Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,7%
  • 5,3%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (октябр)
    15,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)14,16
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    9,31
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр
    28,48
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    17,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    3,00
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.11.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1946.97 1993.47
10 3806.97 3897.88
20 7467.84 7646.18
50 18431.39 18871.57
100 36698.02 37574.44

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2

КУМИТАИ СУБОТИ МОЛИЯВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН





Тибқи тавсияҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор ва дар доираи матритсаи Барномаи маблағгузории сиёсати рушд бо кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон Кумитаи суботи молиявӣ (Кумита) ҳамчун мақоми машваратӣ дар назди Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (№27 аз 01.03.2016) таъсис дода шуд. Фаъолияти Кумита мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва Низомномаи он дар самти таъмини суботи низоми молиявӣ, татбиқи самарабахши сиёсати макропруденсиалӣ ва солим гардонидани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст.

Ба ҳайати Кумитаи суботи молиявӣ Раиси Кумита, муовини Раиси Кумита ва 7 нафар аъзои он дохил мешаванд. Аъзои Кумита роҳбарони воҳидҳои сохторие мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба суботи низоми молиявӣ, танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва татбиқи сиёсати монетарӣ алоқаманд мебошад.

Ҷаласаи Кумита ҳар семоҳа як маротиба гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (буҳронӣ) Кумита метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатӣ гузаронад, ки он бо дастури Раиси Кумита (ё муовин) дар асоси баҳодиҳии вазъи ҷории низоми молиявӣ ва ё бо пешниҳоди яке аз аъзои Кумита гузаронида мешавад.

Тибқи Низомнома ба зиммаи Кумита вазифаҳои зерин вогузор карда шудааст:

1) Таҳлили вазъи макроиқтисодӣ ва низоми молиявӣ дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҷиҳати баррасӣ ва пешгирии хавфҳои бавуҷудоянда;

2) Баррасии тавсияҳои пешниҳодшуда аз рӯи чораҳои имконпазири сиёсати макропруденсиалӣ (тибқи таҳлилҳо ва ҳисоботҳои даврӣ) ва баҳодиҳии хавфҳои низом;

3) Баррасии натиҷаҳо оид ба татбиқи чораҳои сиёсати макропруденсиалӣ;

4) Баррасии натиҷаҳо аз рӯи раванди танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

5) Ҳамоҳанг намудани фаъолияти Кумита бо самтҳои асосии Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ ва назорати бонкӣ;

6) Мусоидат ба раванди мубодилаи иттилоот бо бахшҳои низоми молиявӣ ва миёни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон;

7) Ба роҳ мондани фаъолият дар самти бартараф намудани мушкилиҳои суботи молиявӣ дар ҳамоҳангӣ бо Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва дигар мақомоти назоратии бахшҳои низоми молиявӣ.

Дар баробари ин, Кумита бо мақсади ба баррасии Раёсат пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба чораҳои сиёсати макропруденсиалӣ аз рӯи масалаҳои коҳишдиҳии осебпазирии низоми молиявӣ, таъмини устувории молиявӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявии низомсоз, мукаррар намудани талаботҳои иловагӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ хавфи зиёд дошта ва оид ба тақмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад хулосаҳои дахлдор қабул намояд.

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Не, аз он ягон фоида нест;
        365 (38.67%)
      2. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        340 (36.02%)
      3. Ба ман фарқ надорад;
        166 (17.58%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        393 (41.63%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        233 (24.68%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        209 (22.14%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