Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи феврал
    1,1%
  • Таварруми солона, феврал
    5,9%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (январ)
    9,7
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (феврал)
    11,1
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)9,5
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    14,70
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    21,67
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (январ)
    13,06
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (январ)
    9,51
  • Яндекс.Метрика


Тангаҳои хотиравӣ

Тангаҳои нави хотиравии БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2014 ба ифтихори “600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ”- шоир, нависанда ва мутафаккири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс, “700 - солагии Алӣ Ҳамадонӣ”- шоир ва файласуфи форсу тоҷик, “20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, се адад танга ба ифтихори “90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” бо тасвирҳои “Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”, “Китобхонаи миллииҶумҳурии Тоҷикистон” ва “Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар маҷмӯъ шаш намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 500 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, барои ҳадафҳои нумизматӣ баровард.

 
Тангаҳои хотиравӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо истифодаи технологияи навину таҷрибаи пешрафтаи ин соҳа ва бо риояи стандартҳои олии сикказании тангаҳои нумизматӣ дар Сиккахонаи Майер (Олмон) сикка зада шудаанд.


Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ бароварда шудааст

АрзишФилизВазни умумӣҚутрМиқдор
500 сомонӣнуқра31,10 гр.38,61 мм.2500 дона

Рӯи танга (аверс): Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ бо забони англисӣ акс ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот аз тарафи чап сифат ва иёри филиз “Ag 925” ва аз тарафи рост соли барориш “2014” ҷой дода шудааст. Дар маркази давра Нишони рангаи давлатии Тоҷикистон ва дар зери он адади “500 сомонӣ”, дар поёни он бошад, адади “2014”, ки арзиш ва соли барориши тангаро ифода менамоянд, тасвир ёфтаанд.

Паси танга (реверс):   Дар қисмати чапи ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Абдураҳмони Ҷомӣ” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати рост ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ акс ёфтааст. Ин ду навиштаҷотро аз боло як нуқта ва аз поён адади “600” дар дохили нақши миллӣ ҷудо мекунад. Дар маркази давра расми шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ тасвир ёфтааст. Аз тарафи чапи расм адади “1414” ва аз тарафи рост адади “1492”, ки солҳои таваллуд ва вафоти шоирро ифода менамоянд, дарҷ гардидаанд.Канораи танга дандонадор мебошад.

         

 
 Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 700 - солагии Алӣ Ҳамадонӣ бароварда шудааст 


АрзишФилизВазни умумӣҚутрМиқдор
500 сомонӣнуқра31,10 гр.38,61 мм.2500 дона

Рӯи танга (аверс): Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ бо забони англисӣ акс ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот аз тарафи чап сифат ва иёри филиз “Ag 925” ва аз тарафи рост соли барориш “2014” ҷой дода шудааст. Дар маркази давра Нишони рангаи давлатии Тоҷикистон ва дар зери он адади “500 сомонӣ”, дар поёни он бошад, адади “2014”, ки арзиш ва соли барориши тангаро ифода менамоянд, тасвир ёфтаанд.

Паси танга (реверс):  Дар қисмати чапи ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Алӣ Ҳамадонӣ” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати рост ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ акс ёфтааст. Ин ду навиштаҷотро аз боло як нуқта ва аз поён адади “700” дар дохили нақши миллӣ ҷудо мекунад. Дар маркази давра расми шоир ва мутафаккир Алӣ Ҳамадонӣтасвир ёфтааст. Аз тарафи чапи расм адади “1314” ва аз тарафи рост адади “1384”, ки солҳои таваллуд ва вафоти шоирро ифода менамоянд, дарҷ гардидаанд. Канораи танга дандонадор мебошад.

