макроиқтисодӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Меъёри бозтамвил тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” меъёри фоизие мебошад, ки бо ин меъёр бонки марказӣ ба бонкҳо қарзро барои таъмини пардохтпазирии кутоҳмуддати ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод менамояд.

Татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ метавонад бо истифода аз фишангҳои гуногуни муосир, ки асоси онҳоро пешниҳоди қарзҳои муҳлаташон кутоҳмуддат дар бозори байнибонкӣ ва таҳким бахшидани бозори коғазҳои қиматнок дар бар мегирад, рушд ёбад ва баҳри таъмини устувории молиявӣ дар иқтисодиёт хизмат кунад.

Аз ин рӯ, “таъсири меъёри фоизи бозтамвил ба меъёри фоизи қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки дар маводҳои муаллиф дарҷ гардидааст, аз нигоҳи назария ва амалияи иқтисодӣ мантиқан дуруст нест, ки меъёри бозтамвилро бо меъёри фоизии ташкилотҳои қарзӣ рабт додааст. Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки мутобиқи моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” мақсади Бонки миллии Тоҷикистон ба даст овардани фоида намебошад ва ин фишанг (меъёри бозтамвил) на балки даромаднокии Бонки миллии Тоҷикистонро зиёд мекунад, баръакс бо роҳи аз муомилот гирифтани маблағҳои пулии зиёдатӣ тавассути барориши коғазҳои қиматнок хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро зиёд мекунад.

Ба ин васила, тайи ду соли охир ҷиҳати тақвият бахшидани таъсири меъёри бозтамвил ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон фишангҳои муосири доимомалкунандаро, аз ҷумла ҷалби пасандоз ва пешниҳоди қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзӣ (14 рӯза ва 28 рӯза) бо ҳудудҳои муайян ба меъёри бозтамвил алоқамандро татбиқ намуда истодааст, ки ин барои беҳтар намудани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт мусоидат менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади таҳким бахшидани танзими бозори қарзӣ ва мусоидат намудани ба фазои сармоягузорӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ “Оид ба муайян кардани арзиши қарз” аз 24 октябри соли 2017 бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №238/фф таъсис дода шуда, айни замон кори худро фаъолона идома медиҳад.

Зимни фаъолияти худ, Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати таҳлили арзиши қарз ва сиёсати фоизии ташкилотҳои қарзӣ, муайян намудани сабабҳои коҳишёбии қарзи бонкӣ ва монеаҳо барои вусъат бахшидани он таҳлилҳо гузаронид. Дар натиҷаи таҳлилҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати паст намудани хароҷотҳои дуюмдараҷа, кам намудани маржа, таҳлили бозори қарзӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ ва беҳтар кардани муносибату муошират бо муштариён ва дар ин замина тадриҷан коҳиш додани меъёри фоизи қарз бо дарназардошти арзиши захираҳо ва пешбурди фаъолияти бонкҳо тавсияҳо дода шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ барои таҳияи стратегияи фоизӣ бо дарназардошти таҳлили хавфҳои қарзӣ ва идоракунии самараноки пардохтпазирӣ кӯмак расонида истодааст. Дар стратегияи мазкур, маҷмӯи тадбирҳое пешниҳод шудааст, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои молиявии байни ташкилоти қарзӣ ва муштариён равона мегардад. Қайд кард муҳим аст, ки мақсади калидии сиёсати фоизӣ таъмин намудани суботи молиявии низоми бонкӣ мебошад.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва таҳқиқу нашри мақолаҳои иқтисодӣ, барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар бо ҷалби коршиносони хориҷӣ якчанд маротиба машғулиятҳои омӯзишӣ доир намуд, ки дар рафти чунин машғулиятҳо маълумот оид ба мафҳумҳои иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ, фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, меъёри бозтамвил, мақсаду таъсири он мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доштанд.

Мутаассифона, бо сабаби он ки сиёсати пулию қарзӣ як самти мураккаби низоми молиявӣ маҳсуб ёфта, барои мутахассисони соҳаҳои дигар, аз ҷумла рӯзноманигорон дарк кардани он мушкил аст, баъзан нашри матолиб дар ин хусус ва шарҳи нодуруст метавонад афкори нодурустро дар ҷомеа ба бор оварад, ки ин дар баъзе ҳолатҳо ҳатто метавонад барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар кишвар таъсири манфии худро расонад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон аз намояндагони воситаҳои ахбори омма хоҳиш менамояд, ки зимни таҳия ва нашри матолиби марбут ба бахшҳои алоҳидаи низоми бонкӣ ва сиёсати пулию қарзӣ аз машварату маслиҳати мутахассисони соҳа то ҳадди имкон бархӯрдор шуда, баъдан маводро ба хонанда ва бинанда пешниҳод намоянд. Мақсад аз вокуниши мазкур, пеш аз ҳама тақвият бахшидани робитаи бонк бо ҷомеа баҳри дуруст ва дар асоси воқеият таҳия ва ба ҷомеа пешниҳод намудани ин ё он мавод буда, баҳри пешгирӣ намудани таҳрифи иттилоотӣ ва ташаккул ёфтани афкори нодуруст дар ҷомеа равона гардидааст.

Шуъбаи матбуот

21.05.2019
Вокуниш ба мақолаи “Как владельцы терминалов делают на нас деньги”, ҳафтаномаи “Азия Плюс”, 2 майи соли 2019

Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои манотиқи мухталифи кишвар зиёда аз 2200 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои пешниҳоди хизматрасонии қабули маблағҳо насб карда шудаанд.

Тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон, ки ба ташкилотҳои қарзӣ мансуб мебошанд, пардохти зиёда аз 200 намуд хизматрасониҳо, ба мисли пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ, Интернет, ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳо имконпазир буда, роҳи осону қулай барои пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои гуногун мебошад. Терминалҳои мазкур, аз он ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар насб карда шуда, ба шаҳравандон роҳи алтернативии пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳоро бидуни ташриф овардан ба хазинаю нуқтаҳои хизматрасониҳои ширкатҳое, ки ба манфиати онҳо маблағҳо қабул карда мешаванд,имконият медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки истифода намудани терминалҳои худкори худхизматрасон, насби низомҳои муосири пардохтӣ ва роҳандозӣ намудани чунин хизматрасонӣ дар доираи фаъолияти иҷозатшудаи ташкилотҳои қарзӣ амалӣ гардида, барои пешниҳоди хизматрасонии мазкур ташкилотҳои қарзӣ метавонанд ҳаққи хизмат гиранд. Аммо, маврид ба зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” барои пур кардани тавозуни симкортҳо гирифтани фоиз манъ карда шудааст. Бинобар ин, тибқи маълумоти дастрасшуда, тавассути терминалҳои худкори худхизматрасоне, ки бевосита ба ташкилотҳои қарзӣ марбут мебошанд, талаботи қарори мазкур риоя гардида, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои пур кардани тавозуни симкортҳо аз аҳолӣ фоиз гирифта намешавад.

Бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолии кишвар ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар, тибқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва бо дарназардошти “Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №51 тасдиқ карда шудааст, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродиро ба ҳайси агентҳои бонкии пардохтӣ ҷалб намоянд.

Айни замон, як қатор шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шартнома бо ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ фаъолият намуда, тавассути терминалҳои худкори худхизматрасони худ ба аҳолӣ хизматрасонии қабули пардохтҳоро пешниҳод намуда истодаанд. Вале мутаассифона, дар фаъолияти як қатор агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ иҷро нагардидани талаботҳои дар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии муқарраршуда ба назар мерасад, аз он ҷумла, ба муштарӣ пешниҳод нагардидани чек (расид) ҳангоми анҷом додани пардохт тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон ё бар хилофи талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 гирифтани фоиз ҳангоми пур кардани тавозуни симкортҳо ва ғайра.

Чуноне ки дар қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст, дар мавриди роҳандозӣ намудани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, аз рӯи фаъолияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтии ҷалбкардааш пурра масъулият бар душ дошта бошад.

Чанде пеш, Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 26 апрели соли 2019 ташкилотҳои қарзии молиявие, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ҳамчун агенти бонкии пардохтӣ ҷалб намудаанд, вазифадор карда буд, ки тибқи талаботҳои қонунгузорӣ, қабули ҳама гуна пардохтҳоро тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо додани чеки хазина таъмин намоянд.

Ҳамзамон, дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд дар асоси розигии муштарӣ барои тасдиқи амалиёти қабули пардохтҳо чеки хазинаро ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ошкор шудани камбудиҳо вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла хизматрасонии қабули маблағҳо ва ҷалби агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ, нисбати ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қонун пешбинишударо татбиқ менамояд.

Шуъбаи матбуот


14.02.2019
Вокуниш ба маводи шикоятии сокини шаҳри Хуҷанд Абдураҳимов Абдувосит, ки дар рӯзномаи “Садои мардум” аз 14.02.2019с., №18 (3968) таҳти унвони “Дастгирӣ кардаму дар бало мондам”.

Тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14 марти соли 2016 аризаи даъвогии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» бо асосҳои муфлисшавӣ қонеъ карда шуда, Ҷамъияти мазкур муфлис эътироф гардида дар он Ёров Г.М. мудири махсус таъин карда шуд.

Тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” аз лаҳзаи муфлис дониста шудани шахси ҳуқуқӣ баҳсҳои молу мулкӣ бо иштироки ин шахси ҳуқуқӣ ба сифати ҷавобгар, ба истиснои баҳсҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, қатъ мегарданд ва ҳама талабҳои молу мулкӣ нисбати ин шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда метавонанд.

Дар робита ба чунин муқаррароти қонун, Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи даъвогии директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.-ро бо ҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ», ҳамҷавобгар - Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм - Ҳомидов М.Ҳ. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзиро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, онро моҳиятан баррасӣ ва аз натиҷааш 26 октябри соли 2017ҳалнома бароварда, талаботи даъворо пурра рад кард.

Ҳалномаи мазкур бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2018 бетағйир ва шикоят беқаноат монда шуд.

Бояд қайд кард, ки тибқи моддаи 270 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози назоратӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ ба тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати шаш моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо пешниҳод гардад.

Новобаста аз он ки муҳлати шикоят аз болои ҳалнома ва қарори зикргардида гузаштааст, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти худ аз 2 октябри соли 2018 парвандаро бо даъвои директори ҶДММ “Челсӣ” –и шаҳри Хуҷанд, ҳамҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ”, Идораи нотариалии давалатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм Ҳомидов М.Х. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Тибқи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2019 шикояти назоратии директори ҶДММ “Челсӣ” –и шаҳри Хуҷанд қисман қонеъ карда шуда, ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 26 октябри соли 2017 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2018 аз рӯипарванда бо даъвои директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. бо ҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ», ҳамҷавобгар - Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм - Ҳомидов М.Ҳ. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ бекор карда шуда, парванда барои баррасии нав ба Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати дигар ирсол карда шуд.

Суди иқтисодии вилояти Суғд парвандаи мазкурро аз рӯи даъвои директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. бо ҷавобгарии Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ», ҳамҷавобгар - Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм - Ҳомидов М.Ҳ. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ, моҳиятан баррасӣ намуда, аз натиҷааш 14 январи соли 2019 ҳалнома қабул карда, талаботи даъвои директори ҶДММ “Челсӣ”-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А.-ро пурра рад кард.

Айни замон даъвогар директори ҶДММ “Челсӣ”-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14 январи соли 2019 розӣ нашуда, нисбати ҳалномаи мазкур ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудааст.

Директори ҶДММ “Челсӣ”-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. суиистифодаро давом дода истода, мехоҳад бо ҳар роҳу восита ва бемузд амволи гаравро, ки аллакай аз ҷониби Мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ”-и шаҳри Хуҷанд фурӯхта, маблағи он ба 69 нафар қарздеҳон (пасандоздорон) пардохт шудааст, ба даст орад.

Чунин сурат гирифтани ҳолати кор боиси нигаронӣ аст. Зеро баъди ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судии зикршуда амволи ба гарав гузошташуда-иншооти воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кўчаи Соҳилӣ (Сирдарё) аз ҷониби Мудири махсус 26 феврали соли 2018 бо арзиши 944 114,50 сомонӣ ба амонатгузори ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” Абдураҳимов Абдувосид Эшбоевич фурӯхта шуда, маблағи аз фурӯши амволи мазкур ба дастовардашуда ба 69 нафар пасандоздорон пардохта шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар асоси шартномаи кредитии таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015 директори ҶДММ «Челсӣ» Бобоҷонов С.А. аз ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» ба андозаи 50 000 (панҷоҳ ҳазор) доллари ИМА ба мўҳлати 6 моҳ, яъне то 31 декабри соли 2015 бо 12% солона маблағи пулӣ қарз гирифтааст, ки ҳолати мазкурро номбурда рад накардааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои шартномаи мазкур қарзгиранда-Бобоҷонов С.А. дар асоси шартнома аз 26 июни соли 2015, ки дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд дар феҳрасти таҳти №7С-928\06 ба қайд гирифта шудааст, иншооти дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кўчаи Соҳилӣ (Сирдарё) воқеъ бударо, ки соҳибмулки он буд, ба гарав гузоштааст.

Ҳангоми ба гарав гузоштани амволи баҳсӣ ҳатто розигии ҳамсари Бобоҷонов С.А.-Бобоҷонова Малоҳат Ҷумъаевна барои бастани аҳд гирифта шудааст.

Тибқи шартномаи гарав аз 24 июни соли 2015, №2Г-176 арзиши амволи ба гарав гузошташуда воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Соҳилӣ (Сирдарё) дар асоси санади ташхис ва мувофиқакунии нархи моликияти ғайриманқул аз ҷониби худи тарафҳо ба маблағи 130 000 доллари ИМА, ки аз рӯи ҳамарзиши қурби асъори расмии Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 23 июни соли 2015 (1 доллари ИМА = 6,2602) ба 813 826 сомонӣ баробар буд, муқаррар шудааст.

Баъдан дар раванди барҳамдиҳии ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” тибқи шартномаи хуриду фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда аз 26 феврали соли 2018, аз ҷониби Мудири махсуси Ташкилоти амволи зикргардида ба маблағи 944 114,50 фурӯхта шудааст, ки нисбат ба арзиши дар шартномаи гарав аз 24 июни соли 2015, №2Г-176 пешбинишуда ба маблағи 130 288,5 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳарчандки қарздор оид ба иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзӣ даъво менамояд, дарқабати парванда ягон ҳуҷҷат ё хулосаи ташхиси судӣ муҳосибавие, ки ҳангоми додани қарз дар тавозуни ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» набудани маблағи пулиро тасдиқ намояд ва ё расиди пардохти маблағ ҷой надорад. Аз ин лиҳоз, даъвогар бо ин ҳама ваҷҳҳои бофта ва гумроҳкунанда, бе ҳуҷҷатҳои исботкунанда мақсади муфт соҳиб шудан ба амволро дорад.

07.02.2019
Вокуниш ба маводи танқидии хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Зокир Ҳасан, аз 07.02.2019, №29(23632) таҳти унвони “Қарз. Нигаронӣ аз фоизҳои баланд”.

Пеш аз ҳама қайд кардан лозим аст, ки муҳтавои мавод асосан доир ба фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар вилояти Хатлон омода карда шудааст ва дар ин робита маводро унвони “Қарз. Нигаронӣ аз фоизҳои баланд” додан мантиқан дуруст нест.

Илова бар ин, вобаста ба қарзу фоизҳои баланд ба ғайр аз як ҷумла ягон факту рақамҳои дигар ҷой надорад.

Бояд қайд намуд, ки идома ёфтани буҳрони геосиёсӣ-иқтисодӣ ва ноустувор гардидани вазъи молиявӣ дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, ба соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба низоми бонкӣ низ таъсири манфӣ расонид, ки айни замон ин боиси коста шудани имкониятҳои қарзбаргардонии муштариён, афзоиши сатҳи қарзҳои барнагаштаи бонкҳо ва нисбатан кам шудани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо гардид.

Ин ҳолат аз як тараф имконияти пешниҳоди қарзҳоро аз ҷониби низоми бонкӣ ба иқтисодиёт коҳиш дода, аз тарафи дигар бошад, барои паст кардани фоизҳои қарз мушкилиҳои зиёд овард.

Ба ин нигоҳ накарда, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, ба ташкилотҳои қарзӣ мактуб фиристода онҳоро водор намуд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва афзун намудани ҳаҷми қарзҳо ба муштариёни боэътимод, аз ҷумла додани қарзҳои хурди дорои фоизи паст ба соҳибкорон аз рӯи имкониятҳои мавҷуда мусоидат намоянд.

Инчунин, барои аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ, аз қабили дархости ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ, ки ҷамъоварии онҳо барои муштариён вақти зиёдро талаб менамояд, сода кардани тартиби додани қарз бо назардошти ба инобат гирифтани хавфҳои бонкӣ тавсияҳои судманд дода шуд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо, дар Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронида шуда, дар бобати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.

Мавриди қайд аст, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар охири моҳи апрели соли 2019 15,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба 1,8 банди фоиз паст мебошад. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар охири моҳи апрели соли 2019 25,5 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (28,8 фоиз) ба 3,3 банди фоизӣ кам шудааст. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қаноаткунанда набуда, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷоя бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома медиҳад.

15.01.2019
Раддия ба маводи Радиои “Озоди” аз 08.01.2019, Муллораҷаб Юсуфӣ: “Хуршед Носиров: "Ҳадаф сиёҳ кардани раҳбарияти "Эсхата" буд

Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба мусоҳибаи собиқ Раиси ҶСК “Бонки Эсхата” Носиров Хуршед бо хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар маводи нашршуда, аз 08 январи соли 2019, муаллифаш Муллораҷаб Юсуфӣ, бо сарлавҳаи “Хуршед Носиров: "Ҳадаф сиёҳ кардани раҳбарияти "Эсхата"буд" https://www.ozodi.org/a/interview-with-khurshed-nosirov-former-head-of-bank-of-eskhata/29697705.html иттилоъ медиҳад:

Дар робита ба он ки муаллиф чунин дарҷ кардааст: «Носиров иттиҳоми пулшӯӣ дар замони роҳбариаш дар Бонки Эсхатаро "баҳона"-е беш надонист ва гуфт, "суд баргузор шуд, вале на маводи мухаддир баромад, на балои дигар. Фақат номи моро сиёҳ карданд. Кор бе камбуд намешавад, аммо ҳар камбуд сатҳу меъёр дорад."

Бояд хотирнишон намуд, ки моҳҳои октябр - ноябри соли 2017 аз ҷониби санҷишгарони Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти ҶСК “Бонки Эсхата” як қатор камбудиҳои ҷиддӣ, ки бештари онҳо характери доимо-такроршаванда дошт, ошкор гардиданд. Аз ҷумла, иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, пурра ба роҳ монда нашуда, кормандони бонки мазкур дар ҳаммаслакӣ бо шахсони ҷиноятпеша маблағҳои воридгардидаро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба дигар шахсон пешниҳод менамуданд.

Дар натиҷаи баррасии ҳолатҳои зикршуда аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чор нафар корманди бонки мазкур бо дастрасии моддаҳои 295 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои “а”, “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст http://avesta.tj/2018/07/20/glava-akn-tadzhikistana-soobshhil-o-zaderzhanii-narkobaronov-kotorye-vorotili-millionami/

Вобаста ба ин, аз ҷониби мақомоти судӣ нисбат ба се нафари онҳо барои содир намудани ҷиноят бо моддаҳои болозикр ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ гардида, як нафари онҳо бошад, бинобар саркашӣ намудан аз тафтишот, расман дар кофтуков қарор дорад.

Илова бар ин, дар мактубҳои ҶСК “Бонки Эсхата” дарҷ гардидааст, ки аз ҷониби аудити дохилии бонк дар филиали он дар ноҳияи Ёвон санҷиши иловагӣ–гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи санҷиш директори филиал ва сардори шуъбаи тиҷорати чакана аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Дар баробари ин, дар мактубҳои болозикр дарҷ гардидааст, ки барои ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додан ва дағалона вайрон намудани талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ 8 нафар корманд, аз қабили сардорони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва амалиётгар/нозирон аз вазифаҳояшон барканор карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки зиёда аз ин дар рафти санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти ҶСК “Бонки Эсхата” (соли 2017) як қатор камбудиҳои дигари ҷиддӣ низ дар самти анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ, идоракунии корпоративӣ, фаъолияти низоми назорати дохилӣ, идорасозии хавфҳо ва риоя нагардидани баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон такроран ошкор гардида буданд.

Бо дарназардошти далелҳои овардашуда, бори дигар ба муаллифи мақола Муллораҷаб Юсуфӣ (Радиои Озодӣ) ва худи Хуршед Носиров, собиқ Раиси Раёсати ҶСК “Бонки Эсхата” иттилоъ медиҳем, ки Бонки миллии Тоҷикистон танҳо аз рӯи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар фаъолияти ин бонк ошкор гардиданд (бе ғаразе нисбат ба роҳбарияти собиқи бонк), тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешид.

Новобаста аз таҷрибаи чандинсолаи собиқ Раиси ҶСК “Бонки Эсхата” (Х.Носиров), ӯ натавонист этика ва маданияти идоракунии корпоративиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла фаъолиятро дар низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо дуруст ба роҳ монад.

Боиси тазаккур аст, ки пас андешидани тадбирҳо, аз қабили иваз шудани аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти бонк камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби роҳбарияти амалкунанда бартараф карда шуда, вазъи бонк беҳтар шуда истодааст, ки ҳисоботи ҶСК “Бонки Эсхата” оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2018 аз беҳбудиҳо дар самти ҷалби муштариён, зиёд шудани сандуқи қарзӣ, даромаднокии бонк, инчунин татбиқи бомуваффақи лоиҳаҳои иҷтимоӣ худ тасдиқи ин гуфтаҳост http://eskhata.com/about/news/4005/

09.01.2019
Вокуниш ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “Азия Плюс” Пайрав Чоршанбиев, аз 28.12.с.2018 ”Рубль заметно обесценили по отношению к таджикской валюте.

Национальный банк Таджикистана, рассмотрев статью «Рубль заметно обесценили по отношению к таджикской валюте» корреспондента еженедельника «Азиа Плюс» ПайраваЧоршанбиева от 28.12.2018г., отмечает следующее.

Само название статьи говорит о том, что Чоршанбиев, в очередной раз подаёт информацию о валютном рынке, не вникая во все его подробности и не зная существующие правила и положения, касающиеся установления валютного курса, утверждая, что курс российского рубля в период с 13 по 28 декабря месяца 2018 года был искусственно обесценен.

Своё утверждение он подкрепляет доводом о том, что якобы в этот период не было никаких резких изменений курса российского рубля и сомони к доллару США, что не соответствует действительности.

Доводим до сведения Чоршамбиева, что в соответствии с положениями Инструкции №228 «О порядке определения и объявления официального курса национальной валюты по отношению к иностранным валютам» курс российского рубля по отношению к сомони рассчитывается в соответствии с правилами кросс-курса, исходя из соотношения его курса и курса сомони по отношению к доллару США. В этом процессе Национальный банк Таджикистана никоим образом не может искусственно снижать или повышать курс российского рубля по отношению к сомони, так как он напрямую зависит от изменения курса рубля по отношению к доллару США.

По отношению к другим фактам, приведённым Чоршанбиевым, отмечаем, что курс российского рубля по отношению к доллару США в декабре месяце снизился на 4,4% (в ноябре месяце на 1,4%), в том числе, в период с 13 по 28 декабря 2018 года он снизился на 4,6% и такие изменения журналист посчитал несущественными и незначительными. Далее журналист пишет о том, что 28 декабря 2018 года курс доллара США к российскому рублю упал на 1 копейку, но не пишет о том, что начиная с 22 по 27 декабря 2018 года, курс доллара США укрепился на 88 копеек.      

Курс российского рубля по отношению к сомони в декабре месяце 2018 года соответственно снизился на 3,6% (в ноябре на 1,2%), в том числе за период с 13 по 28 декабря он снизился на 4,3%, что соответствует изменениям его курса к доллару США.

Данные цифры указывают на прямую связь курса рубля по отношению к сомони к изменению его курса по отношению к доллару США и показывают недобросовестное, непрофессиональное отношение Чоршанбиева к подаче материала и его неуважение к читателям.

Шуъбаи матбуоти БМТ

09.11.2018
Опровержение к статье журналиста “Азия-Плюс”, Пайрава Чоршанбиева

Национальный банк Таджикистана, ознакомившись со статьей журналиста “Asia Plus” Пайрава Чоршанбиева, размещенной на сайте news.tj https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20181022/tadzhikskim-bankiram-obyasnyat-komu-mozhno-doveryat-dengi  22 октября 2018 года, сообщает следующее.

