Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи август
    0,8%
  • 3,5%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (август)
    15,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (август)14,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (июл)
    9,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (июл)
    30,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (июл)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (июл)
    14,99
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (июл)
    24,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 21.09.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1961.84 2008.69
10 3819.57 3910.79
20 7464.28 7642.54
50 18375.58 18814.43
100 36553.95 37426.93

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30

Бонки миллии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»

20.09.2018

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»—ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта, ҳамон вақт сохтмончиёнро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят карда буданд.

Инак бинои мактаби муосир дар давоми яку ним сол бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланди меъморӣ бунёд ва бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 6847 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмонии он 2345 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муассиса аз ду бинои 3-ошёна бо таҳхонаю болохона ва як бинои 2- ошёна иборат мебошад.

Дар мактаби мазкур 640 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ин чо ошхона бо 150 ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва синфҳои болоӣ мавҷуд аст. Дар муассиса синфхонаҳо барои омӯзиши фанни таълими меҳнат, аз ҷумла, азхудкунии пухту паз, синфхонаи муҳандисӣ барои омӯзиши технологияи муосир, ҳавзи оббозӣ, синфхонаи махсус барои омӯзиши рақсҳои гимнастика ва балет, толори варзишӣ, ҳуҷраи ивази сару либос ва толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст ҷойгир мебошанд.

Таълим дар ин муассиса тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва таҳсилоти умумӣ бошад, дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

Пас аз хатми ин муассиса ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода шуда, онҳо метавонанд таҳсили худро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Япония ва ғайра идома диҳанд.

Омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, муассисон ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020 баъди аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҷудо гардидани қитъаи замин барои хонандагони аз 18 то 23- сола коллеҷ бунёд намоянд.

Баъди шиносоии пурра бо шароиту имконоти мактаби нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои бунёди чунин як муассисаи муосири таълимӣ баҳои баланд доданд.

Дар саҳни ҳавлии Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд.

44749141132_1560743755_z.jpg

www.khovar.tj

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Не, аз он ягон фоида нест;
        137 (51.89%)
      2. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        74 (28.03%)
      3. Ба ман фарқ надорад;
        10 (3.79%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        111 (42.05%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        85 (32.20%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        18 (6.82%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