 

   



Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст 


АрзишФилизВазни умумӣҚутрМиқдор
500 сомонӣнуқра31,10 гр.38,61 мм.2000 дона

Рӯи танга (аверс): Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ бо забони англисӣ акс ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот аз тарафи чап сифат ва иёри филиз “Ag 925” ва аз тарафи рост соли барориш “2014” ҷой дода шудааст. Дар маркази давра Нишони рангаи давлатии Тоҷикистон ва дар зери он адади “500 сомонӣ”, дар поёни он бошад, адади “2014”, ки арзиш ва соли барориши тангаро ифода менамоянд, тасвир ёфтаанд.

Паси танга (реверс):  Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ акс ёфтааст. Ин ду навиштаҷотро аз ду тараф як нуқтагӣ ҷудо мекунанд. Дар маркази давра харита ва китоби Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтаанд. Дар болои харита ва китоб навиштаҷоти “ХХ сол” дарҷ шудааст. Дар қисми поёнии китоб минбари сутундор ва аз ду ҷониби он нақшҳои миллӣ акс ёфтаанд. Канораи танга дандонадор мебошад.

                                                                


Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо тасвири “Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”  бароварда шудааст

АрзишФилизВазни умумӣҚутрМиқдор
500 сомонӣнуқра31,10 гр.38,61 мм.2000 дона

Рӯи танга (аверс):  Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ бо забони англисӣ акс ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот аз тарафи чап сифат ва иёри филиз “Ag 925” ва аз тарафи рост соли барориш “2014” ҷой дода шудааст. Дар маркази давра Нишони рангаи давлатии Тоҷикистон ва дар зери он адади “500 сомонӣ”, дар поёни он бошад, адади “2014”, ки арзиш ва соли барориши тангаро ифода менамоянд, тасвир ёфтаанд.

Паси танга (реверс):  Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ акс ёфтааст. Ин ду навиштаҷотро аз ду тараф як нуқтагӣ ҷудо мекунанд. Дар маркази давра бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ тасвир ёфтааст. Дар болои бино рамзи рангаи тоҷи подшоҳӣ дар дохили арк акс шудааст. Дар ду ҷониби рамз ададҳои “1924” ва “2014” дар дохили нақшҳо дарҷ ёфтаанд. Дар қисми поёнии бино адади “90” дар дохили нақшҳои миллӣ ва аз ду ҷониби он ҳамчунин нақшҳои миллӣ акс ёфтаанд. Канораи танга дандонадор мебошад.

 

 



Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо тасвири “Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бароварда шудааст

 
АрзишФилизВазни умумӣҚутрМиқдор
500 сомонӣнуқра31,10 гр.38,61 мм.2000 дона

Рӯи танга (аверс): Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ бо забони англисӣ акс ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот аз тарафи чап сифат ва иёри филиз “Ag 925” ва аз тарафи рост соли барориш “2014” ҷой дода шудааст. Дар маркази давра Нишони рангаи давлатии Тоҷикистон ва дар зери он адади “500 сомонӣ”, дар поёни он бошад, адади “2014”, ки арзиш ва соли барориши тангаро ифода менамоянд, тасвир ёфтаанд.

Паси танга (реверс):  Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ акс ёфтааст. Ин ду навиштаҷотро аз ду тараф як нуқтагӣ ҷудо мекунанд. Дар маркази давра бинои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Дар болои бино рамзи рангаи тоҷи подшоҳӣ дар дохили арк акс шудааст. Дар ду ҷониби рамз ададҳои “1924” ва “2014” дар дохили нақшҳо дарҷ ёфтаанд. Дар қисми поёнии бино адади “90” дар дохили нақшҳои миллӣ ва аз ду ҷониби он ҳамчунин нақшҳои миллӣ акс ёфтаанд. Канораи танга дандонадор мебошад.

                                                         


Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо тасвири “Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бароварда шудааст 

АрзишФилизВазни умумӣҚутрМиқдор
500 сомонӣнуқра31,10 гр.38,61 мм.2000 дона

Рӯи танга (аверс): Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ бо забони англисӣ акс ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот аз тарафи чап сифат ва иёри филиз “Ag 925” ва аз тарафи рост соли барориш “2014” ҷой дода шудааст. Дар маркази давра Нишони рангаи давлатии Тоҷикистон ва дар зери он адади “500 сомонӣ”, дар поёни он бошад, адади “2014”, ки арзиш ва соли барориши тангаро ифода менамоянд, тасвир ёфтаанд. 