Согласно статье: «…суммарный объем просроченных кредитов на начало сентября этого года составил около 2 млрд. сомони (свыше $210 млн.). Это почти на 100 млн. сомони больше размера неактивных кредитов на начало апреля нынешнего года.». Необходимо отметить, что просроченные кредиты – это кредиты, выплаты основной суммы и (или) процентов по которым просрочены более чем на 1 день. Необслуживаемые (неактивные) кредиты, в свою очередь, это кредиты, классифицированные не только по срокам погашения (более 30 дней), но и по финансовому состоянию клиентов. В связи с этим, нужно четко различать эти два термина.

Учитывая, что в статье речь идет о необслуживаемых (неактивных) кредитах, надо отметить, что сумма этих кредитов на начало сентября 2018 года составляла 2 715,7 млн. сомони и по сравнению с началом апреля этого года (2 722,8 млн. сомони), уменьшилась на 7,1 млн. сомони, а по сравнению с началом сентября прошлого года (3 849,8 млн. сомони) уменьшилась на 1 134,1 млн. сомони.

Отдел прессы

25.08.2018
Вокуниш ба маводҳои рӯзномаи “Садои мардум”

Дар рӯзномаи “Садои мардум” мақолаҳои “Тоҷирон ба Хитой доллар нею рубл баранд” (№48(3842) аз 19.04.с.2018)ва “Кадом омилҳо боиси болоравии қурби доллар гардиданд?”(№104(3898) аз 25.08.с.2018) рӯзноманигор Сайфиддин Суннатӣ мушкилоти норасоии асъори нақди хориҷӣ, бахусус доллари ИМА-и нақдро дар мисоли муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва истифодаи рубли русиро дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо Федератсияи Русия таҳлил намудааст.

Ба андешаи рӯзноманигор яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти норасоии доллари ИМА-и нақд дар бозори дохилии ҷумҳурӣ метавонад истифодаи рубли русии нақд барои хариди молу мавод аз Хитой аз ҷониби шахсони воқеӣ – воридкунандагон бошад.

Айни замон, ин пешниҳоди худро муаллиф бо он асоснок менамояд, ки Хитой бузургтарин шарики тиҷоратии Русия буда, ҳаҷми савдои байни онҳо сол ба сол афзуда истодааст ва як қисми ҳисоббаробаркуниҳои байни ин ду давлат бо юани хитоӣ ва рубли русӣ анҷом дода мешавад.

Аз ин рӯ, тоҷирони тоҷик низ метавонанд ба ҷои доллари ИМА-и нақд барои харидории молу мавод рубли русиро ба Хитой баранд, чунки дастрасӣ ба рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дида осонтар аст.

Бонки миллии Тоҷикистон маҳдуд кардани истифодаи истисноии доллари ИМА-ро дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла бо истифода аз механизми ҳисоббаробариҳо бо асъорҳои миллӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар баробари ин, қайд намудан зарур аст, ки аз соли 1993 инҷониб кушишҳои зиёди ташкил кардани низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои дутарафа ва ё бисёртарафа бо истифода аз асъорҳои миллӣ аз ҷониби давлатҳои собиқ шуравӣ дар ҳайати ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёи (ЕврАзЭс) бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Чунин ҳолат ба мавҷуд будани сабабу омилҳо ва монеъаҳои зиёди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, пулию-қарзӣ, тиҷоратӣ ва равонӣ, инчунин ҷой доштани мухолифати манфиатҳо дар байни давлатҳои алоҳида вобастагӣ дорад.

Бо рубли русии нақд хариди молу мавод аз Хитой аз ҷониби тоҷикон ғайриимкон аст, зеро рубли русӣ асъори озод мубодилашаванда (захиравӣ) набуда, хитоиҳо онро дар ҳисоббаробариҳо бо тарафи сеюм истифода намебаранд ва он ҳамчун воситаи муомилот танҳо дар савдои наздисарҳадии байни Русия ва Хитой истифода мегардад.

Асъорҳои миллии нақд, дар савдои наздисарҳадии байни ТоҷикистонуӮзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон истифода гашта, бинобар хусусиятҳои хоси географӣ ва мавҷуд набудани шароити ташкили савдои наздисарҳадӣ бо Хитой, истифода бурда намешаванд.

Қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ мафҳуми иқтисодӣ хело ҳам мураккаб буда, тағйирёбии он зери таъсири омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ, дохилию берунӣ ва равонӣ ба амал меояд.  

Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар соли 2018 дар маҷмуъ муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,9 фоиз коҳиш ёфтааст (дар соли 2017 коҳишёбӣ ба 12,0 фоиз баробар буд).

Коҳишёбии қурби пули миллӣ дар ин сол ба омилҳои зерин алоқамандӣ дошт:

1. Таъсири омили мавсимӣ ба талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор вобаста ба хусусиятҳои хоси фаъолияти низоми савдои хориҷии ҷумҳурӣ.

2. Ҷой доштан ва тамоюли зиёдшавии бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот).

3. Зиёд шудани ҳаҷми хароҷоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори хориҷӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзҳои беруна ва маблағгузории иншоотҳои муҳими стратегӣ.

4. Коҳишёбии аз эътидол беруни қурби рубли русӣ, бахусус дарнимсолаи аввал ва охири соли 2018.

5. Баландшавии қурби доллари ИМА нисбати асъорҳои миллӣ вобаста ба сиёсати Низоми захиравии федералии ИМА.

6. Вазъи номусоид ва ноустувории геосиёсии иқтисодӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёт ва асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ.

Зери таъсири омили мазкур дар соли 2018 қурби асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА ноустувор гашта, коҳиш ёфтаанд. Аз ҷумла, қурби лираи Туркия – 40,0 фоиз, рубли Федератсияи Русия – 20,6 фоиз, тангаи Қазоқистон – 15,6 фоиз, рубли Беларус – 9,5 фоиз ва юани Чин - 5,8 фоиз коҳиш ёфтаанд.

19.06.2018
Вокуниш: “Барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ оё роҳи ҳалли масъала аст?”, “Садои мардум”№75 (3869) 19.06.2018

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасониро ҳангоми муайян намудани камбудиҳо дар фаъолияти ҷорӣ аз рӯи дараҷаи хавфҳо мавҷудбуда муқаррар намояд.

Бояд қайд кард, ки чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррарнамуда сатҳи гуногунро доро буда, пеш аз барҳам додани ташкилоти қарзӣ чораҳои батанзимдарориро бо роҳи солимгардонӣ меандешад.

Баъдан, ҳангоми муайян намудани давомдиҳии ҳолати риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла муайян намудани амалияи носолиму хатарноки бонкӣ, ки ба субот ва устувории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё низоми бонкӣ хавф дорад ё ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ таҳдид менамояд, метавонад иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявиро бозхонд намуда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.

Мавриди қайд аст, ки ташкилоти қарзӣ ҳангоми ғайри қобили пардохт буданаш муфлис эътироф мешавад, агар муайян карда шавад, ки он ҳангоми фаро расидани муҳлати пардохт талаботи қонунии қарздеҳонро оид ба пардохти қарз ва иҷрои дигар уҳдадориҳо қонеъ карда натавонад ё рад намояд, сармояаш камтар аз 25 фоизи талаботи меъёрии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад ё ки уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд бошад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо 79 адад ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 адад бонк, 62 адад ташкилотҳои маблағгузории хурд ва 1724 адад воҳидҳои сохторӣ ҳадафи вобаста ба дастгирӣ ва рушди бахши воқеии кишвар, хусусан бахши соҳибкорӣ якчанд чораҳои зарурӣ аз қабили васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба маблағгузорӣ, паст кардани фоизи қарз, ривоҷ додани гардиши маблағҳои ғайринақдӣ, пурзур намудани ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайра андешида истодааст.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки мақсади фаъолияти асосии ташкилотҳои қарзӣ гирифтани фоида буда, онҳо дар доираи қонунгузории соҳавӣ ҳуқуқи гузаронидани амалиётҳои бонкиро доро мебошанд.

Дар натиҷаи ислоҳоти гузариши низоми бонкӣ аз миқдор ба сифат аз соли 2014 то инҷониб бинобар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ набудани сармоя, дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ, иҷро карда натавонистани талаботи хадди ақалли сармояи муқарраршуда ва дигар ҳолатҳо дар қонун пешбинӣ шуда иҷозатномаи 62 адад ташкилотҳои қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба суд ариза пешниҳод карда шуданд. Тибқи санади дахлдори суд мурофиаи барҳамдиҳӣ дар онҳо оғоз гардид.

Бояд қайд намуд, ки қисми зиёди ташкилотҳои қарзии барҳамхӯрда ин ташкилотҳои маблағгузории хурд ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар низоми бонкӣ хело ночиз буд ва барҳамхӯрии ин ташкилотҳо ба низоми бонкӣ таъсир нарасонид. Ҳамин тариқ, дар санаи 30.04.с.2019 ҳисссаи дороиҳои ташкилотҳои маблағгузории хурди барҳамхӯрда дар низоми бонкӣ ба 0,66%, ҳиссаи сандуқи қарзӣ ба 0,72% ва шумораи кормандон ба 1,7% баробар мебошад. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки хизматрасонии ин ташкилотҳо ба муштариён дар сатҳи бениҳоят паст қарор дошта, дар фаъолияти ин ташкилотҳо камбудиҳо ва норасоиҳои ҷиддӣ ҷой доштанд. Инчунин, аз ҷониби ташкилотҳои мазкур барои бартараф намудани камбудиҳо ва зиёд намудани сармояи оинномавии худ тибқи талаботи муқарраргардида сари вақт чораҳои зарурӣ андешида намешуданд.

Аз ин бар меояд, ки барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ танҳо роҳи ҳалли масъала набуда, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади   нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон тамоми роҳҳои батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявиро меандешад, ки ҳамаи ин дар доираи талаботи қонунгузорӣ амалӣ мешавад.

18.05.2018
Посух ба маводи таҳлилии рӯзномаи “Садои мардум” аз 3 марти соли 2018

Қайд намудан зарур аст, ки ба таври ғайринақдӣ анҷомдодани ҳисоббаробаркуниҳо ҳангоми хариди молу хизматрасониҳо муомилоти пулии муассисаҳои савдою хизматрасониро шаффоф мегардонад. Яъне, дар мавриди ба таври ғайринақдӣ анҷомдодани ҳисоббаробаркуниҳо пинҳон намудани амалиётҳои пулии муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ғайриимкон мегардад. Бинобар ин, як қисми соҳибкорон (муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ) бо сабаби набудани имтиёзҳои андозӣ ҳангоми гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, барои нишондодани муомилоти пулӣ ва даромадҳои аслии худ ҳавасманд набуда, ҳисоббаробаркуниҳоро танҳо ба таври нақдӣ анҷом медиҳанд.

Дар ин маврид, зиёд будани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ дар муомилоти пулӣ мутаносибан ҳиссаи иқтисодиёти пинҳониро афзоиш дода, ҷараёнҳои молиявиро ношаффоф мегардонад ва воридшавии маблағҳои андозиро ба буҷети давлат коҳиш медиҳад. Аз тарафи дигар омили мазкур фишорҳои таваррумӣ ва қурбиро афзун менамояд ва босамар татбиқ гардидани сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлатро мушкил месозад.

Дар баробари муқаррар намудани муҷозот нисбати соҳибкорон ҳангоми саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани қабули кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо тибқи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин чораҳои ҳавасмандгардонии соҳибкорон барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба намуди сабукиҳои андозбандӣ низ зарур мебошад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди назар намудани сиёсати андозӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳои андозӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”-ро таҳия намуда, ба баррасии аъзоёни Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи байниидоравӣ дар назди Вазорати молия оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Бо вуҷуди он, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” ташкилотҳои қарзӣ теъдоди терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ зиёд намуда истода бошанд ҳам, аммо бо сабабҳои дар боло зикргардида ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Қобили қайд аст, ки дар давоми чор моҳи соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 422 адад зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 2366 адад расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки соҳибкорон терминалҳои электрониро танҳо барои канора ҷустан аз муҷозоти дар моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарргардида насб менамоянд, аммо ба дорандагони кортҳои пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро бо баҳонаҳои гуногун рад менамоянд. Аз ин сабаб, теъдоди зиёди терминалҳои электронии дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насбгардида бо айби соҳибкорон ғайрифаъол мебошанд.

Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 1 720 636 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2018 ҳаҷми умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 3,1 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 30,7 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин, дар ин давра ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 135,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 30 фоиз зиёд мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи ваколатҳои худ аз ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати саривақт таъмин кардани соҳибкорон бо терминалҳои электронӣ, аз он ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар ва барои таъмини фаъолияти мунтазами онҳо андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд. Айни замон, дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1100 адад терминалҳои электронӣ захира гардидаанд ва барои насб кардан омода мебошанд. Дар баробари муроҷиат кардани соҳибкор ба ташкилотҳои қарзӣ бо ӯ шартнома баста шуда, терминали электронӣ дар муддати кӯтоҳтарин дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

08.05.2018
Изменения в Инструкцию 204 касались лишь суммы денежных переводов, которые можно отправлять (получать) без представления подтверждающих документов

В средствах массовой информации, в частности в ИА “Азия-Плюс» вышла статья под заглавием «Таджикистанцам запретили отправлять деньги иностранцам» (автор Пайрав Чоршамбиев, 07.05.2018), где говориться, что «нововведения Национального банка Таджикистана в нормативно-правовые акты по денежным переводам привели к определенным проблемам для некоторых граждан республики», связывая этот факт с последними поправками в Инструкцию 204 «О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” Национального банка Таджикистана.

К сожалению, подобные публикации приводят к заблуждению читателей, а также пользователей услуг банковского и финансового сектора. Недопонимание, которое произошло из-за неккоректности сотрудника финансового института, который не смог правильно разъяснить ситуацию клиенту, сразу же ссылаясь на поправки в инструкцию, автор статьи должен правильно и достоверно разъяснить ситуацию, включив комментарии Национального банка Таджикистана, и после этого публиковать статью.

Однако, как часто это происходит, корреспонденты информагентства «Азия-плюс», часто обращаются по тем или иным вопросам в Национальный банк Таджикистана, но не дождавшись официального ответа, на следующий день уже публикуют свой материал без разъяснения специалистов. Ситуация такова, что якобы они «поставили в известность о том, что будет статья на такую тему» .

В этой связи, убедительно просим впредь не допускать таких ошибок, поскольку неправильная и недостоверная информация, появившаяся в средствах массовой информации, может негативно повлиять на общественное мнение и в частности носит характер репутационного риска.

Далее наши комментарии по поводу поправок в Инструкцию №204 «О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов”:

Утверждение автора никоим образом не соответствует действительности и вводит в заблуждение читателей, так как Национальный банк Таджикистана не вводил никакие запреты на подобные переводы денежных средств.

Последние изменения и дополнения, внесённые Национальным банком Таджикистана, не затронули основные положения, порядок и правила, действующей с 2001 года («Порядок осуществления переводов иностранной валюты из Республики Таджикистан и в Республику Таджикистан без открытия текущих валютных счетов”, 19.10.1999, утвержденное Постановлением Правления НБТ) системы денежных переводов без открытия банковского счёта. Все внесённые впоследствии изменения касались лишь суммы денежных переводов, которые можно отправлять (получать) без представления подтверждающих документов.

Корреспондент, основывает свои выводы и заключения на обращении некой гражданки Татьяны Ивановой, которая утверждает со слов сотрудника кредитной организации, занимающейся денежными переводами, что якобы Национальный банк Таджикистана запретил гражданам республики осуществлять переводы денег иностранцам.

При переводе без открытия банковского счёта, единственным требованием является то, что эти денежные средства должны иметь исключительно неторговый, социально значимый характер и назначение. К неторговым и социально значимым денежным средствам, которые наши граждане могут перевести за рубеж без открытия банковского счёта, отнесены также переводы средств пособий и помощь резидентам Республики Таджикистан.

Считаем, что подобный подход и поспешное отношение корреспондента к столь важному и чувствительному вопросу являются неприемлемыми, так как заголовок и содержание статьи искажают существующие и применяющиеся годами (с 2001 года) правила и порядок осуществления переводов денежных средств.

Корреспондент для подтверждения данной информации мог хотя бы заглянуть на официальный сайт Национального банка Таджикистана, где размещен текст нормативно-правового акта, определяющего правила и порядок осуществления денежных переводов.

В связи с этим, считаем необходимым привести установленный Инструкцией №204 “О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” (утв. постановлен. Правления НБТ от 26.12.2013 г., №314) с учётом последних изменений и дополнений, перечень назначений, по которому граждане Республики Таджикистан могут перевести за рубеж денежные средства в иностранной валюте, без открытия банковского счёта:

- частный перевод из Республики Таджикистан для удовлетворения своих текущих нужд за рубежом ограниченных сумм в валюте (сумме эквивалентной до 1’750 показателей для расчётов);

- сумм пособий или же помощи резидентам Республики Таджикистан в сумме, эквивалентной до 1’750 показателей для расчётов.

Без ограничений сумм, на основе подтверждающих документов:

- сумм заработной платы и пенсий;
- в счет оплаты учебы и лечения физических лиц. При этом оплату могут осуществлять любые резиденты (физические и юридические лица), в том числе не принявшие на себя услуги по обучению и лечению;
- в счет оплаты подписок на иностранные периодические издания;
- в счёт оплаты вступительных и членских взносов в пользу международных неправительственных организаций, являющихся нерезидентами;
- в счёт оплаты алиментов, государственных пособий, доплат и компенсаций, сумм выплачиваемых на основании судебных актов и актов других правомочных органов, наследственных сумм и сумм, полученных от реализации наследованного имущества, а также платежей по возмещению расходов судебных, нотариальных и иных органов (в том числе оплата налогов, сборов, пошлин и иных обязательных платежей за выполнение указанными органами своих функций) в соответствии с законодательством иностранных государств;
- организаторам международных симпозиумов, конференций, других международных встреч, а также международных выставок, ярмарок, спортивных соревнований, иных культурных мероприятий, проходящих на территории иностранных государств с участием резидентов в указанных мероприятий;
- в счет оплаты страховых взносов (страховых премий) страховщиков - нерезидентов независимо от страхуемого интереса и оплаты страховых средств (страхового возмещения) с учетом требований законодательства Республики Таджикистан о страховании;
- нерезидентам, основная деятельность которых связана с реализацией физическим лицам за пределами Республики Таджикистан товаров в розничной торговле (выполнение работ, оказание потребительских услуг) в счет оплаты приобретаемых у указанных нерезидентов за пределами Республики Таджикистан товаров (работ, услуг).

Текст Инструкции №204 “О порядке осуществления переводных операций физическими лицами без открытия банковских счетов” доступен на официальном сайте Национального банка Таджикистана (www.nbt.tj) по ссылке «Нормативно-правовые акты».

Национальный банк Таджикистана надеется, что корреспонденты Информагентства «Азии-Плюс» в том числе Пайрав Чоршамбиев, и представители СМИ, дублирующие материалы «Азии-Плюс», впредь будут принимать во внимание и полностью отражать установленные нормативно-правовыми актами правила и порядок осуществления тех или иных банковских операций, официальную позицию и ответы уполномоченного органа и не будут делать скоропалительные, необоснованные выводы и заключения, которые не соответствуют действительности и могут дестабилизировать ситуацию и нанести репутационные убытки республике.

Отдел прессы

15.03.2018
“Омилҳои таъсиррасон ба нарх дар бозори мол ва кору хизматрасонӣ кадоманд?”, “Садои мардум” №34 (3828), 15.03.2018

Дар моҳи марти соли 2019 дар натиҷаи ба мувозинат омадани сатҳи талаботу пешниҳодот дар бозори истеъмолии кишвар, татбиқи сиёсати зиддитаваррумӣ, аз ҷумла истифодаи фишангҳои монетарӣ, сатҳи нисбатан муътадили нархҳои дохилӣ таъмин гардид.

Тибқи маълумотҳои оморӣ cатҳи таваррум дар моҳи марти соли 2019 раванди нисбатан муътадил дошта, ба 0,3 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 1,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,7 фоиз ва хизматрасонии пулӣ ва аҳолӣ 0,6 фоиз ба вуқӯъ пайваст. Ҳамзамон нархи молҳои хӯрокворӣ бетағйир монд.

Сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) бошад, дар моҳи марти соли равон ба 7,8 фоиз баробар гардид, ки нишондоди мазкур ба ҳадафи муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ буда, тамоюли тағйирёбии он дар доираи дурнамои пешбинишуда ҷараён дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза мониторинги нархҳои маҳсулоти асосӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ (аз ҷумла шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм) гузаронида мешавад.

Мониторинги мазкур бо мақсади саривақт бархурдор гардидан аз ҷараёни тағйирёбии сатҳи нархҳо гузаронида шуда, дар асоси он таҳлили ҳамаҷониба оид ба вазъи бавуқӯъомада дар бозори истеъмолӣ анҷом дода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, зиёд намудани қарздиҳӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо пайваста ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия медиҳад, ки ҷиҳати ҷалби маблағҳои қарзии дарозмуддат, бо фоизҳои нисбатан паст ва пешниҳоди онҳо ба соҳаҳои истеҳсолии иқтисодиёт, аз ҷумла ба соҳибкорони истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар январ - марти соли 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 1 953,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ раванди мусбат дошт ва дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ 24,0 фоиз ё 34,6 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 178,8 ҳазор адад баробар гардид. Ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна аз ҷониби низоми бонкӣ ба муштариён, бахусус ба соҳибкории хурду миёна шаҳодат медиҳад.

Дар шароити имрӯза маблағгузории соҳибкории истеҳсолӣ ва ривоҷ додани бахши воқеии иқтисодиёти кишвар яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.

Рушди соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои мусоидаткунандаи иқтисодиёт, таҳкими иқтидори содиротии кишвар, паст намудани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 38,8 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба савдои хориҷӣ 19,0 фоиз, саноат 11,5 фоиз, истеъмолот 25,6 фоиз, хизматрасонӣ   15,2 фоиз, кишоварзӣ 19,4 фоиз, сохтмон 6,9 фоиз, нақлиёт 0,6 фоиз, миёнаравии молиявӣ 0,9 фоиз ва дигар соҳаҳо 03 фоиз рост меояд.

Ҳамзамон, дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 1 377,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,1 фоиз зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо, дар Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронида шуда, дар бобати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, содда кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чунин вазъи иқтисодӣ танҳо андешидани тадбирҳо дар самти сиёсати пулию қарзӣ нокифоя буда, андешидани тадбирҳои самаранок дар самти сиёсати молиявию буҷетӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, хусусан сармоягузориҳои мустақим ва беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ зарур мебошад.

09.03.2018
Иттилооти дарҷгардида воқеати ҳолро дуруст инъикос намекунад

Посух ба мақолаи хабарнигори “Озодӣ” Муллораҷаб Юсуфӣ “Терминалҳо боз аз кор мемонанд?” (аз 5 марти соли 2018)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, ки санаи 2 марти соли 2017 мавриди амал қарор гирифтааст, операторони низомҳои пардохтие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, то 2 марти соли 2018 бояд аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро мегирифтанд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 10 ноябри соли 2017 ташкилотҳои қарзии ватаниро огоҳ намуда буд, ки ҳангоми ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтӣ, аз ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ, ин талаботи қонунро ба инобат гиранд. Ҳангоми саривақт нагирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ, фаъолияти чунин операторони низоми пардохтӣ дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

То имрӯз аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ, аз он ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ (аз қабили, Visa int, Mastercard, UnionPay, Western Union, Золотая Корона, Лидер, Юнистрим ва дигарҳо), ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Айни ҳол, раванди баррасии ҳуҷҷатҳои низомҳои пардохтӣ амалӣ гардида истодааст. Дар раванди баррасии ҳуҷҷатҳо номукаммалӣ ва нопуррагии ҳуҷҷатҳои баъзе операторони низомҳои пардохтӣ муайян гардида, аз операторони низомҳои пардохтӣ бартараф кардани камбудиҳо ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мукаммал талаб карда мешавад.

Бартараф кардани камбудиҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мукаммал вақти муайянро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб аз 28 феврали соли 2018, аз операторони низомҳои пардохтие, ки то ҳол ҳуҷҷатҳои пурраро барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод накардаанд, талаб намуд, ки то 28 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Айни замон, дар фаъолияти низомҳои пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон маҳдудият гузошта нашудааст. Тавре қайд гардид, аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда, баъди гирифтани иҷозатнома фаъолияти худро дар реҷаи муқаррарӣ идома дода истодаанд.

Ба ширкатҳои тиҷоратие, ки тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо қабули пардохтҳо машғуланд, қонуни дар боло зикргардида имкон медиҳад, ки ширкатҳо бо ташкилотҳои қарзӣ шартнома баста, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд. Ширкатҳои тиҷоратие, ки ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ амал мекунанд, иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро намегиранд. Барои ин, ширкатҳои мазкурро лозим аст, ки бо ташкилоти қарзӣ шартнома баста, тибқи талаботҳои дар қонун ва санадҳои меёърӣ муқаррагардида, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истода, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тамоми иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ талаб карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


03.03.2018
Вокуниш: “Пардохти ғайринақдӣ. Чаро як идда ба тавсеаи он ҳавасманд нестанд?”,“Садои мардум”,№28 (3822), 03.03.2018

Бо мақсади пешбурд ва назорати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”, ва банди 4 моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва баъдан аз 04 октябри соли 2017 шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ Ҳайати муштараки корӣ таъсис дода шуд.

