Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи июл
    0,4%
  • 8,9%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (июл)
    12,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (июл)15,8
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.08.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1972.95 1992.88
10 3847.45 3886.31
20 7529.50 7605.55
50 18554.07 18741.48
100 36921.60 37294.54

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                               

Низоми пардохти миллӣ яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо саривақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Аз ин сабаб, Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохт таваҷҷуҳи хос дода, ташкили фаъолияти низоми самараноку боэътимоди пардохт, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳои пулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд.

Низоми пардохтӣ – маҷмуи ташкилотҳое, ки бо мақсади интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” (www.nbt.tj/upload/iblock/57e/Zakon_NBT_tj.pdf), “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” (www.nbt.tj/upload/iblock/92a/Zakon o bank.deyatel (tj).pdf),“Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”(www.nbt.tj/upload/iblock/e4d/Zakon_khizmat_pardokhti (tj).pdf) ва дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, самтҳои асосии рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, қоида, шакл, муҳлат ва стандартҳои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (№ 1397, аз 24 феврали с. 2017) асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ равона карда шудааст.

Фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва муносибатҳои тарафайни иштирокчиёни он бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои мувофиқи тарафайн ба танзим дароварда мешаванд.

Иштирокчиёни низомҳои пардохтӣ дар кишвар Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 350 филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ амал мекунанд.

Ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ ва байни филиалҳои онҳо метавонанд бо роҳҳои зерин анҷом дода шаванд:

- тавассути суратҳисобҳои (зерсуратҳисобҳои) муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда;

- тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ, яъне ба воситаи зерсуратҳисобҳои муросилотие, ки ташкилотҳои қарзӣ байни якдигар кушодаанд, бидуни Бонки миллии Тоҷикистон;

-  тавассути зерсуратҳисобҳои дохилишабакавӣ, яъне ҳисоббаробаркуниҳо байни филиалҳои тобеи як ташкилоти қарзӣ.

Ташкилотҳои қарзӣ дар як вақт метавонанд бо якчанд роҳ ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро анҷом диҳанд, аммо дар ин сурат онҳо бояд шартҳои боэътимод, мувофиқи мақсад будан ва тезонидани интиқоли ҳисоббаробаркуниҳоро ба асос гиранд. Ҳар як ташкилоти қарзӣ (ғайр аз ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд) уҳдадор аст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ дошта бошад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳоро дар асоси “Шартнома дар бораи хизматрасонӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ” иҷро менамояд. Ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ бо муносибатҳои мустақими муросилотӣ дар асоси “Шартнома дар бораи муносибатҳои мустақими муросилотӣ” амалӣ мегарданд. Пардохтҳо тавассути суратҳисобҳои муросилотии (зерсуратҳисобҳои) ташкилотҳои қарзӣ, филиалҳои онҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, танҳо дар ҳолати кофӣ будани маблағи пулӣ дар суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзӣ, анҷом дода мешаванд.

Яке аз мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат кардан ба фаъолияти самаранок, боэътимод ва мунтазами низоми пардохт мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро ба ташкилотҳои қарзӣ ва хизматрасонии хазинавиро ба ташкилотҳои буҷетӣ пешниҳод менамояд.

Ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, Бонки байнидавлатӣ дар ш.Маскав ва Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни низоми пардохтии мазкур мебошанд.

Пешниҳоди хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси пардохти ҳаққи хизмат сурат мегирад. Арзиши хизматрасонӣ аз муддати интиқоли ҳуҷҷат вобаста мебошад. Муқаррар намудани тарифи баландтар дар охири рӯзи амалиётӣ барои тезонидани гардиши маблағҳои пулӣ мусоидат намуда, гардиши мунтазами ҳуҷҷатҳоро дар ҳудуди рӯзи амалиётӣ таъмин менамояд.

Дар ҷадвал тарифҳои амалкунанда барои хизматрасонии ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон оварда шудааст, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 191 аз 30 августи соли 2012 тасдиқ гардидааст:

Намуди пардохт

Вақти иҷроиши пардохт

Тариф* (сомонӣ)

Пардохтҳои электронӣ

аз 08 00   то 14 00

0,50

аз 14 00   то 16 00

0,95

аз 16 00   то 17 30

3,10

аз 17 30 то хотимаи ҳисоббаробаркуниҳо

5,00

* - агар дар давоми моҳ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ шумораи ками ҳуҷҷатҳои пардохт пешниҳод шаванд ва маблағи ҳисобнома-фактураи моҳона мувофиқи тарифҳои қабулшуда аз 85 сомонӣ камтар бошад, он гоҳ ташкилоти қарзӣ хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон - ро ба андозаи 85 сомонӣ дар як моҳ пардохт менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон тартиб ва муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ, тартиби нигоҳдории маълумоте, ки ба амалиётҳои дар низоми электронии пардохт иҷрогардида тааллуқ дорад, муқаррар менамояд.

Ҳуҷҷати асосии пардохтии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришнома мебошад (Шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Дастурамали № 193 “Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян карда шудааст (www.nbt.tj/upload/iblock/0c2/ins_193__tj.pdf)).

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