Паси танга (реверс): Дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе” бо забони тоҷикӣ ва дар қисмати поёнӣ ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ акс ёфтааст. Ин ду навиштаҷотро аз ду тараф як нуқтагӣ ҷудо мекунанд. Дар маркази давра бинои Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсир ёфтааст. Дар болои бино рамзи рангаи тоҷи подшоҳӣ дар дохили арк акс шудааст. Дар ду ҷониби рамз ададҳои “1924” ва “2014” дар дохили нақшҳо дарҷ ёфтаанд. Дар қисми поёнии бино адади “90” дар дохили нақшҳои миллӣ ва аз ду ҷониби он ҳамчунин  нақшҳои миллӣ акс ёфтаанд. Канораи танга дандонадор мебошад.

 



Тангаҳои нави хотиравии БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2014 ба ифтихори 5500 - солагии Саразм,  3000 - солагии Ҳисор ва силсилаи “Бозиҳои олимпӣ”  - “Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ”, “Лижаронии поёнсӯ”(Слалом) ва “Биатлон” панҷ намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 50 ва 100 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, барои ҳадафҳои нумизматӣ баровард.                                         

Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 5500 - солагии Саразм бароварда шудааст:


АрзишФилизВазни умумӣ 
гр.
Қутр
мм.
Миқдор
дона
100 сомонӣНуқра31,138,615000
      

Рӯи танга (Аверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣакс ёфта, ҳамчунин вазн (31,1) ва иёри филизи (Ag 925) танга нишон дода шудааст. Дар маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон ва дар зери он арзиши танга, “100 сомонӣ” сабт гардидааст.

Паси танга (Реверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти ”Саразм” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст. Дар қисмати поёнии қурс адади “5500” ҳак гардидааст. Навиштаҷоти зикршударо адади 2013 ва калимаи “сол” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, ки санаи барориши тангаро ифода менамоянд, аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар маркази қурс рамзи Саразм дар намуди гули дувоздаҳгӯша тасвир ёфтааст.

 



  

Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 3000 - солагии Ҳисор бароварда шудааст: 

АрзишФилизВазни умумӣ 
гр.
Қутр
мм.
Миқдор
дона
100 сомонӣНуқра31,138,615000

Рӯи танга (Аверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣакс ёфта, ҳамчунин вазн (31,1) ва иёри филизи (Ag 925) танга нишон дода шудааст. Дар маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон ва дар зери он арзиши танга, “100 сомонӣ” сабт гардидааст.

Паси танга (Реверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти ”Ҳисор” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст. Дар қисмати поёнии қурс адади “3000” ҳак гардидааст. Навиштаҷоти зикршударо адади 2015 ва калимаи “сол” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, ки санаи баргузории ҷашни 3000 - солагии Ҳисорро нишон медиҳад, аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар маркази қурс даромадгоҳи Қалъаи таърихии Ҳисор ва дар зери он нақши миллӣ  тасвир ёфтааст.

 


Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори “Бозиҳои олимпӣ”, намуди “Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ бароварда шудааст:

АрзишФилизВазни умумӣ 
гр.
Қутр
мм.
Миқдор
дона
50 сомонӣНуқра31,138,615000

Рӯи танга (Аверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ акс ёфта, ҳамчунин вазн (31,1) ва иёри филизи (Ag 925) танга нишон дода шудааст. Дар маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон бо тарзи ранга ва дар зери он арзиши танга, “50 сомонӣ” сабт гардидааст.

Паси танга (Реверс):
 Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Бозиҳои олимпӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, дарқисми поёнӣ адади”2014” – соли барориши танга акс ёфтааст. Дар маркази қурс ҷастгоҳ (трамплин) ва варзишгари лижарон тасвир шудааст.