Ҳайати муштараки корӣ дар шаҳрҳои номбурда дар муассисаҳои савдою хизматрасоние, ки тибқи қарори мазкур бояд бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гарданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Инчунин, ба соҳибкорон нусхаи қарори зикргардида, нусхаи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати ташкилотҳои қарзие, ки бо барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғул мебошанд, бо дарҷи рақамҳои телефонии кормандони масъули ташкилотҳои қарзӣ ва сомонаи расмии онҳо пешниҳод карда шуд.

Дар давраи фаъолияти Ҳайати муштараки корӣ дар солҳои 2017-2018 зиёда аз 2 200 адад муаcсисаҳои савдою хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хорӯғ оид ба мавҷуд будани терминалҳои электронӣ таҳти санҷиш қарор гирифта, ба зиёда аз 2 000 адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои насби терминалҳои электронӣ дар муддати аз 15-30 рӯз огоҳинома дода шуданд.

Инчунин, дар соли 2017 чор адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои саркашӣ намудан аз иҷрои талаботи банди 4 моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Бояд қайд кард, ки баъд аз ба фаъолият шурӯъ кардани Ҳайати муштараки корӣ ва гузаронидани санҷишҳо шумораи терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба маротиб афзоиш ёфта, дар интиҳои соли соли 2019 шумораи онҳо ба 3014 (афзоиш нисбат ба соли 201755%) адад расид. Ба санаи 1 майи соли 2019 бошад, ин нишондиҳанда ба 3120 адад (афзоиш нисбат ба соли гузашта 32%) баробар шуд.

Бо вуҷуди ин, дар баробари зиёд гардидани теъдоди терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ истифодаи онҳо аз ҷониби соҳибкорон дар сатҳи паст қарор дорад. Тибқи мушоҳидаҳо соҳибкорон танҳо бо мақсади канора ҷустан аз муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида, терминалҳои электрониро насб намуда истодаанд. Аз сабаби он ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ амалиёту ҷараёнҳои молиявии соҳибкоронро шаффоф мегардонад, соҳибкорон барои гузаронидани амалиётҳои ғайринақдӣ ҳавасманд набуда, аз истифодаи терминалҳои электронӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ саркашӣ менамоянд. Тибқи маълумоти аз ташкилотҳои қарзӣ дастрасшуда теъдоди зиёди терминалҳои электронии насбгардида ғайрифаъол мебошанд. Яъне, теъдоди зиёди соҳибкорон ба аҳолӣ имконияти ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро фароҳам намеоваранд.

Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки назорати насби терминалҳои электронӣ ва татбиқи муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона амалӣ мегардид.

Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида бо ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, масъалаҳои ҷорӣ ва мушкилоти дар самти зиёд намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро муҳокима менамояд. Аз ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати саривақт таъмин намудани соҳибкорон бо терминалҳои электронӣ ва барои таъмини фаъолияти мунтазами онҳо андешидани чораҳои зарурӣ талаб карда мешавад.Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ нақшаи насби терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муқаррар намуда, иҷрои нақша ба таври қатъӣ назорат карда шуд.

Кобили зикр аст, ки айни замон қариб тамоми вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ музди маоши кормандони худро дар доираи лоиҳаи музди маош бо ташкилотҳои қарзӣ тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисобҳои кортии кормандон мегузаронанд.

Мутаассифона, бинобар сабаби дар сатҳи начандон зарурӣ қарор доштани саводнокии молиявии аҳолӣ дорандагони кортҳои пардохтӣ, ҳангоми ворид гаштани маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳои кортиашон маблағҳои мазкурро тариқи банкоматҳо ва ё хазинаи бонкҳо нақдӣ мегардонанд.

Вобаста ба ин, ҷиҳати вусъат додани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ташкилотҳои қарзиро водор менамояд, ки барои ҳавасманд гардонидани мизоҷон ҷиҳати бештар амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ҳаргуна барномаҳои ҳавасмандгардонӣ, таҳия ва татбиқ намоянд.

Дар ин робита, айни замон аз ҷониби як қатор ташкилотҳои қарзӣ барои мизоҷон барномаҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ, аз қабили кэш-бек ва бонусҳо ҳангоми амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ татбиқ карда шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар баробари пешниҳоди хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ, инчунин хизматрасонӣ тавассути бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон мизоҷон метавонанд дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути 426 адад QR-рамзҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда шудаанд, бо истифода аз ҳамёнҳои электронӣ пардохти молу хизматрасониҳоро амалӣ намоянд.

08.02.2018
Вокуниш: “Чаро иддае гирифтани қарзро “воҷиб”-у баргардониданашро “макруҳ” медонанд?”,“Садои мардум”, аз 08.02.2018с., №2018с.-Далер Мерганов

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини дастрасии субъектҳои воқеии соҳибкорӣ ва шахсони боэътимоду масъулиятшинос ба маблағҳои қарзӣ, инчунин пешгирии суистифода аз имкониятҳои васеи қарзгирӣ заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ пайваста мукаммал карда мешаванд.

Дар робита ба ин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)”, ки санаи 26 марти соли 2009, № 492 қабул шуда, мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро дорад, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (“кредит”)” аз 02.01.2018с., №1501 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” ин муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз буда, дар навбати худ имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзиро ба иқтисодиёт васеъ намуда, ба рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкории хурд такон мебахшад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” пешниҳоди ҳатмии маълумот аз ҷониби қарздеҳ - ташкилоти қарзӣ ба бюрои таърихи қарз доир ба ҳамаи қарзгирандагон новобаста аз мавҷуд будани розигии онҳо барои пешниҳоди чунин маълумот, пешбинӣ шудааст.

Ворид намудани тағйиру иловаҳои зикргардида имконияти ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарзро медиҳад, ки он метавонад хавфи қарздиҳиро барои онҳо кам намояд ва нархи қарзро барои қарзгирандагон арзон намояд, ки дар навбати худ барои додани қарз ба табақаҳои зиёди аҳолӣ замина гузорад ва рушди иқтисодии Тоҷикистонро таъмин намояд.

Қобили қайд аст, ки тағйиру иловаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда манфиатҳои субъектҳои таърихи қарзро, яъне қарзгиронро поймол намекунанд ва муқаррароти асосии қонунро оид ба махфӣ нигоҳ доштани иттилоот ва таъмини ҳифзи он тағйир намедиҳанд.

Дар Қонуни мазкур ҳатмӣ будани талабот оид ба гирифтани ризояти субъекти таърихи қарз барои пешниҳод кардани иттилоот дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз хориҷ шуда, меъёрҳое, ки ризояти субъекти таърихи қарзро барои гирифтани ҳисоботи қарз дар бораи ӯ аз Бюрои таърихи қарз талаб менамоянд, бе тағйир мемонанд. Яъне маълумот доир ба субъекти таърихи қарз аз Бюрои таърихи қарз танҳо бо ризояти худи субъекти таърихи қарз метавонад гирифта шавад.

Илова бар ин бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” ҷойдошта дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз “кредит”” тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла суд ва дигар мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз номгӯи истифодабарандагони ҳисоботи қарзе, ки дар моддаи 19 Қонуни мазкур муқаррар шудааст, хориҷ шудаанд, зеро мақомоти номбурда тибқи маъно ва мафҳуми истилоҳоти дар ҳамин Қонун пешбинишуда, истифодабарандагони ҳисоботи қарз намебошанд. Дар баробари ин муқаррарот оид ба пешниҳоди маълумот, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад, ба суд ва дигар мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ такмил дода шуда, дар таҳрири нав дар моддаи 28 Қонун ворид мегардад. Мақсади асосии такмили ин муқаррарот, густариш додани реҷаи ҳимояи маълумоти дорои сирри бонкӣ ба маълумоти дар Бюрои таърихи қарз нигоҳдошташаванда мебошад.

Маълумоте, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад, дорои аҳамияту арзиши ниҳоят зиёд буда, таъмини ҳимояи махсусро низ талаб менамояд, зеро ошкор шудани он ба манфиатҳои субъекти таърихи қарз зиён расонида, боварии қарзгирандагонро ба низоми бонкӣ метавонад коҳиш диҳад. Дар Қонуни мазкур пешниҳоди маълумоте, ки дар бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 192) пешбинӣ шудааст.

Бинобар ин, бори дигар қайд намудан зарур аст, ки мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” аз фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз иборат мебошад.

Ҳамзамон, қонуни мукаммалшудаи таърихи қарз интизом ва масъулияти молиявии қарзгиронро баланд бардошта, ҳар гуна суистифодаро аз имкониятҳои қарзгирӣ пешгирӣ менамояд.  

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеоянд, барои такмил додани заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"-ро таҳия намуд, ки мавриди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур, бо мақсади тавассути такмили низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини суботи низоми бонкӣ, мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла ҳуқуқи заминистифодабарӣ, мусоидат барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда, дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои дигар пешниҳод карда шудааст.

Тағйиру иловаҳо бо назардошти мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мукаммали асосноккунандаи муносибатҳои тарафҳо аз руи ипотека ва тасдиқи нотариалии шартномаи ипотека, инчунин бо мақсади ташаккули асосҳои ғайрисудии рўёниш аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, нигаронида шуда, ба сифати яке аз асосҳои ғайрисудии рўёниш навиштаҷоти иҷроияи нотариусро пешбинӣ менамояд.

Тағйиру иловаҳо бо мақсади такмил додани асосҳои ғайрисудии қонеъгардонии талаботи гаравгир пешбинӣ гардида, дар доираи он асосҳои ғайрисудии ситонидан аз предмети ипотека, муқаррар карда мешавад. Чунин механизмҳои пешниҳодшаванда имконият медиҳанд, ки расмиёти рўёнидан аз ҳисоби предмети таъминот нисбатан содда ва дар муҳлати кутоҳ амалӣ шуда, хароҷотҳои зиёдатии кредитор ва қарздор, ки минбаъд ба зиммаи қарздор мегузаранд, инчунин имкониятҳои қарздор барои суистифода ва расонидани зарар пешгирӣ карда шаванд.

Ҳамчунин тағйирот монеагӣ дар амалигардонии ҳуқуқи гаравгир ҷиҳати дар наздаш нигоҳ доштани предмети ипотека ҳангоми дар савдои оммавии такрорӣ ба фурўш нарафтани онро бартараф менамояд, ки дар натиҷа гаравдеҳони бевиҷдон беасос ҷараёни руёнидани маблағи қарзи додашударо аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда кашол дода наметавонанд.

Тағйиру иловаи зикргардида, барои дастрасии қарзгирандагон ба маблағҳои озоди қарзӣ мусоидат намуда, барои баланд бардоштани масъулияти молиявии қарзгирон ва дар натиҷа рушди хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.

27.12.2017
Ба таҳрифкорӣ роҳ надиҳед

Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки маълумот дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ ҷиҳати “наҷоти” бонкҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ надошта, расонаҳои “Озодӣ” ва пайи он “Азия-Плюс” (26.12.2017) бе муайян кардани сарчашмаи расмӣ маълумоти носаҳеҳро дар сомонаҳои худ дар ин хусус нашр намуданд ва ба ин васила боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа гардиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати мақоми ваколатдор барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ вазифадор мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳолати ташкил шудани чунин гурӯҳҳои корӣ, ки дар матолиби нашршудаи ВАО сухан меравад, огоҳ хоҳад буд. Бо дарназардошти ин, аз воситаҳои ахбори омма, бахусус бахши тоҷикии Радио “Озодӣ” ва хабаргузории “Азия-Плюс”, ки дар нашри матолиби худ вобаста ба ин мавзӯъ ба таҳриф роҳ додаанд ва чунин ҳолатҳо аз ҷониби ин расонаҳо бори аввал нест, бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки дар оянда бо такя ба сарчашмаи муътамад мавод таҳия намуда, ба таҳриф роҳ надиҳанд, бахусус дар ҳолатҳое, ки сухан аз қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Бояд гуфт, ки чунин ҳолатҳои таҳрифкорӣ ва ба нашр расонидани маълумоти носанҷида ба эътибори худи ин расонаҳо низ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҳолати такрор шудани чунин ҳолатҳои таҳрифкорӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма, зарурат ба миён меояд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт кардани сарчашмаҳои ҳангомаҷӯйи “махфӣ” (аксар вақт расонаҳои болозикр ба онҳо такя мекунанд) ва пешниҳод шудани маълумоти носанҷида ва бардурӯғ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд. 

Шуъбаи матбуоти БМТ 

25.08.2017
Мутахассиси ХБА дар доираи барномаҳои кӯмаки техникӣ таъин гардидааст

Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби мутахассиси Департаменти сиёсати монетарӣ ва бозори сармояи Хазинаи Байналмилалии Асъор Эдвард Нолан, ки дар воситаҳои ахбори омма боиси шаҳри гуногун ва таҳрифшуда ба амал овардааст, чунин иттилоъ медиҳад: Эдвард Нолан дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳоди кӯмаки техникӣ аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ гардида, тибқи лоиҳа Эдвард Нолан дар Бонки миллии Тоҷикистон тӯли як сол ба ҳайси мушовири маҳаллӣ дар самти тақвияти имкониятҳои назорати бонкӣ кор хоҳад кард.

Таъин гаштани Эдвард Нолан ба ин вазифа як бахши татбиқи рушди имконот ва пешниҳоди кӯмаки техникии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи узвияти кишварҳо ба ин созмони молиявӣ мебошад.

Номбурда бо мақсади тақвият додани имкониятҳои соҳаи танзиму назорати бонкӣ дар се бахш – пешниҳоди ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ, таҳлили молиявӣ ва назорати маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун мушовир бо дастаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият хоҳад намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ 

13.01.2017
Раддияи Бонки миллии Тоҷикистон ба маводи хабаргузории “Азия-Плюс”

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба ахбори нашркардаи “Азия-Плюс” таҳти унвони «Главный банкир Таджикистана не спешит выполнять поручение спикера парламента” (09.11.с. 2017, дар сомонаи www.news.tj) иттилоъ медиҳад, ки тибқи талаботи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳисоботи дахлдорро дар муҳлати муқарраргардида саривақт ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст. 

Ҳамзамон, дар робита ба суханони манбаи “Азия-Плюс”, ки тибқи он санаи 8 ноябри соли 2017 Бонки миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супориши зикргардида расман огоҳонида шудааст, қайд менамоем, ки маълумоти мазкур беасос буда, дар хусуси супориши болозикр ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати хаттӣ ё шифоҳӣ карда нашудааст. Дар баробари ин, ба иттилоъи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар мавриди ҳисобот пешниҳод кардан ё накардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон, ба хабаргузории “Азия-Плюс” ягон иттилоъ дода нашудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд (моддаи 19).

Аз ин рӯ, аз хабаргузории “Азия-Плюс” хоҳиш карда мешавад, ки нисбати нашри матолиби таҳрифшуда ва нодуруст дар сомонаи “Азия Плюс” раддия нашр намояд ва ахбори ба куллӣ таҳрифшуда таҳти унвони «Главный банкир Таджикистана не спешит выполнять поручение спикера парламента”-ро, ки 9 ноябри соли 2017 дар сомонаи www.news.tj ҷойгир шудааст, аз сомона гирад.

Дар оянда хоҳиш менамоем, ки зимни омода кардани матолиб, ки ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон рабт дорад, барои инъикоси воқеъбинона (объективность), ки яке аз принсипҳои асосии рӯзноманигорӣ мебошад, мавқеи Бонки миллии Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шавад. Зеро дар матолиби болозикр аз Бонки миллии Тоҷикистон мавқеъгирӣ нашудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ 

14.10.2016
Тавзеҳоти БМТ ба мақолаи “Таджикистан по рекомендации ФАТФ усилит меры контроля на рынке ценных бумаг”



Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи сомонаи “Азия-Плюс аз 10 октябри соли равон, дар хусуси аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нисбат ба амалиёти шубҳанок дар бозори коғазҳои қиматнок, маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдии зиёда аз 500 000 сомонӣ, қайд менамояд, ки ин маълумот ба воқеият мутобиқат намекунад.

Сараввал қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар асоси Қатъномаи СММ №1617, иҷрои талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро ба зимма гирифтааст.

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тавсияҳои зикршуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” (Қонуни МҚД/МТ) -ро қабул намудааст.

Бинобар ин, зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок” маҳз бо мақсади мутобиқ намудани талаботҳои он ба талаботи Қонуни МҚД/МТ ва тавсияҳои ФАТФ равона карда шудааст.

Ба якдигар мутобиқнамоии қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ҷараёни муқаррарӣ буда, бо мақсади бартараф кардани бархурди манфиатҳо, ҷой надоштани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани он, дуруст ба роҳ мондани низоми танзим ва назорат, муайян намудани уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад.

Қабул ва иҷрои талаботи Қонуни МҚД/МТ пеш аз ҳама ба ҳадафҳои таъмини бехатарии амнияти миллӣ ва устувории низоми молиявӣ равона гардида, ҷиҳати пешгирии таҳдидҳои истифодабарии низоми молиявӣ бо мақсади маблағгузории терроризм ва расмикунонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти он ки бозори коғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ дар марҳилаи инкишофёбӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хонандаро ба чунин маълумотҳои беасос, ки аз сарчашмаҳои номуътамад ба нашр мерасанд ва пеш аз ҳама оқибатҳои манфиро ба пешравии бозори коғазҳои қиматнок эҷод менамоянд, ғайримақсаднок арзёбӣ менамоем.

Бонки миллии Тоҷикистон аз васоити ахбори омма хоҳиш мекунад, ки пеш аз нашри ҳар гуна маълумот онро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба муътамадии сарчашмаҳои он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Департаменти мониторинги
молиявии БМТ


01.04.2016
Дар хабар маълумоти носаҳеҳ истифода шудааст

Ҷавоб ба хабари Агентии иттилоотии Азия – Плюс “Денежные переводы из России в Таджикистан в 2015 году уменьшились на 66%", от 22 марта 2016 года


Қабл аз ҳама, иҷозат диҳед ба маълумоти дар ахбор истифодашуда, ки оид ба интиқолҳои фаромарзӣ аз сомонаи www.cbr.ru Бонки марказии Русия гирифта шудааст, равшанӣ андозем.


Ба маълумоти муаллифи хабар мерасонем, ки ҳангоми истифодаи маълумот оид ба интиқолҳои фаромарзӣ ба унвони ҷадвалҳо таваҷҷуҳ намояд, ки дар онҳо қимати нишондиҳандаҳои дар ҷадвал зикршуда шарҳ дода мешавад. Аммо дар иттилооти интишоркардаи муаллиф ба www.cbr.ru/statistics/?PrtId=svs, қисмати интиқолҳои пулии фаромарзии шахсони воқеӣ, ки танҳо тавассути низомҳои пардохт амалӣ гаштаанд истинод шудааст. Ҳангоми муайян кардани интиқолҳои пулии фаромарзӣ дар маҷмӯъ зарур аст, ки ба www.cbr.ru/statistics/?PrtId=svs, қисмати “интиқолҳои пулии фаромарзии шахсони воқеӣ аз рӯи кишварҳои асосӣ - контрагентҳо” истинод карда шавад.


Ҳамчунин зарур аст, ки ба варақи “Маблағҳои интиқолии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон” таваҷҷуҳ карда шавад, ки дар он ҷо ба таври возеҳу равшан рақамҳои мушаххас нишон дода шудаанд.


Ҳамин тавр, мутобиқи маълумоти расмии сомонаи дар боло зикршуда, коҳиш ёфтани интиқолҳои пулӣ танҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар соли сипаришуда 42,4 фоизро ташкил медиҳад.


Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки интиқолҳои пулӣ ба ҷумҳурии мо инчунин аз дигар кишварҳои дунё низ ворид мешаванд.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


31.03.2016
Теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ 129 адад зиёд гардид

Қабл аз ҳама иброз менамоем, ки маҳз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ, соли гузашта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкӣ барои дастгирии иқтисодиёти кишвар ва эҷод намудани фазои боварӣ барои аҳолӣ якчанд ислоҳот гузаронида шуданд.


Аз ҷумла, соли 2015 Бонки миллии Тоҷикистон барои ба тартиб ва танзим даровардани фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатгузории қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд се дастурамалро таҳия намуд, ки мутобиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ дар муҳлати муайяншуда, баҳри таъмин намудани рақобатпазирии ташкилоти худ, бояд сармояи оинномавияшонро то меъёри муайяншуда зиёд мекарданд. Дар ин муддат бархе аз ташкилотҳои қарзӣ сармояи оинномавии худро пурра намуданд ва қисмати дигари онҳо бо роҳи муттаҳидшавӣ сармояи оинномавиро ба маблағи муқарраршуда баробар карда истодаанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки қисмате аз ташкилотҳои қарзӣ бинобар сабаби иҷро карда натавонистани муқаррароти дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ихтиёран фаъолияти ташкилотҳои худро қатъ мекунанд.


Агар ба таҷрибаи бонкдории ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем, аз майдони рақобати тезутунди низоми бонкӣ берун шудани ин ё он бонку ташкилот ва ё фондҳои қарзии хурд ҳодисаи нав нест. Зеро дар шароити иқтисоди бозорӣ дар мамолики гуногуни дунё ҳамарӯза садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ширкату созмонҳо ба қонунҳои бозор тоб оварда натавониста, баста мешаванд ва аз эҳтимол дур нест, ба ҷойи онҳо ба ҳамин миқдор корхонаю ташкилотҳои нав низ рӯи кор меоянд.


Барои мисол, дар солҳои 2014-2015 дар қаламрави Русия бо қарори Бонки марказии он фаъолияти зиёда аз 200 адад ташкилотҳои қарзӣ қатъ карда шудааст. Гузашта аз ин, танҳо дар дуюним моҳи соли ҷорӣ боз ҳам дар кишвари Русия аз 26 ташкилоти қарзӣ иҷозатномаҳо барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд гардидаанд. Чунин ҳолатро дар низоми бонкии дигар ҳамсоякишварҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст.


Қайд кардан бамаврид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бе сабабу далелҳои қотеъ дар бораи қатъ намудани фаъолияти ягон ташкилоти қарзӣ қарор қабул намекунад. Баръакс вазъи бади молиявӣ ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои талаботӣ бархе аз ташкилотҳои қарзиро водор намудааст, ки дар шароити феълӣ фаъолияти худро қатъ намоянд.


Бонки миллии Тоҷикистон тариқи сомонаи расмии худ ҳамарӯза аз навигариву рӯйдодҳо дар низоми бонкии кишвар хабар медиҳад. Аммо ҳафтаҳои охир, ахбори қатъ шудани фаъолияти якчанд ташкилоти қарзӣ дар кишвар дар расонаҳо сару садоҳои гуногунеро ба миён овардааст. Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки то имрӯз дар низоми бонкии кишвар ҳамагӣ аз 16 адад ташкилоти қарзии хурд ва 1 адад фонди қарзии хурд иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаи анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дар асоси аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ, бозхонд карда шудааст. Барои тақвияти фикр маълумоти бештареро ба хонанда пешниҳод менамоем. Дар 17 ташкилоти номбурда 38 нафар кор мекард ва ҳар яки онҳо ҳамагӣ ду ё се корманд дошт. Бо ин миқдор мутахассис дар як вақт анҷом додани чандин амалиёти бонкӣ имкон надорад. Дар бораи сатҳи баланди хизматрасонӣ ба муштариён хоҷати гап ҳам нест. Зеро баъзе аз ин ташкилотҳо ҳатто суроғаи муайян ва дафтари корӣ надоштанд ё қисме аз онҳо дошта бошанд ҳам дар як шароити барои хизматрасонии молиявӣ номусоид амал мекарданд. Метавон гуфт, ки дар аксарияти онҳо муддатҳои тулонӣ ягон амалиёти бонкӣ гузаронида намешуд, ҳисоботҳои молиявияшонро пешниҳод намекарданд. Саҳми онҳо дар ҳаҷми умумии пешбурди фаъолияти бонкии ташкилотҳои қарзии хурд ҳамагӣ хеле ночиз буд. Вақтҳои охир ин ташкилотҳо барои зиёд намудани сармояи оинномавиашон ҳатто кӯшиш ҳам намекарданд.


Дар тақвияти гуфтаҳои боло қайд кардан зарур аст, ки дар баробари қатъ гардидани фаъолияти бархе аз ташкилотҳои қарзии ба рақобати иқтисоди бозаргонӣ тоб оварда натавониста, айни замон, барои нишон додани фаъолияти хуб ва васеъ шудани имкониятҳои гузаронидани амалиётҳои гуногуни молиявӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 марти соли равон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.


