Шикояти шаҳрвандон

Дар давоми  6 моҳи аввали соли 2020 аз ҷониби истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар шакли аризаву шикоят ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиатҳои зиёд ворид шуданд, ки дар онҳо масъалаю мушкилоти ҷойдошта оид ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ дарҷ гардидаанд. 

Муроҷиати шаҳрвандон ба Идораи мазкур бо роҳи шифоҳӣ тариқи телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон ва ба таври хаттӣ қабул шудаанд, ки шумораи умумии онҳо дар ин давра бештар аз 1183 муроҷиат буда, 976 онҳо бевосита ба ташкилотҳои қарзӣ тааъллуқ доранд. Шикояти шаҳрвандон асосан масъалаҳои марбут ба сиёсати қарздиҳӣ, амонату пасандозҳо, сиёсати асъорӣ ва сифати хизматрасониҳоро дар бар мегирад. 

Маълумоти муфассал оид ба арзу шикоятҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон воридшуда дар шакли диаграмма пешниҳод мегардад.

  




Маълумот оид ба арзу шикоятҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон воридшуда

    

                          

Маълумот оид ба арзу шикоятҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон воридшуда   

                          




муфаcсал