                                                         


Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори “Бозиҳои олимпӣ”, намуди “Слалом” (лижаронии поёнсӯ)бароварда шудааст:


АрзишФилизВазни умумӣ 
гр.
Қутр
мм.
Миқдор 
дона
50 сомонӣНуқра31,138,6150

Рӯи танга (Аверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣакс ёфта, ҳамчунин вазн (31,1) ва иёри филизи (Ag 925) танга нишон дода шудааст. Дар маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон бо тарзи ранга ва дар зери он арзиши танга, “50 сомонӣ” сабт гардидааст.

Паси танга (Реверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Бозиҳои олимпӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, дарқисмати тарафи рости қурс адади”2014” – соли барориши танга акс ёфтааст. Дар маркази қурс дар рӯи барф варзишгари лижарон ба поёнсӯ тасвир шудааст.

                                                        


Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори “Бозиҳои олимпӣ”, намуди “Биатлон” бароварда шудааст:


АрзишФилиз

                 Вазни умумӣ гр.

Қутр 
мм.
Миқдор
дона
50 сомонӣНуқра31,138,615000

Рӯи танга (Аверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣакс ёфта, ҳамчунин вазн (31,1) ва иёри филизи (Ag 925) танга нишон дода шудааст. Дар маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон бо тарзи ранга ва дар зери он арзиши танга, “50 сомонӣ” сабт гардидааст.

Паси танга (Реверс): Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Бозиҳои олимпӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, дарқисмати поёни тарафи рости қурс адади”2014” – соли барориши танга акс ёфтааст. Дар маркази қурс дар манзараи пурбарфи зимистон варзишгари биатлон тасвир шудааст. 


                                                     


БМТ тангаҳои нави хотиравиро баровард

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2011 ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 10-солагии Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё (Евразия) се намуд тангаҳои хотиравиро аз хӯлаи филизоти қиматбаҳо (нуқра) барои ҳадафҳои коллексионӣ баровард.


Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст:


                                                             
АрзишФилиз

Вазни

умумӣ гр.

Қутр

мм.

Миқдор

дона
50 сомонӣНуқра28,2838,613000

Рӯи танга: Дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” акс ёфта, қисмати поёнии қурс бо хати рост ва қисмати поёнии ҳалқаи берунӣ бо ситорачаҳо ҷудо шудаанд, дар зери хати рости қурс адади “50” ва дар қисми поёнии дохили ҳалқа калимаи “сомонӣ”, ки арзиши тангаро ифода мекунад, навишта шудааст. Дар қисми болоии қурс Нишони давлатии Тоҷикистон ва дар зери он Парчами давлатии Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, дар байни онҳо адади “2011”- соли барориши танга сабт гардидааст.

Паси танга: Дар қисматҳои болоӣ ва поёнии ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти ”Истиқлолияти Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст. Дар қисмати болоии қурс адади римии “ХХ”, аз тарафи чапи ин адад бо забони англисӣ ва аз тарафи рости он бо забони тоҷикӣ калимаи “сол” навишта шудааст. Дар маркази қурс бинои Қасри миллат тасвир ёфта, дар зери он ададҳои “1991-2011” навишта шудаанд.  Канораи танга бо дандонаҳо оро дода шудааст, ки онҳо ҳамзамон ҳамчун унсури ҳимоявӣ маҳсуб меёбанд.

                                                

                                                               

Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 20 - солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бароварда шудааст:


АрзишФилизВазни умумӣ гр.

Қутр

мм.

Миқдор

дона
100 сомонӣНуқра31,138,611000

Рӯи танга: давродаври қутр навиштаҷоти “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст, ки онҳоро аз тарафи чап ададҳои “1991” ва аз тарафи рост ададҳои “2011” ҷудо менамоянд. Дар маркази қурс рамзи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар қисми болоии рамз навиштаҷоти “сол ХХ лет” акс ёфтаанд.

Паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикию русӣ ҷой дода шудааст, ки онҳоро аз тарафи чап ва рост “ситорачаҳо” ҷудо намудаанд. Дар қисми болоии маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон, дар поёни он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли парафшон, поёнтар харитаи Тоҷикистон ва дар зери он навиштаҷоти “100 сомонӣ”, ки арзиши тангаро ифода менамояд, сабт шудаанд. Дар дохили қурс ситорачаҳо бо андозаҳои мухталиф тасвир ёфтаанд.

Канораи танга бо дандонаҳо оро дода шудааст, ки онҳо ҳамзамон ҳамчун унсури ҳимоявӣ маҳсуб меёбанд.


                                                           




Маълумоти техникии тангае, ки ба ифтихори 10 - солагии Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё (Евразия) бароварда шудааст:


АрзишФилизВазни умумӣ гр.

Қутр

мм.

Миқдор

дона
5 сомонӣНуқра31,138,612000

Рӯи танга: дар қисмати болоии ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “ПАНҶ СОМОНӢ”, дар қисмати поёнӣ калимаҳои “Бонки миллии Тоҷикистон” ва ин навиштаҷот аз тарафи чап бо ду даврача, ки дар байни онҳо навиштаҷоти “Ag 925”, ифодакунандаи сифат ва намуди филиз, инчунин аз тарафи чап миёни ду даврача бо ададҳои “31,1”, ифодакунандаи вазни танга, ҷудо карда шудаанд, сабт гардидааст. Дар маркази қурси давра Нишони давлатии Тоҷикистон ва зери он соли барориши “2010” тасвир ёфтааст.

Паси танга: дар маркази қурс ҳайкали асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Исмоили Сомонӣ савори асп тасвир ёфтааст. Дар тарафи чапи ҳайкал рамзи рангаи АврОсиё (Евразия) ва дар зери он калимаи “ЕврАзЭС”, дар поёни ҳайкал калимаи “ДУШАНБЕ” ва дар поён аз тарафи чап ба боло ва ба тарафи рост ду хатти ҳандасӣ, ки якдигарро бурида гузаштаанд, сабт карда шудаанд.



                                                                             

  


               Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард 

Ба ифтихори 800-солагии шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (соли 2007) Бонки миллии Тоҷикистон ду намуд тангаи хотиравиро аз филизоти қиматбаҳо (нуқра) ва филизоти ранга (хӯлаи мису-никел ва синк) ба муомилот баровард. 

Тангаи аз филизоти қиматбахо (нуқра) сохташуда барои ҳадафҳои коллексионӣ ва тангаи аз филизоти ранга сохташуда ба муомилот бароварда шуда, дар баробари тангаҳои ҳамарзиши барориши солҳои 2001-2006 гардиш мекунанд. 

                                                              Тангаи нуқра: арзиши 1 сомонӣ

Арзиш
Сифат
Филиз (иёр)
Вазни умумӣ (гр)
Вазни холис (гр).
Қутр (мм) 

Ғафсӣ (мм)
Миқдор (адад)
1 сомонӣ
"proof"
Нуқра 925
20,00
16,65
35
2,50
1 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти «Як сомонӣ». Дар маркази қурс рақами «1», ки арзиши тангаро ифода мекунад, дар боло нишонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар поён соли барориш – 2007 ифода шудааст.

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ аз чап ба рост навиштаҷоти «Шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ», дар поёни ҳалқаи берунӣ соли таваллуд ва фавти шоир «1207-1273», дар маркази танга расми шоир, дар тарафи чапи он навиштаҷоти «800-сол» ва дар поёнаш унсурҳои нақшу нигори миллӣ тасвир ёфтааст.