Ҳамзамон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ намуд. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд, ки он барои васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъияти молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.   


Дар робита ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ иттилоъ медиҳем, ки мутобиқи таҳлилҳои солҳои охир, буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, яке аз омилҳои болоравии қурби асъор дар кишвар ҳаннотии кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоб мерафт. Пӯшида нест, ки солҳои гузашта қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идоранашаванда шуда, миёни қурби расмӣ ва бозорӣ тафовути калон ба миён меомад ва ин боиси нороҳатӣ ва нигаронии шаҳрвандон мегашт. Ин омил сабаб шуд, ки тибқи ислоҳоти нав нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, иҷрои вазифаи онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дода шуд. Табиист, гузариш ба низоми нав ва амалӣ шудани ҳама гуна ислоҳоту меъёрҳо вақту замонро талаб мекунад. Имрӯз бо ташкил намудани марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вазъият тағйир ёфтааст ва тавре шоҳид ҳастем, дар муқоиса бо беқурбшавие, ки соли гузашта ва моҳи аввали соли равон дида мешуд, ин ҷараён хеле ба танзим даромада, ҳоло қурби расмии БМТ бо қурби бозорӣ баробар шудааст.


Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ ба ҷойи нуқтаҳои мубодилаи асъори басташудаи ташкилотҳои қарзӣ 129 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ (ин рақам ниҳоӣ нест ва рӯ ба афзоиш дорад) кушода шудаанд, ки қисмате аз онҳо дар реҷаи шабонарӯзӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 4 ҳазор ададро ташкил медиҳад.


Ва ниҳоят, бо боварӣ метавонем изҳор намоем, ки мақсад аз гузаронидани ислоҳоти ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои соҳавӣ мутобиқ намудани низоми бонкии кишвар, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва ба ин васила дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодиёти воқейи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. 


Хадамоти матбуоти  
БМТ


19.02.2016
Пули миллӣ – сомонӣ воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад

Ҷавоб ба саволи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Убайдуллои Мурод


- Чандест, ки бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳои мамлакат рубли русии аз Федератсияи Русия фиристодаро бо сомонӣ ҳисоб карда пардохт мекунанд. Ин тағйирот бо назардошти кадом омилҳо роҳандозӣ шудааст?


- Тавре қаблан хабар дода будем, Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 4 қонуни ҶТ “Дар бораи танзими бозори асъор ва назорати асъор” аз 2 феврали соли 2016 ба тамоми ташкилотҳои қарзӣ дастур дода буд, ки тамоми маблағҳои рубли русии ба номи шахсони воқеӣ аз хориҷа бе кушодани суратҳисоби бонкӣ воридшударо мубодила намуда, ба интиқолгирандаҳо танҳо пули миллӣ – сомонӣ пардохт намоянд.


Ин тасмим бо мақсади иҷрои қарорҳои ҷаласаи корӣ дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 22 январи соли 2016 ва бо назардошти таъмин намудани мақоми пули миллӣ – сомонӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон, таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ба танзим даровардани гардиши асъори хориҷии нақд дар кишвар ба роҳ монда шудааст.


Қурби амалиётии мубодилавии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқарраршаванда дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст. Қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.


Қайд кардан зарур аст, ки талаботи Дастури мазкур танҳо барои маблағҳои интиқолӣ бо рубли русӣ дахл дошта, нисбати маблағҳои бо дигар асъори хориҷӣ фиристодашуда талаботи боло амалӣ намешавад.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


09.02.2016
БМТ: Тағйирёбии нархи молу маҳсулот дар бозори дохилӣ муътадил аст

Шарҳи мухтасар оид ба тағйирёбии нархҳо дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ


Тайи чанд рӯзи охир дар сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ якчанд хабару гузоришҳо оид ба болоравии зиёди нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба нашр расиданд, ки агар бо истифода аз усули муқоисавӣ ва ҳатто аз рӯи инсоф онҳоро баҳогузорӣ кунем, муҳтавояшон аз воқеияти рӯз ва вазъи феълии нархҳои мавҷуда тафовути куллӣ доранд.


Дар робита ба гуфтаҳои боло, рӯ меорем ба факту рақамҳои воқеӣ ва расмие, ки дар асоси нишондиҳандаҳои оморӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Тибқи маълумотҳои омори расмӣ сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омад.


Барои маълумот махсус қайд менамоем, ки кам ё паст шудани сатҳи таваррум яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва мусоидаткунанда барои таҳкимёбии фазои макроиқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.


Таҳлилҳои анҷомдодашуда исбот намуданд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ва то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ ба вуқӯъ пайвастааст.


Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад.


Дар аввалин моҳи соли 2016 тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодие, ки вобаста ба вазъи идомаёбандаи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешавад, то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расониданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад.


Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бақайдгирӣ ва баҳодиҳии нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозорҳои калонтарини минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Таҳлилҳо ба санаи 5 феврали соли ҷорӣ нишон доданд, ки нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нарху навои онҳо дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пасттар аст.


Ҳамзамон, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ дошт.


Боиси таассуф аст, ки бархе аз намояндагони васоити ахбори омма рӯзҳои охир бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳо хабарҳоеро оид ба тағйирёбии нархҳои бозорҳои кишвар ба нашр расонида истодаанд, ки ба авзои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро, дар шароити феълии буҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад.


Дар ин робита, аҳли эҷодро ба таъмини оромию таҳаммул, ки барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим мебошад, даъват менамоем. Зеро, дар назар аст, ки шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд.


Қайд намудан зарур аст, ки соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути қабул ва татбиқи барномаҳои мухталифи соҳавӣ бо мақсади пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳдории муътадилии нархи маҳсулотҳо тамоми имкониятҳои худро равона намуда истодааст.


Дар баробари ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардум ва воридивазкунанда ва бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ватанӣ барои афзун намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан пасттар ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ сари вақт пешниҳод кардани маблағҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.


Барои мисол, дар соли 2015 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ зиёда аз 7,5 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд, ки нисбат ба соли 2014-ум 32,9 фоиз зиёд мебошад.


Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ меандешад.


Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо буда, дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои таъмини иҷрои ин вазифа, нигоҳдории вазъи муътадили макроиқтисодию молиявӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуми кишвар тамоми имкониятҳои худро равона месозад.


Бо назардошти гуфтаҳои боло, имрӯз хеле хуб мебуд, агар дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем.


Хадамоти матбуоти  
БМТ

05.02.2016
Рақами овардашуда ягон зарра ҳақиқат надорад

Ҷавоб ба хабари «До $50 млн. могут недополучить таджикские семьи, чьим основным доходом являются денежные переводы», ки дар сомонаҳои Оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс» ва «Авеста» нашр шудааст.


Дар ибтидо Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди он ки гӯё интиқолгирандагони рубли русӣ аз ҳисоби фарқияти байни қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодила муайяншуда ва қурби бозори ғайрирасмӣ метавонанд ба маблағи то 50 млн. доллари ИМА зарар бинанд, бо қатъият изҳор менамояд, ки ин рақам комилан беасос буда, ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро қурби барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқарраршаванда дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст.


Қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.


Барои мисол, Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли русиро дар санаи 4 феврали соли равон 0,104 сомонӣ эълон карда, қурби амалиётии хариди рубли русиро бошад, 0,1075 сомонӣ барои як рубли русӣ муқаррар кардааст. Тавре мебинем, қурби хариди рубли русии интиқолӣ назар ба қурби расмии он 3,5 банд баланд аст, ки ин ба фоидаи интиқолгирандаҳо мебошад. Бо ибораи дигар гӯем, агар 1000 рубли русӣ бо қурби расмӣ ба 104 сомонӣ баробар шавад, пас он бо қурби амалиётӣ ба 107,5 сомонӣ баробар мешавад. Тавре мегуянд: “Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”, вале баъзан зарур аст, ки далелҳои маълумро такрор ба такрор гушрас намоем.


Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса баровард, ки муаллифони оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс» ва «Авеста» бе дарки вазъи воқеъии бозори асъор, тартиби муқарраршуда ва таҳқиқи далелу рақамҳо маълумоти носаҳеҳро ба нашр расонидаанд.


Ва ниҳоят, аз намояндагони Воситаҳои ахбори омма хоҳиш мекунем, ки ҳангоми истифодаи арқому далелҳо аз нашрияҳои хориҷӣ оид ба ин ё он хабарҳо аз ҳаёти ҷумҳурӣ, аққалан қабл аз чопи ахбори худ ба дурустию дақиқ будани онҳо таваҷҷуҳ намоянд.


Хадамоти матбуоти

БМТ


29.12.2015

Масъалагузорӣ бояд асоснок бошад

Ҷавоб ба мақолаи Иззатбек Идизода, Усмон Раҳимзода, таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, 17.12.2015, №50 (1144)


Сараввал рӯ меорем ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва касбии рӯзноманигорон, ки дар фаъолияти ҳамарӯза барояшон ҳамчун раҳнамо хизмат менамоянд. Масалан, дар моддаи дуюми “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, дар бораи сареҳияти ахбор, дар баробари он ки ба ВАО ва журналистон риояи тавозуни назарҳо бидуни таҳриф ва ғараз тавсия дода шудааст, боз гуфта мешавад, ки “Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд”. 


Банди дуюми моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” низ, ҳангоми роҳ додан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва нодурустии ахбори паҳншаванда, ба ҷавобгарӣ кашидан ишора мекунад. Вале ба назар чунин менамояд, ки бархе аз рӯзноманигорон бехабар аз Кодексу қонунҳои касбии хеш дар масъалаҳои иқтисодӣ масъалагузорӣ карданӣ мешаванд. 


Дар атрофи моддаҳои дигари кодекси ахлоқу қонуни журналистон, масъулияти иҷрои онҳо бештар аз ин ҳарфе гуфтанӣ нестем. Шояд дар ин бора аз мо дида роҳбарону масъулини нашрияҳо ба кормандонашон дарси одоби эҷод ва маҳорати журналистиро беҳтар ба роҳ монанд. Аммо сари мавзуи бардошташуда маълумоте чанд манзури хонандагони закӣ мегардонем. 


Бо таваҷҷуҳ ва андешаи начандон амиқ ба хубӣ, метавон дарк кард, ки соли 2015 иқтисодиёти аксар кишварҳои олам ва ҳатто давлатҳои рушдкардаи Аврупою Осиё низ дар муқобили лаппишҳои доллари ИМА муқовимат карда натавонистанд ва қурби асъори миллиашон ба андозаҳои гуногун коҳиш ёфтанд. Зеро ноустувории нарху наво (бахусус нархи нафт) дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ дар соли ҷорӣ, ба суръати рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон таъсири амиқ гузошт. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ин давлатҳо тайи якуним соли гузашта аз ноустуворӣ ва тағирёбии иқтисодиёти онҳо дарак медиҳад. Табиист, ки буҳрони идомадори сиёсӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири манфии худро аз тариқи давлатҳо–шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳурии мо, алалхусус ба бозори асъор, низ расонид. 


Тибқи таҳлилҳои охир, аз оғози сол то нимаи моҳи декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,9212 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, аз 5,47 сомонӣ то ба 7,45 сомонӣ барои 1 доллари нақди ИМА, ё 37,1 фоиз баланд шудааст. Пӯшида нест, ки ин раванд ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар бетаъсир намемонад ва дар атрофи ин масъала вақтҳои ахир андешаҳои гуногуни муаллифон дар саҳифаҳои бархе аз нашрияҳо низ ба чоп мерасанд. 


Албатта, ошкорбаёнӣ, фошгӯӣ ва изҳори бемамонияти ақидаву андеша нишонаи ҷомеаи озодандешу демократӣ ва субботи сиёсидошта мебошад ва хушбахтона, ин имкониятро имрӯз Сарқонун ва Ҳукумати кишвар барои мо фароҳам овардааст. Аммо сӯистифода бурдан аз озодӣ ва бо истифода аз имконоти дар ихтиёрдошта, ваҳиму аз будаш зиёд баён намудани вазъияту ҳолати аслии кор нишони хирадмандӣ ва ба манфиати давлату миллат нест. 


Бинобар ин, саросемавор ё ноогоҳона дар Воситаҳои ахбори омма суолгузорӣ намудан, ки “ваъдаҳои Бонки миллӣ куҷо шуд?”, “Бар ивази нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ чӣ мехоҳад?”, “Назорати бозори асъор ба дӯши кист?” баёнгари вазъи воқеии ҳолати кор набуда, аз беиттилоии рӯзноманигорон ва ё ба таври зарурӣ дарк накардани мавзуъ дарак медиҳад. 


Мақолаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод” дар назари аввал гӯё маводи таҳлилӣ аст, вале баъди мутолиаи он пай бурдан душвор нест, ки мавод эҳтимол ғаразнок ва ҳадафмандона навишта шудааст. Шикваҳои муаллифон ба амалҳои баъзе аз кормандони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП “Фононбонк” дахл дошта бошад ҳам, Бонки миллиро дар ин ҳама камбудиҳо сабабгор медонанд. Ҳол он ки БМТ дар ин самт корро пурзӯр намуда, баръакси навиштаҳои мақолаи мазкур, танҳо дар якуним моҳи гузашта чандин бонку ташкилотҳои қарзии хурдро ҷаримаҳои калон кардааст. 


Дар мавриди ба андешаи муаллифон “баста шудани нуқтаҳои асъор ва бар ивазаш як чизи солим ва фарогир бунёд накардани Бонки миллӣ” бояд гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ, бо назардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо барои таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар, таъмини муътадиливу қобилияти харидории пули миллӣ, суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадили қурб як зумра чораҳои заруриро амалӣ намудааст.


Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон то ин вақт барои бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор ягон дастурро барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол накардааст. Ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ барои ҷарима нашудан, пеш аз муҳлати муқарраршудаи гузариш ба низоми нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ, ки бояд тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” то охири сол ҷорӣ барпо карда мешуд, дар 1 рӯз фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори худро ба якборагӣ қатъ кардаанд. 


Бо мақсади ҷорӣ кардани тартиби нави анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ дар давраи гузариш то охири соли ҷорӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ гардида, минбаъд амалиёти мубодилавӣ бевосита дар худи ташкилотҳои қарзӣ, дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк (муваққатан дар нуқтаҳои интиқоли пул) анҷом дода мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро бо истифода аз як низоми дуруст ва шаффоф, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, ба роҳ монад. Дар бораи анҷом додани амалиётҳои мубодилаи асъор танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ (филиалҳо, нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон хабару изҳоротҳо мунтазам дар расонаҳои даврии кишвар ва сомонаи расмии БМТ нашр шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ таҳия ва қабул гаштаанд. 


Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар бозорҳои қалон, фурӯшгоҳҳои бузург ва ҷойҳои серодами ҷумҳурӣ барои конеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба анҷом додани амалиётҳои мубодилавии асъор марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои иловагӣ ифтитоҳ намуда, реҷаи кории онҳоро тағйир дода, фаъолияташонро дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе таъмин намоянд.


Ҳамчунин, бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиётҳои мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ тағйироту иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. 


Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар қисми таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии амалиёти бозории асъор, дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои дахлдор гузаронида истодааст. 


Қайд кардан бамаврид аст, ки тағйирёбӣ ё коҳиши босуръати пулҳои миллӣ нисбати доллари ИМА дар соли 2015 хоси танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Бо вуҷуди доштани иқтисодиёти бузург ва захираҳои калони тиллоию асъорӣ, пули миллии кишварҳои Русия - 36%, Қазоқистон - 71%, Ӯзбекистон -40 %, Беларус - 51,5%, Қирғизистон – 30%, Озарбойҷон - 33,5%, Туркманистон – 30% ва Чин – 2,9% низ дар нисбати доллари ИМА коҳиш ёфтаанд. 


Айни замон Бонкҳои марказии давлатҳои Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон пули милли хешро ба низоми озоди шинокунанда сар додаанд, дар ҷумҳуриҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус бошад, низоми шадиди назоратӣ барои харидории асъори хориҷӣ, алалхусус доллари ИМА ҷорӣ карда шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шаҳрвандон аз бонкҳо танҳо баъди пешниҳоди шиноснома, талон ва ҳаҷми муқарраршуда асъори хориҷӣ харидорӣ карда метавонанд.


Бонки миллии Тоҷикистон талаботи реҷаи қурбии интихобшудаи пули миллӣ - шинокунандаи танзимшавандаро ба роҳ мондааст. Яъне, тибқи дастури БМТ, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ қурби фуруши доллари нақди ИМА-ро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ, дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (болои қурби расмӣ илова намудан то 1,5 %) муқаррар ва амалӣ менамоянд. 


Дар баробари ин, ҳамарӯза вазъи бозори нақд ва фаъолияти муассисаҳои бонкии ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ машғулбуда, назорат шуда, дар ҳолати ошкор шудани ҳаннотӣ ва ё беасос баланд кардани қурб аз ҷониби БМТ чораҳои қатъии огоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешаванд. 


Айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, имрӯз бозори ғайринақдии асъорро пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботи асъории худро қонеъ гардонанд. 


Ва ниҳоят, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳли қалам ва эҷоди ҷумҳурӣ даъват менамояд, ки дар ин давраи буҳронӣ аз чопи ахбору гузоришҳои носанҷидаю ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар баъзе расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, худдорӣ кунанд. Вазъияти феълии бозор, талабот ва таъмини он ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти таҳлили доимӣ ва назорати қатъии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад ва тамоми чораҳои зарурӣ барои муътадил кардани курби пули миллӣ андешида шуда истодаанд.


Хадамоти матбуоти

БМТ

21.08.2015
БМТ барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст

   Тайи ду рӯзи охир сомонаҳои иттилоотии ҷумҳурӣ бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳои иқтисодӣ гузоришҳое ба нашр расонида истодаанд, ки дар пасманзари аз сиёсати шинокунандаи танзимшаванда ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани қурби тенге аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар муддати як шабонарӯз ба андозаи бештар аз 30 фоиз поин рафтани қурби пули миллии он, гӯё дар бозори асъори нақди ҷумҳурии мо ба истилоҳ “асабоният” ва “нофаҳмиҳо” ба миён омадааст.

   Қабл аз ҳама, бояд қайд намоем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд.

   Тавре маълум аст, дар рӯзҳои охир вазъи қурби юани Хитой, рубли русӣ ва бархе аз асъорҳои дигари дунё ба тағйироту лаппишҳои бозори асъор рӯ ба рӯ шуда, дар баробари доллари ИМА арзиши онҳо паст шуданд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Қазоқистон истиссно шуда наметавонад, зеро масъулини бахши молиявӣ ва бонкии ин кишвар яқин медонистанд, ки баъди ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани тенге, қурби он ба андозаи назаррас коҳиш хоҳад ёфт.   

   Дар робита ба хабарҳои охир, ки баъзе аз онҳо,мутаассифона, оҳанги ҳангомаомез низ доранд, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозор таҳти назорат қарор дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути шуъбаҳои худ дар шаҳру вилоятҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъоро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва дар айни замон барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад. Чун ҷумҳурии мо бо Қазоқистон бо асъори хориҷӣ, яъне бо доллари ИМА доду гирифт менамояд, коҳиш ёфтани қурби тенге ба қурби сомонӣ, ба андешаи мо, таъсири чашмрас нахоҳад дошт.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки ба санаи 1 августи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1484 нуқтаи мубодилаи асъор ва 1825 нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо фаъолият доранд ва ҳамарӯза амалиётҳои табодули асъорро анҷом медиҳанд.

   Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бозори ғайринақдии асъорро дар айни ҳол пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботҳои асъории худро қонеъ гардонанд.

   Илова бар ин, тавре қаблан хабар дода будем, созишномае, ки дар назар аст Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки халқии Хитой оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо расонад, метавонад талаботи бозори асъори ҷумҳуриро ба доллари ИМА кам намояд ва фишори қурбиро ба пули миллӣ коҳиш дода, муътадилӣ ва устувории онро нигоҳ дорад.

   Ва ниҳоят, бо боварӣ метавон гуфт, ки сатҳи муътадили захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ ва имкониятҳои васеъи бонк, ки дар ҷодаи ҷалби маблағҳо ва сармоя аз шарикони байналмилалӣ дорад, ба пешбурди сиёсати мустақили қурбиву монетарии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.


Хадамоти матбуоти 
БМТ



14.07.2015

Корти пардохтӣ ва маблағи дархостшудаи муштарӣ ба соҳибаш баргардонида шуданд


Ҷавоб ба шикояти Зарина Эшон: “Банкомат кортро хурд” (Банкомат съел карту), “Вечёрка”, №24 (211), 1 июли соли 2015 


    

Муштарии ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон” Зарина Эшон дар шикояташ навиштааст, ки дар давоми ду моҳи охир маротибаи дуюм аст, ки ҳангоми гирифтани маблағ аз банкомати бонки мазкур бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Дар дафъаи аввал баъд аз дармондани корти пардохтиаш дар банкомат масъулини бонки номбурда ваъда дода буданд, ки баъд аз 30 дақиқа корташро бозпас медиҳанд, аммо танҳо баъд аз гузаштани ду соат ба ваъдаашон вафо кардаанд. Маротибаи дуюм низ баъди айнан такрор шудани ҳамин ҳодиса корти муштарӣ бо таъхир намудани вақт ва бе узрпурсӣ аз тарафи масъулини бонк ба соҳибаш баргардонида шуд. 

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон далелҳо ва саргардониҳою мушкилоти дорандаи корти пардохтиро, ки дар ҳафтанома чоп шудааст, ташвишовар ва ғайриматлуб шуморида, бо Амрномаи худ ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон”-ро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мазкур чораҳои фаврӣ биандешад. 

Дар мактуби ҷавобӣ роҳбарияти ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон ” иттилоъ дод, ки қазияи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи таҳлил маълум гашт, ки фурӯбарии корт дар банкомати ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон ” бори аввал ба вуқӯъ пайвастааст, ки сабаби он корношоям будани корти муштарӣ мебошад. 

Бо вуҷуди ин, ки ҳолати мазкур дар рӯзи истироҳат ба вуқӯъ омада буд, кормандони масъули бонк сари вақт корти пардохтӣ ва маблағҳои дархостшудаи муштариро баргардониданд. 

Дар робита ба ин,, аз шаҳрвандони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки ҳангоми дучор омадан бо камбудию норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар бахшҳои низоми бонкии мамлакат ба “Телефони боварӣ”-и Бонки миллии Тоҷикистон + (992) 44 – 600 – 15 – 20 занг зада, аз мушкилоти ба миёномада ба масъулин хабар диҳанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

 

10.07.2015
Ба корманди масъул барои муомилаи дағалона сарзаниш эълон карда шуд

Ҷавоб ба мақолаи Нигора Саидбекова: “Дигар ба воҳимаву дурӯғ ва сафсатаҳои баъзе бонкҳои кишвар, ки мегӯянд “мизоҷонамон фалону фалон қадар шуд”, бовар накунед!”, “Фараж”, №26(447) аз 24 июни соли 2015 

     Хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” Нигора Саидбекова баъди гум кардани корти пардохтии худ, ки ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт, барои барқарор кардани он ба бахши кортҳои пардохтии Мудирияти амалиётии бонк, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ муроҷиат намуд. 
    Мутахассиси масъули бонк баъд аз гирифтани нусхаи шиноснома, ваъда додааст, ки номбурда метавонад рӯзи дигар омада корти худро бигирад. Ҳамзамон таъкид намудааст, ки пули корти нав ва боҷи давлатӣ аз ҳисоби маблағи дар ҳисобаш доштаи ӯ ситонида мешавад. 
   Аммо, на дар вақти ваъдагӣ ва на чанд рӯзи дигар Нигора Саидбекова натавонистааст корти худро бо ҳар баҳонаи пешовардаи шахси масъули бонки зикршуда дастрас намояд. 
     Болои саргардониҳои зиёд, муомилаи дурушт ва дағалонаи корманди масъули бонк Н. Саидбековаро дилсард гардонид ва дар ниҳояти кор ӯ аз баҳри корти пардохтии худ гузашта, дар ин бора мақолаи мазкурро дар ҳафтаномаи “Фараж” ба табъ расонид. 
     Баъд аз мутолиаи мақолаи номбурда роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Амрномаи худ ҶСК “Агроинвестбонк”-ро вазифадор намуд, ки барои ҳалли қазияи мазкур чораҳои фаврӣ биандешад. Зеро муносибати номатлуб ва ғайрикасбии кормандони масъул бо мизоҷон ба коҳиш ёфтани боварии аҳолӣ ба воситаҳои муосири пардохт ва дар маҷмуъ ба низоми бонкӣ оварда мерасонад. 
     Дар мактуби ҷавобӣ роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” иттилоъ дод, ки маводи мазкур дар ҷаласаи Мудирияти амалиётии бонк бо иштироки ҳамаи кормандонаш мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд. 
     Дар натиҷа барои роҳ додан ба муносибати дағалона бо мизоҷ, ба таври зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои вазифавӣ бо фармони роҳбарият ба Буриев Ш.Ф., - муҳосиби пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ – амалиётии Мудирияти амалиётии бонк муҷозоти интизомӣ дар шакли сарзаниш эълон карда шуд. 
     Дар ҷаласа бори дигар таъкид карда шуд, ки муносибати хуб ва хушгуфторию рафтори боадабона бо мизоҷ вазифаи ҳар як корманди бонк ба шумор меравад ва он бояд дар сатҳи зарурӣ иҷро шавад. 
     Роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” бо боварӣ изҳор дошт, ки масъалаҳои риояи муносибату муоширати хуби кормандонро бо мизоҷон минбаъд низ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ меандешад. 
     Дар интиҳо ба ҳамаи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор омадан ба нофаҳмиҳо ва ё қонунвайронкуниҳо дар бахши низоми бонкии мамлакат метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон +(992) 44- 600-15-20 занг зада, аз мушкилоти ба миёномада ба масъулин хабар диҳанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ 

08.01.2015
Даъвои Султонӣ асос надорад

Ҷавоб ба мусоҳиба ва даъвои Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон Бобак Занҷонӣ таҳти унвони “Султонӣ: Занҷонӣ дар Тоҷикистон $3 000 000 пора дод”, ки дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” 7 январи с.2015 аз нашрияҳои эронӣ бознашр шудааст. 


