Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори ХБА

Ахбор

Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори ХБА


15 апрели соли 2024 дар доираи вохӯриҳои ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон (ИМА), ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав бо Директори ХБА Кристалина Георгиева мулоқоти корӣ анҷом доданд.

IMG_20240416_055404_266-min.JPG

Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Холиқзода Ҳ.Ҳ. дар баробари иттилоъ оид ба нишондиҳандаҳои соли 2023 ва тамоюли мусбати рушди иқтисодии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории судманди ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар изҳори қаноатмандӣ баён намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба тасдиқи Барномаи воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ХБА тасдиқ шудааст, воситаҳои қарздиҳии ХБА, зарурати афзоиши иқтидори мутахассисони вазорату идораҳо, таҳкими захираи кадрӣ ба воситаи барномаҳои таълимии мутобиқшуда ва дигар чорабиниҳои ХБА  табодули андеша намуданд. 

IMG_20240416_055404_834-min.JPG

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро дар ин самт тақвият хоҳанд бахшид.

Шуъбаи матбуот
БМТ


Диданд: 794

16.04.2024

Возврат к списку