          Тангаи аз хӯлаи филизоти ранга: арзиши 1 сомонӣ 

Арзиш
Филиз
Вазни умумӣ (гр) 

Қутр (мм)
Ғафсӣ (мм) 

Миқдор (адад) 
1сомонӣ
Омехтаи нейзильбер (мис,никель, синк)
5,20
24
1,60
100 000

Дар рӯи танга: 
дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти «Як сомонӣ». Дар маркази қурс рақами «1», ки арзиши тангаро ифода мекунад, дар боло нишонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар поён соли барориш – 2007 ифода шудааст. 


Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ аз чап ба рост навиштаҷоти «Шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ», дар поёни ҳалқаи берунӣ соли таваллуд ва фавти шоир «1207-1273», дар маркази танга расми шоир, тарафи чап навиштаҷоти «800-сол» ва дар поён унсурҳои нақшу нигори миллӣ тасвир ёфтааст.

       

Тангаҳои хотиравии Тоҷикистон

Соли 2006 дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон соли рӯйдодҳои муҳим ба шумор меравад ва ба ифтихори онҳо Бонки миллии Тоҷикистон чор намуд тангаи хотиравиро аз филизоти қи матбаҳо (тилло, нуқра) ва филизоти ранга (хӯлаи мису никел ва латун) ба муомилот баровард.

Ин тангаҳо ба ифтихори XV– солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 2700–солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва Соли Тамаддуни Ориёӣ (ду намуд) бахшида шудаанд. Тангаҳои аз филизоти қиматбаҳо сохташуда барои ҳадафҳои коллексионӣ ва тангаҳои аз филизоти ранга сохташуда барои муомилот бароварда шуда, дар баробари тангаҳои ҳамарзиши барориши солҳои 2001, 2004 гардиш мекунанд.



Мушаххасоти тангаҳое, ки ба «XV–солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бахшида шудаанд. 


                                                      Тангаҳои тиллои дорои арзиши 200, 100 ва 50 сомонӣ
Арзиш
Сифат
Филиз (иёр)
Вазни умумӣ (гр.)
Таркиби химиёвии филизи холис (гр.)
Қутр(мм) 

Ғафсӣ(мм.)
Миқдор(адад) 
200
"proof"


тилло
 900
25
22,50
32
1,90
2 000
100
"proof"


тилло
 900
15
13,50
28
1,90
2 000
50
"proof"


тилло
 900
10
9,00
24
1,37
2 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ дар боло ба шакли нимдоира навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар поён «дусад сомонӣ». 

Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар поёни Нишонӣ аз тарафи чап навиштаҷоти «AU900».

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ аз тарафи чап ба шакли нимдоира бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти «Истиқлолияти Тоҷикистон» ва баъди бисёрнуқта такрори ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ. 

Дар маркази қурс тасвири бинои Қасри миллат, ки дар гунбади он Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шудааст. Зери парчам дар паси манзараи харитаи Тоҷикистон навиштаҷоти «XV-сол YEARS 1991 - 2006», дар қисмати поёни бино соли сикка зада шудани он – 2006. 


Тангаи дорои арзиши 5 сомонӣ, ки ба «XV–солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бахшида шудааст.

Арзиш
Сифат
Филиз (иёр)
Вазни умумӣ (гр.)
Таркиби кимиёвии филизи холис (гр.) 
Қутр(мм)
Ғафсӣ(мм.)
Миқдор(адад)
5 сомонӣ 

"proof"
Нуқра925
34,00
33,3
42
3,50
2 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти "Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дар зери ҳалқа соли барориш – 2006. 

Дар маркази қурс, дар боло Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мобайн рақами 5, ки арзиши тангаро ифода мекунад ва дар поён навиштаҷоти “сомонӣ”, дар ду тарафи он нақшу нигори миллӣ. 

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ аз тарафи чап навиштаҷоти “Истиқлолияти Тоҷикистон”, аз тарафи рост унсурҳои нақшу нигори миллӣ. Дар доираи дохилӣ тасвири Қасри миллат, ки дар гунбади он парчами Тоҷикистон барафрохта шудааст. Дар болои парчам аз тарафи чап дар паси манзараи харитаи Тоҷикистон навиштаҷоти “XV–сол, 1991 - 2006”.