Дар идома ба чандин изҳоротҳои расмиаш нисбат ба сару садоҳои зиёд дар мавриди қазияи сармоядори эронӣ Бобак Занҷонӣ, маблағҳои гумшудаи он ва дар ин кор гӯё даст доштани ҷониби Тоҷикистон, ки тайи ду соли охир дар нашрияҳои дохилию хориҷӣ бо тобишҳо нав ба нав инъикос мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон қотеона ин даъвои беасосро рад менамояд. 
     Таваҷҷуҳ ба порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи номбурда аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад. 
     Қайд кардан зарур аст, ки қаблан низ дар мавриди ташрифи гуруҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон ва тасдиқи ин гуруҳ оид ба иртибот надоштани Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия дар воситаҳои ахбори омма иттилою вокуниши иловагӣ пахш шуда буд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

08.12.2014
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи стандартӣ ба реҷаи муқаррарӣ ворид карда шуд

Вокуниш ба ахбори хабарнигори ҳафтаномаи “Наҷот” таҳти унвони “Душанбе ҳамкориҳо дар мубориза бо пулшӯиро мусбат арзёбӣ кард”, аз 20 ноябри соли 2014

Воқеан ҳам бояд зикр намуд, ки соли 2008 аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ зимни баҳогузории кишвар ва хулосаи Гуруҳи Авросиё дар ҷаласаи 9 Пленарӣ, ки дар ш. Москва баргузор гардида буд, Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм дар реҷаи “мониторинги қатъӣ” қарор дода шуда буд.

Тибқи тартиби коргузории Гуруҳи Авросиё Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола доир ба корҳои дар ин самт анҷомдодаи хеш ва мутобиқ намудани қонуну санадҳои ҷумҳурӣ ба тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дар ҳар як ҷаласаҳои Пленарии Гуруҳи Авросиё ва ФАТФ ҳисобот пешниҳод менамояд. 

Бо тақозои талаботи ин ташкилотҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар давоми ду соли охир қонунгузории худро ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намуда, амалияи онро аз ҷониби сохторҳои марбута ба роҳ монад. 

Вобаста ба ин пешравиҳо дар Ҷаласаи 20 Пленарии Гуруҳи Авросиё, ки моҳи июни соли 2014 дар ш.Москва (Федератсия Россия) баргузор гардид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи махсус ба реҷаи стандартӣ гузаронида шуд. 

Ҳамзамон дар ҷаласаи навбатии ФАТФ, ки моҳи июни соли ҷорӣ баргузор гардид, ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардида, ҷиҳати дар амалия дида баромадани ин талабот қарор оиди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намудани ҳайати махсуси ФАТФ бароварда шуд. 

Баъд аз хулосаи пешниҳодгардидаи ин ҳайат, ки 24-25 сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати санҷиш ва омӯзиши ин низом ба ҷумҳурӣ ташриф оварда буданд, дар ҷаласаи навбатии ФАТФ моҳи октябри соли 2014, ки дар ш.Париж (Фаронса) баргузор гардид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи мониторинги қатъӣ бароварда шуд.

Илова бар ин, дар Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё, ки 10-14 ноябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе баргузор гардид, бо дастгирии кулли иштирокдорони он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи стандартӣ ба реҷаи муқаррарӣ ворид карда шуд. 

Барои маълумот: Хулосаҳои қабулшуда нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои расмии ФАТФ (http://www.fatf-gafi.org) ва Гуруҳи Авросиё (www.eurasiangroup.org) нашр гардидаанд. 

Хадамоти матбуоти БМТ 

03.12.2014
Дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 30,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мавҷуд аст

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи “ИмрӯзNews” Сафарбой Шарифов “Танга нест? Ба ҳукумат ариза пешниҳод кунед” аз 14 ноябри с.2014, №208(973)

Бо мақсади такмили сохтори низоми пулии ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмин намудани эътимоднокӣ ва устувории он, мутобиқи банди 16 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои филизӣ” аз 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филизии бо арзиши 1, 2, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам барориши соли 2001 ба муомилот бароварда шуданд. 
     Дар банди сеюми Фармони номбурда омадааст: “Муассисаҳои савдо, нақлиёт ва корхонаҳои дигар, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонӣ тангаҳоро ба миқдори зарурӣ захира намоянд”. 
    Айни замон, бо қарорҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои соли бароришашон 2001, 2006 ва 2011 бо арзиши (1,3,5 сомонӣ ва 1,2,5,10,20,50 дирам), ки ба муомилот бароварда шудаанд, баробар гардиш менамоянд ва дар ҳаҷму номиналҳои зарурӣ мавҷуданд. Дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ ба қадри зарурӣ саривақт таъмин мегарданд. 
     Қайд кардан бамаврид аст, ки дар айни замон дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 30,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ дар гардиш қарор доранд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

14.11.2014
БМТ чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи Азия-Плюс Маҳастӣ Дустмуродова

Воқеан тағйирёбиҳои қурбие, ки чанд ҳафта инҷониб дар бозори дохилии асъор вобаста ба вазъи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешаванд, то андозае ба болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти асосии воридотӣ таъсири худро расонид. Айни замон, тағйирёбии мазкур танҳо дар нархи орд, ки дар мақолаи мазкур зикр гардидааст, дида мешавад. Аммо, чунин тағйирёбиҳо дар дигар маҳсулотҳои воридшаванда дар бозорҳои дохилӣ то ҳол ба назар намерасад. 
     Бояд таъкид намуд, ки ба ҳаргуна эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон боиси зиёд гардидани омилҳои интизорӣ шуда, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки оромию таҳаммул барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор махсусан муҳим мебошад. Зеро, тибқи интизориҳо раванди мазкур хусусияти кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ дошта, бо паст гардидани фишорҳои қурбӣ, нархи маҳсулоти воридотӣ чун солҳои пешин ба нуқтаи мувозинатӣ (аввала) бармегардад. 

Тағйирёбии миёнамоҳонаи нархи маҳсулотҳо дар кишвар дар солҳои 2010-2014 (1 кг/сомонӣ)



Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати пешгирии таъсири фишорҳои қурбӣ ба низоми молиявии кишвар мудохилаҳои асъориро анҷом дода, барои роҳ надодан ба ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ андешида истодааст. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ  

26.06.2014
Ҷавоб ба мақолаҳои сомонаи Радиои Озодӣ “Бобак Занҷонӣ ва шустушӯи пулҳои нафт дар Тоҷикистон”(5.10.с.2013) ва рӯзномаи “ИмрузNews” “Дурӯғи Занҷонӣ” (7.10.с.2013).

Қабл аз ҳама бояд изҳор намоем, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти матбуотии бонк, ки 23 июли соли равон баргузор гардида буд, бо чунин мазмун, ки гӯё “вай дар бораи Занҷонӣ ва таҳримҳои Амрико бар зидди ҶСП БС “Конт Investment Bank” чизе намедонад”, ба ҳозирини нишаст дар ин шакл маълумот пешниҳод накарда буд.

Зеро то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2013 №48 ҶСП БС “Конт”аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок кардан дар аҳдҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ маҳрум карда шуд.

Дар айни замон ҶСП БС “Конт” ҳуҷҷатҳои заруриро, ки алоқаманд будани бонкро ба асосҳои дар таҳрим овардашуда рад менамоянд, омода намуда, ба Департаменти назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (OFAC) ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) пешниҳод намудааст.

Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналхалқии ҷумҳурӣ Бонки миллии Тоҷикистон тавассути дастури махсус тамоми ташкилотҳои қарзии кишварро уҳдадор намудааст, ки то рӯзи аз рӯйхати таҳрим хориҷ шудани ҶСП БС “Конт” ҳамкорӣ ва ҳисоббаробаркуниро бо ташкилоти мазкур боз доранд.

Боиси таассуф аст, ки сарфи назар аз татбиқи чораҳои зарурӣ дар ин самт, намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангома ба миён меоранд ва мардумро ба иштибоҳ бурданӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти БМТ

23.05.2014
Ҳаҷми қарзҳои ташкилотҳои қарзии ба аҳолии ВМКБ додашуда ба таври назаррас афзуд

Ҷавоб ба номаи соҳибкорону тоҷирони Бадахшон “Моро кӣ муфлис мекунад: ҳукумат ё бонк”, ки 5 марти соли равон дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” нашр шудааст.

     Қабл аз ҳама, бо арзи эҳтиром ба соҳибкорону тоҷирони Бадахшон изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон салоҳияти ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро мақсади асосии он ноил шудан ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон бошад, инҳоянд: - таъмини устувории низоми бонкии давлат; - мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
     Сониян, ба маълумотатон мерасонем, ки дар давоми ду соли охир ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) додашуда ба таври назаррас афзудааст. Барои мисол, агар дар соли 2012 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои вилоят 105 758 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда бошад, дар соли 2013 ин рақам ба 154 752 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли қаблӣ қариб 49 млн. сомонӣ зиёд аст. Агар ба сохтори қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо назар андозем, маълум мешавад, ки маблағҳо ба соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, аз қабили кишоварзӣ, саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, истеъмолот ва савдои хориҷӣ дода шудаанд. Меъёри фоизҳои миёнавазн аз рӯи қарзҳо бо пули миллӣ дар соли 2013 аз 25,97% то 23,27% коҳиш ёфт. Бо асъори хориҷӣ бошад, нишондиҳандаи мазкур аз ин ҳам пасттар шуд.
     Ҳамчунин солҳои охир дар самти ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеии вилояти номбурда ба ташкилотҳои қарзии минтақавӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст омадаанд. Масалан, дар соли 2012 пасандозҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ маблағи 959’524,2 ҳазор сомониро ташкил дода буданд. Дар соли 2013 бошад, ин нишондиҳанда ба 1’173 202,4 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба як соли пеш аз ин 213’678,2 ҳазор сомони зиёдтар аст. Афзоиши бомароми пасандозҳои мардум дар бонкҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз қавитар мегардад. Илова бар ин, зиёд шудани амонатҳо имконият медиҳад, ки дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, яъне сари вақт гирифтани қарз аз ҷониби онҳо таъмин карда шавад.
     Албатта, имрӯз дар соҳаи бонкдорӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон дигаргуниҳо ба чашм мерасанд, барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мардум шуъбаю филиалҳои нави бонкҳо кушода шудаанд, шумораи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ба маротиб афзудаанд. Пӯшида нест, ки дар он ҷое, ки кор аст, камбудӣ ё норасоиҳо баъзан мушоҳида мешаванд. Дар шуъбаю намояндагиҳои ташкилотҳои қарзии ВМКБ камбудиҳои марбут ба нарасидани кадрҳои баландихтисос, техникӣ ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ мавҷуд ҳастанд. Дар ин самт корҳо барои ислоҳи камбудиҳо идома доранд.
     Аз он ҷумла, масъалаи паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ, соддаю дастрас кардани пешниҳоди қарзҳо, ҷалби ҳарчи бештари пасандозҳо бо фоизҳои муносиб ҳамеша дар мадди назари Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
     Инчунин бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, алалхусус дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва дар ин замина зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо” қабул карда шуд. Акнун ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳали воқеъгардидаи худ марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор, нуқтаҳои интиқоли пул ва воҳиди сайёр таъсис диҳанд.
     Илова бар ин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имконият пайдо карданд, ки бо ҷалби бештари пасандозҳо ва васеъ намудани фазои хизматрасонии бонкӣ ба муштариёни худ шароити беҳтар муҳайё намоянд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

23.04.2014
Қаблан ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳои бе рақам дода мешуданд

Ҷавоб ба мақолаи "Аудити Амонатбонк ғайриқонунӣ буд!", ки 27 марти соли равон дар ҳафтаномаи "СССР", (№13) ба нашр расидааст.

     Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба мактуби Шумо аз 31 марти соли 2014, №5 дар мавриди бо иҷозатномаи бе рақами Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудани ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иттилоъ медиҳад, ки қаблан, яъне дар солҳои аввали истифодаи ин таҷрибаи байналхалқӣ ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳо барои фаъолияти аудиторӣ бе рақам дода мешуданд.
     Дар айни замон, иҷозатномаҳо мутобиқи талаботи Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” аз 3.04.с.2007, №172 дар матбаа чоп карда шуда, бо рақам дода мешаванд.
     Тибқи талаботи Низомномаи мазкур ба ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати панҷ сол 26 декабри соли 2013 таҳти рақами (БМТ №0000019) дода шудааст.
     Дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда ва талаботи қонуни дар ҳамон вақт амалкунанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”) аудити БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҷониби ҶММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Қирғизистон) 2 маротиба (солҳои 2006-2007) ва ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 маротиба (2008-2010) гузаронида шуда, нусхаи хулосаҳои аудиторӣ аз тарафи БДА ҶТ “Амонатбонк” ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Қобили зикр аст, ки ҶДММ “Делойт ва Туш” бе танаффус зиёда аз 5 маротиба аудити БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро анҷом надодааст, яъне ҶДММ “Делойт ва Туш” талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон накардааст.
     Қайд кардан ба маврид аст, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (аз 19.05.с.2009, №524) муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» татбиқ мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

15.04.2014
Бонки миллиро на Палатаи савдо, балки Палатаи ҳисоб санҷида истодааст

Вокуниш ба ахбори “Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?”, ки 3 апрели соли равон дар сомонаи “Фараж” нашр шудааст.


    Қабл аз ҳама, бояд иброз намоем, ки 3 апрели соли ҷорӣ, соати 10:43 дақиқа дар сомонаи “Фараж” хабаре таҳти унвони “Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?” бо чанд иштибоҳ ба нашр расида буд.
    Дар мавриди мавҷуд будани хатогиҳо дар матни ахбор бо иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” Дилшоди Абдулмаҷид суҳбати телефонӣ доштем ва баъди он дар маводи нашршуда хатогӣ ислоҳ ва номи “Палатаи савдо” ба “Палатаи ҳисоб иваз карда шуд.
    Қобили қайд аст, ки санҷиши феълӣ фаъолияти панҷ соли охири Бонки миллиро дарбар мегирад ва мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дархости расмии Палатаи ҳисоб муҳлати санҷиш тамдид гардид.
    Илова бар ин, дар айни замон аз ҷумлаи кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ на 40 нафар, балки 16 нафар бо мақсади омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

12.03.2014
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад

Вокуниш ба мақолаи “Аз ширинӣ ба асал!”, ки 5 ва 10 марти соли равон дар ҳафтанома ва сомонаи “Фараж” нашр шудааст.

     Бо истифода аз имконияти мусоид тамоми рӯзноманигорони ҷумҳуриро бо фарорасии Иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи фархундапай, ҳамчунин Баҳори нозанин самимона табрик мегӯем ва барояшон комёбиҳои беназирро орзумандем.
     Дар робита ба андешаҳои муаллиф Ҷамила Мирбозхонова оид ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси ҷой доштани камбудиҳои дар раванди иҷозатномадиҳӣ ва додани қарз иброз менамоем, ки дар мақола барои исботи ин фикр ягон гуна арқому далели қотеъ оварда нашудааст.
     Дар ибтидо оид ба масъалаи иҷозатномадиҳӣ ба ташкилотҳои маблағгузории хурд зикр менамоем, ки баъди зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии онҳо аз соли 2009 ба ин ҷониб шумораи кушодашавии онҳо якчанд маротиба кам шуд. Масалан, агар дар соли 2009 ба 24 ташкилотҳои маблағгузории хурд иҷозатнома дода шуда бошад, пас дар соли 2010- ин нишондиҳанда 5 адад, 2011- 2 адад, 2012 – 4 адад ва 2013 – 4 адад иҷозатномаро ташкил додааст. Дар соли сипаришуда 7 фонди қарзии хурд бинобар сабаби фаъолият накарданашон барҳам дода шуданд, ки ин аз ташаккул ёфтани бозори маблағгузории хурд ва пурзуршавии рақобати солим дар он шаҳодат медиҳад.
     Ташкилотҳои маблағгузории хурд аввал дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо баъди бақайдгирии давлатӣ ва пурра иҷро кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” Бонки миллии Точикистон дар муҳлати то ду моҳи баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар бораи ба ташкилотҳои маблағгузории хурд додан ё надодани иҷозатнома қарор қабул менамояд. Ба маълумоти ҳафтаномаи “Фараж” расонида мешавад, ки ҳамаи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар муҳлати муқараргардидаи қонун иҷозатномаҳои худро гирифтаанд. Бинобар ин, маълумоте, ки дар мақолаи номбурда оварда шудааст, ҳақиқати ҳолро таҳриф мекунад.
     Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад. Танҳо Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” метавонад дар ҳолатҳои фавқулода ҳамчун қарздиҳандаи ниҳоӣ бо шарти аз фоизи бозорӣ ду банди фоизӣ баландтар ва ба муҳлати то 3 моҳ ба ташкилотҳои қарзӣ барои таъмини пардохтпазирии онҳо қарз диҳад. Тибқи маълумоти Идораи амалиёт дар бозори озод, ки масъули амалиёти қарздиҳии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, дар муддати 4 соли охир ягон ташкилоти маблағгузории хурд барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат накардааст. Ба андешаи мо, дар ин робита иддаои муаллифи мақола дар бораи аз ҷониби кормандони Департаменти назорати бонкӣ ба истилоҳ гирифтани “сафедӣ” даъвои бепоя ва иғво мебошад.
     Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки Департаменти назорати бонкӣ салоҳияти ба ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро ин воҳиди сохторӣ барои танзим ва назорати фосилавӣ, санҷиш дар ҷойҳо, инчунин иҷозатномадиҳию тадбирҳои имдодӣ ваколатдор аст, ки ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои амонатгузорону қарздеҳон ва таъмини устувории низоми бонкии давлат мебошад.
     Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф аз тартиби воқеии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон доир ба қарздиҳӣ огоҳӣ надорад ва ин боиси ба миён омадани нофаҳмиҳо дар баррасии масъала шудааст.
Илова бар ин, таъкид менамоем, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 фаъолият менамояд.
     Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд. Телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.
     Доир ба фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” қайд менамоем, ки муассиси ягонаи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва таърихи тулонии фаъолияти босамар дорад. Аз ин рӯ, ҳамчун бонки “нафақадиҳӣ” муаррифӣ кардани он нодуруст мебошад. “Амонатбонк” дар баробари ба нафақадиҳӣ машғул будан, инчунин ба аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетию дигар субъектҳои хоҷагидорӣ хизматрасонӣ намуда, номгӯи васеи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.
     Ва инак, ба диққати хонандагони гиромӣ мавқеи расмии роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро дар мавриди масъалаи зикргардида манзур медорем.







     Дар интиҳо қайд менамоем, ки мақола ғаразноку яктарафа буда, муаллифи он дар бораи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳию додани қарз ва хизматрасонии нафақавии БДА ҶТ “Амонатбонк” маълумоти дақиқу мукаммал надорад.
     Боиси таассуф аст, ки надонистани нозукиҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби муаллиф ва бидуни таҳлилу таҳрир ба чоп расонидани чунин мақолаҳо аз ҷониби ҳафтанома сабабгори ба иштибоҳ равона кардани доираи васеи хонандагон мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

03.03.2014
Пеши роҳи хавфи эҳтимолӣ гирифта шуд

Ҷавоб ба ахбори “Палата ва прокуратура фаъолияти Бонки миллиро месанҷанд?”, ки дар сомонаи “Фараж” 28 феврали соли 2014 нашр шудааст.


     Қабл аз ҳама, бояд изҳор намоем, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ аз оғози моҳи феврали соли равон барои омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва то охири даҳаи дуюми моҳи март фаъолияти худро идома хоҳанд кард.
     Сониян, таъкид мекунем, ки дар ҳайати номбурда ба ғайр аз намояндагони Палатаи ҳисоб кормандони мақомоти дигар шомил нестанд.
     Дар мавриди қазияи ширкати “Ҳафт бурҷ” иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои аҳолӣ ва пешгирии хавфи эҳтимолӣ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва мақомоти дигари мамлакат фаъолияти ширкати номбурдаро омӯхта, маводи заруриро ба мақомоти судӣ пешниҳод намуданд.
     Дар натиҷа хулосаи ҷамъбастӣ аз ҷониби мақомоти судӣ қабул гардид ва қарор дар бораи баста шудани ширкати зикршуда бароварда шуд.
     Метавон гуфт, ки дар ҳамкорӣ ва бо кушишу талоши якҷояи якчанд мақомот пеши роҳи хатаре, ки ба халалдор кардани манфиатҳои аҳолӣ равона шуда буд, гирифта шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

07.01.2014
Шарҳи мухтасар вобаста ба ахбори сомонаи форсии радиои тоҷикӣ оид ба мақолаи “Фош шудани тақаллубкории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон”

ҶСП БС “Конт Investment Bank” таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талаботҳо хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст.
     Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими зикршуда манъ гардидааст, гузаронида нашудааст.
     Ҷиҳати муҳокимаи масъала вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.
    Боиси таассуф аст, ки дар мақолаи дарҷшуда кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷро намудани расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.
     Илова бар ин, гурӯҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба пуррагӣ равшан намудани вазъи масъала дар ҶСП БС “Конт Investment Bank” кор бурда истодааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

12.11.2013
Ба пулҳои қалбакӣ дар муомилот ҷой нест

Ҷавоб ба мақолаи рӯзномаи “ИмрӯзNews” “Миллионҳои қалбакӣ”,
2 октябри с. 2013


     Дар ибтидо ба рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва дигар ҳафтаномаҳою сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ, ки ба чунин як мавзуи муҳим – тақаллуби асъор таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ахбору мақолаҳо ба нашр расонидаанду мардумро бо ин восита ба ҳушёрию зиракӣ даъват намудаанд, миннатдории хешро баён менамоем. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои васеи ин минбарҳои фаврии ташвиқотию тарғиботӣ ба маълумоти кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад ҳодисаҳои пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд.
     Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳангоми сару кор гирифтан бо пули нақд зираку мушоҳидакор бошем ва ин падидаи номатлубро, ки гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳад, нодида нагирем. Зеро шахсон ё гурӯҳҳои тақаллубкор, бахусус дар бахши сохтани пулҳои қалбакӣ дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва бо мақсадҳои гуногуни худ ба ин кор даст мезаданд. Бояд ҳамагон дарк намоем, ки гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад ба паст шудани қурби пули миллӣ оварда расонад, ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар зиён оварад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди тақаллубкории пул натанҳо вазифаи сохторҳои маъмурӣ, балки яке аз вазифаҳои муқаддаси низоми бонкӣ ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
     Албатта, дар ин маврид саволе пайдо шуданаш мумкин аст, ки бо кадом роҳу воситаҳо метавон бо ин амали нопок мубориза бурд. Имрӯз мо дар қарни рушди босуръати илму техника зиндагӣ мекунем ва ширкатҳои истеҳсоли дастгоҳҳои бонкии олам барориши чунин мошинҳои пулшумории навтаринро ба роҳ мондаанд, ки онҳо дар ҷараёни пулшуморӣ пулҳои қалбакиро ба осонӣ ошкор менамоянд. Ба ғайр аз ин, дастгоҳҳои навтарине дар соҳаи бонкӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо муайян кардани аслияти пулро хело осон кардаанд. Вобаста ба ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки хазинаҳои бозшумории худро бо чунин дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин намоянд ва истифодаи онҳоро ба роҳ монанд.
     Бояд қайд намуд, ки дар тули таърихи мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пулҳои тақаллубии чӣ миллӣ ва чӣ хориҷӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд.
     Бо вуҷуди ин, аз сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки барои эмин нигоҳ доштани маблағҳои нақдии худ унсурҳои ҳимоявии пули миллиро аз бар кунанд ва ҳангоми доду гирифт пулҳоро бодиққат аз назар гузаронанд. Ошкор намудани пулҳои қалбакӣ дар марҳалаи аввали пайдоишашон яке аз тарзҳои мубориза зидди тақаллубкорӣ мебошад.
     Ва ниҳоят шаҳрвандонро зарур аст, ки амалиётҳои хариду фурӯшро танҳо бо пули миллӣ анҷом бидиҳанд ва ҳангоми ошкор шудани пулҳои шубҳанок ба сохторҳои маъмурӣ хабар диҳанд. Агар барои ба роҳ мондани ин ё он доду гирифт зарурияти истифодаи асъори хориҷӣ ба миён ояд, бояд ин гуна амалиёт ба воситаи бонкҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом дода шаванд.