Тангаи дорои арзиши 3 сомонӣ, ки ба 2700–солагии шаҳри Кӯлоб бахшида шудааст.

Арзиш
Сифат
Филиз (иёр)
Вазни умумӣ (гр.)
Таркиби кимиёвии филизи холис (гр.)
Қутр (мм)
Ғафсӣ(мм.)
Миқдор (адад)
3 сомонӣ 

"proof"
Нуқра925
26,00
20,35
39
2,80
2 000

Дар рӯи танга:
 дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар поёни ҳалқа соли барориш – 2006.

Дар маркази қурс рақами 3, ки арзиши тангаро ифода мекунад ва дар поён калимаи “сомонӣ”. Дар ду тарафи он унсурҳои нақшу нигори миллӣ. 

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти “2700 – солагии ш. Кӯлоб” ва такрори ҳамин навиштаҷот бо забони англисӣ. 

Дар маркази қурс қисми марказии нишони ҷашнвораи 2700–солагии ш. Кӯлоб.

Тангаи дорои арзиши 1 сомонӣ, ки ба Соли Тамаддуни Ориёӣ бахшида шудааст.

Арзиш
Сифат
Филиз (иёр)
Вазни умумӣ (гр.)
Таркиби кимиёвии филизи холис (гр.)
Қутр (мм.) 

Ғафсӣ (мм.) 

Миқдор (адад) 

1 сомонӣ 

"proof"
Нуқра 925
20,00
16,65
35
2,50
2 000

Дар рӯи танга: 
дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Як сомонӣ". Дар маркази қурс рақами “1”, ки арзиши тангаро ифода мекунад ва дар боло Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар поён соли барориш – 2006. 


Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Соли Тамаддуни Ориёӣ”, дар поён соли барориш – 2006. Дар маркази қурс саҳнаи шикори шоҳ.

Тангаи дорои арзиши 1 сомонӣ, ки ба Соли Тамаддуни Ориёӣ бахшида шудааст.

Арзиш
Сифат
Филиз (иёр)
Вазни умумӣ (гр.)
Таркиби кимиёвии филизи холис (гр.) 

Қутр (мм.) 

Ғафсӣ (мм.)
Миқдор (адад)
1 сомонӣ 

"proof"
Нуқра 925
20,00
16,65
35
2,50
2 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти «Як сомонӣ». Дар маркази қурс рақами «1», ки арзиши тангаро ифода мекунад ва дар боло Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисмати поён соли барориш – 2006. 

Дар паси танга: дар рӯи қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти «Соли Тамаддуни Ориёӣ», дар поён соли барориш – 2006. Дар маркази танга деворнигора – расми шахсони мӯътабар ва дар қутри қурс аз чап навиштаҷоти «Деворнигораи тоҷикони бостон».

                          Тангаҳо аз хӯлаи филизоти ранга

Тангаи дорои арзиши 5 сомонӣ, ки ба XV–солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст.

Арзиш
Филиз
Вазни умумӣ (гр.)
Қутр(мм.)
Ғафсӣ(мм.)
Миқдор (адад)
5 сомонӣ 

таркибӣ, мелхиор + латун
7,00
26,5
1,85
100 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Дар поёни ҳалқа соли барориш – 2006. 

Дар маркази қурс аз боло Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мобайн рақами “5”, ки арзиши тангаро ифода мекунад, дар боло Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар поён навиштаҷоти “сомонӣ”, дар ду тарафи он унсурҳои нақшу нигори миллӣ. 

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ аз чап навиштаҷоти “Истиқлолияти Тоҷикистон”, аз рост унсурҳои нақшу нигори миллӣ. Дар маркази қурс тасвири бинои “Қасри миллат”, ки дар гунбади он парчами Тоҷикистон барафрохта шудааст. 

Дар болои парчам аз чап дар заминаи манзараи харитаи Тоҷикистон навиштаҷоти “XV – сол, 1991 - 2006”. 

Тангаи дорои арзиши 3 сомонӣ, ки ба 2700–солагии ш. Кӯлоб бахшида шудааст.

Арзиш
Филиз
Вазни умумӣ(гр.)
Қутр(мм.)
Ғафсӣ(мм.)
Миқдор (адад) 

3 сомонӣ 

таркибӣ, мелхиор + латун
6,30
25,5
1,80
100 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Дар поёни ҳалқа соли барориш – 2006. 

Дар маркази қурс рақами 3, ки арзиши тангаро ифода мекунад, дар поён калимаи “сомонӣ”. Дар ду тараф унсурҳои нақшу нигори миллӣ. 

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти “2700 – солагии ш. Кӯлоб” ва такрори ин навиштаҷот бо забони англисӣ. 

Дар маркази қурс қисми марказии нишонаи ҷашнвораи 2700 – солагии ш. Кӯлоб.

Тангаи дорои арзиши 1 сомонӣ, ки ба Соли Тамаддуни Ориёӣ бахшида шудааст

Арзиш
Филиз
Вазни умумӣ(гр.)
Қутр(мм.)
Ғафсӣ(мм.)
Миқдор (адад)
1 сомонӣ 

таркибӣ, мелхиор + латун
5,20
24
1,60
100 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Як сомонӣ”. Дар маркази қурс рақами “1”, ки арзиши тангаро ифода мекунад, дар боло Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар поён соли барориш – 2006. 

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти “Соли Тамаддуни Ориёӣ”, дар поён соли барориш – 2006. Дар маркази қурс саҳнаи шикори шоҳ, ки дар аксари ёдгориҳои ориёӣ вомехӯрад.

Тангаи дуюм дорои арзиши 1 сомонӣ, ки ба Соли Тамаддуни Ориёӣ бахшида шудааст.

Арзиш
Филиз
Вазни умумӣ(гр.)
Қутр(мм.)
Ғафсӣ(мм.)
Миқдор (адад)
1 сомонӣ 

таркибӣ, мелхиор + латун
5,20
24
1,60
100 000

Дар рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти «Як сомонӣ». Дар маркази қурс рақами «1», ки арзиши тангаро ифода мекунад, дар боло Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар поён соли барориш – 2006. 

Дар паси танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷоти «Соли Тамаддуни Ориёӣ», дар поён соли барориш – 2006. Дар маркази қурс деворнигора – расми шахсони мӯътабар. Дар қутри қурс аз чап навиштаҷоти «Деворнигораи тоҷикони бостон».

 

Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008) тангаи хотиравии арзишаш 5 сомониро аз филизи қиматбаҳо (нуқра) аз 25 августи соли 2008 баровард:

Арзиш
Сифат
Филиз
Вазни умумӣ, грамм
Таркиби химиёвии металл 
Қутр,мм
Ғафсӣ, мм
Миқдор, дона 
5 сомонӣ
"proof"
нуқра 925
34,00
31,45
42
2,85
1 000

Рӯи танга: дар қутри ҳалқаи берунии танга ба забони тоҷикӣ навиштаҷоти «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» дар байни ду ситораи хурд арзиши танга бо ҳуруф «ПАНҶ СОМОНӢ», дар маркази қурс адади «5» (арзиш) ва дар қисми болоии он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, даври навиштаҷот бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст, дар қисми поёнӣ соли барориши танга-2008 ва аз тарафи рости адад навъи филиз нишон дода шудааст. 

Пушти танга: дар қутри ҳалқаи берунӣ навиштаҷот «САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ ТОҶИК АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ», дар маркази қурс расми шоир, аз тарафи рости расм лӯлапечи дастнавис, дар лӯлапеч навиштаҷоти «1150 сол» ва хома (рамзи ашъори шоир) акс ёфтаанд.

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