Хадамоти матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

17.10.2013
Муҳлатҳои пардохти қарз ва фоизҳои он дароз карда шудаанд

Ҷавобба мақолаи ҳафтаномаи “Нигоҳ” “Корвон баъди як сол: оташ хомӯш нашудааст?”, 4 сентябри с. 2013

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ш.Душанбе “Оид ба тадбирҳои таъхирнопазир вобаста ба ҳодисаи сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ “Бозори Корвон”” ва ҳимояи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ дар ҷараёни фаъолияти Ситоди махсус, ки барои омӯзиш ва рафъи оқибатҳои воқеа таъсис дода шуда буд, дар доираи салоҳияти худ чораҳои заруриро андешид.

Бонки миллии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ҳуқуқи ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила кардан, аз ҷумла манъ кардани пардохти қарз ва фоизҳои онҳоро надорад, дар ин мавриди мушаххас ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои заруриро ирсол намуд.

Бояд қайд намоем, ки тавсияҳоро дар хусуси мусоидат намудан ба тамдиди муҳлати қарз ва худдорӣ кардан аз ситонидани ҷаримаҳо барои саривақт насупоридани қарз ва фоизҳои он Бонки миллии Тоҷикистон 12 сентябри соли равон ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ равон карда буд.


(нусхаи барқияи телефонӣ замима мегардад).



Илова бар ин, дар рафти кори Ситод аксарияти мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ хоҳиш карда буданд, ки то як давраи муайян муҳлатҳои пардохти маблағҳои қарзи асосӣ ва фоизҳои он дароз карда шаванд. Дар натиҷа хоҳишу дархостҳои ҳар як соҳибкор ба инобат гирифта шуда, баъди гузаронидани таҳлил, ташхиси ҳолати воқеӣ ва суҳбатҳо бо зарардидагон, ки муштариёни ҶДММ “Бозори Корвон”мебошанд ва аз ташкилотҳои қарзӣ қарз гирифтаанд, оиди тамдиди муҳлатҳои қарз ва фоизҳои онҳо тадбирҳо андешида шуд.

Ва ниҳоят бояд изҳор намоем, ки бахшидани маблағи қарз ё фоизҳои он ба салоҳияти ташкилотҳои қарзӣ марбут аст ва дар сурати ба таври мусбат ҳал шуданаш, он дар асоси Шартнома сурат мегирад.

Хадамоти матбуоти

БМТ

03.07.2013
Абдуҷаббор Ширинов ҷашни 60-солагиашро умуман барпо накарда буд

Ҷавоб ба мақолаи Ҷамила Мирбозхонова “Бемасъулиятӣ дар бонки масъулиятшинос”, ки дар ҳафтаномаи “Озодагон” 26 июни соли 2013 таҳти №25 (285) ба чоп расидааст

      Қабл аз ҳама бояд қайд намуд, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов на 22 июн, тавре дар мақолаи номбурда омадааст, балки 20 июни соли равон ба синни 60-солагӣ қадам ниҳоданд. Илова бар ин, 20 июн, яъне панҷшанбе ва чанд рӯзи пеш аз ин бо сафари муҳими корӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд.

      Дар мавриди он ки гӯё рӯзи шанбе, 22 июни соли ҷорӣ раиси БМТ А. Ширинов тантанаи ҷашни мавлуд барпо намудаю меҳмонон барои табрикаш омада бошанд, танҳо ҳаминро иброз доштанием, ки  он рӯзро ӯ дар дафтари кории худ барои ҳаллу фасли масъалаҳои бонкӣ сарф намуд.

      Таассуфовар он аст, ки ҳафтаномаи “Озодагон” маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро насанҷида ба нашр расонидааст, зеро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов умуман ҷашн ё тантанаи 60-солагиашро барпо накарда буд.

                Хадамоти матбуоти

БМТ

10.05.2013
Афви маблағҳои пулии шаҳрвандон имконияти қарздиҳии бонкҳоро васеъ кард

Ҷавоб ба мақолаи “Отмыли и забыли?”- и Игор Лекаркин, ҳафтаномаи “Азия-Плюс” (№20 аз 14 марти соли 2013)

Дар робита ба саҳми пулҳои ҷалбшуда ба рушди иқтисодиёти миллӣ пас аз гузаронидани чорабинӣ оид ба афви маблағҳои пулии шаҳрвандон дар моҳи июни соли 2003 қайд намудан зарур аст, ки як қисмати муайяни маблағҳои ба расмият дароварда (18,2%), дар низоми бонкӣ боқӣ монд. Дар маҷмуъ, дар давоми бештар аз ду моҳи барои ин чорабинӣ ҷудошуда маблағи зиёда аз 589 млн. сомонӣ ба расмият дароварда шуда буд.
Акнун рӯ меорем ба факту рақамҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар ҳамон шабу рӯз. Таваҷҷуҳ намоед, дар соли 2003 даромади умумии буҷети давлатӣ ҳамагӣ 776,3 млн. сомонӣ ва ММД-и номиналӣ 4’761,4 млн. сомониро ташкил дода буд. Маблағе, ки дар натиҷаи афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба даст омад, 76 фоизи даромади умумии буҷети давлатӣ ва 12 фоизи ММД-и ҳамон солро ташкил намуд. Танҳо ба таври мисол овардани рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки то чи андоза дар он шабу рӯз гузаронидани ин маъракаи молиявӣ барои таҳкими иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим ва саривақтӣ буд. Илова бар ин, иқдоми зикршуда барои боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии мамлакат як такони ҷиддӣ бахшид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки вақте пасандозҳо ва амонатҳо дар шакли маблағҳо ба тавозуни бонк ворид гашта, дар суратҳисобҳо нигоҳ дошта мешаванд, дар навбати худ онҳо чун қарзҳои гуногун барои дастгирӣ ва маблағгузории бахши хусусӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, фаъолияти соҳибкории хурду миёна равона мегарданд. Масалан, дар соли 2003 ҳаҷми бақияи қарзҳо ҳамагӣ қариб 672 млн. сомониро ташкил дода буд, ҳол он ки соли гузашта ин нишондиҳанда қариб ба 5,7 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Аз ин рӯ, оид ба саволе, ки оё чорабинии афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар таъсир дошт ё не, албатта, бидуни шубҳа метавон изҳор намуд, ки саҳми назаррасе гузошт.
Дар мақолаи “Отмыли и забыли?” муаллифи он Игор Лекаркин оид ба истифода ва саҳми ин маблағҳо ба чашми шак нигариста, шубҳа дорад, ки ба андешаи мо, ин назари хусусии хабарнигор мебошад.
Гузашта аз ин, гузаронидани марҳила ба марҳилаи ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ҷиҳати васеъ кардани хизматгузориҳо, такмили қонунгузорӣ ба тақвият ёфтани мавқеи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат намуданд. Дар ин бора хонандагони гиромӣ метавонанд аз сомонаи БМТ маълумоти заруриро дастрас намоянд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои сомонаи бонк ҳамаи далелҳо ва маълумотҳои зарурӣ вобаста ба рушди низоми бонкӣ, зиёд шудани шумораи ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ оварда шудаанд.
Вобаста ба эътимод ва боварии мардум ба низоми бонкӣ пас аз гузаронидани афви маблағҳои пулии шаҳрвандон қайд кардан бамаврид аст, ки маълумотҳои омории мавҷуда низ дар бораи сол ба сол зиёд шудани ҳаҷми пасандозҳо далели то чи андоза баланд шудани ин боварии мардум мебошад.
Барои исботи фикри боло ба нишондиҳандаҳо оид ба ҳаҷми пасандозҳои чанд соли пеш назар меандозем. Барои мисол, соли 2003 дар низоми бонкии мамлакат ҳамагӣ 242,5 млн. сомонӣ амонатҳо ҷамъоварӣ шуда буданд. Соли 2006 бошад, ин нишондиҳанда ба 1,1 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Дар маҷмуъ, алҳол дар низоми бонкӣ қариб 4,9 млрд. сомонӣ амонатҳо маҳфуз аст ва он назар ба даҳ соли пеш бештар аз 19 маротиба зиёд мебошад. Тавре аз таҳлили боло бармеояд, маблағҳои пасандозу амонатҳо дар бонкҳо на бо фоиз, балки даҳҳо маротиб афзудаанд, ки шарҳи ин раванд ҳоҷат ба баён намебошад.
Ва ниҳоят, ҳамаи ин далелу рақамҳои оварда аз боварии мардум ба бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дарак медиҳанд. Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ин ҳама дастовардҳо нигоҳ накарда, барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти низоми бонкии ҷумҳурӣ навгониҳо ва ислоҳоти соҳаро идома медиҳад.

Хадамоти матбуоти БМТ

09.10.2012
Эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ зиёд мегардад

Посух ба мақолаи хабарнигори “Радиои Озодӣ”-Зарангези Наврӯзшоҳ аз 14 сентябри соли 2012 оиди “Фирори сармояҳо-беэътимодӣ ба бонк ё пулҳои ғайриқонунӣ”.
     Дар иртибот ба нуқтаи назари муаллифи мақолаи номбаршуда оид ба он тоҷирону сарватмандоне, ки сармояи худро аксаран дар шакли нақдӣ нигоҳ дошта, бо бонкҳо муомилот намекунанд ва танҳо барои хариди молу мулк истифода мебаранд, қайд карданием, ки имрӯзҳо дилхоҳ амалиёти тиҷоратӣ тавассути суратҳисобҳои бонкҳои ватанӣ мегузаранд, зеро эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ-бонкии кишвар сол аз сол зиёд гашта истодааст.
     Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир пайваста ва мунтазам ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии давлат гузаронида мешаванд, ки ин ҳама барои боло бардоштани боварии аҳолӣ равона карда шудаанд.
     Ҳамзамон, тӯли солҳои охир афзоиши назарраси ҳаҷми пасандозҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзӣ ба назар мерасад, ки рушди солонаи он ба ҳисоби миёна дар се соли охир мувофиқан 32,1 ва 22,2 фоизро ташкил дода, аз 2,6 млрд. ва 1,2 млрд. сомонӣ то 4,4 млрд. ва 1,9 млрд. сомонӣ зиёд шудааст. Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон маблағи зиёда аз 65 млрд. сомонӣ ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии байнибонкӣ анҷом дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,5 фоиз зиёд аст.
     Тамоили мазкур воқеан, аз болоравии эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар гувоҳӣ дода, барои вусъат ёфтани ҷараёни маблағгузории қарзӣ, таҳкимёбии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

05.09.2012
Ҳофиз манаму бародарам мехонад

Санаи 8-уми августи соли 2012 дар сомонаи Радиои “Озодӣ” мақолае бо номи “Интиқоли пули муҳоҷирон имсол кам мешавад” ба нашр расид, ки дар он таҳлилҳои гуногуни беасос оварда шудааст.

Дар таркиби маблағи интиқоли пулии ба кишвари Тоҷикистон воридшаванда маблағҳое мавҷуданд, ки хислати тиҷорати хурдро доранд ва аз нигоҳи мутахассисони соҳаи иқтисод бояд ин гуна маблағҳо аз ҳаҷми умумии маблағи интиқоли пулӣ хориҷ карда шаванд, чунки ин маблағҳо аллакай Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошанд.

Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми интиқолҳои пулиро дар Тавозуни пардохт ва қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ба нашр мерасонад, ки дар сомонаи худ ҷой додааст. Хуб мешуд мутахассисони соҳаи иқтисод аз ин гуна рақамҳои расмӣ истифода мекарданд.

Чи тавре ки аз таҳлили овардашудаи ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев бармеояд, рақамҳои овардашуда асоси иқтисодӣ надоранд. Аслан ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев тавре худашонро муаррифӣ менамоянд иқтисодчӣ нестанд.

Мутобиқи иттилоъи мо ин "иқтисодчӣ"-и мӯҳтарам дар асл факултаи “забонҳои шарқ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин)-ро бо ихтисоси “забони форсӣ” хатм намудааст. Бинобар ин, чӣ гуна ин "мутахассис" тибқи таҳлили иқтисодӣ метавонад хулосаи дурусти мантиқии иқтисодӣ барорад, ки 90 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд.

Оё ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев дар исботи фикрҳои худ далели ҳаллу фасли иқтисодӣ дорад ва метавонад дар сурати зарурӣ онро бо рақамҳои омории боэътимод исбот намояд?

Муҳтарам, муттасаддиёни Радиои "Озодӣ"! Лутфан пеш аз нашри ин гуна рақамҳои беасоси ба мафкураи мардуми кишвар таъсиррасон озмоишҳои эътимодбахшро истифода намоед, то сабаби парешонсозии фикри аҳолӣ дар ин самти бисёр ҳассос набошед.

Қайд кардан бомаврид аст, ки зерсохторҳои Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам аз рӯи интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ тадқиқотҳо мегузаронанд. Натиҷаҳои ин пурсиш шаҳодат медиҳанд, ки 11,7 фоиз аз ҳаҷми умумии интиқолҳои пулии ба кишвар воридшаванда, ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва фаъолияти соҳибкории хурду миёна тааллуқ дорад.

Ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев дар таҳлилашон овардаанд, ки 90 дарсади аҳолии кишвар аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ рӯзгори хешро пеш мебаранд. Вале мутобиқи маълумотҳои оморӣ 29,3 фоизи аҳолии кишвар дар иқтисодиёт машғули коранд, 17,2 фоиз дар мақомоти идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда ва 12,2 фоизи дигар аз ҳисоби соҳибкории хусусӣ рӯзгори худро таъмин менамоянд, ки дар маҷмӯъ бештар аз 58 фоизро дар бар мегирад. Равшан аст, ки маълумоти муаллиф беэътимод ва муболиға буда, аз воқеият дур аст.

Бояд дар ёд дошт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ тамоюли ҷаҳонӣ буда, дар ин ё он шакл тамоми кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар кишварҳои тараққикардаи Аврупо низ зуҳуроти чашмрас мебошад.

Агар ба таърихи иқтисодиёти кишварҳои олам назар афканем мебинем, ки бисёр давлатҳо дар марҳилаи барпошавии иқтисодиёташон ин гуна зуҳуротро аз сар гузаронидаанд. Мо итминон дорем, ки бо мурури замон эҳёи иқтисодиёти комили ватанӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба эътидол хоҳад омад.

Идораи омор ва тавозуни пардохти

Бонки миллии Тоҷикистон

08.06.2012
Камбудиҳо ислоҳ мегарданд

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “Чархи гардун” Лолаи Саидакбар “Банкоматҳои бепул ва муштариёни саргардон”, №16, 18 апрели соли 2012

                Мақолаи мазкур таҳти баррасӣ қарор гирифт ва нисбати он андешаҳои зерин пешниҳод мешаванд.

                Дар низоми бонкии кишвар истифодаи қартаҳои пластикӣ аз соли 1998 оғоз гардида, доираи истифодаи онҳо чун воситаи пардохт тадриҷан васеъ мегардад. Барои мисол, охири семоҳаи соли ҷорӣ шумораи қартаҳо ба 423313 адад расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 140% зиёд мебошад.

                Воқеан, афзоиши қартаҳои пардохтӣ агар аз як тараф оммавӣ гаштани онро нишон диҳад ҳам, аз ҷониби дигар барориши он бидуни инфрасохтори хизматрасонӣ боиси паст гардидани сифати хизматрасониҳо шуда, эътимоди аҳолиро ба ин воситаи пардохт ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ коҳиш медиҳад.

                Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии мазкури бонкӣ номгӯйи муфассали чорабиниҳо барои ташкилотҳои қарзӣ ирсол гардид ва иҷрои бандҳои он таҳти назорат қарор доранд.

Танзими ҷойгиркунии банкоматҳо дар маҳалҳо ва саривақт таъмин кардани онҳо бо пули нақди арзишҳои гуногун масъалаи муҳим ба шумор рафта, он аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бояд доимо зери назорат гирифта шавад.

Дар сурати муроҷиати ташкилотҳои қарзӣ оид ба гирифтани маблағ пули нақд тавассути шӯъбаҳои дахлдори Бонки миллӣ дастрас карда мешавад.

Барои бартараф намудани камбудиҳое, ки муаллифи мақола ба онҳо ишора кардааст, ба унвонии роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мактуб ирсол карда шуд ва мо аминем, ки норасоиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат ислоҳи худро меёбанд.

Илова бар ин, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ соли гузашта Маркази протсессингии миллиро ташкил намуд. Ташкилоти мазкур ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба рушди низоми пардохт тавассути қартаҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасонии арзон ва аълосифат мусоидат менамояд.

Ба роҳ мондани фаъолияти ҳамаҷонибаи Маркази протсессингии миллӣ, пеш аз ҳама барои рушди низоми интиқолҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда, имконияти васеи истифодаи қартаҳоро ҳангоми пардохти маош, нафақа ва дигар пардохтпулиҳо, ҷамъоварии маблағҳои хизмати коммуналӣ ва ғайра фароҳам меорад.

Муҳимтар аз ҳама, соҳиби қартаҳои бонкӣ барои пардохти арзиши молу ашё ва ҳаққи хизматрасонӣ метавонанд аз терминалҳои нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода баранд. Дар сурати истифодаи картаҳои бонкӣ, аз ҷумла қартаҳои миллӣ дар терминалҳои ватанӣ, шабакаҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, инчунин қабули пардохтҳо аз тариқи онҳо истифодаи пули нақд дар муомилот хеле кам шуда, мушкилоти мавҷудаи банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ дар мавриди пешниҳоди пули нақд оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

Хадамоти матбуоти

БМТ

02.03.2012
Барномаи нав ҳоло тасдиқ нашудааст

Хабаре, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” №24 аз 23 феврали соли 2012 таҳти сарлавҳаи “Роҳандозии барномаи нави Хазинаи байналхалқии асъор” дар мавриди ба таври илова ҷудо намудани 165 млн. долл. ба нашр расидааст, воқеият надорад. Барномае, ки соли 2009 таҳти унвони “Механизми васеи қарздиҳӣ” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор қабул гардида буд, ҳанӯз идома дорад. 
    Дар айни замон машваратҳои ҳайати ХБА бо масъулони ватанӣ дар мавриди ҷамъбасти ин Барнома рафта истодааст ва танҳо баъд аз он муҳокимаи Барномаи нав оғоз меёбад.

Хадамоти мабуоти
БМТ

23.05.2011
Бо таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби асъор аз имкон берун аст

Ба Сардабири ҳафтаномаи
“СССР”ҷаноби Сайёфи Мизроб      


    Мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “СССР” Муҳаммади Мубориз таҳти унвони бисёртаркибаи “БМТ қурби долларро раҳо кардааст”ва“Қассобонро ҷазо додем: Бонкҳоро ким муҷозот мекунад?” (СССР, №20(141), панҷшанбе, 19 майи соли 2011.) баррасӣ намуда, Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон қайд менамояд, ки нашрияи мардумӣ кӯшиш ба харҷ додааст, то ҷое масъалаи доғи рӯз – баландшавии нарху навои молу маҳсулот ва арзиши асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ пайгирӣ намояд. Ба муаллиф барои таваҷҷӯх ва ҷалби диққати аҳли ҷомеа ба чунин масъалаҳои рӯзмарра  ташаккур мегӯем.
    Дар баробари ин, бо мақсади то андозае рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои мавриди назар, нисбати баъзе факту рақамҳо ва хулосаҳои муаллифи мақола шарҳу эзоҳи худро пешниҳод менамоем.
    Аввалан, Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ҳамчун бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии давлат, ниҳоди мустақил буда, “зердаст”-и Ҳукумати ҷумҳурӣ нест ва он ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дахолат намекунад.
    Тибқи ҳамин Қонун, мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо (таваррум) дар давраи дарозмӯҳлат, таъмину таҳкими фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва пардохт мебошад. Тавре мебинем, ҳифзи пули миллӣ ё худ нигоҳдории қурби он мақсаду вазифа ё нишондиҳандаи ҳатмии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон нест.
    Сарфи назар аз ин, бо назардошти он, ки қурби пули миллӣ яке аз омилҳои раванди нархгузории бозорҳои молу мавод аст, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза онро таҳқиқу таҳлил менамояд ва барои тағйирёбии мӯътадили он чораҳо меандешад.
    Тибқи санадҳои қонунгузории мавҷуда, реҷаи расмии қурби сомонӣ, реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муқаррар кардани ҳудудҳои ин шинокунӣ” буда, тибқи он қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ тавассути бозори дохилии асъор аз рӯи таносуби талабот ва пешниҳоди онҳо муқаррар карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар мавридҳои аз ҳолати эътидол берун тағйир ёфтани қурб ба фаъолияти ин бозор дахолат карда метавонад.
    Имрӯз, бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ ба як сохтори мураккаб ва бонизом фаъолияткунанда табдил ёфтааст, ки дар он эҳтиёҷоту талаботи кулли мардум, субъектҳои ҳоҷагидорӣ, бонкҳо ва давлат ба асъори хориҷӣ қонеъ гардонида мешавад.
Бозори дохилии асъор аз се қисм: - бозори байнибонкӣ (Бонки миллии Тоҷикистон ва 23 ташкилотҳои қарзӣ), бозори дохилибонкӣ (ташкилотҳои қарзӣ ва мизоҷони онҳо) ва бозори чаканаи хариду фурӯши асъори нақд – нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеъӣ (ҳамагӣ - 931 адад) иборат буда, танҳо дар 4 моҳи соли ҷорӣ тавассути он зиёда аз 3,0 млрд. доллари ИМА хариду фурӯш шудааст.
    Дар давраи аз 1 то 17 май бошад, дар он 294,9 млн. доллари ИМА қарордодҳои хариду фурӯш анҷом дода шудааст, ки 77,8 млн. доллари ИМА ё 26,4 фоизи онро қарордодҳои нақдии хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ташкил медиҳанд.
    Қурби асъори нақди хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо таносуби талабот ва пешниҳоди онҳо муқаррар мешавад. Аз ин рӯ, дар ҳудуди ш.Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ вобаста аз шароити бозорҳои молу мавод, имконияту эҳтиёҷоти аҳолӣ ва моликони нуқтаҳои мубодилаи асъор ин қурб гуногун аст.
    Муқаррар кардани қурби ягона дар ин бозор ва бо таври сунъӣ нигоҳ доштани он аз имкон берун аст ва дар ягон давлати дунё ба истиснои давлатҳое, ки низоми асъориашон мутамарказ аст, амалӣ карда намешавад.
    Тартиб ва қоидаҳои ягонаи кушодан, бақайдгирӣ ва ташкилу танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, аз он ҷумла қоидаи муқаррар кардани қурбҳои хариду фурӯш дар онҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
    Ва ин маҷмӯи амалҳо имкон медиҳад, ки бозори мазкур дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ яксон ташкилу фаъолият намояд ва танзиму назорат шавад.
    Зиёд шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ ва мутаносибан баланд шудани қурби онҳо нисбат ба сомонӣ аз омилҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ, молиявӣ, пулию қарзӣ, мавсимӣ ва психологӣ вобастагӣ дорад.
    Ҳар як омил хусусияти хоси худро дорад ва таъсири он ба талабот ва раванди қурбофарии бозор гуногун аст.
    Акнун сухане чанд дар мавриди иқтибосҳо аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва фаҳмишу хулосаҳои муаллиф оид ба маълумоти дар он ҷой додашуда.
    Дар маълумотнома гап дар бораи қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ меравад, ки он аз қурби нуқтаҳои мубодилаи асъори ноҳияҳои ш.Душанбе ё ягон маҳаллаи дигари пойтахт фарқ мекунад. Ин қурб ҳисоби миёнаи арифметикии тамоми қурбҳои амалкунанда дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳуриро инъикос менамояд.
Дигар ин ки қурби дар саҳифаи асосии сомонаи бонк дар шакли ишора ё рақам омада, қурби расмии асъорҳои хориҷӣ нисбати сомонӣ буда, он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қурби миёнавазни бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ рӯзи 16 май то соати 15:00 ҷойдошта, ҳисоб карда шуда, барои рӯзи дигар 17 май эълон карда шудааст.
Мутаассифона, муаллиф дар бораи он, ки дар саҳифаи дохилии ин ишора Бонки миллии Тоҷикистон ин қурбҳоро қурби расмӣ ва бо онҳо хариду фурӯш накарданашро эълон дорад, чизе наменависад ё аз мавҷуд будани чунин рӯйхати пурраи қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷи огоҳӣ надорад.
Ин қурб барои ташкилотҳои қарзӣ ҳам барои муайян кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо мизоҷонаш асос шуда наметавонад. Қурби расмӣ барои ҳисоби муҳосибавӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва таҳлили иқтисоди хориҷӣ истифода мешаваду халос.
Қурби асъори нақди хориҷӣ аз қурби расмӣ, аз қурбҳои қарордодҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ ҳамеша баланд аст. Зеро барои аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ овардани асъори нақди хориҷӣ ҳароҷоти иловагӣ, аз ҷумла, ҳаққи хизмати кассавӣ, нақлиётӣ, ҳаққи хизмати таъмини бехатарӣ, пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакати хориҷӣ ва боз ҳамин гуна ҳароҷот дар ҳудуди ҷумҳурӣ заруранд ва табиист, ки онҳо бояд ҷуброн карда шаванд.
Ба замми ҳароҷоти номбурда боз ҳароҷоти андозҳо, музди меҳнат, хизматҳои коммуналӣ, барқ ва ғайраи худи нуқтаи мубодилаи асъор низ ҳаст.
Ногуфта намонад, ки барои фаъолияти мӯътадилу ҷавобгӯи талабот ин муассисаҳо бояд як миқдори муайян фоида ба даст оранд. Тамоми ин ҳароҷот ба қурби асъори хориҷӣ зам мегардад.
Баландшавии қурб дар нуқтаҳои мубодилаи асъор то андозае аз соҳиби асъори нақди хориҷӣ низ, ки мехоҳад онро ҳар чӣ қиматтар фурӯшаду фоидаи бештар ба даст орад, вобаста аст.
Навиштаҷоти муаллиф, ки гуё саррофхонаҳои маҳаллаи “Гулистон”-и ш.Душанбе 16 майи соли 2011  1 доллари ИМА-ро бо нархи 6,64 сомонӣ мехарида бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳақиқат рост намеояд, зеро худи ӯ дар ҷумлаи навбатии мақола менависад, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қурби хариди 1 доллари ИМА ба 4,65 сомонӣ баробар аст.
Бо истифода аз имконияти муносиб ба хонандагони гиромӣ ва нуктасанҷи ҳафтаномаи мардумии “СССР” изҳор медорем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳар соату ҳар рӯз вазъи бозори дохилии асъор, дигар бозорҳои молу мавод, низоми пулию қарзӣ ва пардохтро таҳқиқ ва ташхису мушоҳида менамояд.
Бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор, Бонки миллии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз он ҷумла аз механизми дахолатҳои бевоситаи асъорӣ ба ҳар се қисми бозор истифода мебарад. Ва ин амал якдафъаина набуда, мунтазам сурат мегирад.
Ба хотири баробар кардани таносуби талабот ва пешниҳодот, Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори нақдӣ моҳи апрел 9,8 млн. ва дар 18 рӯзи моҳи май 10,4 млн. доллари нақдии ИМА-ро ба фурӯш баровард.
Чунин амалия минбаъд низ идома меёбад ва барои таъмини мақсадҳои гузошташуда Бонки миллии Тоҷикистон тамоми имконияту воситаҳоро дар ихтиёр дорад ва аз онҳо истифода хоҳад кард.

    
М. Мавлонов,
Директори Департаменти танзими
асъори Бонки миллии Тоҷикистон

07.02.2011
Хулосаҳои носаҳеҳи муаллиф шояд аз надоштани маълумоти кофӣ бошад?

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи “СССР” Сафват Бурҳонов “Пули миллӣ куҷо мерай, гушот кар?”, 30 декабри соли 2010

Муаллифи мӯҳтарам мушоҳидаю мулоҳизаҳои муфид ва муҳимро дар мақолаи худ баррасӣ намудаанд, ҳамзамон бархе аз онҳо баҳснок мебошанд. Дар идома посухи мухтасар ба саволҳои мақолаи зикргардида пешниҳод карда мешавад.

1. Нисбати эҳтиром ба пул. Воқеан, пули миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванд ба шумор рафта, ҳолати хуби зоҳирӣ ва коршоямии он на танҳо аз кӯшишу талошҳои бонкҳо, балки аз муносибати тамоми сокинони мамлакат вобастагӣ дорад. Аз ҷониби низоми бонкӣ баҳри такмили муомилоти пулӣ маҷмӯи густурдаи тадбирҳо, аз ҷумлаи тавсеъаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ шудани хизматрасониҳои электронӣ ва иқдомҳои дигар татбиқ гардида истодаанд.

Вале сарфи назар аз ин, ба Шумо оид ба қайди нуктаи хеле муҳим - нисбати баланд бардоштани фарҳанги нигоҳдории пули миллӣ миннатдории худро изҳор менамоем ва аз шаҳрвандон – ҳамватанони гиромӣ хоҳиш мекунем, ки нисбати нигоҳдорӣ ва истифодаи он ҷиддӣ ва эҳтиёткор бошанд.

2. Дар мавриди шабзиндадории пул. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки дараҷаи рақобатнокии пул ба сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёти кишвар вобастагӣ дошта, арзиши он бештар ба вазъи воқеии иқтисодиёт, фаъолияти содиротии маҳсулоту хизматрасонӣ алоқаманд мебошад.

Танҳо дар мавриди афзудани талабот ба маҳсулоти ватанӣ дар хориҷа ва мавқеъи устувори таносуби мусбати содироту воридот сомонӣ рақобатпазиру устувор мегардад.

Вобаста ба таъмини гардиши доимии маблағҳои пулӣ бошад, Бонки миллии Тоҷикистон алҳол ба низомҳои махсуси байналмилалии молиявӣ, ки ба таври муттасил фаъолият доранд, васл гардидааст ва дар бозори байналхалқӣ тавассути онҳо шабонарӯзӣ амалиёт мегузаронад.

3. Нисбати бозомӯзии кормандон ва аъзои Раёсат. Низоми ҷаҳонии бонкӣ ҳамарӯза пеш меравад ва дар ин замина бонкҳо бо истифода аз техника ва технологияи нави замонавӣ рӯ ба рушд ниҳода, маҳсулот ва хизматрасониҳои нав ба навро ба муштариён пешкаш менамоянд. Маҳз барои ҳамин, мутахассисони на танҳо Бонки милли Тоҷикистон, балки ҳамаи кормандони бонкҳо дар тамоми ҷаҳон доимо дар омӯзиши дониш ва таҷрибаҳои нав қарор доранд. Айни замон арзиши маълумот ва таҳлили хуб нисбати бештари дороиҳои моддӣ баланд мебошад.

Нисбати аъзои Раёсат бошад, муаллиф аз моддаи 76 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иқтибос меорад, вале қайд кардан зарур аст, ки дар қонуни мазкур нисбати доштани манфиатҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзӣ низ маҳдудиятҳо ҷой доранд.

Ин маҳдудиятҳо аз он иборатанд, ки аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар вазифаи ба ӯҳда доштаашон ва ба хотири пешгирӣ намудани “бархӯрди манфиатҳо” набояд дар ягон ташкилотҳои қарзӣ ширкат дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳадафгирии мустақилияти мақомот аъзои Раёсат комилан аз хизматрасониҳо ва воситаҳои дигари таъсиррасонии бонкӣ истифода намекунанд.

4. Дар боби санатория ва таваррум. Нисбати ҳисоботи нимсолаи бонк, ки муаллифи гиромии мақола ба қавли худаш “бо юмор муносибат карда, бисёр чизҳои хандаоварро” кашф кардааст, қайд менамоем, ки дар ин ҳисобот шарҳи мухтасари равандҳои макроиқтисодии кишвар ва зикри мафҳумҳои иқтисодии расмӣ ҷой дода шудаанд.

Хабарнигори мӯҳтарам мафҳуми таваррумро надониста, ақидаи тамасхуромези шахсии худро, ки аз сатҳи “маданият”-и он кас далолат медиҳад, чун ҳақиқат ба хонандагон пешниҳод кардааст, ки хушбахтона, аз ҷониби ягон хабарнигори дигар дастгирӣ наёфтааст.

Ин нигоштаи муаллиф аз он шаҳодат медиҳад, ки хабарнигор маълумоти кофӣ дар бораи мафҳумҳои иқтисодию молиявӣ надошта, даст ба таълифи мақолаи муҳими таҳлилӣ задааст. Сарфи назар аз ин, тавре дар боло қайд кардем, мақола аз нуктаҳои муфид холӣ нест ва ба муаллиф дар корҳои минбаъдаи эҷодиашон комёбиҳо таманно дорем.

Хадамоти мабуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

ш. Душанбе, 7 феврали соли 2011

16.06.2009
Посух ба мақолаи “Пули миллӣ 32 % беқурб шуд” (ҳафтаномаи “Озодагон”, №20, 21 майи с.2009)

Рӯзҳои охир вобаста ба баланд шудани қурби долл. ИМА нисбат ба сомонӣ аз ҷониби васоити ахбори умум, мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва шахсони алоҳида пурсишҳою сару садоҳои зиёд сурат гирифта истодаанд. 

Рости гап, баъди хондани мақолаи “Пули миллӣ 32% беқурб шуд” ман ҳамчун мутахассиси соҳаи бонкдорӣ ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили асоснок ва ҳаматарафаи муаллифи мақоларо бисёр хуб пазируфтам. Аз мутолиаи маводи номбурда ҳисси миллӣ доштани муаллифро ҳис кардам ва аз ин рӯ, миннатдории худро барояш иброз медорам. 

Вобаста ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ қурби пули миллии ҳар як давлат нисбат ба асъорҳои хориҷӣ тағйир меёбад, ки ин як қоидаи маъмулӣ ба шумор меравад. 

Агар пастравии қурби пули миллиро нисбати асъори миллии мамлакатҳои шарикони иқтисодии ҷумҳурӣ муқоиса кунем, яқин маълум мегардад, ки сомонӣ нисбат ба онҳо устувортар буд. 

Паст рафтани қурби пули миллии давлатҳои шарикони иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россия -52%, Қазоқистон -25%, Узбекистон -20% ва ғайра) рақобатнокии маҳсулоти содиротии ҷумҳуриро хеле паст мекард. 

Дар ин маврид, албатта, суоле ба миён меояд, ки паст шудани қурби пули миллӣ ба иқтисодиёт, потенсиали содиротӣ ва давлат чӣ фоида ё зарареро оварданаш мумкин аст? 

Барои мисол, диққати шуморо ба ҳалли мисолҳои оддии арифметикӣ ҷалб менамоем. Агари соли гузашта соҳибкор ё тоҷири тоҷик дар қаламрави Русия як килло зардолуи хушкро бо арзиши 500 рубл мефурӯхту бар ивазаш дар Тоҷикистон (500/23x3,5) 80 сомонӣ мегирифт, ҳоло ӯ баъди анҷоми ин амалиёт ҳамагӣ 60 сомонӣ ба даст меорад. Тақрибан ҳамин амал ҳангоми фурӯши қариб ҳамаи маҳсулотҳои дигари содиротӣ ба мушоҳида мерасад. 

Айнан чунин натиҷаи корро дар фаъолият ва ба даст овардани маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ мушоҳида кардан мумкин аст. 

Маҳз бо сабабҳои дар боло овардашуда, барои мо муҳим ва зарур буд, ки қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои мамлакатҳои шарикони иқтисодӣ баробар ва оҳиста-оҳиста тағйир ёбад. Хушбахтона, имрӯз мо то он ҷое, расидем, ки ба содиротчиён барои рушди истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рақобати баландтари истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ ва устуворсозии вазъи молиявии корхонаҳои дохилӣ шароити мусоид фароҳам оварем. 

Мутаассифона, дар фазои иттилоотии кишвар, қисме аз расонаҳои ахбори омма дар ҳолате қарор доранд, ки таҳти шуъои манфиатҳои бархе аз гурӯҳҳо ва ё шахсиятҳо мебошанд. 

Ба таври яқин метавон гуфт, ки на ҳама вақт манфиатҳои ин гурӯҳҳо ё сохторҳои дахлдори хориҷӣ, ба қавле “хоҷагон”-и маблағгузори нашрияю оҷонсиҳо ба манфиати миллату ватани мо рост меоянд. 

Вобаста ба ин, дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодии кишвар, ки аксаран дар мамолики ҷаҳон ба назар мерасад, ба рӯзноманигорони аслии ватанӣ муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба ин мавзӯъ муносибат намоянд. 

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

16.06.2009
Диққати мардумро ба ташкил ва рушди истеҳсолоти ватанӣ, талқини соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тавлиди маҳсулот дар кишвар ҷалб бояд кард

Ба рӯзномаю маҷаллаҳо 
ва расонаҳои хабарии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бонки миллии Тоҷикистон дар ибтидо бо арзи эҳтиром ба ҳамаи васоити ахбори омма, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, барои таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба шарҳи нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат миннатдории хешро баён менамояд. 

Воқеан, айни замон, бо назардошти вазъи ноустувори бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ таҳти фишор қарор дорад ва зуд-зуд тағйир меёбад. Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки вобаста ба хусусияти сохтори иқтисодӣ ва раванди таърихӣ дар кишвари мо, мутаассифона, қурби асъори хориҷӣ аҳамияти аз ҳад зиёд баландро ба худ касб кардаааст. 

Бо мақсади боз ҳам воқеъбинонаю дақиқ амалӣ гаштани муҳокимаҳо атрофи ин масъала ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он аз намояндагони васоити ахбори омма эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми таҳияи маводҳои чопӣ дар мавзӯи боло ба нуктаҳои зайл диққат диҳанд: 

Дар маҷмӯъ, дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба қурби асъор асосан ду омил бештар таъсир мерасонанд: 

Якум – омили макроиқтисодӣ. Ин, пеш аз ҳама, фарқияти ҳаҷми содироти (экспорт) молу маҳсулот (фурӯши онҳо ва ба даст овардани захираҳои асъорӣ) ва воридоти (импорт) молу ашё ба дохили кишвар (хариди онҳо аз хориҷ ва пардохти арзиши онҳо аз ҳисоби манбаҳои дохилӣ) мебошад. 

Дар назар бояд дошт, ки алҳол ҷумҳурии мо дорои иқтисодиёти воқеан рақобатноке нест, ки тавонад бо истифода аз иқтидори баланди содиротии хеш талаботи бозори дохилии худро пурра қонеъ гардонад. 

Аҳволи феълӣ ё воқеияти мазкур хосияти объективӣ дошта, бо натиҷаи фоҷиабори ҷанги шаҳрвандию иқтисодиёти дар тӯли 70 соли Иттиҳоди Шуравӣ дотатсияшаванда, якбора канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ бо шарикони анъанавии иқтисодӣ ва як зумра сабабҳои муҳими дигар алоқаманд мебошад. 

Гузашта аз ин, солҳои навадуми асри гузашта муддате чанд ҷомеаи мо таҷрибаи манфии набудани низоми пули миллӣ ва истифодаи асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ паси сар намуд. 

Ҳамзамон, як зумра ислоҳотҳое, ки аз солҳои 2000 то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ амалӣ гашта истодаанд, тадриҷан мавқеъ ва сохтори иқтисодии моро дар самти рушди низоми мустақил, худкифоя ва соҳибистиқлол таъмин менамоянд. 

Дар амал татбиқ намудани механизми равзанаи ягона, соддагардонии низоми андозсупорӣ, кам кардани таъсир ва дахолати маъмурии мақомотҳо ва дигарҳо аз ҷумлаи ислоҳотҳое мебошанд, ки барои ба сатҳи кифоягӣ расонидани истеҳсолоти дохилӣ равона карда шудаанд. 

Дар маҷмӯъ, тамоми саъю кӯшишҳои аҳли ҷомеа барои эҳёи истеҳсолоти дохилӣ ва беҳтар кардани вазъи иқтисодиёти кишвар равона шудаанд ва маҳз бо ин мақсад мақомоти дахлдор оид ба комёбию пешрафти соҳаҳои мухталиф мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори умум ба мардум ахбор пешниҳод менамояд. 

Сарфи назар аз қафомонии баъзе аз бахшҳои ислоҳот ва камбудиҳои ҷойдошта, имрӯз мо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки тадриҷан иқтисодиёти миллиамон рӯ ба таррақӣ ниҳодааст ва мунтазам истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ низ меафзояд. 

Барои касе пӯшида нест, ки яку-якбора иқтисодиёти мустақилро созмон додан аз имкон берун аст, зеро ин раванд мӯҳлати тӯлониро талаб мекунад. Таҷрибаи аксари мамлакатҳо, аз он ҷумла Чин нишон медиҳад, ки барои амалӣ намудани чунин ислоҳотҳо муддати беш аз 20-30 сол вақт зарур аст. 

Дуюм - омили психиологӣ. Ибтидо бояд иброз дорем, ки омили мазкур умуман ба ҳолати иқтисодиёт мустақиман алоқамандӣ надорад, он танҳо пайдо шудани ҳолати афзоиши майлу хоҳиши шаҳрвандон, ширкатҳою корхонаҳоро барои хариди асосноку ғайриасосноки асъори хориҷи ифода менамояд. 

Тавре таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир дар матбуот сару садоҳо оид ба коҳишёбии қурби пули миллӣ ба чоп мерасанд, ки фазои ороми психологиро мушавваш ва ваҳму тарсро дар дилҳо ҷой мекунанд. 

Дар робита ба ин масъала, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ кӯшиш ба харҷ дод, то ки пеши роҳи ин сарусадоҳои беасосро бигирад. Аз ҷумла, дар тӯли панҷ моҳи соли равон дар БМТ барои хабарнигорони ватанию хориҷӣ ду маротиба нишасти матбуотӣ баргузор гардид, як зумра маводҳои мухтасари таҳлилӣ ба нашр расонида шуданд, қариб ҳамарӯза иттилооти фаврии ҷорӣ оид ба қурби асъор дар бозори асъори ҷумҳурӣ дар саҳифаи интернетии бонк ҷойгир ва аз тариқи радио ва оҷонсиҳои хабарӣ ба самъи мардум расонида мешуданд. 

Бо вуҷуди ин, эътироф бояд намуд, ки тибқи қонуният ва нозукиҳои муҳими психологӣ, анҷоми ин амал танҳо аз ҷониби як ташкилот нокифоя мебошад. Дар сурате ки расонаҳои хабарӣ, нашрияҳо ва радиою телевизионҳои дохилию хориҷӣ мунтазам ба масъала ё мавзӯи носолим - ба қурби коҳишёбандаи асъор ва ё иқтисодиёти ноустувор аҳамияти хоса медиҳанд, ин бешубҳа, дар натиҷа нобоварии мардумро ба пули миллӣ ва маъюсию тарси шаҳрвандон ба ояндаи ҷомеа ба миён меорад. 

Бинобар сабаби ниҳоят ҷиддӣ будани масъала, саҳми назаррас доштан он дар эътидоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, хоҳиш мекунем, ки дар ин давраи хеле ҳассоси таърихӣ ақаллан барои як муддати кӯтоҳ аз мақсадҳои гурӯҳӣ ва хусусӣ сарфи назар намуда, диққати худ ва ҷомеаро на ба қурби асъор, балки ба ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, худкифоя гардонидани иқтисодиёти ватанӣ, рушди илму фарҳанг ва муттаҳидию якдилӣ равона гардонем. 

Мисоли равшани мусбӣ будани ин таҷриба дар мамлакатҳои мутараққӣ ба назар мерасад, ки муҳокимаю баҳсҳо аз ҷониби матбуот асосан дар атрофи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, аз қабили шуғл, истеҳсолот ва ҳимояи манфиатҳои доираи калони шаҳрвандон сурат мегиранд. 

Танҳо дар қаламрави давлатҳои ИДМ ва кишварҳои тараққиёбанда ба масъалаи қурби асъор аҳамияти бесобиқа медиҳанд ва онро чун яке аз воситаҳои захираи иловагӣ ва сармоягузорӣ нишон медиҳанд. 

Имрӯз хеле хуб мебуд, ки ҳамагон аз ин фурсати муносиб истифода барем, то тавонем, рӯҳияи ҷамъият ва шаҳрвандонро ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз ҷумлаи ташкил ва рушди истеҳсолоти ватанӣ, талқини соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тавлиди маҳсулот дар кишвар (ба ҷойи хариди маҳсулоти соддаю камсифат ва хатарнок дар хориҷа ва фурӯши он дар дохили кишвар) ва ҳама гуна дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсад мусоидат менамояд, равона созем. 

Бо камоли эҳтиром, 

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон

05.06.2009
Посух ба мақолаи “Афтиши озоди сомонӣ аз осмони Тоҷикистон...” (ҳафтаномаи “СССР”, №19, 07 майи с.2009)

Дар сурати паст шудани қурби асъори кишварҳое, ки бо мо муносибатҳои иқтисодӣ доранд (Россия -52%, Қазоқистон -25%, Узбекистон -20% ва ғайра) ва бетағйир мондани қурби сомонӣ, маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ рақобатпазирии худро аз даст медиҳанд ва аз бозори кишварҳои номбурда бароварда мешаванд. Барои мисол, агар соли гузашта соҳибкор ё тоҷири тоҷик дар қаламрави Русия як килло зардолуи хушкро бо арзиши 500 рубл мефурӯхту бар ивазаш дар Тоҷикистон 500/23x3,5=80 сомонӣ мегирифт, ҳоло ӯ баъди анҷоми ин амалиёт ҳамагӣ 60 сомонӣ ба даст меорад. Тақрибан ҳамин амал ҳангоми фурӯши қариб ҳамаи маҳсулотҳои дигари содиротӣ ба мушоҳида мерасад.

Айнан ҳамин ҳолро дар фаъолият ва ба даст овардани маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ мушоҳида кардан мумкин аст. Тасаввур кунед, ки муҳоҷири тоҷик соли гузашта бар ивази 23 000 рубли русии моҳонааш дар Тоҷикистон 3 500 сомонӣ мегирифт, ҳоло бошад, ӯ бо 23 000 рубли музди маошаш, ҳамагӣ соҳиби 3 220 сомонӣ мегардад. Бубинед, фарқ аз куҷо то куҷост?

Маҳз бо ҳамин сабаб барои мо муҳим ва зарур буд, ки қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои мамлакатҳои шарикони иқтисодӣ баробар тағйир ёбад. Азбаски мо ба монанди Қазоқистон ва Арманистон имконияти яку якбора дар як рӯз тағйир додани қурби пули худро надоштем, онро батадриҷ ва оҳиста-оҳиста дигар кардем.

Ба ҳамин тартиб мутобиқ намудани қурби пули миллӣ ба қурби асъори мамлакатҳои алоҳидаи шарики иқтисодӣ боиси фаъол шудани истеҳсолоти дохилӣ ва боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мегардад. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумат ва Бонки марказии ИМА ҳама чораҳоро меандешад, то ки қурби доллари ИМА нисбати пулҳои хориҷӣ поён равад. Вале, тавре ҳамагон мушоҳида карда истодаем, қурби он, албатта, коҳиш намеёбад. Яқин суоле ба миён меояд, ки чаро? Имрӯз ҷавоб ин аст, ки кишварҳои дигар коҳишёбии онро намехоҳанд ва тамоми чораҳоро меандешанд, то ба ин роҳ надиҳанд, зеро поён рафтани қурби доллар бар зарари иқтисодиёти онҳост.

Қабл аз ҳама, мо бояд дарк кунем, ки сиёсати пулӣ бисёр нозук аст ва он бояд ниҳоят эҳтиёткорона дар амал пиёда карда шавад.

Ва дар ниҳояти кор, мо, албатта, наметавонем пеши роҳи он хизматгузорони баъзе аз васоити ахбори оммаро, ки дар хидмати гурӯҳу ҳизбҳои алоҳида ва шояд кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, бигирем.

Ҳамеша дар хотир бояд дошта бошем, ки як гоми беэҳтиётона ва як сухани бемулоҳизаю беандешона, аз қабили “то 6 сомонӣ баланд шудани 1 доллари ИМА”, метавонад 100 млн. сомонӣ ба иқтисодиёти кишвар зарар ворид созад. Бинобар ин, мо аз ҳамаи онҳое, ки манфиати миллат ва ҷумҳурии азизамонро гиромӣ медоранду арҷ мегузоранд, хоҳиш мекунем, ки дар мавриди баррасии ин мавзӯъ бомасъулияту эҳтиёткор бошанд.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

20.05.2009
Суханҳои мо нодуруст тавзеҳ дода шудаанд

Посухи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба андешаҳои узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки дар ҳафтаномаҳои “Миллат”, “Фараж” ва “Озодагон” 7 майи соли равон таҳти унвони “Дурӯғи бе ҳадду марз” ба нашр расидаанд.

Номбурда дар посухи хеш ба мақолаи “Тӯраҷонзода – ҷосуси КГБ?” аз он ҷумла, навиштааст: “Дар бораи масъалаҳое, ки банда дар он мусоҳиба ва мақола дар бораи Заводи алюминий баён карда будам, хусусан дар бораи афсонаи гӯё “манбаи асосии даромади буҷети мамлакат” будани он, фақат ҳаминро гуфтаниам, ки хушбахтона, 23 апрели соли 2009 Раиси Бонки миллии ҶТ, ҷаноби Ш. Раҳимзода дар мусоҳибаи худ дар ҳафтаномаи “Озодагон” дар бораи мифҳои “фоидаовар” будани “Талко” ба таври возеҳ ишора карданд. Хоҳишмандам, муроҷиат намоед.” 

- Дар ҳақиқат, ҳангоми посух додан ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди саҳми асъори воридотӣ аз ҳисоби пахта ва алюминий ба иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуда будам, ки аз ҳисоби ин ду маҳсулоти стратегӣ тақрибан 30 фоизи ҳаҷми умумии асъори хориҷӣ ба кишвар ворид мешавад. Бояд тазаккур дод, ки қисми асосии ин рақамро маблағҳои воридотии корхонаи “ТАЛКО” ташкил медиҳад ва дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ин рақам барои танҳо як корхона кам нест. Барои мисол, агар соли газашта ба Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард доллари ИМА (аз ҷумла, бо назардошти қарзҳои беруна, грантҳо, сармояҳои хориҷӣ, маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ) ворид шуда бошад, тақрибан 1,4 миллиард доллари он ба корхонаи “ТАЛКО” рост меояд. Ҳамчунин, бояд кайд намуд, ки асъори воридкардаи “ТАЛКО” бевосита ба иқтисодиёти кишвар равона шуда, муназзамии онро кафолат медиҳад. Ҳол он ки дар муқоиса ба ин маблағҳо асъоре, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ворид мегардад, аслан барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолӣ сарф мешавад.

Қобили қайд аст, ки пардохтҳои пулии “Ширкати алюминии тоҷик” ба буҷети давлат ва суратҳисобҳои корхонаҳои ватанӣ дар соли 2008 маблағи бештар аз 870 миллион сомониро ташкил дод (истеҳсоли алюминий 400 ҳазор тонна дар як сол), аз он ҷумла:


Андозҳо, тақрибан 286 млн. сомонӣ, 
Музди меҳнат 102 млн. сомонӣ, 
Пардохтҳо барои истифодаи барқ 360 млн. сомонӣ, 
Аз он ҷумда, воридоти барқи Туркманистон 82 млн. сомонӣ, 
“Тоҷикгаз” 43 млн. сомонӣ, 
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” 22 млн. сомонӣ, 
Дигар корхонаҳои дохилӣ 57 млн. сомонӣ. 

Барои мисол, агар тасаввур кунем, ки фаъолияти КВД “Ширкати алюминии тоҷик” қатъ гардидааст, пардохти маблағҳои зикргардида ба куллӣ таъмин намегардад ва таъсири манфии он на танҳо ба худи ширкат, балки ба буҷети давлат ва дигар ширкатҳои ватанӣ низ хоҳад расид. Танҳо дар сурати то 300 ҳазор тонна кам кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, пардохти маблағҳо аз ин ҳисоб то 591 млн. сомонӣ кам мешаванд, аз он ҷумла:

Андозҳо, тақрибан 172 млн. сомонӣ, 
Музди меҳнат 86 млн. сомонӣ, 
Пардохтҳо барои истифодаи барқ 236 млн. сомонӣ, 
“Тоҷикгаз” 41 млн. сомонӣ, 
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” 15 млн. сомонӣ, 
Дигар корхонаҳои дохилӣ 41 млн. сомонӣ. 

Аз ин рӯ, бешубҳа, саҳми корхонаи “ТАЛКО” дар иқтисодиёти кишвар бузург аст ва ин нуктаро сарфи назар кардан, иштибоҳи маҳз аст. Мисоли равшан ва аёни онро дар сурати коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот дар ин коргоҳ бо рақамҳои мушаххас баён намудем.

Ба андешаи мо, мӯҳтарам Тӯраҷонзода дар мақолаи худ “Дурӯғи бе ҳадду марз” барои исботи назари худ гуфтаҳои моро нодуруст тавзеҳ додаанд. Умед бар он мекунем, ки эшон дар оянда ҳангоми тавзеҳи масъалаҳои иқтисодӣ бо дарки масъулияти том амал хоҳанд кард. 

Маркази матбуоти 
БМТ

08.04.2009
Посух ба мақолаи Аслиддин Достиев “Диктатура дар Бонки миллӣ?” (Ҳафтаномаи “СССР”, аз 19 марти соли 2009)

Маълумоти чопгардидаи рӯзноманигор ҷиҳати пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолияти низоми бонкӣ ба Воситаҳои ахбори омма (ВАО) баррасӣ гардида, нисбати он чораи мушаххас андешида шуд.

Мақсади қабули Фармони қаблӣ (таҳти №31/3 аз 13 январи соли 2009) аз муқаррар намудани тартиби муайяни қабули саволҳо, мувофиқаи онҳо бо идораҳои марбута ва ирсоли онҳо ба муроҷиаткунанда иборат буд. Эроди мазкурро қобили қабул дониста, барои вусъат додани омодагии шӯъбаҳо дар минтақаҳо ва беҳтар ба роҳ мондани раванди ҳамкориҳо бо ВАО дар ин робита Фармоиши нав таҳти №310/3 аз 20 марти соли 2009 қабул гардид. 

Дар асоси он шӯъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон метавонанд маълумоти хусусияти умумибонкӣ дошта, яъне омори дорои мақоми сирри бонкӣ надоштаро, дар раванди кори ҳаррӯза ва дар ҳолати зарурӣ ба ВАО пешниҳод намоянд. 

Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои минтақавии он омода ҳастанд, ки бо ВАО муносибати судмандро ба хотири рушду нумӯи иқтисодиёти кишварамон идома диҳанд. Ҳамзамон аз рӯзноманигорон хоҳиш менамоем, ки ҳангоми омода намудани саволҳо ва пахши ҷавобҳо ҷиддӣ ва босалоҳият рафтор намоянд.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

08.04.2009
Ҷавоб ба мақолаи “Бонки насиҳат” (“СССР”, №12 аз 19 марти соли 2009, муаллиф С. Бурҳонов)

Вобаста ба мақолаи С. Бурҳонов бояд тазаккур намуд, ки воқеан чунин зуҳуроти гардиши асъори хориҷӣ дар кишвар мавҷуд аст, ки он хоси бештари мамлакатҳои тараққиёбанда, алалхусус узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Табиати ин гуна муомилот на танҳо аз меъёрҳои бонкӣ, балки аз омилҳои бештар васеъ, алалхусус макроиқтисодиёт, вазъ ва рушди сохтори истеҳсолот, интизорият ва афзалият додани намуди асъор аз худи шаҳрвандон, мавқеи фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар ва дигарҳо низ сарчашма мегиранд.

Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва унсурҳои қонуниятҳои иқтисоди муосир танзими ин кор бо роҳи маъмурӣ, маҳдудкунӣ ва манъ кардан ба даст намеояд, зеро дар асл он тамоюли баръаксро ба миён меорад. Роҳи устувор ва бидуни тағйироти куллии ин ҳолат гузариши марҳилаҳои табиии таҳаввул (эволютсионӣ), тадриҷии рушд ва афзалиятпазирии аҳли ҷомеъа мебошад.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

11.03.2009
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст...

Посухи мухтасар ба мақолаи Сафват Бурҳонов “Истеҳсолкунандаи Ватанӣ. 
Давои бӯҳрон” (ҳафтаномаи “СССР”, №9(25), аз 26 феврали с.2009) 


Боиси таассуф ва нигаронист, ки рӯзҳои охир баъзе аз шореҳони воситаҳои ахбори омма хусусият ва нозукиҳои фаъолияти бозор, низом ва тартиби муносибатҳои иқтисодиро надониста, оид ба мавқеи вазорату ташкилотҳои гуногун хеле пурҳаяҷон ва дар баъзе мавридҳо аз одоб берун ҳукм меронанд.

Дар мавриде, ки танқид ва ошкор намудани камбудиҳои вазоратҳою идораҳо тавре дар одоби муошират ва меъёрҳои журналистӣ қабул шудааст, бидуни расидан ба иззати нафси шахсият ва пешниҳодоти барои аҳли ҷомеа судманд бошад, чунин эроду нуқтаи назарҳо ҳамеша қобили қабул ва пазироӣ мебошанд.

Вале, дар баъзе мавридҳо шахс оид ба мавзӯе, ки худ маълумоти ба он дахлдорро аз саҳифаҳои сомона (интернет) ё матбуот гирифтаасту, қонуният ва рукнҳои дохилии бозор ва иқтисодиётро наомӯхта, бидуни дарки моҳияти он андешаҳои худро дар ҳафтанома ҷой додаю пешкаши хонандагон мегардонад, чунин саросемакорӣ оқибати хуб нахоҳад дошт. Зеро аз ин кори муаллиф шояд бӯи ғараз, мақсади номуайян, бадбинии шахсӣ, ноҳурматӣ ба арзишҳои ҷамъияту миллат дида шавад.

Биноан, аз хонандагони гиромӣ ва нуктасанҷ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми мутолиаи ин зумра мақолаҳои рӯякӣ ва хориҷ аз таҳлилҳои амиқ ба ҳаяҷон ва хулосаҳои носанҷида дода нашуда, худ ба таҳлилу қиёси рақамҳои воқеӣ даст зананд ё аз маслиҳатҳои олимону мутахассисони соҳа истифода кунанд. Яқин аст, ки ҳақиқатро дармеёбанд.

Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки ҷомеаи феълӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳаст, хавфҳои муайян бошанд, таъсири онҳоро бештар менамоянд, ба андешаи мо, барои паси сар кардани онҳо аз ибрози суханҳои аз одоб беруну носазо дида, муҳокимаҳои беғаразонаю бе расидан ба иззати нафси шахсиятҳо хубтару беҳтар аст.

Дар асл, мақола аз лиҳози банду баст, мазмун, дарки мафҳумҳои иқтисодӣ орӣ мебошад ва дар он омезиши хеле ғайриоддии унсурҳои пулӣ, молӣ, иқтисодӣ мушоҳида мешаванд, ки аз доираи фаҳмиши иқтисодӣ хеле дур мебошанд. Аз ин рӯ, таҳлили амиқ намудану посухи муфассал гуфтан ба он ғайриимкон ба назар мерасад.

Масалан, реҷаи асъории номбурдаи идораи асъорӣ (currencу board) умуман дар кишвари мо дар ягон вақт татбиқ нагаштааст. Реҷаи асъорие, ки дар ватанамон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва ҳукми расмӣ дорад “низоми шинокунандаи танзимшаванда“ ном дорад. Матни Қарори ин мақомот тавассути рӯзномаҳо ва сомонаи интернетӣ ба таври озод ба диққати тамоми аҳолӣ ва ҷамъият расонида шудааст. Аз он воқиф набудани муаллиф, мазмуни мавҷуд набудани онро надорад ва масъулияти чунин саҳвро ба худи он кас вомегузорем.

Боиси таассуф аст, ки агар хабарнигор надонад дар ватанаш кадом низом татбиқ мешавад ва надонад, ки маълумот оид ба онро чӣ тавр пайдо кардан мумкин аст, дар асоси кадом меъёрҳои аҳлоқӣ ва этикети журналистӣ, пиндори худро чун ҳақиқат ба сари мақомотҳо бор карда, аз рӯи он хулосаҳои хеле “муҳим” ба даст орад? Ба ғайр аз иштибоҳ дар тахайюли “Идораи асъорӣ”, чандин нуктаҳои дигаре ҳаст, ки бо бандҳои алоҳидаи худи мақола дар тазоданд ва аз маълумоти оддитарин хабардор набудани муаллифи мӯҳтарам дарак медиҳанд. Валекин, нисбати рӯзнома эҳтироми худро зоҳир намуда, аз пахши камбудиҳои дағалонаи он кас худдорӣ менамоем.

Аслан, тибқи ҳикмати халқӣ, ки бо гузашти асрҳо моҳияташ бештар гаштааст, ҷавоби чунин мақолаҳо сукут аст, аммо бо дарназардошти мураккабии вақт ва ҳатмӣ будани ҷавобдиҳӣ ба он, мо ин ҷавобро пешкаши хонандагон гардонидем.

Аз хонандагони гиромӣ бошад, даъват менамоем, ки дар чунин лаҳзаҳо на ба тазодкорӣ, ҷудоию парокандагӣ, балки дасти ҳамдигарро гирифта, ба ҳамдилию ҳамбастагӣ, иттиҳод ва ҳурмати якдигар рӯ оварем. Зеро, танҳо бо ин роҳ мо метавонем ба миллату ватани худ хизмат намуда, ба комёбиҳои дилхоҳ ноил шавем.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

25.02.2009
Посухи мухтасар ба мақолаи Сайёфи Мизроб “Хатари гуруснагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ҳафтаномаи “СССР”, №5 аз 9 октябри соли 2008)

Қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ мутобиқи шароити иқтисодиёт ва мавқеи холиси амалиёти иқтисодӣ-хориҷии тамоми корхонаҳо, ширкатҳои гуногун, соҳибкорони ватанӣ тағйир меёбад, ки дар нигоҳдории он, аз ин лиҳоз, тамоми мардуми кишвар саҳм доранд.

Аз ин сабаб, беҳурматӣ нисбати қурби пули миллӣ ин беҳурматӣ нисбат ба мақомот ва шахсони алоҳида не, балки нисбати тамоми ҷомеаи ватанӣ мебошад.

Маркази матбуоти 
БМТ 

Посухи мухтасар ба мақолаи Сайёфи Мизроб “Баргардиш: чаро ба бӯҳрони ҷаҳонӣ омода набудем?” 
(Ҳафтаномаи “СССР”, №6 аз 5 феврали соли 2009)


Оид ба сар задани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва тавассути кадом омилҳо таъсир расонидани он ба иқтисодиёт пеш аз ҳама созмонҳои дахлдори кишварҳои пешрафтаи дунё хабардор буданд. Аммо то имрӯз бо вуҷуди тадбирҳои пешакӣ ва ба муомилот баровардани маблағҳои калони пулӣ натиҷаи манфии бӯҳронро бартараф насохтаанд ва зарари он меафзояд. Оё давлатеро гуфта метавонем, ки аз сару садо баланд кардану бонги хатар задани масъулини он таъсирҳои бӯҳрон бартараф шуда бошанд?

Дар кишварҳои тавлидкунандаи ин бӯҳрон қисме аз иқтисоддонҳо пеш аз зоҳир гардидани таъсири бӯҳрон таҳлилҳои мушаххас гузаронида, пешниҳодҳо карда буданд, вале мутаассифона, гуфтаҳои онҳо ба инобат гирифта нашуд. Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба зоҳир ва нишонаҳои таъсир, мушкилиҳо ва чораҳои то имрӯз андешидашуда пайваста маълумот медиҳанд ва чандин бор тавассути ВАО оиди ин масъалаҳо баромадҳо карданд.

Барои ба омма рушанӣ андохтан оиди бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бо як далели беасос масъулинро бехабар аз ҳама рӯйдодҳои ҷаҳонӣ шумурдан саҳв аст. Баръакс, агар дар бораи мушкилиҳои пешомада ва чораҳои ҷиҳати бартарафсозии онҳо андешидашуда сухан гӯем, беҳтар аст. Чунки аксари суолҳо ва нофаҳмиҳои дар байни мардум пайдошуда, аслан мушкилиҳои имрӯзаро дар бар мегиранд.

Аз ин рӯ, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимон ва масъулини соҳаҳои гуногуни иқтисод мунтазам тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои телевизион ва радио, вазъи имрӯзаи молиявию иқтисодии кишварро бо дарназардошти таъсирҳои расонидаи бӯҳрони молиявӣ ва ҳалли мушкилиҳои мавҷуда инъикос менамоянд.

Маркази матбуоти 
БМТ 

Ҷавоб ба мақолаи шаҳрванд Додарбек Сафаров – “Қосимов пурсад, Раҳимзода медиҳад?”, ҳафтаномаи “Фараж” аз 19 феврали соли 2009

Дар мавриди навиштаҳои муаллиф оид ба паст рафтани арзиши нахи пахта зикри он нуқта зарур аст, ки поёнравии арзиши маҳсулоти номбурда аз ҷумҳурии мо ва ё ягон мақомоти алоҳидаи давлатӣ вобастагӣ надорад. Зеро арзиши пахта дар музоядаҳои бирҷаҳои ҷаҳонӣ муайян карда шуда, боло ё поёнравии он аз талаботу пешниҳоди тавлидгарон ва истеъмолкунандагони калон вобаста мебошад.

Бинобар вазъияти баамаломада ё дар мавриди истеҳсоли пахта деҳқонон танҳо бо рӯёнидани ҳосили баланд метавонанд даромади дилхоҳ ва фоидаи соф ба даст оранд.

Муаллиф дар сархати дигар ба иштибоҳ роҳ дода, ба ҷои 180 млн. сомоние, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли равон барои рушд ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ ҷудо кардааст, 180 ҳазор доллари ИМА нишон дода, қайд намудааст, ки ин маблағ ба деҳқонон на аз ҷониби бонкҳо, балки аз тарафи Вазорати кишоварзӣ дода шавад.

Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ иҷрои амалиёти бонкӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Чун Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатии мутасаддӣ барои пешбурди татбиқи сиёсат дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ҳуқуқи қарздиҳиро надорад. Дар иқтисодиёт ҳар сохтор бояд ба иҷрои вазифаҳои худ машғул бошад. Албатта, агар соле пеш фаъолияти фючеристон ба кишоварзон маъқул набуд ва имрӯз бошад, фаъолияти бонкҳо ба қисме аз одамон маъқул нест, мо бояд корро дар ин ҷода беҳтар намоем.

Маркази матбуоти 
БМТ 

19.12.2008
Шарҳе ба мақолаи “Дар Бағдод ҳама ором аст?” (аз 10 декабри соли 2008, ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, №50)

Ҳанӯз дар оғози марҳилаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бахши молиявии мамлакати мо, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои тиҷоратӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронида шуда, дар рафти онҳо роҳҳои бартараф ва то ҳадди имкон кам кардани хавфҳои бӯҳрони молиявӣ ҳамаҷониба муҳокима мегардиданд, ҳамчунин масъалаҳои устувории низоми бонкӣ дар мавриди баҳо додан ба таъсири эҳтимолии бӯҳрон ба низоми бонкии мо мавриди омӯзиш қарор дода мешуданд.

Давр ҷараёни мулоқотҳо ба масъалаҳои таъмини омодагии ҳаматарафаи бонкҳо барои то ҳадди имкон кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани эътимоднокии захираҳои қарзӣ ва сифати дороиҳои бонкҳои ҷумҳурӣ, махсусан ба мавҷуд набудани пардохпазириҳое, ки хосияти кӯтоҳмӯҳлатӣ доранд, аҳамияти махсус дода шуда буд.

Дар айни замон, бӯҳрони номбурда дорои ҷараёни ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашаванда мебошад, ки аллакай амалҳо ва оқибатҳои ногаҳонии худро ба бахшҳои дигари иқтисодиёти мамлакат нишон дод ва онҳо дар шакли тағйир ёфтани шартҳои савдо дар воридоту содирот вобаста ба тағйироти талабот ва нархҳо ба молҳо дар бозори ҷаҳонӣ инъикос ёфта истодаанд.

Бо назардошти шартҳои мавҷуда Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани таъсири бӯҳрони молиявӣ ба низоми бонкии мамлакат як қатор чораҳоро андешида истодааст. Дар ҳолати пеш омадани зарурат ба ташкилотҳои қарзӣ барои аз байн бурдани проблемаҳои марбут ба камбуди захираҳо, аз он ҷумла барои додани маблағҳои интиқолӣ ва баргардонидани қарзҳои бонкҳои хориҷӣ, пардохтпазириҳои кӯтоҳмӯҳлатро пешниҳод менамояд. Илова бар ин, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли равон меъёри бозтамвил аз 14,0% то 13,5% кам карда шуд.

Дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба тағйири талаботи захираҳои ҳатмӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ, инчунин ба ташкилотҳои қарзӣ додани ҳуқуқи қисман истифода бурдани захираҳои умумиро баррасӣ карда истодааст. 

Ба ин нигоҳ накарда, бо назардошти пешгирӣ кардани таъсири номатлуби бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, аз он ҷумла бӯҳрони пардохтпазирӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва бо мақсади нигоҳ доштани устувории пешниҳоди пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон то охири сол сиёсати муносиби пулию қарзиро идома медиҳад. 

Қобили қайд аст, ки Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон омодагии худро барои ба ташкилотҳои бонкии ҷумҳурӣ расонидани тамоми кӯмакҳои зарурӣ изҳор намуданд. 

Ш. Душанбе, 
18 декабри с. 2008 
(Аз забони русӣ тарҷума шудааст.)

04.08.2008
Шарҳе ба мақолаи “Евро мавқеашро дар Тоҷикистон торафт коҳиш медиҳад” (аз 13 августи соли 2008, CA-NEWS (TJ))

Дар мақолаи мазкур омадааст, ки “Қурби хариду фурӯши евро, долари ИМА ва рубли Русия дар бозори сиёҳ назар ба қурби расмии муқарраршуда фарқияти зиёд дорад”.

Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки мафҳуми “бозори сиёҳ” дар кишвари мо аллакай 5-6 сол мешавад, ки аз байн рафтааст. Ба туфайли сиёсати либерализатсияи бозори асъор, ки шаффофияти фаъолиятро аз ҷумла дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дар назар дорад, ҳоло бо боварии том метавон гуфт, ки дар мамлакати мо бозори тараққикарда ва рақобатпазири асъор ташаккул ёфтааст.

Дар мавриди нишондиҳандаҳои қурби расмии мубодилавӣ ва қурби асъори нақди хориҷӣ бояд гуфт, ки масалан дар таърихи 22 августи соли 2008 таносуби онҳо ба шакли зайл буд: барои доллари ИМА 3,4193 ва 3,4400 сомонӣ, барои евро 5,0380 ва 5,1700 сомонӣ ва барои 10 рубли Русия 1,4070 ва 1,4000 сомонӣ.

Ин ҷо аён аст, ки ин фарқият, яъне фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби мубодилавии пули нақд дар ҳудуди то 2 фоиз қарор дорад, ки аз рӯи меъёрҳои байналхалқӣ онро ҷоиз шуморидан мумкин аст.

Динамикаи тағйирёбии қурби расмии мубодилавӣ ва қурби мубодилавии пули нақд нишон медиҳад, ки вазъи бозори дохилии асъор дар айни замон ба қадри кофӣ мӯътадил мебошад.
Шарҳе ба мақолаи “Навоварӣ (дар робита ба Рақами мушаххаси андозсупоранда). Оё интиқолҳои пулӣ боз ҳадафи мақомоти андоз қарор гирифтанд?” 
(аз 9 июли соли 2008, “Азия - Плюс”, №28) 

Дар ин мақола масъалаҳои вобаста ба тағйироту иловаҳои охирин ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз тарафи бонкҳо аз муштариён талаб карда шудани Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) ҳангоми додани интиқолҳои пулӣ баррасӣ шудаанд.

Бо мақсади мусоидат ба раванди воридшавии асъори хориҷӣ ба кишварамон, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 июли соли 2008, №2/789) ва Бонки миллии Тоҷикистон (9 июли соли 2008,3 78/ОП) Дастури муштарак “Ҷиҳати мусоидат ба раванди воридоти асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид (замима мегардад).

Мутобиқи он бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҳангоми ба расмият даровардан ва додани интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ бе кушодани суратҳисоб воридшуда, аз муштариён Рақами мушаххаси андозсупорандаро талаб нахоҳанд кард.

Дастури мазкур аллакай ба маълумоти бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва мақомоти андоз дар маҳалҳо расонида шудааст. 

ш. Душанбе
17 июли соли 2008

03.04.2008
Шарҳи мухтасари мақолаҳои “Мавқеи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Тоҷикистон”, (“Зиндагӣ”, № 13 аз 27 марти соли 2008, муаллиф Л.Латифӣ) ва “Бонкҳои байналмиллалӣ аз Тоҷикистон рӯ тофтанд”, (“Тоҷикистон”, № 13 аз 27 марти соли 2008)

Маълумоти чопгардида оид ба қатъ гардидани ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи хабари дар сайти интернет нашр шуда, асли тамоилро инъикос наменамояд.

Зеро айни замон, ҳамкории созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо кишвари мо идома дорад ва нақшаҳои гуногун дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои давраи миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат амалӣ карда шуда истодаанд.

ш. Душанбе
2 апрели с. 2008

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